Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014 № 435 "Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал ва шикор"

Санаи амалкуни: 30.03.2020

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал ва шикор

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2020 № 195)

Мутобиқи моддаи 10 Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2020 № 195):

1. Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал ва шикор муайян карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2020 № 195).

2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 августи соли 2012, № 402 "Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал" ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 августи соли 2012, № 403 "Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 июли соли 2014 № 435

ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал, шикор ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

Мутобиқи моддаи 10 Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда" ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал, щикор ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда муайян карда шавад.