Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2010, № 166
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Оинномаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2010, № 166 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз банди 7, сархати ҳафтуми зербанди б) банди 25, номи боби 11, сархати дуюм ва сеюми банди 36 ва банди 37 калимаҳои "(оҷонсиҳо)" ва "(оҷонсиҳои)" хориҷ карда шуда, дар матни банди 37 калимаҳои "оҷонсиҳоро" ва "Оҷонсиҳои" мувофиқан ба калимаҳои "марказҳои хизматрасонии бонкиро" ва "Марказҳои хизматрасонии бонкии" иваз карда шаванд.
2. Дар банди 9:
- аз сархати дуюм ва зербанди а) сархати мазкур калимаҳои "(кредитҳо)" ва "(кредитҳои)" хориҷ карда шаванд;
- аз зербанди в) сархати дуюм калимаҳои "маблағгузории аҳдҳои тиҷоратӣ, аз ҷумла" хориҷ карда шаванд;
- дар зербанди а) сархати чорум калимаҳои "сертификатҳои амонатӣ" ба калимаҳои "тасдиқномаҳои пасандозӣ" иваз карда шаванд;
- зербанди в) сархати чорум хориҷ карда шавад;
- зербандҳои г) ва д) мутаносибан зербандҳои в) ва г) ҳисобида шаванд;
- сархати шашум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- хизматрасонии фосилавии бонкӣ, клирингӣ, ҳисоббаробаркунӣ ва интиқолӣ марбут ба воситаҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок, супоришномаҳои пардохт ва воситаҳои дигари пардохт (аз ҷумла кортҳои пардохти бонкӣ, чекҳо, чекҳои сафарӣ, векселҳо ва ғайра)";
- сархати даҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад;
"- ҳар гуна амалиёти дигаре, ки аз амалиёти дар банди мазкур зикршуда бармеоянд ва бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд";
- дар сархати ёздаҳум калимаҳои "хазинавӣ" ва "асъор" мувофиқан ба калимаҳои "кассавӣ" ва "пулҳои коғазӣ ва тангаҳо" иваз карда шаванд.
3. Дар банди 22 калимаҳои "ва аҳли оилаи худ" ба калимаҳои "аъзои оила ва шахсони дигаре, ки бо онҳо хоҷагии умумӣ доранд" иваз карда шаванд.
4. Сархати дуюми банди 31 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Сармояи оинномавии Бонк ба маблағи 51501511 сомонӣ (панҷоҳу як миллиону панҷсаду як ҳазору панҷсаду ёздаҳ сомонӣ) ташаккул дода шудааст".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 августи соли 2014 № 525
ш. Душанбе