Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2009, № 532
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Тартиби интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2009, № 532 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар банди 3) калимаҳои "рӯзномаи "Ҷумҳурият" ба калимаҳои "рӯзномаҳои "Ҷумҳурият" ё "Садои мардум" ва калимаҳои "рӯзномаи мазкур" ба калимаҳои "яке аз ин рӯзномаҳо" иваз карда шаванд;
- дар банди 4) пас аз калимаҳои "қарор мегиранд" калимаҳои ", агар дар онҳо мӯҳлати дигари мавриди амал қарор додан муқаррар нагардида бошад" илова карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 5 июли соли 2014 № 458
ш. Душанбе