Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворад намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 542
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 542 "Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар банди 2 калимаҳои "Корхонаи воҳиди ҷумҳуриявӣ оид ба воридот, захира ва фурӯши чорвои зотӣ ва паррандаҳо "Дафтари зотпарварии Тоҷикистон"-и Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ"-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
- аз замимаи 1 банди 2, аз замимаи 2 банди 6 ва аз замимаи 3 банди 5 хориҷ карда шуда, дар замимаи 2 дар сутуни мутасаддиён калимаҳои "Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон" мутаносибан ба калимаҳои "Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 августи соли 2014 № 485
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 ноября 2007 года, №542
В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
В постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 ноября 2007 года, №542 "Об утверждении Программы развития отрасли яководства в Республике Таджикистан на период 2008-2015 годы" внести следующие изменения и дополнения:
- в пункте 2 заменить слова "Государственное предприятие по завозу, заготовке и продаже племенного скота и птицы "Таджикплемживконтора" Министерства сельского хозяйства и охраны природы Республики Таджикистан на слова "Республиканское учреждение по племенному делу, породистости, искусственному осеменению, покупке и продаже племенных животных" Министерства сельского хозяйства Республики Таджикистан;
- исключить из приложения 1 пункт 2, из приложения 2 пункт 6 и из приложения 3 пункт 5, и в приложении 2 в разделе исполнители заменить слова "Министерство сельского хозяйства и охраны природы Республики Таджикистан", "Агентство по землеустройству, геодезии и картографии при Правительстве Республики Таджикистан" и "Государственный комитет по статистике Республики Таджикистан", относительно на слова "Министерство сельского хозяйства Республики Таджикистан", "Государственный комитет по земельному управлению и геодезии Республики Таджикистан" и "Агентство по статистике при Президенте Республики Таджикистан".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 1 августа 2014 года, №485