Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2014, № 1086 "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 декабри соли 1999 "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №12, мод. 296; с. 2004, №7, мод. 451; с. 2007, №5, мод. 352; с. 2008, №10, мод. 797; с. 2012, №8, мод. 811; Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2014, №1065) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Қисми дуюми моддаи 32(1) дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Дар сурати ба даст овардани на кам аз 10 фоизи овозҳои интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии дахлдори дар овоздиҳӣ иштироккарда гарави интихоботӣ ба номзад баргардонида мешавад. Ҳангоми бекор кардани қарори пешбарии номзад аз тарафи ҳизби сиёсӣ ё пас гирифтани номзадӣ аз ҷониби номзад гарави интихоботӣ бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ мегузарад.".

2. Ба қисми нуҳуми моддаи 46 баъд аз калимаи "нусха" калимаҳои "бо қалами худкори рангӣ" илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал карор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

26 июли соли 2014 № 1086

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 24 апрели соли 2014, № 1469

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш.Душанбе, 17 июли соли 2014 №715

КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ И ДОПОЛНЕНИЯ В КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ВЫБОРАХ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"

Статья 1. Внести в конституционный Закон Республики Таджикистан от 10 декабря 1999 года "О выборах Маджлиси Оли Республики Таджикистан (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1999 г., №12, ст. 296; 2004 г., №7, ст. 451; 2007 г., №5, ст. 352; 2008 г., №10, ст. 797; 2012 г., №8, ст. 811; конституционный Закон Республики Таджикистан от 14 марта 2014 года, №1065) следующие изменение и дополнение:

1. Часть вторую статьи 32(1) изложить в следующей редакции:

"В случае получения не менее 10 процентов голосов избирателей соответствующего избирательного округа, принявших участие в голосовании, избирательный залог возвращается кандидату. При отмене политической партией решения о выдвижении кандидата или снятии кандидатом своей кандидатуры избирательный залог по решению Центральной комиссии по выборам и референдумам переводится в республиканский бюджет.".

2. Часть десятую статьи 46 после слова "заполняется" дополнить словом "авторучкой".

Статья 2. Настоящий конституционный Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                                     Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

26 июля 2014 года, № 1086

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии конституционного Закона Республики Таджикистан "О внесении изменения и дополнения в конституционный Закон Республики Таджикистан "О выборах Маджлиси Оли Республики Таджикистан"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять конституционный Закон Республики Таджикистан "О внесении изменения и дополнения в конституционный Закон Республики Таджикистан "О выборах Маджлиси Оли Республики Таджикистан".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан Ш. ЗУХУРОВ

г. Душанбе, 24 апреля 2014 года, № 1469

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О конституционном Законе Республики Таджикистан "О внесении изменения и дополнения в конституционный Закон Республики Таджикистан "О выборах Маджлиси Оли Республики Таджикистан"

Рассмотрев конституционный Закон Республики Таджикистан "О внесении изменения и дополнения в конституционный Закон Республики Таджикистан "О выборах Маджлиси Оли Республики Таджикистан", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить конституционный Закон Республики Таджикистан "О внесении изменения и дополнения в конституционный Закон Республики Таджикистан "О выборах Маджлиси Оли Республики Таджикистан".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси

Оли Республики Таджикистан М.Убайдуллоев

г. Душанбе, 17 июля 2014 года, №715