Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2014, № 1115 "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи почта"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ АЛОҚАИ ПОЧТА"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003 "Дар бораи алоқаи почта" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2003, №8, мод. 462; с.2004, №5, мод. 341; с.2007, №7, мод. 684) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба қисми якуми моддаи 14 сархати панҷум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар бораи аҳд ва амалиёти шубҳанок хабар диҳанд. Чунин амал фошкунии махфияти мукотиба ҳисоб намеёбад;".

2. Ба моддаи 18 қисмҳои панҷум ва шашум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Ташкилотҳои алоқаи почта ӯҳдадоранд дар бораи иҷрои аҳд ва амалиёти шубҳаноки муштариёни худ (кӯшиши анҷом додани аҳд ва амалиёти шубҳанок) фавран ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм хабар диҳанд.

Фош намудани маълумот аз ҷониби ташкилотҳои алоқаи почта риоя нашудани талаботи махфияти мукотиба ва дигар муросилоти ба воситаи шабакаи алоқаи почта фиристодашуда ҳисоб намеёбад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

26 июли соли 2014 № 1115

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи почта"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи почта" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Зуҳуров

ш. Душанбе, 4 июни соли 2014, № 1517

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи почта"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи почта"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи почта" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш.Душанбе, 17 июли соли 2014 № 702

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ПОЧТОВОЙ СВЯЗИ"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 1 августа 2003 года "О почтовой связи" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2003 г., №8, ст.462; 2004 г., №5, ст. 341; 2007 г, №7 ст, 684) следующие дополнения:

1. Часть первую статьи 14 дополнить абзацем пятым следующего содержания:

"- информировать уполномоченный орган по противодействию легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, и финансированию терроризма о подозрительных сделках и операциях. Это действие не считается разглашением тайны переписки;".

2. Статью 18 дополнить частями пятой и шестой следующего содержания:

"Организации почтовой связи обязаны незамедлительно информировать уполномоченный орган по противодействию легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, и финансированию терроризма об исполнении подозрительных сделок и операций (попытки совершения подозрительных сделок и операций) своими клиентами.

Разглашение информации со стороны организаций почтовой связи не считается несоблюдением требований конфиденциальности корреспонденции и другой корреспонденции, отправленной через сети почтовой связи.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                                          Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 26 июля 2014 года, № 1115

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении дополнений в Закон Республики Таджикистан "О почтовой связи"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнений в Закон Республики Таджикистан "О почтовой связи".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                  Ш. Зухуров

г. Душанбе, 4 июня 2014 года, № 1517

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О внесении дополнений в Закон Республики Таджикистан "О почтовой связи"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнений в Закон Республики Таджикистан "О почтовой связи", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнений в Закон Республики Таджикистан "О почтовой связи".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                      М.Убайдуллоев

г. Душанбе, от 17 июля 2014 года, №702