Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 № 351 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ"

Модцаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 15-16, моддаи 235; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, № 22, моддаи 259) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Муқаддимаи Қонун дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии омӯзиш, ҳифз ва истифодабарии сарватҳои зеризаминиро муқаррар намуда, муносибатҳоро дар ин соҳа танзим менамояд".

2. Дар моддаи 1:

қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарватҳои зеризаминӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.";

дар қисми дуюм ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаҳои "Мақомоти ҳокимияти давлатии Вилояти автономии Бадахшони Кӯҳӣ (ВАБК)" ба калимаҳои "Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон" иваз карда шаванд.

3. Ба Қонун моддаи 1 (1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 1 (1). Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- омӯзиши давлатии геологии қаъри замин - корҳои геологии вобаста ба омӯзиши мониторингии ҳолати қаъри замин, сохтори геологии минтақаҳои алоҳида ва ҳавзаҳо дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълум намудани дурнамои онҳо оид ба мавҷуд будани маъданҳои фоиданок, сохтани харитаҳои геологии давлатӣ, ки маълумотҳои асосиро оид ба истифодабарии қаъри замин ташкил медиҳанд;

- қитъаи ҷудокардашудаи геологӣ - замима ба иҷозатнома барои омӯзиши геологӣ - бо нақша ва маълумотнома муайян намудани ҳудуди қитъаи қаъри замин, ки дар он истифодабарандагон ҳуқуқи иктишофи геологиро доранд;

- ҷудо намудани замини кӯҳсор - замима ба иҷозатнома барои пешбурди корҳои иктишофи геологӣ ва истихроҷи маъданҳои фоиданок, сохтмон ва ё истифодабарии иншоотҳои зеризаминӣ, ки ба иктишоф ва истихроҷ вобастагӣ надоранд, иҷозатнома барои истихроҷи маъданҳои фоиданоки ғайриминералии маъмулӣ бо мақсади тиҷорат ва ё сохтмони иншоотҳои зеризаминии новобаста ба истихроҷ ва иктишоф, ки истифодабарандагони қаъри замин аз рӯи нақша ва маълумоти минтақаҳои ҳудудашон муайян ба онҳо ҳуқуқ доранд;

- истихроҷ - маҷмӯи корҳое, ки ба ҳосил намудани минералҳои фоиданок аз қаъри замин, ҳамчунин ба коркарди минералҳои техногении моликияти давлатӣ, аз ҷумла ашёи минералии таҳвилхонаҳои муваққатӣ алоқаманд мебошанд;

- истихроҷи маъданҳои фоиданоки маъмулӣ - истихроҷи маводе, ки дар қитъаҳои қаъри замини дорои ҳуқуқи истифодаи доимӣ ва ё муваққатӣ ҷойгир аст, бе мақсади минбаъдаи бастани аҳд нисбати маъданҳои фоиданоки ғайриминералӣ ва обҳои зеризаминии истихроҷгардида;

- кон - қисми қитъаи қаъри замин, ки анбӯҳи табиии маъданҳои фоиданокро дар бар мегирад;

- ашёи хоми минералӣ - қисми сарватҳои истихроҷшуда (маводи кӯҳӣ, ашёи хоми кон ва ғайра), ки маъданҳои фоиданокро дар бар мегирад;

- истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки мувофиқи Қонуни мазкур иҷозати гузаронидани корҳои геологӣ ва истихроҷи маъданҳои фоиданокро доранд;

- сарватҳои зеризаминӣ - қисми қаъри замин, ки поён аз қабати хок ва дар мавриди набудани он дар таги баҳрҳо, кӯлҳо, дарёҳо ва дигар обанборҳо то умқи дастрас, ки қабати онҳо барои гузаронидани корҳои геологӣ ва истифодаи маъданҳои фоиданок дар асоси комёбиҳои илмию техникӣ дастрас аст;

- маъданҳои фоиданоки маъмулӣ (ғайриминералӣ) - маъданҳои фоиданок, ки дар шакли табиӣ (рег, шағал, хок ва ғайра) ва ниҳоят кам коркард ва тоза карда шудаанд, барои эҳтиёҷоти хоҷагиҳои маҳаллӣ истифода карда мешаванд;

- маҷмӯи корҳои истифодаи қаъри замин - корҳое, ки бо омӯзиши умумии давлатии геологии қаъри замин, иктишоф ва истихроҷ, аз ҷумла корҳои вобаста ба иктишоф ва истихроҷи обҳои зеризаминӣ, лойқаҳои табобатӣ, иктишофи қаъри замин барои партови обҳои истифодашуда, инчунин корҳое, ки ба сохтмон ва истифодаи иншоотҳои зеризаминии новобаста ба истихроҷ алоқаманд мебошанд;

- коркарди аввалияи ашёи хоми минералӣ - коркарди маъданҳои фоиданоки истихроҷшуда аз рӯи нақшаҳои технологӣ, ки ҷараёни пайдарпайи ғанисозӣ ва тағйири аввалияи маъданҳои фоиданоки истихроҷшударо муайян менамояд;

- коркарди ашёи хоми минералӣ - корҳое, ки ба воситаи онҳо аз ашёи хоми минералӣ маъданҳои фоиданок ҳосил карда мешаванд:

- маъданҳои фоиданок - маводи минералии табиӣ, ки дар қаъри замин ба шакли санг, моеъ ва газ (аз ҷумла, обҳои зеризаминӣ ва лойқаҳои табобати) мавҷуданд ва барои истеҳсоли неъматҳои модди муносиб мебошанд;

- каммаъданшавӣ - паст шудани сифати маъданҳои фоиданок ҳангоми истихроҷ;

- истифодабарандагони доимии сарватҳои зеризаминӣ - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳуқуқи бемӯҳлати истифодаи сарватҳои зеризаминиро доранд;

- истифодабарандагони муваққатии сарватҳои зеризаминӣ - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки мӯҳлати маҳдуди истифодаи сарватҳои зеризаминиро доранд;

- корҳои иктишофии геологӣ - корҳое, ки ба ҷустуҷӯи макони ҷойгиршавии маъданҳои фоиданок ва арзёбии онҳо алоқаманд мебошанд;

- сохтмон ва истифодаи иншоотҳои зеризаминӣ, ки ба корҳои иктишофии геологӣ ва истихроҷи маъданҳои фоиданок вобастагӣ надорандкорҳои сохтмон ва истифодаи иншоотҳои зеризаминии таъиноти умумихоҷагӣ, ки барои нигоҳ доштани боқимондаҳои маводи радиоактивӣ, маҳсулоти зараровар ва оби партов аҳамият доранд;

- қитьаи қаъри замин- қисми ба нақша гирифташудаи қаъри замин, ки дар қаламрави маҳдуд барои истифодабарандагон ҷудо карда мешавад;

- пардохти хаққи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ - пардохти якбора ба молики захираи сарватҳои зеризаминӣ (ба давлат) барои додани ҳуқуқи азхудкунии онҳо;

- ҷудо намудани маблағ барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣмаблағгузории ҷорӣ ба молики захираи сарватҳои зеризаминӣ (ба давлат) барои пӯшонидани хароҷотҳои истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ.".

4. Моддаи 4 хориҷ карда шавад.

5. Дар моддаи 5:

- дар банди 5 ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаҳои "литсензия", "литсензияҳо", "литсензияе", "литсензияи", "литсензияро", "литсензиягирӣ", "литсензиядиҳанда", "литсензиядиҳӣ" мутаносибан ба калимаҳои "иҷозатнома", "иҷозатномаҳо", "иҷозатномае", "иҷозатномаи", "иҷозатномаро", "иҷозатномагирӣ", "иҷозатномадиҳанда", "иҷозатномадиҳӣ" иваз карда, калимаҳои "(иҷозатнома)" ва "(литсензияи)" хориҷ карда шаванд;

дар банди 13 қисми якум ва дар тамоми матни Қонун калимаи "байналхалқӣ" ба калимаи "байналмилалӣ" иваз карда шавад;

- дар банди 18 қисми якум ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаи "ВАБК" ба калимаҳои "Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон2 иваз карда шавад;

- банди 20 қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"20) танзими масъалаҳои дигари истифодаи сарватҳои зеризаминие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.";

6. Дар моддаи 6:

- дар номи модда калимаҳои "мақомоти ҳокимияти иҷроияи ВМКБ, ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон" иваз карда шаванд;

- дар қисми якум ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаҳои "мақомоти ҳокимияти иҷроияи (ҳукуматҳо) ВАБК" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон" иваз карда шаванд;

- банди 3 қисми якум хориҷ карда шавад;

- дар банди 5 қисми якум калимаи "территориявии" ба калимаи "минтақавии" иваз карда шавад;

- дар қисми дуюм калимаҳои "мақомоти ҳокимияти иҷроияи (ҳукуматҳо)" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.

7. Қисми якуми моддаи 8 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" амалӣ карда мешавад.".

8. Қисми якуми моддаи 9 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи қитъаҳои алоҳидаи қаъри заминро бо мақсади таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи муҳити зист метавонад маҳдуд ва ё қатъ намояд.".

9. Дар моддаи 13 ва минбаъд дар матни Қонун калимаҳои "шаҳрвандоне" ва "шаҳрвандон" мутаносибан ба калимаҳои "воқеие" ва "воқеӣ" иваз карда шаванд.

10. Дар қисми якуми моддаи 16 баъди калимаи "ихтиёрӣ" калимаҳои "бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" илова карда шаванд.

11. Ҷумлаи дуюми қисми дуюми моддаи 18 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Иҷозатнома барои он бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" дода мешавад.".

12. Номи моддаи 19 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 19. Ошкор шудани маъданҳои фоиданок ҳангоми истифодаи қаъри замин".

13. Номи моддаи 25 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 25. Хадамоти наҷотдиҳӣ дар конҳо".

14. Дар моддаи 43:

- сархати сеюми қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- пардохти ҳаққи иҷозатнома";

15. Дар қисми якуми моддаи 44 калимаҳои "мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад" иваз карда шаванд.

16. Моддаи 47 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 47. Пардохти ҳаққи иҷозатномадиҳӣ

Ҳаққи иҷозатномадиҳӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" пардохт карда мешавад.".

17. Моддаи 50 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 50. Ҳал намудани баҳсҳо

Баҳсҳо оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш.Душанбе 

 5 январи слии 2008 № 351

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш.Душанбе 

 1 октябри соли 2007 № 746

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш. Душанбе 

 19 декабри соли 2007 № 430

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О недрах"

Статья 1. В Закон Республики Таджикистан от 20 июля 1994 года "О недрах" (Ведомости Верховного Совета Республики Таджикистан, 1994г., №15-16, ст.235; Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1995г., №22, ст.259) внести следующие изменения и дополнения:

1. Преамбулу Закона изложить в следующей редакции:

"Настоящий Закон устанавливает правовые основы изучения, охраны и использования недр, регулирует отношения в этой сфере".

2. В статье 1:

часть первую изложить в следующей редакции:

"Законодательство Республики Таджикистан "О недрах" основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона и других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, а также международных правовых актов, признанных Таджикистаном";

в части второй и далее во всем тексте Закона слова "органы государственной власти Горно - Бадахшанской автономной области (ГБАО)" заменить словами "местные исполнительные органы государственной власти Горно - Бадахшанской автономной области".

3. Дополнить Закон статьей 1(1) следующего содержания:

"Статья 1(1). Основные понятия.

В настоящем Законе используются следующие основные понятия:

- государственное геологическое изучение недр - геологические работы, связанные с мониторинговым изучением состояния недр, геологического строения отдельных участков и бассейнов, территории Республики Таджикистан в целом, определением их перспектив по наличию полезных ископаемых, созданием государственных геологических карт, составляющих информационную основу недропользования;

- геологический отвод - приложение к лицензии на геологическое изучение недр, схематически и описательно определяющее участок недр, на котором недропользователи вправе проводить разведку;

- горный отвод - приложение к лицензии на геологоразведывательные работы и добычу полезных ископаемых, на строительство или эксплуатацию подземных сооружений, не связанных с разведкой и добычей, лицензии на добычу общераспространенных полезных ископаемых в коммерческих целях, определяющие схематически и описательно участок недр, на котором недропользователи вправе проводить добычу, строительство подземных сооружений, не связанные с разведкой или добычей;

- добыча - весь комплекс работ, связанных с извлечением полезных ископаемых из недр на поверхность, а также из техногенных минеральных образований, находящихся в государственной собственности, включая временное хранение минерального сырья;

- добыча общераспространенных полезных ископаемых - добыча, осуществляемая на земельном участке, на праве постоянного или временного недропользования, без намерения последующего совершения сделок в отношении добытых общераспространенных полезных ископаемых либо подземных вод;

- месторождение - участок недр, содержащий природное скопление полезных ископаемых;

- минеральное сырьё - добытая часть недр (горная порода, рудное сырьё и другие), содержащая полезные ископаемые;

- недропользователи - физические и юридические лица, имеющие в соответствии с настоящим Законом разрешение на проведение геологических работ и добычи общераспространенных полезных ископаемых;

- недра - часть земной коры, расположенная ниже почвенного слоя, а при его отсутствии - ниже земной поверхности и дна морей, озер, рек и других водоемов, простирающаяся до глубин, доступных для проведения геологических работ по недропользованию с учетом научно - технических достижений;

- общераспространенные полезные ископаемые - полезные ископаемые (песок, глина, гравий и другие), используемые в их естественном виде, с незначительной обработкой и очисткой, для удовлетворения, в основном, местных хозяйственных нужд;

- комплекс работ по недропользованию - работы, относящиеся к государственному геологическому изучению недр, разведке и добыче, в том числе, работы, связанные с разведкой и добычей подземных вод, лечебных грязей, разведкой недр для сброса сточных вод, а также работы по строительству и эксплуатации подземных сооружений, не связанных с добычей;

- первичная переработка минерального сырья - осуществление переработки получаемого из недр полезного ископаемого по технологическим схемам, определяющим последовательность процессов и операций по обогащению и предварительному переделу добытых полезных ископаемых;

- переработка минерального сырья - работы, связанные с извлечением полезных ископаемых из минерального сырья;

- полезное ископаемое - содержащееся в недрах природное минеральное вещество в твердом, жидком и газообразном состоянии (в том числе подземные воды и лечебные грязи), пригодные для использования в производстве;

- обеднение - понижение качества полезных ископаемых при добыче;

- постоянные недропользователи - физические и юридические лица, право недропользования которых носит бессрочный характер;

- временные недропользователи - физические и юридические лица, право недропользования которых ограничено определенным сроком;

- геолого - разведывательные работы - работы, связанные с поиском месторождений полезных ископаемых и их оценкой;

- строительство и эксплуатация подземных сооружений, не связанных с геолого - разведывательными работами и добычей полезных ископаемых - работы по строительству и эксплуатации подземных сооружений общехозяйственного назначения, а также для захоронения радиоактивных отходов, вредных веществ и сточных вод;

- участок недр - часть недр, выделяемая в замкнутых границах для предоставления в недропользование;

- выплата за право использования недр - единовременная плата владельцу недр (государству) за предоставление права их использования;

- выделение средств за недропользование - текущие выплаты владельцу недр (государству) в целях покрытия расходов недропользования.".

4. Статью 4 исключить.

5. В статье 5:

- в пункте 18 и далее по всему тексту Закона аббревиатуру ГБАО заменить словами "Горно - Бадахшанской автономной области";

- пункт двадцатый части первой изложить в следующей редакции: "20) регулирование других вопросов недропользования, определенных законодательством Республики Таджикистан".

6. В статье 6:

- в части второй слова "органов исполнительной власти (хукуматов)" заменить словами "местные исполнительные органы государственной власти";

- пункт 3 части первой исключить.

7. Часть первую статьи 8 изложить в следующей редакции:

- "выдача лицензии (лицензирование) на право пользования недрами осуществляется в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О лицензировании отдельных видов деятельности".

8. Часть первую статьи 9 изложить в следующей редакции:

- "В целях обеспечения безопасности страны и охраны окружающей среды Правительство Республики Таджикистан вправе ограничить либо запретить пользование отдельными участками недр".

9. В части первой статьи 13 и далее по тексту Закона слова "органы исполнительной власти" заменить словами "местные исполнительные органы государственной власти".

10. Часть первую статьи 16 после слова "допускается" дополнить словами "в порядке, установленном Законом Республики Таджикистан "О лицензировании отдельных видов деятельности".

11. Второе предложение части второй статьи 18 изложить в следующей редакции:

"Лицензия на неё выдается в порядке, установленном Законом Республики Таджикистан "О лицензировании отдельных видов деятельности.".

12. Название статьи 19 изложить в следующей редакции:

"Статья 19. Вскрытие полезных ископаемых при пользовании недрами".

13. Название статьи 25 изложить в следующей редакции:

"Статья 25. Спасательная служба на месторождениях".

14. Статью 47 изложить в следующей редакции:

"Статья 47. Сбор за выдачу лицензии

Сбор за выдачу лицензии выплачивается в соответствии с порядком, установленным Законом Республики Таджикистан "О других обязательных платежах в бюджет" и Законом Республики Таджикистан "О лицензировании отдельных видов деятельности".

15. Статью 50 изложить в следующей редакции:

"Статья 50. Разрешение споров

Споры по недропользованию разрешаются в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                                                Э. Рахмонов

г.Душанбе, 

5 января 2008 года № 351

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О недрах"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О недрах".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                       С.Хайруллоев

г.Душанбе,1 октября 2007 года №№ 746

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О недрах"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О недрах", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О недрах".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                     М.Убайдуллоев

г.Душанбе, 19 декабря 2007 года №430