Тартиби таъин, маблағгузорӣ ва пардохти кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат аз 3 июли соли 2014 № 437

Санаи амалкуни: 03.07.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.05.2020 № 271 аз эътибор соқит дониста шуд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 июли соли 2014, № 437

тасдиқ шудааст

Тартиби таъин, маблағгузорӣ ва пардохти кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат

(қарори Ҳукумати ҶТ 1.10.2016 № 416)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби мазкур шартҳо ва қоидаҳои таъин, маблағгузорӣ ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоиро ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат дар ноҳияҳои Ишкошим, Роштқалъа, Рӯшон ва Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастҷоҳи вилояти Суғд, шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Норак, ноҳияҳои Балҷувон, Мӯъминобод, Панҷ, Ховалинг, Шӯрообод, Фархор ва Ёвони вилояти Хатлон, ноҳияҳои Рашт, Тавилдара, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Ҳисор ва Файзобод муайян менамояд.

2. Кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоате, ки дар ҳудуди яке аз шаҳру ноҳияҳои дар банди 1 Тартиби мазкур зикргардида истиҳомати доимӣ доранд ва вазъи некӯаҳволии онҳо ба талаботи меъёрҳое, ки дар Методикаи муайян намудани оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат муқаррар гардидааст, мувофиқат мекунад, таъин ва пардохт карда мешавад.

3. Оилаи камбизоат онҳое ҳисобида мешаванд, ки дар муносибатҳои хешутаборӣ қарордошта, якҷоя зиндагӣ мекунанд, рӯзгори муштаракро пеш бурда, моликияти умумиро истифода мебаранд ва барои мустақилона аз шароити душвори зиндагӣ баромадан имконият надоранд.

4. Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд- Агентӣ) вазифаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар раванди татбиқи барномаи кумакпулии иҷтимоии унвонӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, идоракунии молиявӣ ва мониторинги риояи тартиби таъин, пардохт ва истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии ба ин мақсад ҷудогардида амалӣ менамояд.

2. Тартиби таъини кумакпулии иҷтимоии унвонӣ

5. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки худро камбизоат шуморида, бо сабабҳои объективӣ дар шароити душвори зиндагӣ қарор доранд ва имконияти аз ин ҳолат мустақилона баромаданро надоранд; барои гирифтани кумакпулии иҷтимоии унвонӣ ба шӯъбаю бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳияи таҷрибавӣ (минбаъд - мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ) ариза навишта, бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба ҷамоати шаҳраку деҳот, идораи манзилию коммуналӣ ва ё кумитаи маҳаллии маҳалли истиқоматашон месупоранд.

6. Барои таъини кумакпулии иҷтимоии унвонӣҳуҷҷатҳои зерин бояд пешниҳод карда шаванд:

- ариза дар бораи таъин намудани кумакпулии иҷтимоии унвонӣ;

- нусхаи шиносномаи аризадиҳанда (асли он ҳангоми супоридани ариза нишон дода мешавад);

- маълумотнома дар бораи ҳайати оилаи камбизоат;

- маълумот дар бораи даромад ва молу мулки ҳамаи аъзои оила. Намунаи варақаҳои зарурӣ барои гирифтани кумакпулии иҷтимоии унвонӣ, аз он ҷумла ариза дар бораи таъин намудани кумакпулии иҷтимоии унвонӣ, маълумотнома дар бораи ҳайати оилаи камбизоат ва маълумот дар бораи даромад ва молу мулки ҳамаи аъзои оила аз ҷониби ҷамоати шаҳраку деҳот, идораи коммуналию манзилӣ ва ё кумитаи маҳаллии маҳалли истиқомати муроҷиаткунанда ройгон дода мешавад.

Намунаи ҳама намудҳои ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани кумакпулии иҷтимоии унвонӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

7. Аз номи ҳамаи аъзои оила пур намудани ариза ва намунаи "Маълумот дар бораи даромад ва молу мулки аъзои оила" ваколати сардори оила мебошад.

8. Дар ариза розигии аризадиҳанда ва аъзои оилаи ӯ оид ба ҷамъоварӣ карданн маълумоти иловагӣ дар бораи хонавода, молу мулк ва даромадҳои он, инчунин барои санҷиши маълумоти пешниҳодшуда бо мақсади қабул намудани қарори одилона роҷеъ ба таъин кардани (ё рад намудани) кумакпулии иҷтимоии унвонӣ инъикос карда мешавад.

9. Дар сурати беморӣ ё ба мӯҳлати зиёда аз се моҳ аз маҳалли истиқомати доимӣ берун сафар кардани сардори оила, мавсуф дар аризааш бояд шахси мӯътамади худро зикр намояд, ки дар замони набудани ӯ ваколатҳояшро барои гирифтани кумакпулии иҷтимоии унвонӣ ба ӯҳда мегирад.

10. Дар сурати якҷоя истиқомат намудани ду ва зиёда оилаҳое, ки хоҷагидориашон алоҳида аст, ҳар оила метавонад барои таъини кумакпулии иҷтимоии унвонӣ мустақилона ариза пешниҳод намояд. Дар ин ҳолат ҷамоати шаҳрак ё деҳот, идораи коммуналию манзилӣ ва кумитаҳои маҳаллӣ бояд ҳуҷҷатҳои заруриро барои гирифтани кумакпулии иҷтимоии унвонӣ ба ҳар як оилаи мустақил алоҳида пешниҳод намоянд.

11. Аризаи қабулгардида бо ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда дар китоби махсуси бақайдгирии ҷамоати шаҳрак ё деҳот, идораи манзилию коммуналӣ ва ё кумитаи маҳаллӣ сабти ном гардида, ба аризадиҳанда оид ба рӯзи қабули ариза, рақами сабт ва дар мавриди зарурӣ оид ба номгӯи ҳуҷҷатҳои пешниҳоднашуда бо зикри муҳлате, ки онҳо бояд пешниҳод карда шаванд, огоҳинома фиристода мешавад.

12. Ариза дар бораи таъин намудани кумакпулии иҷтимоии унвонӣ, маълумотнома дар бораи ҳайати оилаи камбизоат ва маълумот дар бораи даромад ва молу мулки ҳамаи аъзои оила бо имзои раисе котиби ҷамоати шаҳрак ё деҳот ва сардори идораи манзилию коммуналӣ тасдиқ карда мешавад, ки дар доираи салоҳияти худ саҳеҳии маълумоти пешниҳодшударо месанҷанд ва ба дурустии онҳо масъул мебошанд.

13. Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, идораҳои манзилию коммуналӣ ва кумитаҳои маҳаллӣ аризаҳои шаҳрвандонро бо замимаҳояш қабул намуда, дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯз ба мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ месупоранд.

14. Мақоми маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ ариза ва маълумотнома дар бораи ҳайати оила, маълумот дар бораи даромад ва молу мулки ҳамаи аъзои оила ва мушаххасоти шиносномаи аризадиҳандаро барои муайян намудани нишондиҳандаи умумии сатҳи некӯаҳволии оила дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯз ба маҳзани ягонаи маълумоти низоми иттилоотии кумакпулии иҷтимоии унвонӣ ворид менамояд.

15. Кумакпулии иҷтимоии унвонӣ дар натиҷаи коркарди маълумот дар сервери марказии низоми иттилоотии барномаи кумакпулии иҷтимоии унвонӣ тибқи талаботи Методикаи муайян намудани оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат таъин ё рад карда мешавад.

16. Ба кумакпулии иҷтимоии унвонӣ оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоате ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки сатҳи некӯаҳволии онҳо ба талаботи меъёрҳои дар Методикаи муайян намудани оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат муқарраргардида мувофиқат намояд.

17. Агар сатҳи некӯаҳволии оила (шаҳрвандон) ба меъёру муқаррароти дар Методикаи муайян намудани оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат пешбинишуда ҷавобгӯ набошад, кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ таьин карда намешавад.

18. Ба шаҳрвандони яккаву танҳои пиронсол, ки дар шароити душвори зиндагӣ қарор доранд, кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ  ба тариқи истисно таъин ва пардохт карда мешавад. Шахсони яккаву танҳои пиронсол онҳое ҳисобида мешаванд, ки ба синну соли нафақа расида (занҳо аз 58-сола ва мардҳо аз 63- сола боло), талаботи худро мустақилона таъмин карда наметавонанд ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ хешу табори наздики қобили меҳнат надоранд.

19. Ба оилаҳои дар ҳайати худ ду ва ё зиёда маъюбдошта, инчунин ба падару модари танҳо, ки кӯдаки маъюбро тарбия мекунанд, ҳангоми муайян намудани нишондиҳандаи умумии сатҳи зиндагии оила бартарӣ дода мешавад.

20. Қарор дар бораи таъин ё рад намудани кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ дар натиҷаи коркарди маълумоти ба маҳзани ягонаи низоми иттилоотии барномаи кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ воридшуда то санаи 10 моҳи оянда қабул гардида, дар ин хусус мақоми маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ дар муддати 10 рӯз ба аризадиҳанда хабарномаи хаттӣ ва ё электрони (паёмак) ирсол менамояд.

21. Ба ҳар як оилае (шаҳрванде), ки кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ таъин карда шудааст, дар мақоми маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ парвандаи инфиродӣ кушода шуда, дар он ҳамаи ҳуҷҷатҳо дӯхта мешаванд. Парвандаи инфиродии гирандаи кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ,баъди қатъ гардидани пардохти кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ дар ин мақомот ба мӯҳлати панҷ сол нигоҳ дошта мешавад.

22. Шаҳрвандоне, ки аз ҳуқуқи кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ бархӯрдор нагардидаанд, дар сурати Тағйир ёфтани шароити зиндагӣ ва ҳайати оила, метавонанд баъд аз 6 моҳ барои гирифтани кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ такроран муроҷиат намоянд.

23. Методикаи муайян намудани оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат барои гирифтани кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ  аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

3. Тартиби маблағгузорӣ ва пардохти кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ

24. Маблағгузории хароҷот барои пардохти кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат дар доираи маблағҳои дар Буҷети давлатӣ барои ҷуброни истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, инчунии барои маблағгузории кӯмакпулиҳо ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ таҳсил менамоянд, пешбинӣ гардида ва дигар манбаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, анҷом дода мешавад.

25. Пардохти кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ ба таври нақдӣ ё интиқоли маблағ ба суратҳисоби махсуси бонкии (депозитии) шаҳрванд, инчунин бо истифода аз кортҳои плостикии пардохтии бонкӣ тавассути марказҳои хизматрасонии филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбон" (минбаъд - филиали Амонатбонк) дар маҳалли зисти аризадиҳанда анҷом дода мешавад.

26. Андозаи кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ барои як оили (шаҳрванд) дар як сол 400 (чорсад) сомониро ташкил дода, ҳар семоҳа дар ҳаҷми 100 (сад) сомонӣ пардохт карда мешавад.

27. Ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоате, ки барои гирифтани кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ аз июли соли 2014 ҳуқуқ пайдо мекунанд, кӯмакпулӣ бе маҳдудияти мӯҳлат пардохт карда мешавад.

28. Маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоие, ки сари вақт бо айби сардори оила ё шаҳрванди камбизоат гирифта нашудааст, дар моҳҳои минбаъда пардохт карда мешавад. Агар кумакпулии унвонии иҷтимоии таъингардида дар мӯҳлати 1 соли баъди таъин гирифта нашуда бошад, маблағи пардохтнашуда аз ҷониби Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" (минбаъд - Амонатбонк) ба суратҳисоби Агентӣ баргардонида мешавад.

29. Дар сурати дар мӯҳлати муқарраргардида пардохт нашудани кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ бо айби мақоми масъули таъин ва пардохти кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ, шахсони мансабдори гунаҳкор тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

30. Пардохти кӯмакпулии унвонии иҷтимоии  қаблан таъингардида дар ҳолатҳои зерин қать карда мешавад:

- агар дар вақти санҷиш ошкор гардад, ки аз ҷониби аризадиҳанда маълумоти нодуруст пешниҳод гардидааст ва ё маълумот пинҳон карда шудааст, ки ба раванди муқаррар намудани ҳуқуқи гирифтани кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ таъсир расонидааст ва ё расонида тавонад;

- агар оила (шаҳрванд) аз ҳудуди ноҳияи таҷрибавӣ ба маҳалли дигари (шаҳр ё ноҳия) берун аз минтақаи таҷрибавӣ ё хориҷи ҷумҳурӣ барои зиндагии доимӣ кӯчида бошад;

- ҳангоми вафоти шаҳрванди камбизоат ва ё сардори оила, ки кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ ба номи ӯ ба расмият дароварда шудааст;

Пардохти кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ ибтидо баъд аз семоҳае, ки ин ҳолатҳо рух додаанд, қатъ мегардад.

31. Дар сурати бо сабаби марги сардори оила қатъ гардидани кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ яке аз аъзои оилаи ӯ (агар тибқи тартиби муқарраргардида сардори оила ҳисобида шавад) метавонад барои гирифтани кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ, ки сари вақт ба сардори оила пардохт карда нашудааст, ариза пешниҳод намояд,

32. Агентӣ дар доираи маблағҳои ба ин мақсад пешбинишудаи Буҷети давлатӣ харҷномаҳо тартиб дода, барои мувофиқа ва тасдиқ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се нусха пешниҳод менамояд.

Дархост барои маблағгузорӣ тибқи моддаи пешбинишудаи харҷнома ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

33. Маблағгузории кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ тавассути Сарраёсати Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси тақсимбандии ҳар семоҳаи маблағҳо сурат мегирад.

34. Агентӣ дар асоси маълумоти аз мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ дастрасгардида то санан 10 моҳи минбаъда барои маблағгузории кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ тибқи супоришҳои пардохт ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод менамояд.

Намунаи супориши пардохт аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Мақоми маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ мутобиқи талабот ва тартиботи муқарраргардидаи бонкӣ дар филиалҳои Амонатбонки шаҳру, ноҳияҳо суратҳисоби махсус мекушояд.

35. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи супоришҳои пардохт маблағҳоро ба суратҳисоби мақоми маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ дар филиали Амонатбонк ҷиҳати интиқоли минбаъда ба суратҳисоби шахсии гирандагони кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ мегузаронад.

36. Агентӣ дар асоси дархостҳои ҳармоҳаи мақоми маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ барои маблағузории кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ дар бораи кӯмакпулиҳои унвонии иҷтимоии таъиншуда ва маблағҳои пардохтшуда маълумоти ҷамъбастӣ таҳия намуда, онро то санаи 25-уми моҳи якуми семоҳаи оянда ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

37. Маблағҳои то охири соли буҷетӣ истифоданашуда, бояд ба суратҳисоби Агентӣ баргардонида шаванд.

38. Агентӣ ҳар моҳ рӯйхати электронии ном ба номи гирандагони кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ мегиранд, инчунин руйхати ном ба номи шаҳрвандиеро, ки бори аввал кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ мегиранд, ба Амонатбонк бо мактуби ҳамроҳикунанда пешниҳод менамояд.

39. Амонатбонк дар давоми 5 рӯзи корӣ бо тартиби муқарраргардида дар асоси рӯйхатҳои ном ба номи пешниҳодшуда:

- ба номи ҳар як гирандаи кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ суратҳисоби шахсӣ (дар ҳолати бори аввал таъин гардидани кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ) кушода, ба он маблағи воридшударо мегузаронад;

- бо хоҳиши гирандаи кӯмак барои интиқоли маблағи кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ суратҳисоби депозитӣ мекушояд;

- дар ҳолати қатъ гардидани пардохти кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ суратҳисоби кӯмакгирандаро мебандад.

40. Мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ дар навбати худ ҳар моҳ рӯйхати ном ба номи гирандагони кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ, руйхати шахсоне, ки ба онҳо кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ бори аввал таъин гардидааст ва рӯйхати шахсонеро, ки ба онҳо пардохти кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ қатъ карда шудааст, аз рӯи намунаҳои ба Тартиби мазкур замимагардида (замимаҳои 1, 2 ва 3) тартиб дода, то санаи 10-уми моҳи равон ба филиали Амонатбонк пешниҳод менамояд.

41. Рӯйхатҳо барои пардохт ё қатъ гардидани кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ дар ду нусха тайёр карда мешаванд. Як нусхаи он ба филиали Амонатбонк ва нусхаи дуюм барои аз эътибор соқит намудани маблағҳо ба Агентӣ пешниҳод карда мешавад.

42. Дар ҳолати ошкор намудани хатогӣ дар рӯйхати ном ба ном, рӯйхати мазкур дар мӯҳлати як рӯзи корӣ аз ҷониби филиали Амонатбонк ба мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ баргардонида мешавад, ки дар мӯҳлати як рӯзи корӣ бояд хатогиро бартараф намояд.

43. Пардохти маблағи кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ мутобиқи қоидаҳои амалкунандаи бонкӣ сурат мегирад, муҳосиби назоратии филиали Амонатбонк бошад, мониторинги минбаъдаи амалӣ менамояд.

44. Пардохти кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ тавассути марказҳои хизматрасонии филиали Амонатбонк дар маҳалли зисти гирандагони кӯмак анҷом дода мешавад.

Дар сурати зарурат маблағи кӯмакпулӣ бо дархости мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ аз ҷониби шахси ваколатдори маркази хизматрасонии филиали Амонатбонк ба ҷои зисти эҳтиёҷманд расонида мешавад.

45. Ҳангоми ошкор гардидани ҳолатҳое, ки дар банди 30 Тартиби мазкур зикр гардидаанд, шахсе, ки кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ гирифтааст, маблағи ғайриқонунӣ гирифтаашро ба хазинаи филиали Амонатбонк бармегардонад ва ин маблағ ба суратҳисоби Агентӣ интиқол дода мешавад.

Аз вақти гирифтани супориш маблағ аз суратҳисоби инфиродии шахсе, ки ғайриқонунӣ кумаки унвонии иҷтимоӣ гирифтааст, аз ҷониби Амонатбонк дар муддати ду рӯзи ҳисоботи ба суратҳисоби Агентӣ баргардонида мешавад.

46. Дар сурати беморӣ ё муваққатан дар истиқомати доимии худ набудани сардори оила, маблағи кӯмакпулиро метавонад шахси мӯътамади ӯ дар асоси ваколатнома гирад.

47. Корманди ваколатдори мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ дар се моҳ як маротиба (баъди ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи пешина) якҷоя бо ҳисобдори назоратии филиали Амонатбонк таҳлили пардохти кӯмакпулии унвонии иҷтимоиро мегузаронад ва дар бораи маблағи аслан пардохташуда тибқи намунаи ба Тартиби мазкур замимагардида санади муқоисавӣ тартиб медиҳад (замимаи 4).

48. Ҳаққи хизматрасонии бонкии ба Амонатбонк ба андозаи 0,8 фоизи маблағи умумии ном ба ном пардохтшудаи кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ муқаррар карда мешавад. Ҳаққи хизматрасонии бонкӣ дар баробари пешниҳоди рӯйхати ном ба номи гирандагон ва гузаронидани маблағи кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ тибқи супоришоти пардохтӣ ба ҳисоби бонк пардохт карда мешавад.

4. Банақшагирии хароҷот барои кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ

49. Банақшагирии маблағҳо барои пардохти қӯмаки унвонии иҷтимоӣ ва хароҷоти дигар, ки дар Буҷети давлатӣ ба ин мақсад пешбинӣ гардидаанд, аз ҷониби Агентӣ дар асоси дархостҳои мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амалӣ мегардад.

50. Агентӣ дар асоси дархостҳои мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хулосаи пешакии худро оид ба маблағи барномаи кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ ҳар сол то санаи 10 март ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

51. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси хулосаи пешакии Агентӣ маблағи заруриро барои соли ояндаи буҷетӣ ҳисоб намуда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамояд.

52. Ҳисобот дар бораи истифодаи маблағҳои буҷетӣ ба Агентӣ аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ ҳар семоҳа то санаи 15-уми моҳи якуми семоҳаи оянда пешниҳод карда мешавад. Агентӣ дар бораи истифодаи маблағҳои буҷетӣ ҳар семоҳа ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи намунаи ба Тартиби мазкур замима гардида (замимаи 5) ҳисобот пешниҳод менамояд.

53. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам мониторинги риояи Тартиби мазкур, хароҷоти мақадноки маблағҳоро барои пардохти кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ гузаронида, дар асоси натиҷаҳои он ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамоянд.

54. Дар ҳолатҳои зарурӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Амонатбонк ба Тартиби мазкур тағйиру иловаҳо ворид менамоянд.

5. Баҳисобгирии шахсоне, ки кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ мегиранд

55. Бо мақсади ба ҳисоб гирифтани оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоате, ки кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ мегиранд ва таъмини назорати дурустӣ ва саривақтии пешниҳод намудани кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ, дар Агентӣ маҳзани ягонаи маълумот ташаккул дода мешавад.

56. Маҳзани ягонаи маълумоти гирандагони кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттилоот" ташаккул ва истифода бурда мешавад.

57. Тамоми маълумот дар бораи оила (шаҳрванд), даромад ва молу мулки онҳо, ки дар парвандаи гирандаи кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ ҷамь оварда шудаанд танҳо бо мақсадҳое, ки зарурӣ барои қабул кардани қарор дар бораи таъин ё рад карданикӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ заруранд, истифода бурда мешавад.

6. Назорати таъин ва пардохти дурусти кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ

58. Назорати риояи муқаррароти Тартиби мазкур, аз ҷумла дурустии маълумоти дар "Маълумот дар бораи даромад ва амволи ҳамаи аъзои оила" зикргардида ва истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷети ҷумҳуриявиро, ки барои пардохти кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ равона карда шудаанд, Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсату шӯъбаҳои маҳаллии молия таъмин менамоянд.

59. Оила ва шаҳрвандоне, ки оид ба даромад ва молу мулк маълумоти нодуруст пешниҳод намудаанд ва дар натиҷа беасос кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ гирифтаанд, маблағҳои ғайриқонунӣ гирифтаи худро пурра ба суратҳисоби филиали Амонатбонк баргардонида, ба мӯҳлати 12 моҳ аз рӯзи қатъ гардидани пардохти кӯмакпулӣ аз ҳуқуқи гирифтани кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ маҳрум мегарданд.

60. Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва идораҳои манзилию коммуналӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) ва мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоӣ бошанд, ба Агентӣ ҳар нимсола оид ба ҷараёни татбиқи механизми таҷрибавии кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат маълумот пешниҳод менамоянд.

7. Шикоят аз болои қарор оид ба таъин ё рад кардани кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ

61. Шикоят аз рӯи қарор дар бораи таъин ё рад кардани кӯмакпулии иҷтимоии унвонӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

62. Муроҷиат ва аризаю шикоятҳои шаҳрвандон оид ба пешниҳоди кӯмакпулиҳои иҷтимоии унвонӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва ҳаллу фасл карда мешаванд.

Замимаҳои 1-5