Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2017
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои срлҳои 2014-2017 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- якҷоя бо дигар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва муассисаю корхонаҳои дахлдор иҷрои чорабиниҳои пешбининамудаи Барномаро таъмин намоянд;
- доир ба корҳои анҷомдодашуда, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо ҳар шашмоҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
3. Маблағгузории чорабиниҳои Барнома дар солҳои 2014-2015 аз ҳисоби маблағҳои худи вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҳангоми таҳияи буҷетҳои мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар доираи буҷети давлатӣ барои солҳои 2016-2017 маблағҳои заруриро барои маблағгузории чорабиниҳои Барномаи мазкур бо моддаи алоҳидаи хароҷотӣ пешбинӣ намоянд;
- барои маблағгузории Барнома кӯмаки ташкилотҳои молиявии байналмилалиро ҷалб намоянд.
4. Ба Бонки миллии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" ва дигар ташкилотҳои қарзӣ тавсия дода шавад, ки дар татбиқи Барнома иштирок намоянд.
5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004, № 468 "Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
6. Назорати қарори мазкур ба зиммаи Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 июли соли 2014 № 428
ш. Душанбе