Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009, № 203
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Банди "к" замимаи 1 Қоидаҳои додани шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ ва Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009, № 203 тасдиқ шудаанд, дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"к) ба ҳамсари шахсони мансабдори дар зербандҳои "а,б,в,г,д,е,ж,з" зикргардида, инчунин ба фарзандони (фарзандхондшудагони) онҳо то расидан ба синни 23-солагӣ ва танҳо дар ҳолати сафарҳои дарозмуддати хориҷии марбут ба фаъолияти меҳнатии онҳо.".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 11 июли соли 2014 № 468
ш. Душанбе