Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2014, № 394 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, №601"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, №601

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Низомномаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, №601 "Дар бораи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

- ба банди 1 сархати нави дорои мазмуни зайл илова карда шавад:

- "Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ дар Нақшаи идоракунии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад";

- дар банди 3 ва сархатҳои ҳафтум, даҳум, чордаҳум ва шонздаҳуми банди 4 калимаҳои "тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- дар банди 4 сархатҳои ҳабдаҳум ва ҳаждаҳум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

- "-назорати татбиқи Барномаи инфиродии тавонбахшии маъюбон тибқи қонунҳои амалкунанда;

- бо дарназардошти дараҷаи коҳиши вазифаҳои организм ва маҳдудияти фаъолияти ҳаётӣ ба шахси то синни 18 - сола муқаррар намудани категорияи "кӯдаки маъюб".";

- дар банди 6 калимаҳои "вазоратҳои тандурустӣ ва меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- дар бандҳои 10, 11, сархати шашуми банди 12 ва банди 13 калимаи "меҳнат" ба калимаи "тандурустӣ" иваз карда шавад;

- дар сархати шашуми банди 12 калимаи "кории" ба калимаи "вазифаҳои" иваз карда шавад;

- аз банди 13 калимаҳои "ва намояндаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 6 июни соли 2014, № 394

ш. Душанбе