Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи барҳам додани Корхонаи воҳиди давлатии "Дафтари хизматрасонии биноҳои маъмурӣ"
Мутобиқи моддаҳои 62-65 ва 68 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Корхонаи воҳиди давлатии "Дафтари хизматрасонии биноҳои маъмурӣ" барҳам дода шавад.
2. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис дода, мутобиқи қонунгузории амалкунанда оид ба барҳам додани Корхонаи воҳиди давлатии "Дафтари хизматрасонии биноҳои маъмурӣ" тадбирҳо андешад.
3. Аз Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2008, № 191 "Дар бораи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, Корхонаи воҳиди давлатии "Дафтари хизматрасонии биноҳои маъмурӣ" хориҷ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 августи соли 2014 № 515
ш. Душанбе