Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "1" августи соли 2014, № 509
тасдиқ шудааст
ТАРТИБИ ТАШКИЛ ВА ГУЗАРОНИДАНИ АРЗЁБИИ ТАЪСИРРАСОНӢ БА МУҲИТИ ЗИСТ
1. Муқаррароти умумӣ
1. Тартиби мазкур раванди гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зисти (минбаъд - АТМЗ) фаъолияти банақшагирифташудаи хоҷагидорӣ ва дигар намудҳои фаъолиятро (минбаъд - фаъолияти банақшагирифташуда) муайян менамояд.
2. Дар ҳолати баррасии лоиҳаҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, консепсияҳо, дурнамоҳо, барномаҳо ва нақшаҳои соҳавие, ки татбиқи онҳо ба истифодаи захираҳои табиӣ алоқаманд мебошанд ва (ё) метавонанд ба муҳити зист таъсир расонанд, арзёбии таъсиррасонӣ ҳамчун арзёбии экологии стратегӣ анҷом дода мешавад.
3. Арзёбии таъсиррасонӣ бо мақсадҳои зерин гузаронида мешавад:
- баррасии ҳамаҷонибаи оқибатҳои экологӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар оқибатҳои ба он алоқаманди фаъолияти банақшагирифташуда то қабули қарор оид ба татбиқи он;
- ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли лоиҳавии мувофиқ, ки ба пешгирӣ ва коҳиши ҳаддалимкони таъсири эҳтимолии назарраси зарарноки фаъолияти хоҷагидории банақшагирифташуда ба муҳити зист мусоидат кунанд;
- андешидани чораҳои самарабахш оид ба коҳиши ҳаддалимкони таъсири эҳтимолии назарраси зарарноки фаъолияти хоҷагидории банақшагирифташуда ба муҳити зист ва саломатии одамон;
- муайян намудани имконпазирии (имконнопазирии) татбиқи фаъолияти банақшагирифташуда дар қитьаи замини интихобшуда.
4. Принсипҳои асосии арзёбии таъсиррасонӣ инҳо мебошанд:
- пешбинии чораҳои муҳофизатӣ, ки маънои гузаронидаии арзёбии таъсиррасонӣ то қабули қарор дар бораи татбиқи фаъолияти банақшагирифташуда ва истифодаи натиҷаҳои ин арзёбӣ ҳангоми таҳияи қарори лоиҳавӣ барои таъмини бехатарии экологиро дорад;
- фарзияи хатари эҳтимолии экологӣ доштани фаъолияти банақшагирифташудаи хоҷагидорӣ;
- имконпазирӣ, ки маънои таҳлили вариантҳои гуногуни ҷойгиронӣ ва (ё) татбиқи фаъолияти банақшагирифташуда, аз ҷумла даст кашидан аз татбиқи лоиҳаро (имконпазирии сифрӣ) дорад;
- маҷмӯӣ, ки маънои баҳисобгирии таъсиррасонии умумии фаъолияти амалишаванда ва банақшагирифташуда ба муҳити зистро дорад;
- ошкорбаёнӣ ва баҳисобгирии афкори ҷомеа оид ба масъалаҳои таъсиррасонии фаъолияти банақшагирифташуда ба муҳити зист;
- беғаразӣ ва асоснокии илмӣ, ки маънои омодасозии ҳисоботи холисона ва касбӣ оид ба арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зистро дорад;
- боэътимодӣ ва пуррагии маълумот, ки маънои дар раванди арзёбии таъсиррасонӣ мавҷуд будани иттилооти то ҳадди имкон пурраро дошта, барои қабули қарори аз ҷиҳати экологӣ асоснок мусоидат мекунад.
5. Натиҷаҳои арзёбии таъсиррасонӣ:
- хулосаҳои асосӣ оид ба хусусият ва ҳудуди таъсиррасонӣ ба муҳити зисти вариантҳои имконпазири ҷойгиронӣ ва (ё) татбиқи фаъолияти банақшагирифташуда;
- тавсифи оқибатҳои экологӣ ва ба онҳо алоқаманди иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар оқибатҳои татбиқи фаъолияти банақшагирифташуда ва арзёбии муҳимияти онҳо;
- тавсифи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ, коҳиши ҳаддалимкон ва ё ҷуброни таъсиррасонии эҳтимолии зарарнокиаш назарраси фаъолияти банақшагирифташуда ба муҳити зист ва беҳдошти шароити иҷтимоию иқтисодӣ;
- асосноккунии интихоби маҳалли афзалиятноки ҷойгиронии иншоот, роҳҳои ҳалли беҳтарини техникии дастрас ва дигари қарорҳои фаъолияти банақшагирифташуда, ҳамчунин даст кашидан аз татбиқи он (имконпазирии сифрӣ).
6. Ҳангоми гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ӯҳдадор аст, ки маълумоти ибтидоии пурра, боэътимод, рӯзмарра, восита ва усулҳои санҷидашуда ва эътиборноки ченкунӣ, ҳамчунин методика ва ҳисобкунии бо тартиби муқарраршуда тасдиқшударо ҷиҳати арзёбии оқибатҳои эҳтимолии номатлуби татбиқи фаъолияти банақшагирифташуда барои муҳити зист ва саломатии одам истифода барад.
2. Расмиёти гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист
7. Арзёбии таъсиррасонӣ ҳангоми банақшагирии фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намудҳои фаъолият, ки метавонанд бавосита ва ё бевосита ба муҳити зист ва саломатии одамон таъсир расонанд, гузаронида мешавад.
Арзёбии таъсиррасонӣ барои иншооте, ки эҳтимолияти таъсирашон баланд аст (иншооти гурӯҳи I), дар шакли "Ҳисобот оид ба арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист" таҳия карда мешавад.
Арзёбии таъсиррасонӣ марҳилаҳои зеринро дар бар мегирад:
- таҳия ва тасдиқи барномаи гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист (минбаъд - барномаи гузаронидани АТМЗ);
- таҳияи ҳисобот оид ба арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист (минбаъд - ҳисобот оид ба АТМЗ);
- гузаронидани муҳокимаи ҳисобот оид ба АТМЗ бо аҳли ҷомеа, ки ҳангоми татбиқи лоиҳаи пешбинишуда метавонанд ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо зарар бинанд;
- такмили ҳисобот оид ба АТМЗ аз рӯи таклифу пешниҳодоти аҳли ҷомеа;
- пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лоиҳавии такмилёфта оид ба фаъолияти хоҷагидории банақшагирифташуда, аз ҷумла ҳисобот оид ба АТМЗ ба экспертизаи давлатии экологӣ;
- тасдиқи ҳуҷҷати лоиҳавӣ оид ба фаъолияти хоҷагидории банақшагирифташуда, аз ҷумла ҳисобот оид ба АТМЗ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ.
8. Барномаи гузаронидани АТМЗ-ро таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ аз рӯи шартнома бо фармоишгар таҳия менамояд.
Дар барномаи гузаронидани АТМЗ таркиби ҳисобот оид ба АТМЗ, реҷа, ҳаҷм ва дараҷаи тафсилоти корҳо оид ба арзёбии таъсиррасонӣ вобаста ба хусусиятҳои фаъолияти банақшагирифташуда ва мураккабии шароитҳои табиӣ, иҷтимоӣ ва техногенӣ муайян карда мешавад.
9. Барномаи гузаронидани АТМЗ бояд инҳоро дар бар гирад:
- нақша - реҷаи корҳо оид ба гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ;
- маълумот оид ба фаъолияти банақшагирифташуда ва вариантҳои имконпазири татбиқи он;
- тарҳи харитавии вариантҳои имконпазири ҷойгиркунонии фаъолияти банақшагирифташуда;
- маълумот оид ба усулҳои эҳтимолӣ ва методикаи пешгӯй ва арзёбӣ, ки барои арзёбии таъсиррасонӣ истифода бурда мешаванд;
- фаслҳо:
"Ҳолати кунунии муҳити зист, шароитҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар шароитҳо";
"Арзёбии пешакии таъсири эҳтимолии вариантҳои имконпазири ҷойгиронӣ ва (ё) татбиқи фаъолияти банақшагирифташуда ба қисматҳои муҳити зист, шароитҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар шароитҳо" (намуд ва ҳудудҳои таъсиррасонӣ нишон дода мешаванд);
"Чорабиниҳои эҳтимолӣ оид ба пешгирӣ, коҳиши ҳаддалимкон ва ё ҷуброни таъсири зарарнок ба муҳити зист ва беҳтар гардонидани шароитҳои иҷтимоию иқтисодӣ" (аз ҷумла иттилоот оид ба эҳтимолияти барқароршавии табиии қисмҳои муҳити зист ва азнавҳосилшавии захираҳои табиии барқароршаванда);
"Ҳолатҳои садамавии эҳтимолии фавқулодда ва берун аз лоиҳа. Чорабиниҳои эҳтимолӣ ҷиҳати огоҳонидан, эътино ба онҳо, бартарафсозии оқибатҳои онҳо";
"Пешниҳодҳо оид ба барномаи таҳқиқотии маҳдуди муҳити зист ва зарурати гузаронидани таҳлили баъдилоиҳавӣ";
10. Аз рӯи натиҷаҳои гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ҳисоботи АТМЗ омода карда мешавад, ки мундариҷааш бояд чунин бошад:
- хулосаи хусусияти ғайритехникӣ (дар шакли боби алоҳида), ки дорои иттилооти мухтасар оид ба фаъолияти банақшагирифташуда ва таъсиррасонӣ ба муҳити зист ва чорабиниҳои эҳтимолӣ оид ба пешгирӣ, коҳиши ҳаддалимкон ва ё ҷуброни он, натиҷа ва хулосаҳои арзёбии таъсиррасонӣ мебошад;
- маълумот оид ба фармоишгар ва ё таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ;
- маълумот оид ба мақсад ва зарурати татбиқи фаъолияти банақшагирифташуда (аз ҷумла иттилоот оид ба мутобиқати фаъолияти банақшагирифташуда ба консепсияи қабулшуда, барнома, тарҳи рушди соҳавии (нақлиёт, гармитаъминкунӣ, газтаъминкунӣ, обтаъминкунӣ ва корезӣ, мелиоратсия ва дигар соҳаҳо) бо ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ тасдиқшуда);
- тавсифи вариантҳои имконпазири (ҳудудӣ ва (ё) технологӣ) ҷойгиронӣ ва (ё) татбиқи фаъолияти банақшагирифташуда, аз ҷумла даст кашидан аз татбиқи лоиҳа (имконпазирии сифрӣ);
- арзёбии ҳолати кунунии муҳити зист, шароитҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар шароитҳо дар ҳудуди татбиқи лоиҳа;
- тавсифи манбаъҳои асосӣ ва намудҳои эҳтимолии таъсиррасонӣ ба муҳити зист барои ҳар як намуди вариантҳои имконпазири ҷойгиронӣ ва (ё) татбиқи фаъолияти банақшагирифташуда;
- пешгӯӣ ва арзёбии тағйирёбии вазъи муҳити зист ва шароити иҷтимоию иқтисодӣ дар натиҷаи татбиқи ҳар як варианти имконпазири фаъолияти банақшагирифташуда. Дар ин ҳолат манбаъҳои мавҷудаи таъсиррасонӣ дар минтақаи таъсири фаъолияти банақшагирӣ ва махсусияти ҳолати муҳити зист ба назар гирифта мешаванд;
- тавсифи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани шароитхри иҷтимоию иқтисодӣ ва пешгирӣ, коҳиши ҳаддалимкон ва ё ҷуброни таъсиррасонии назарраси зарарнок ба муҳити зист дар натиҷаи татбиқи вариантҳои имконпазири фаъолияти банақшагирифташуда;
- пешгӯии ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда ва садамавии берун аз лоиҳавӣ ва арзёбии оқибатҳои онҳо, тавсифи чорабиниҳо оид ба огоҳсозии чунин ҳолатҳо, эътино ба онҳо, бартарафсозии оқибатҳои онҳо;
- асосноккунии интихоби варианти афзалиятноки ҷойгиронӣ ва (ё) татбиқи фаъолияти банақшагирифташуда аз байни ҳамаи вариантҳои имконпазири баррасигашта;
- итгилоот (дар шакли бобҳои алоҳида) оид ба арзёбии таъсиррасонии назарраси зарарноки эҳтимолии ҳар як варианти имконпазири ҷойгиронӣ ва (ё) татбиқи фаъолияти банақшагирифташуда ба муҳити зист ва чорабиниҳои тахминӣ оид ба пешгирӣ, коҳиши ҳаддалимкон ва ё ҷуброни онҳо;
- тавсифи барномаи таҳқиқоти маҳдуди муҳити зист ва таҳлили баъдилоиҳавӣ ҳангоми зарурати он;
- хулосаҳои асосӣ оид ба натиҷаи гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ;
- арзёбии боэътимодии оқибатҳои пешбинишавандаи татбиқи фаъолияти банақшагирифташуда бо нишон додани номуайяниҳои ҳангоми арзёбии таъсиррасонӣ ошкоршуда.
11. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар ҳудуди он татбиқи фаъолияти банақшагирифташуда ва ё таъсири он дар назар аст, якҷоя бо фармоишгар ва иштироки таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ муҳокимаҳои ҷамъиятӣ ва маҷлисҳо оид ба муҳокимаи ҳисобот оид ба АТМЗ-ро тибқи бандҳои 19-28 Тартиби мазкур мегузаронад.
12. Мақомоти салоҳиятдори соҳаи ҳифзи муҳити зист дар мӯҳлати се рӯзи корӣ ба фармоишгар ва ё таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ нусхаи эроду пешниҳодҳоро (агар мавҷуд бошад) пешниҳод менамояд.
13. Ҳисобот оид ба АТМЗ, ки тибқи муҳокимаи ҷамъиятӣ такмил дода шудааст, дар шакли электронӣ ва хаттӣ ба экспертизаи давлатии экологӣ якҷоя бо ҳуҷҷати лоиҳавӣ пешниҳод карда мешавад.
14. Иттилоот оид ба қарори қабулгардида нисбат ба фаъолияти банақшагирифташуда дар мӯҳлати 10 рӯзи корӣ баъди қабули қарор бояд дар воситаҳои ахбори умум, ки дар онҳо огоҳинома оид ба муҳокимаҳои ҷамъиятӣ ва эълон доир ба муҳокимаи ҳисобот оид ба АТМЗ инъикос гардида буданд, дарҷ карда шавад.
Ҳисоботи тасдиқгардида оид ба АТМЗ дар сурати мавҷуд будани имконият дар сомонаи фармоишгар ва ё таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор дар давоми 3 рӯзи корӣ аз санаи интишори иттилооти дар сархати якуми банди мазкур нишондодашуда дар васоити ахбори умум ҷойгир карда мешавад.
15. Агар ҳуҷҷати лоиҳавӣ иттилоотеро дошта бошад, ки тавсеа ва (ё) пешниҳоди он маҳдуд аст, фармоишгар ва ё таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ҳисоботро оид ба АТМЗ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаи дастрасӣ ба ин гуна иттилоотро танзим мекунад, омода менамояд.
16. Арзёбии таъсиррасонӣ барои иншооти дорои эҳтимолияти таъсирнокии миёна ва паст (гурӯҳҳои II ва III) дар шакли фасли "Ҳифзи муҳити зист"-и лоиҳаи корӣ ва барои иншооте, ки эҳтимолияти таъсирнокиашон маҳдуд мебошад (гурӯҳи IV) дар шакли лоиҳаи "Изҳорот оид ба арзёбии таъсир ба муҳити зист" таҳия карда мешавад.
Фасли "Ҳифзи муҳити зист"-и лоиҳаи корӣ аз қисмҳои зерин иборат аст:
- вазъи муҳити зист то ибтидои татбиқи фаъолияти пешбинишаванда, аҳолии минтақа, азхудкунии заминҳо, таҳлили хусусияти муҳити атроф;
- нақшаи вазъият бо нишондоди ҳудудҳои рекреатсионии мавҷуда, маҳалҳои аҳолинишин, иншооти обёрӣ ва мелиоративӣ, заминҳои кишоварзӣ, хати барқ, коммуникатсияҳои нақлиёт, об, газ ва дигар маълумот оид ба маҳал;
- иншооти асосӣ ва ёрирасони пешбинишуда, техника ва технологияҳои истифодашаванда, захираҳои табиӣ, ашёи хом, сӯзишворӣ, таҳлили таъсири онҳо ба муҳити зист, хатари экологии маҳсулоти истеҳсолшаванда;
- партовҳои эҳтимолии ифлоскунандаи ҳаво, партовҳои обӣ, партовҳои истеҳсолӣ ва сахти маишӣ, таъсири манфии онҳо ба муҳити зист ва роҳҳои безараргардонии онҳо;
- ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи партовҳо;
- таҳлили имконпазирии фаъолияти пешакӣ муайяншуда ё амалишаванда ва қарорҳои технологӣ аз нуқтаи назари ҳифзи муҳити зист бо дарназардошти дастовардҳои илм, техника ва таҷрибаи пешқадам;
- чорабинӣ ва қарордодҳои ташкилӣ, техникӣ ва технологӣ, ки таъсири манфии экологии иншоотро ба муҳити зист бартараф ва ё кам мекунад;
- таҳлили ҳолатҳои садамавӣ (бо арзёбии эҳтимолият ва тартиби пешгирии оқибатҳои манфии он);
- пешгӯии тағйирёбии муҳити зист ва оқибатҳои экологӣ баъди ба истифода додани иншооти банақшагирифташуда.
17. Мундариҷаи лоиҳаи "Изҳорот оид ба арзёбии таъсир ба муҳити зист" дар бар мегирад:
- нақшаи ҷойгиркунонии иншоот бо нишондоди мақсади истифодаи қитъаи замин;
- тавсифоти технологияи истеҳсолот;
- маълумот оид ба мавҷудияти шабакаи корезӣ ва талабот нисбат ба берун партофтани партовҳои обӣ;
- миқдор, манбаъ ва таркиби партовҳо;
- миқдор ва шартҳои ҷойгиркунонии партовҳо;
- чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист.
18. Арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист аз ҷониби фармоишгар ташкил ва маблағгузорӣ карда мешавад, агар тибқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагашта бошад.
3. Расмиёти гузаронидани муҳокимаҳои ҷамъиятӣ
19. Муҳокимаҳои ҷамъиятии ҳисобот оид ба АТМЗ бо мақсадҳои зерин гузаронида мешаванд:
- иттилоотонии аҳли ҷомеа оид ба масъалаҳое, ки ба ҳифзи муҳити зист марбутанд;
- риояи ҳуқуқи аҳли ҷомеа ҷиҳати иштирок дар муҳокима ва қабули қарорҳои аз ҷиҳати экологӣ муҳим;
- баҳисобгирии эроду пешниҳодҳои аҳли ҷомеа оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар раванди арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ва қабули қарорҳое, ки ба татбиқи фаъолияти банақшагирифташуда тааллуқ дорад;
- ҷустуҷӯи қарорҳои қобили қабули дуҷониба барои аҳли ҷомеа ва фармоишгар оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва ё коҳиши ҳаддалимкони таъсири зарарнок ба муҳити зист ҳангоми татбиқи фаъолияти банақшагирифташуда.
20. Муҳокимаҳои ҷамъиятии ҳисобот оид ба АТМЗ бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешаванд:
- шиносонидани аҳли ҷомеа бо ҳисобот оид ба АТМЗ ва ҳуҷҷатгузорӣ намудани эроду пешниҳодҳои баёншуда;
- дар сурати зоҳир гардидани таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа гузаронидани ҷамъомад оид ба муҳокимаи ҳисоботи АТМЗ.
21. Гузаронидани муҳокимаи ҷамъиятӣ марҳилаҳои зеринро дар бар мегирад:
- огоҳонидани аҳли ҷомеа ҷиҳати гузаронидани муҳокимаи ҷамъиятӣ;
- таъмини дастрасии аҳли ҷомеа ба ҳисобот оид ба АТМЗ аз ҷониби фармоишгар ва (ё) мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар китобхона ва дигар ҷойҳои дастрас, ҳамчунин ҳангоми мавҷуд будани имконият - ҷой додани ҳисобот оид ба АТМЗ дар шабакаи электронии Интернет;
- шиносонидани аҳли ҷомеа бо ҳисобот оид ба АТМЗ;
- дар сурати манфиат доштани аҳли ҷомеа ҷиҳати баргузории ҷамъомад доир ба муҳокимаи ҳисобот оид ба АТМЗ, огоҳонидани аҳли ҷомеа оид ба вақт ва маҳалли баргузории ҷамъомад;
- ҷамъ овардан ва таҳлили эроду пешниҳодҳо, барасмиятдарории ҷамъбасти мулоҳизаҳо аз натиҷаи муҳокимаҳои ҷамъиятии ҳисобот оид ба АТМЗ.
22. Дар ҳолати манфиат доштани аҳли ҷомеа ба ҷойгиркунонии иншооте, ки таъсиррасонии онҳо миёна ва паст мебошад, муҳокимаи ҷамъиятии онҳо бо тартиби дар боло зикргардида гузаронида мешавад.
23. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор якҷоя бо фармоишгар:
- дар муддати на камтар аз 3 рӯзи корӣ то интишори огоҳинома оид ба муҳокимаҳои ҷамъиятӣ, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омодагӣ ва гузаронидани муҳокимаҳои ҷамъиятӣ комиссия ташкил намуда, ҳайати шахсии онро муайян мекунанд ва аз ҳисоби муовинони раиси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор раиси онро таъин менамоянд;
- ба воситаи нашри огоҳинома дар воситаҳои ахбори омма, ҳамчунин ҳангоми мавҷуд будани имконияти ҷойгиркунонии он дар сомонаи электронии фармоишгар ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор дар шабакаи Интернет аҳли ҷомеаро аз оғози гузаронидани расмиёти муҳокимаҳои ҷамъиятӣ огоҳ менамоянд;
- дар муддати 3 рӯзи корӣ аз рӯзи муроҷиати хаттии аҳли ҷомеа ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор оид ба зарурияти гузаронидани ҷамъомад ҷиҳати муҳокимаи ҳисобот оид ба АТМЗ аҳолиро доир ба вақт ва маҳалли гузаронидани он ба воситаи ахбори омма, ҳамчунин ҳангоми мавҷуд будани имконияти ҷойгиркунонии он дар сомонаи фармоишгар ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор дар шабакаи Интернет огоҳ менамояд.
Ба ҳайати комиссия оид ба омодагӣ ва гузаронидани муҳокимаҳои ҷамъиятӣ дар мувофиқа бо сохторҳои маҳаллии мақоми салоҳиятдор дар соҳаи ҳифзи муҳити зист метавонанд намояндагони онҳоро ба таври иловагӣ дохил карда шаванд.
24. Огоҳинома оид ба муҳокимаи ҷамъиятӣ бояд инҳоро дар бар гирад:
- иттилоот оид ба фармоишгари фаъолияти банақшагирифташуда (номгӯй, суроғаҳои ҳуқуқӣ, алоқавӣ ва электронӣ, рақамҳои телефон ва факс);
- номгӯй, асосноккунӣ ва тавсифи фаъолияти банақшагирифташуда;
- иттилоот оид ба маҳалли ҷойгиркунонии фаъолияти банақшагирифташуда;
- иттилоот оид ба мӯҳлати татбиқи фаъолияти банақшагирифташуда;
- иттилоот оид ба мӯҳлати гузаронидани муҳокимаҳои ҷамъиятӣ ва пешниҳоди эродҳо доир ба ҳисобот оид ба АТМЗ;
- иттилоот дар бораи ҷойи шиносоӣ бо ҳисобот оид ба АТМЗ ва ирсоли пешниҳод, таклифу эродҳо доир ба ҳисоботи мазкур (номгӯй ва суроғаи шӯъбаи алоқа, сомонаи интернет, ному насаб ва вазифаи шахси масъул, рақами телефон ва факс, суроғаи электронӣ);
- иттилоот оид ба мавзеи ҷойгиршавии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор (номгӯй ва суроғаи шӯъбаи алоқа) ва мӯҳлати фиристодани дархост доир ба зарурати гузаронидани ҷамъомад ҷиҳати муҳокимаи ҳисобот оид ба АТМЗ.
25. Аз рӯзи нашри огоҳинома оид ба муҳокимаҳои ҷамъиятӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор якҷоя бо фармоишгар дастрасии аҳли ҷомеаро барои шиносоӣ бо ҳисобот оид ба АТМЗ ва имконияти барасмиятдарории саволҳо, эродҳо ва пешниҳодҳоро дар тамоми давраи муҳокимаи ҷамъиятӣ доир ба ҳисоботи пешниҳодшуда таъмин менамоянд.
26. Дар ҳолати ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор дар давоми 10 рӯзи корӣ аз рӯзи нашри огоҳинома оид ба муҳокимаҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати зарурати гузаронидани ҷамъомад доир ба муҳокимаи ҳисобот оид ба АТМЗ муроҷиат намудани аҳли ҷомеа гузаронидани чунин ҷамъомадҳоро танҳо баъди 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи нашри огоҳиномаи мазкур ба нақша гирифтан мумкин аст.
27. Расмиёти гузаронидани ҷамъомад доир ба муҳокимаи ҳисобот оид ба АТМЗ марҳилаҳои зеринро дар бар мегирад:
- бақайдгирии иштирокчиёни ҷамъомад;
- кушода эълон намудани ҷамъомад:
- баромади намояндаи фармоишгар (баромади шифоҳӣ ва ё презентатсия);
- баромади намояндаи (намояндаҳои) таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ (презентатсия);
- воридшавии саволҳо, коркарди онҳо, ҷавоб ба саволҳое, ки омодагӣ ва ё таҳқиқоти иловагиро талаб намекунанд;
- ҷамъбасти натиҷаҳо ва анҷоми ҷамъомад.
Агар дар рафти ҷамъомад доир ба муҳокимаи ҳисобот оид ба АТМЗ ба саволҳои додашуда ҷавоб дода нашавад, ҷавоби ин саволҳо ба суроғаи алоқавӣ ва ё электронии муаллифи саволи дар рафти бақайдгирии иштирокчиёни ҷамъомад дарҷгардида дар муддати 10 рӯзи тақвимии баъди гузаронидани ҷамъомад равон карда мешавад.
28. Аз рӯи натиҷаи ҷамъомад доир ба муҳокимаи ҳисобот оид ба АТМЗ дар муддати 3 рӯзи корӣ протоколи ҷамъомад бо инъикоси рӯйхати саволҳо, эроду пешниҳодҳо барои ҳисобот оид ба АТМЗ, ки дар рафти муҳокима пешниҳод гардидаанд, нишондоди муаллифони онҳо, ҷавоби онҳо ва шумораи умумии иштирокчиёни ҷамъомад ба расмият дароварда мешавад. Протоколи мазкур аз ҷониби раис ва аъзои комиссия оид ба омодагӣ ва гузаронидани муҳокимаҳои ҷамъиятӣ тасдиқ ва имзо карда мешавад.
29. Аз рӯи натиҷаи муҳокимаҳои ҷамъиятии ҳисобот оид ба АТМЗ фармоишгар ва таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ пешниҳоди мувофиқашуда оид ба имконпазирӣ ва ба мақсад мувофиқ будани татбиқи фаъолияти банақшагирифташударо дар ҳудуди интихобшуда бо дарназардошти оқибатҳои экологӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар оқибатҳои ба он алоқаманди татбиқи лоиҳа тартиб медиҳанд.
30. Ҳангоми зарурат фармоишгар метавонад расмиёти гузаронидани муҳокимаи ҷамъиятиро бо мақсади ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори лоиҳавӣ аз рӯи натиҷаҳои муҳокима, таҳлили эроду пешниҳодҳои воридгардида барои ҷамъ овардани маълумоти иловагӣ, гузаронидани таҳқиқот ва ҷустуҷӯҳои иловагӣ боздорад. Баъди такмили иловагии қарори лоиҳавии фаъолияти ба нақша гирифташуда ва ҳисобот оид ба АТМЗ муҳокимаҳои ҷамъиятии онҳо ҷиҳати баррасии таъсир ва оқибатҳои қаблан ба инобат гирифтанашуда аз нав барқарор карда мешаванд.
31. Агар дар муддати 10 рӯзи кории баъди нашри огоҳинома оид ба муҳокимаҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби аҳли ҷомеа ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор оид ба зарурати гузаронидани ҷамъомад барои муҳокимаи ҳисобот оид ба АТМЗ дархост ворид нагардад, он гузаронида намешавад.
32. Баҳсҳо оид ба тартиби ташкил ва гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист бо тартиби судӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
Замима