Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 2014 № 400 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2012, № 776

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2012, № 776

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2012, № 776 "Дар бораи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ" тағйиру иловаи зерин ворид карда шавад:

- дар ном ва бандҳои 1, 2, 3, 4 пас аз калимаҳои "фаьолияти тиббӣ" калимаҳои "ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ" илова карда шаванд;

- дар банди 2 рақамҳои "52", "17" ва "35" ба рақамҳои "62" "21" ва "41" иваз карда шаванд.

2. Ба Низомномаи Хадамоти назорати давлатии фаьолияти тиббӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2012, №776 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар ном, банди 1 ва банди 13 пас аз калимаҳои "фаьолияти тиббӣ" калимаҳои "ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ" илова карда шаванд;

- дар банди 2, сархати сездаҳуми банди 5, сархати панҷуми банди 7 ва сархати ҳаштуми банди 11 калимаҳои "Вазорати тандурустии" ба калимаҳои "Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии" иваз карда шаванд;

- дар банди 5:

- дар сархати якум калимаҳои "фаъолияти тиббиро" ба калимаи "фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро" иваз карда шаванд;

- дар сархати дуюм калимаҳои "хизматрасонии тиббиро" ба калимаҳои "хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоиро" ва калимаҳои "тиббию беҳдоштӣ" ба калимаҳои "тиббию беҳдоштӣ ва ва иҷтимоӣ" иваз карда шаванд;

- дар сархати сеюм пас аз калимаҳои "муассисаҳои тиббӣ" калимаҳои "ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро" илова карда шаванд;

- сархати чорум бо мазмуни зайл ифода карда шавад:

"-назорати ҷараёни татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи саломатӣ ва иҷтимоии шаҳрвандонро бобати таъмини сифати дахлдори хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ, ки аз ҷониби муассисаҳои тандурустӣ ва иҷтимоӣ анҷом дода мешаванд, таъмин менамояд";

- дар сархати шашум пас аз калимаҳои "Вазорати тандурустӣ" калимаҳои "ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ" ва пас аз калимаҳои "кӯмакҳои тиббӣ" калимахои "ва иҷтимоӣ" илова карда шаванд;

- дар сархати хабдаҳум пас аз калимаҳои "хизматрасониҳои тиббӣ" калимаҳои "ва иҷтимоӣ" ва баъд аз калимаҳои "хатарноки тиббӣ" калимаҳои "ва иҷтимоӣ" илова карда шаванд;

- сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"- назорати дурустии таъин ва пардохти саривақтии кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ва кӯмакпулиҳои иҷтимоии унвониро ба оилаҳои камбиозат, ки аз буҷети ҷумҳуриявӣ маблағтузорӣ мешаванд, инчунин назорати фаьолияти марбутаи комиссияҳои шаҳрию ноҳиявиро анҷом медиҳад;

- назорати фаъолияти муассисаҳои ҳифзи иҷтимоиро, ки ба расонидани хизматрасонии иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ (маъобон, шахсони яккаю танҳо ва бепарастор) машғуланд, ба роҳ мемонад.";

- дар банди 6:

- сархати якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бе ягон мамоният ва дар ҳар маврид дар тамоми корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва мансубияти идоравиашон, ки бо фаъолияти тиббӣ ва иҷтимоӣ машғуланд, назорати тиббӣ ва иҷтимоиро анҷом медиҳанд;"

- дар сархати ҳафтум пас аз калимаҳои "муассисаҳои тандурустӣ" калимаҳои "ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ" илова карда шаванд;

- дар сархати чоруми банди 7 калимахои"Вазорати тандурустиро" ба калимаҳои "Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро" иваз карда шаванд;

- дар бандҳои 8, 10 ва 12 калимаҳои "Вазири тандурустии" ба калимаҳои "Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии" иваз карда шаванд;

- дар банди 11:

- дар сархатҳои чорум ва даҳум пас аз калимаҳои "муассисаҳои тандурустӣ" калимаҳои "ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ" илова карда шаванд;

- дар сархати панҷум пас аз калимаи "тибқи" калимаҳои "талаботи намунавӣ" илова карда шаванд.

3. Дар Сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисюн аз 29 декабри соли 2012, №776 тасдиқ шудааст, пас аз калимаҳои "фаъолияти тиббӣ" калимаҳои "ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ" ва пас аз сархати дуюм сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Шӯъбаи назорати давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ".

4. Дар ном ва сархатҳои дуюм, сеюм, чорум ва панҷуми Нақшаи идоракунии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2012, №776 тасдиқ шудааст, пас аз калимаҳои "фаъолияти тиббӣ" калимаҳои "ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ" илова карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 10 июни соли 2014 № 400

ш.Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 29 декабря 2012 года, №776

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 29 декабря 2012 года, №776 "О Службе государственного надзора за медицинской деятельностью" следующие изменение и дополнение:

- название и пункты 1, 2, 3, 4 после слов "за медицинской деятельностью" дополнить словами "и социальной защиты населения";

- в пункте 2 цифры "52", "17" и "35" заменить цифрами "62", "21" и "41";

2. Внести в Положение о Службе государственного надзора за медицинской деятельностью, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 29 декабря 2012 года, №776, следующие изменения и дополнения:

- название, пункт 1 и пункт 13 после слов "за медицинской деятельностью" дополнить словами "и социальной защиты населения";

- в пункте 2, абзаце тринадцатом пункта 5, абзаце пятом пункта 7 и абзаце восьмом пункта 11 слова "Министерства здравоохранения" заменить словами "Министерства здравоохранения и социальной защиты населения";

- в пункте 5:

- первый абзац после слов "за медицинской деятельностью" дополнить словами "и социальной защиты населения";

- в абзаце втором слова "медицинских услуг" заменить словами "медицинских и социальных услуг" и слова "медико - санитарной" заменить словами "медико - санитарной и социальной";

- абзац третий после слова "медицинских" дополнить словами "и социальных";

- абзац четвёртый изложить в следующей редакции:

"- осуществляет контроль за ходом реализации государственной политики в области охраны здоровья и социальной защиты населения в части обеспечения соответствующего качества медицинских и социальных услуг, предоставляемых учреждениями здравоохранения и социальной службы";

- шестой абзац после слов "медицинской помощи" дополнить словами "и социальной";

- семнадцатый абзац после слов "медицинских" дополнить словами "и социальных" и после слов "опасной медицинской" дополнить словами "и социальной";

- пункт дополнить новыми абзацами следующего содержания:

"- осуществляет контроль за правильностью назначений и своевременной выплатой пособий и выплатой адресных социалных пособий малоимущим семьям, финансируемым из республиканского бюджета, а также за соответствующей деятельностью городских и районных комиссий;

- осуществляет контроль за деятельностью учреждений социальной защиты, занятых предоставлением социальных услуг отдельным группам населения (инвалидам, одиноким и беспризорным лицам).";

- в пункте 6:

- первый абзац изложить в следующей редакции:

"- в установленном законодательством порядке беспрепятственно в любое время во всех предприятиях, учреждениях, медицинских организациях и организациях социальной защиты населения, независимо от форм собственности и ведомственной принадлежности, занимающихся медицинской и социальной деятельностью, осуществлять надзор за медицинской и социальной деятельностью";

- абзац седьмой после слов "учреждений здравоохранения" дополнить словами "и социальной защиты населения";

- в четвертом абзаце пункта 7 слова "Министра здравоохранения" заменить словами "Министра здравоохранения и социальной, защиты населения";

- в пунктах 8, 10 и 12 слова "Министра здравоохранения" заменить словами "Министра здравоохранения и социальной защиты населения";

- в пункте 11:

- абзацы четвертый и десятый после слов "учреждений здравоохранения" дополнить словами "и социальной защиты населения";

- абзац пятый после слов "в соответствии" дополнить словами "типовом порядке".

3. Структуру центрального аппарата Службы государственного надзора за медицинской деятельностью, утвержденную постановлением Правительства Республики Таджикистан от 29 декабря 2012 года, №776, после слов "медицинской деятельностью" дополнить словами "и социальной защиты населения" и дополнить абзацем вторым следующего содержания: "Отдел государственного надзора социальной защиты населения".

4. Название, абзацы второй, третий, четвертый и пятый Схемы управления Службы государствен о го надзора за медицинской деятельностью, утвержденной постановлением Правительства Республики Таджикистан от 29 декабря 2012 года, №776, после слов "медицинской деятельностью" дополнить словами "и социальной защиты населения".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                                   Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 10 июня 2014 года, № 400