Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои талаботи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020-ро дар доираи маблағҳои ҳамасола пешбинишудаи Буҷети давлатӣ ва аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорие, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, таъмин намуда, ҳар нимсола ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти татбиқи Барнома маълумот пешниҳод намоянд.
3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати рафти иҷрои Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020-ро таъмин намуда, аз натиҷаи татбиқи он ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 июни соли 2014 № 353
ш. Душанбе