Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 сентябри соли 2013, № 1519 "Дар бораи ҷорӣ намудани кортҳои идентификатсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати ду моҳ Дастурамали муштараки тартиби татбиқи Қоидаҳои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва тасдиқ намоянд.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои тобеи онҳо ҳангоми додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоидаҳои мазкурро қатъиян ба роҳбарӣ гиранд.
4. Муқаррар карда шавад, ки марказқои маълумотҷамъкунии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамоянд.
5. Аз 1 январи соли 2015 аз эътибор соқит дониста шаванд:
- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 1996, № 414 "Дар бораи ҷорӣ намудани паспорти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 1997, № 302 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи низоми шиноснома дар Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июли соли 1992, № 255 "Оид ба баъзе аз масъалахо доир ба ворид намудани қайд дар бораи миллат ба шиносномаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон".
6. Қарори мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 13 июни соли 2014 № 406
ш. Душанбе