Низомномаи ташкил ва ба роҳ мондани таълим дар кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ аз 30 майи соли 2014 № 344

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 майи соли 2014, № 344

тасдиқ шудааст

Низомномаи ташкил ва ба роҳ мондани таълим дар кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ

1. Муқаррароти умумӣ

1. Низомномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия карда шуда, тартиби қабул, таҳсил ва тайёр намудани афсарони эҳтиётро барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ муқаррар менамояд.

2. Тартиби тайёрии ҳарбии донишҷӯён тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" ва Низомномаи мазкур муайян карда мешавад.

3. Раванди тайёрии ҳарбии донишҷӯёнро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вазорату идораҳое, ки дар тобеияташон муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доранд, назорат менамоянд.

4. Вазоратҳои мудофиа, маориф ва илм метавонанд дар мувофиқа бо вазорату идораҳое, ки дар ихтиёрашон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ доранд, барои таъсиси кафедраҳои ҳарбӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намоянд.

5. Тайёрии афсарони эҳтиёт дар кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо забони давлатӣ сурат мегирад. Таҳсил дар кафедраҳои ҳарбӣ аз курси дуюм оғоз меёбад. Баъди хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фармони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойгоҳҳои кафедраҳои ҳарбӣ ва қисмҳои ҳарбӣ ҷамъомади таълимӣ баргузор мегардад, ки хатмкардагони кафедраҳои ҳарбӣ дар он иштирок менамоянд.

6. Фанҳои таълимии кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳамчун фанҳои алоҳида дар нақшаҳои таълимӣ ворид карда мешаванд. Мӯҳлати оғоз ва анҷоми соатҳо дар кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷиҳати тайёр кардани афсарони эҳтиёт дар нақшаи таълимӣ муайян карда мешавад.

7. Барномаи таълимии тайёр намудани афсарони эҳтиётро барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраи ҳарбӣ таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ менамоянд.

8. Ба кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ донишҷӯёне, ки дар шӯъбаҳои рӯзона таҳсил менамоянд (барои ҷавонони синни 17-27-сола), саломатии хуб доранд ва аз ташхиси тиббӣ дар комиссияи ҳарбии маҳалли ҷойгиршавии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ гузаштаанд, қобили қабул ба хизмати ҳарбӣ ҳастанд, роҳ дода мешаванд. Донишҷӯён духтарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ танҳо тайёрии тиббии ҳарбӣ мегузаранд.

9. Донишҷӯён дар асоси ариза барои таҳсил дар кафедраҳои ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд. Донишҷӯёне, ки хизмати ҳарбиро гузаштаанд, таълими барномаи тайёрии афсарони эҳтиётро ба тариқи ихтиёрӣ мегузаранд.

10. Барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тиббӣ гузаронидани машғулиятҳо дар кафедраҳои тиббии ҳарбӣ бо барномаи тайёр намудани афсарони эҳтиёти хадамоти тиббӣ мутобиқ ба нақшаи таълимӣ ҳатмӣ мебошад.

2. Салоҳияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

11. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дастурамали вазифавӣ, тартиби аз курсҳои такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва аттестатсия гузаштани ҳайати кадрии кафедраҳои ҳарбиро таҳия ва тасдиқ менамояд;

- дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳое, ки дар тобеияташон муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доранд, номгӯи ихтисосҳои ҳарбиро барои донишҷӯён муқаррар менамояд;

- миқдори соатҳои таълимии ба тайёрии ҳарбӣ ҷудошударо муайян мекунад;

- барои гузаронидани ҷамъомадҳои таълимӣ, баланд бардоштани савияи дониши назариявӣ ва малакаҳои амалӣ, ки донишҷӯён мувофиқи ихтисосҳои ҳарбӣ бояд аз бар намоянд, тадбирҳо меандешад;

- дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳое, ки дар тобеияташон муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доранд, низомномаҳои кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, барномаҳои тайёрии ҳарбӣ, рӯйхати аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва амволи таълимии ҳарбиро, ки барои таъмини тайёрии ҳарбӣ заруранд, таҳия ва тасдиқ менамояд;

- ҷамъомадҳои таълимии донишҷӯёнро дар қисмҳои ҳарбӣ, инчунин дар пойгоҳҳои кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ташкил ва баргузор намуда, барои таъсис додани пойгоҳҳои саҳроии таълимии зарурӣ ҷиҳати тайёрии ҳарбӣ тадбирҳо меандешад;

- дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи имтиҳониро барои аттестатсияи давлатии хатмкунандагон таъсис медиҳад;

- дар кафедраҳои ҳарбӣ риоя намудани реҷаи махфӣ ва нигоҳдории сирри давлатӣ ва ҳарбиро назорат менамояд;

- дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти кафедраҳои ҳарбиро дар масъалаҳои корҳои таълимию методӣ ва такмили ихтисоси ҳайати профессорону омӯзгорон назорат менамояд;

- дар кафедраҳои ҳарбӣ номгӯи вазифаҳои штатӣ барои генералҳо, афсарон, прапоршикҳо муқаррар менамояд, инчунин барои таъминоти моддию молиявии хизматчиёни ҳарбии кафедраҳои ҳарбӣ маблағ ҷудо мекунад;

- хизматчиёни ҳарбиро ба вазифаҳои штатии кафедраҳои ҳарбии вазорату идораҳое, ки дар тобеияташон муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доранд, таъин мекунад;

- кафедраҳои ҳарбиро бо аслиҳа, лавозимоти ҷангӣ, техникаи ҳарбӣ, нақлиёти автомобилӣ, воситаҳои машқӣ-таълимӣ, асбоб, дастгоҳ, анҷом, қисмҳои эҳтиётӣ барои техникаи ҳарбӣ, инчунин оиннома, дастурамал, роҳнамо, дастур, китобҳои дарсӣ ва адабиёти хориҷии дар доираи барномаи таълимии тайёрии ҳарбӣ пешбинигардида бо риояи реҷаи махфӣ таъмин менамояд.

12. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи штатҳои муқарраргардида ва маблағҳои дар сметаи хароҷот барои соли хониши дахлдор тасдиқшуда кафедраҳои ҳарбиро бо хизматчиёни ҳарбӣ-омӯзгорон ва бо таҷҳизоти моддию техникӣ таъмин менамояд.

13. Кафедраҳои ҳарбие, ки қисман ё пурра аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ фаъолият мекунанд, метавонанд дар мувофиқа бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хизматчиёни ҳарбӣ-омӯзгорон ва бо таҷҳизоти моддию техникӣ таъмин карда шаванд.

3. Салоҳияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳое, ки дар тобеияташон муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доранд

14. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳое, ки дар тобеияташон муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доранд:

- ташкили тайёрии ҳарбиро дар кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мутобиқи барномаҳои тасдиқшуда ва ихтисосҳои ҳарбии муқарраргардида назорат менамоянд;

- дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаю барномаҳои таълимии тайёрии ҳарбиро таҳия, тасдиқ ва иҷрои онҳоро назорат менамоянд;

- шӯроҳои таълимию методии тайёрии афсарони эҳтиётро ташкил ва фаъолияти онҳоро таъмин менамоянд;

- дар доираи маблағҳои пешбинигардида барои таъмини фаъолияти кафедраҳои ҳарбӣ тибқи барномаи таълимии тасдиқшуда, ба истиснои он намудҳои фаъолияте, ки ба ваколати Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад, чораҳо меандешанд;

- мутобиқи талаботи муқарраргардида истифодабарӣ ва нигоҳдории аслиҳа ва техникаи ҳарбиро ташкил ва назорат менамоянд;

- барои таъмини ҷобаҷогузории кафедраҳои ҳарби мувофиқи талаботе, ки барои кор бо аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, адабиёт ва нигоҳдории сирри давлатӣ муқаррар шудааст, шароити мусоид фароҳам меоваранд;

- кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо захираҳои моддӣ ва адабиёти зарурӣ таъмин мекунанд.

15. Ҷиҳати таъмини роҳбарӣ ба раванди тайёркунии афсарони эҳтиёт дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳое, ки дар тобеияташон муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доранд, вазифаҳои штатии мутасаддиён оид ба ташкили тайёрии ҳарбӣ муқаррар карда мешаванд, ки онҳоро афсарони дар хизмати ҳатмӣ ё эҳтиёт будаи дорои таҳсилоти олии ҳарбӣ ё махсуси ҳарбӣ ишғол менамоянд, ё шӯъба оид ба ташкили тайёрии ҳарбӣ таъсис дода мешавад.

16. Ҷиҳати муҳофизати аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва амволе, ки барои тайёрии ҳарбии донишҷӯён ҷудо шудаанд, инчунин шӯъбаҳои махфӣ аз ҳисоби маблағҳои вазорату идораҳое, ки дар тобеияташон муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доранд, бо муҳофизати ҳарбикунонида ташкил карда мешавад.

4. Салоҳияти ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ

17. Ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ:

- барои тайёрии донишҷӯён аз рӯи барномаи афсарони эҳтиёт, гузаронидани ҷамъомадҳои таълимӣ (таҷрибаомӯзӣ) дар қисмҳои ҳарбӣ, инчунин барои қабули санҷишу имтиҳон дар асоси нақшаҳои таълимӣ соат ҷудо менамояд;

- барои гузаронидани тайёрии афсарони эҳтиёт ва муҳофизати техникаи ҳарбӣ дар кафедраи ҳарбӣ дар асоси штатҳои тасдиқшуда миқдори зарурии шахсони ёрирасони таълимиро вобаста менамояд;

- барои гузаронидани машғулиятҳо кафедраи ҳарбиро бо бинои таълимию маъмурӣ таъмин менамояд;

- омӯзиши фанни тайёрии ҳарбиро дар алоқаи зич бо фанҳое, ки дар дигар кафедраҳои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ омӯхта мешаванд, ташкил намуда, ба кафедраи ҳарбӣ ёрии таълимию методӣ мерасонад;

- маводи таълимӣ, дастурамалҳои илмию методӣ, воситаҳои аёнӣ, дафтарҳои дарсӣ ва парвандаҳои шахсии донишҷӯёнро таҳия ва нашр менамояд;

- барои таҳкими заминаи моддию техникии кафедраи ҳарбӣ ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, асбобу анҷоми ҳарбии таълимӣ ва адабиёт дархост пешниҳод менамояд;

- нақшаи солонаи кори кафедраҳои ҳарбиро баррасӣ ва тасдиқ мекунад;

- тибқи талаботи Низомномаи мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолияти кафедраи ҳарбиро мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор медиҳад;

- дар доираи маблағҳои барои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ пешбинигардида маблағгузории ташкили тайёрии ҳарбиродар кафедраи ҳарбӣ таъмин менамояд;

- барои ба ҷазои интизомӣ ва ё аз вазифа озод намудани ҳайати шахсии кафедраи ҳарбӣ ба Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш пешниҳод менамояд.

5. Тартиби ташкили раванди таълим дар кафедраҳои ҳарбӣ

18. Барои аз худ намудани барномаи тайёрии ҳарбӣ дар маҷмӯъ на зиёда аз 450 соат машғулиятҳои ҳатмии синфӣ ва инфиродӣ ҷудо карда мешавад. Миқдори соатҳои машғулиятҳои ҳатмии синфӣ ва инфиродӣ таҳти роҳбарии омӯзгор набояд аз 6 соат дар як рӯз зиёд бошад.

19. Дар давраи тайёрии ҳарбӣ кори мустақилонаи донишҷӯён ба нақша гирифта мешавад, ки 8 соатро дар як рӯзи таълимӣ ташкил медиҳад.

20. Миқдори донишҷӯён барои ҷалб гардидан ба кафедраҳои ҳарбӣ вобаста ба ихтисоси ҳарбӣ ва намуди муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз тарафи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

21. Дар марҳилаи хотимавии тайёрии ҳарбӣ бо фармони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пойгоҳҳои кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷамъомадҳои таълимии донишҷӯён (ба истиснои донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино) гузаронида мешаванд.

22. Мӯҳлати ҷаъомадҳои таълимӣ барои ҳамаи ихтисосҳои ҳарбӣ дар маҷмӯъ 30 рӯз муқаррар карда мешавад.

23. Ҳангоми гузаштани ҷамъомадҳои таълимӣ дар қисмҳои ҳарбӣ ва ё пойгоҳҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ донишҷӯён вазифадоранд, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ"-ро иҷро намоянд.

24. Донишҷӯ дар давраи гузаштани ҷамъомадҳои таълимӣ "курсант" номида мешавад.

25. Аз ҷамъомадҳои таълимӣ донишҷӯ (мард) дар асоси хулосаи комиссияи тиббии ҳарбӣ, ки иштироки ӯро дар ҷамъомадҳои таълимӣ вобаста ба вазъи саломатиаш ғайри қобили қабул донистааст, озод карда мешавад. Дар ин сурат донишҷӯ аз супоридани имтиҳонҳои тайёрии ҳарбӣ озод ва ба ҳайати афсарон тавсия карда намешавад.

26. Дар давраи омӯзиши барномаи тарбияи афсарони эҳтиёт донишҷӯён санҷиш ва имтиҳон месупоранд. Баъди анҷоми барномаи тайёрии ҳарбӣ ва ҷамъомадҳои таълимӣ донишҷӯён имтиҳонҳоеро месупоранд, ки дар қисмҳои ҳарбӣ ва ё дар муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ аз тарафи комиссияи аттестатсионӣ қабул карда мешаванд.

27. Тартиби гузаронидани санҷишу имтиҳонҳоро Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ мекунад.

28. Раиси комиссияи давлатии аттестатсионии давлатии хатмкунандагони кафедраи ҳарбӣ тибқи фармони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешавад.

29. Донишҷӯёне, ки мунтазам дар машғулиятҳои тайёрии ҳарбӣ бе сабабҳои узрнок иштирок накардаанд ва аз ҷамъомадҳои таълимӣ саркашӣ кардаанд, тартиботро вайрон намудаанд ва ё имтиҳонҳои хатмкуниро насупориданд, бо пешниҳоди сардори кафедраи ҳарбӣ ва бо фармони ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз кафедраи ҳарбӣ хориҷ карда мешаванд. Дар ин сурат, агар донишҷӯ барномаи тайёрии ҳарбиро пурра гузашта бошад, баъд аз як сол ба ӯ барои иштирок дар ҷамъомадҳои, таълимии саҳроӣ иҷозат дода мешавад (донишҷӯёне, ки аз имтиҳони хотимавӣ баҳои ғайриқаноатбахш гирифтаанд, ҳамчунин барои барқарор шудан ҳуқуқ доранд). Донишҷӯе, ки дар ҷамъомади таълимии саҳроӣ иштирок накардааст, ба аттестатсияи давлатии хатмкунандагон роҳ дода намешавад.

30. Ба донишҷӯёне, ки барномаи тайёрии ҳарбиро пурра гузашта, имтиҳонҳои давлатиро супоридаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи аввалини афсарӣ (лейтенанти хурд) дода шуда, онҳо ба сафи афсарони эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешаванд.

31. Тартиби либоспӯшии донишҷӯён ҳангоми машғулиятҳои ҳарбӣ дар кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ тибқи талаботи оинномаҳои умумиҳарбӣ муайян карда мешавад.

6. Тартиби таъини сардорони кафедраҳои ҳарбӣ, муовинони онҳо, хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва додани унвонҳои илмӣ ба онҳо

32. Ба вазифаи сардори кафедраи ҳарбӣ ва муовинони ӯ, сардорони қисмҳои таълимӣ - муовинони сардорони кафедраҳои ҳарбӣ, сардорони сиклҳо, инчунин ба вазифаи омӯзгорони калон ва омӯзгорони кафедраҳои ҳарбӣ генералҳо ва афсарони дар хизмати ҳарбӣ қарордошта, ки таҳсилоти олии касбӣ доранд (дар навбати аввал шахсоне, ки унвони илмӣ доранд) ва хизмати ҳарбиро дар вазифаҳои афсарӣ адо кардаанд, таъин карда мешаванд.

33. Вазифаи муовини сардори кафедраи ҳарбӣ дар сурате муқаррар карда мешавад, ки агар шумораи ҳайати профессорону омӯзгорон дар кафедра зиёда аз 15 нафарро ташкил диҳад.

34. Таъини хизматчиёни ҳарбӣ ба вазифаҳои штатии кафедраҳои ҳарбӣ ва ҷойивазкунии онҳо бо фармони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Сардори кафедраи ҳарбӣ дар мувофиқа бо ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба вазифа таъин карда мешавад.

35. Озод намудани ҳайати афсарони кафедраҳои ҳарбӣ аз хизмати ҳатмии ҳарбӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

36. Генералҳо ва ҳайати афсароне, ки ба вазифаҳои штатии кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дастгоҳҳои вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд, аз ҳамаи ҳуқуқ, афзалият ва имтиёзҳое, ки барои хизматчиёни ҳарбӣ муқаррар гардидаанд, бархӯрдор мебошанд. Онҳо бо амволи шайъӣ, либоси расмӣ, манзил, таъминоти тиббӣ ва санаторию курортӣ, инчунин дигар намудҳои таъминоти молӣ аз ҳисоби маблағҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатие, ки таҳсил дар онҳо дар асоси шартнома ба роҳ монда шудааст, таъмин карда мешаванд.

37. Ҷалби афсарон - омӯзгорони кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ ба чорабиниҳои гарнизонӣ манъ аст.

38. Додани унвони илмии дотсент ва профессор ба хизматчиёни ҳарбӣ (ҳайати омӯзгорони кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ) мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар ин маврид қабулгардида ба роҳ монда мешавад.

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 30 мая 2014 года, № 344

Положение об организации обучения на военных кафедра государственных учреждений высшего профессионального образования

1. Общие положения

1. Настоящее Положение разработано на основе Закон Республики Таджикистан "Об образовании", Закона Республики Таджикистан "О высшем профессиональном образовании и послевузовском профессиональном образовании", Закона Республики Таджикистан "О всеобщей воинской обязанности и военной службе" и других нормативных правовых актов и устанавливает порядок приёма обучения и подготовки офицеров запаса для Вооруженных Сил Республики Таджикистан на военных кафедрах учреждений высшего профессионального образования.

2. Порядок военной подготовки студентов определяется Законом Республики Таджикистан "О всеобщей военной обязанности и военной службе" и настоящим Положением,

3. Процесс военной подготовки студентов в учреждениях высшего профессионального образования контролируют Министерство обороны Республики Таджикистан, Министерство образования и науки Республики Таджикистан, а также министерства и учреждения, в ведомстве которых находятся учреждения высшего профессионального образования.

4. Министерства обороны, образования и науки по согласованию с министерствами и учреждениями, в ведении которых находятся высшие профессиональные образовательные учреждения могут представить предложения Правительству Республики Таджикистан о создании военных кафедр.

5. Подготовка офицеров запаса на военных кафедрах учреждений высшего профессионального образования на основании Закона Республики Таджикистан "О государственном языке Республике Таджикистан" проводится на государственном языке. Обучение на военпых кафедрах начинается со второго курса. После окончания учреждения высшего профессионального образования но приказу Министра обороны Республики Таджикистан на базах военных кафедр и войсковых частей проводятся учебные сборы, на которых участвуют выпускники военных кафедрах.

6. Учебные предметы военных кафедр учреждений высшего профессионального образования ю включаются в учебные планы как самостоятельные дисциплины. Сроки начала и окончания учебных часов военных кафедр учреждений высшего профессионального образования по подготовке офицеров запаса определяются учебным планом.

7. Учебные программы по подготовке офицеров запаса для Вооруженных Сил Республики Таджикистан разрабатываются и в установленном порядке утверждаются профессорско-преподавательским составом военных кафедр.

8. На военные кафедры учреждений высшего профессионального образования допускаются студенты дневного отделения (для юношей 17-27 лет), имеющие хорошее здоровье, прошедшие медосмотр в военном комиссариате по месту расположения учреждения высшего профессионального образования, и годные к военной службе. Студентки учреждений высшего профессионального образования проходят только военную медицинскую подготовку.

9. Студенты привлекаются к обучению на военной кафедре на основании заявления. Студенты, отслужившие срочную службу, обучение по программе подготовки офицеров запаса проходят на добровольных началах.

10. Для учреждений высшего профессионального медицинского образования обязательными является занятия на кафедрах военной медицины по программе подготовки офицеров запаса медицинской службы в соответствии с учебным планом.

2. Компетенция Министерства обороны Республики Таджикистан

11. Министерство обороны Республики Таджикистан:

- утверждает должностные инструкции, порядок прохождения кадровым составом военных кафедр курсов повышения квалификации, переподготовки и аттестации;

- по согласованию с Министерством образования и науки Республики Таджикистан, министерствами и ведомствами, в ведении которых находятся учреждения высшего профессионального образования, устанавливает перечень военных специальностей для студентов;

- определяет количество учебных часов, выделяемых на военную подготовку;

- принимает меры для проведения учебных сборов, повышения уровня теоретических знаний и практических навыков, которые должны получить студенты по соответствующим военным специальностям;

- в сотрудничестве с Министерством образования и науки Республики Таджикистан, министерствами и ведомствами, в ведении которых находятся учреждения высшего профессионального образования, разрабатывает и утверждает положения о военных кафедрах учреждений высшего профессионального образования программы военной подготовки, табели вооружения, военной техники и военно-учебного имущества, необходимых для обеспечения военной подготовки;

- организует и проводит учебные сборы студентов в воинских частях, а также на базах военных кафедр учреждений высшего профессионального образования, принимает меры по организации необходимых полевых учебных баз для военной подготовки;

- по согласованию с Министерством образования и науки Республики Таджикистан создает экзаменационные комиссии для государственной аттестации выпускников;

- контролирует соблюдение на военных кафедрах режима секретности и сохранения государственной и военной тайны;

- совместно с Министерством образования и науки Республики Таджикистан контролирует деятельность военных кафедр по вопросам учебно-методической работы и повышения квалификации профессорско-преподавательского состава;

- устанавливает на военных кафедрах штатно - должностные категории для генералов, офицеров, прапорщиков, а также выделяет средства для материального и финансового обеспечения военнослужащих военных кафедр;

- назначает военнослужащих на штатные должности военных кафедр министерств и ведомств, в ведении которых находятся учреждения высшего профессионального образования;

- обеспечивает военные кафедры вооружением, боеприпасами, военной техникой, автомобильным транспортом, учебно тренировочными средствами, а также уставами, инструкциями, наставлениями, руководствами, книгами и зарубежной литературой, предусмотренными в рамках образовательной программы по военной подготовке, с соблюдением режима секретности.

12. Министерство обороны Республики Таджикистан в рамках установленных штатов и средств, утвержденных в смете расходов на соответствующий учебный год, обеспечивает военные кафедры военными сотрудниками - преподавателями, а также материально техническим оборудованием.

13. Военные кафедры, частично или полностью функционирующие за счет внебюджетных средств учреждений высшего профессионального образования, могут быть обеспечены военными сотрудниками преподавателями, а также материально-техническими ресурсами по согласованию с Министерством обороны Республики Таджикистан.

3. Компетенция Министерства образования и науки Республики Таджикистан, министерств и ведомств, в ведении которых находятся учреждения высшего профессионального образования

14. Министерство образования и науки Республики Таджикистан, министерства и ведомства, в ведении которых находятся учреждения высшего профессионального образования:

- осуществляют контроль над организацией военной подготовки на военных кафедрах учреждений высшего профессионального образования в соответствии с утвержденными программами и установленными военными специальностями;

- в сотрудничестве с Министерством обороны Республики Таджикистан разрабатывают и утверждают учебные планы и программы по военной подготовке и контролируют их выполнение;

- организуют учебно-методические советы по подготовке офицеров запаса и обеспечивают их деятельность;

- в рамках предусмотренных средств принимают меры по обеспечению деятельности военных кафедр в соответствии с утвержденной учебной программой, за исключением видов деятельности, которые входят в полномочия Министерства обороны Республики Таджикистан;

- организуют и контролируют эксплуатацию и хранение вооружения и военной техники в соответствии с установленными требованиями;

- создают необходимые условия для обеспечения размещения военных кафедр в соответствии с требованиями, установленными для работы с вооружением, военной техникой, литературой и сохранения государственной тайны;

- обеспечивают военные кафедры учреждений высшего профессионального образования материальными ресурсами и необходимой литературой.

15. Для обеспечения руководства процессом подготовки офицеров запаса в Министерстве обороны Республики Таджикистан, в министерствах и ведомствах, в ведении которых находятся учреждения высшего профессионального образования устанавливаются штатные должности ответственных лиц по организации военной подготовки, занимаемые офицерами, состоящими на военной службе или запасе, имеющими высшее военное или специальное образование или создаётся отдел по организации военной подготовки.

16. Для охраны вооружения, военной техники и имущества, выделенных для военной подготовки студентов, а также секретных отделов организуются военизированная охрана за счет средств министерств и ведомств, в ведении которых находятся учреждения, высшего профессионального образования.

4. Компетенция ректора учреждения высшего профессионального образования

17. Ректор учреждения высшего профессионального образования:

- выделяет часы для подготовки студентов по программе офицеров запаса, организации учебных сборов (практики) в воинских частях, а также для приема зачетов и экзаменов на основе учебных планов;

- для организации подготовки офицеров запаса и охраны военной техники на военной кафедре на основе утвержденных штатов закрепляет необходимое количество учебно-вспомогательного персонала;

- обеспечивает военную кафедру учебным и административным зданиями для проведения занятий;

- организует изучение предмета военной подготовки в тесной взаимосвязи с дисциплинами, изучаемыми на других кафедрах учреждения высшего профессионального образования, и оказывает военной кафедре учебно-методическую помощь;

- составляет и издает учебные материалы, научно-методические инструкции и Наглядные пособия, аудиторные журналы и личные дела студентов;

- для укрепления материально-технической базы военной кафедры представляет заявки в Министерство обороны Республики Таджикистан на получение вооружения военной техники, военно-учебного имущества и литературы в пределах табельной потребности;

- рассматривает и утверждает годовой план работы военной кафедры;

- в соответствии с требованиями настоящего Положения и других нормативных правовых актов изучает и обсуждает деятельность военной кафедры;

- в рамках средств, предусмотренных для учреждения высшего профессионального образования, осуществляет финансирование организации военной подготовки на военной кафедре;

- представляет рапорт Министру обороны Республики Таджикистан о дисциплинарном наказании и освобождении от должности личного состава военной кафедры.

5. Порядок организации учебного процесса на военных кафедрах

18. На усвоение программы по военной подготовке в совокупности отводится не более 450 часов обязательных аудиторных и индивидуальных занятий. Количество часов обязательных аудиторных и индивидуальных занятий под руководством преподавателя не должно превышать 6 часов в течение дня.

19. В период военной подготовки планируется самостоятельная работа студентов, которая составляет 8 часов в один учебный день.

20. Количество студентов для привлечения на военные кафедры устанавливается Министерством обороны Республики Таджикистана в зависимости от военной специальностью и вида учреждения высшего профессионального образования.

21. На завершающем этапе военной подготовки по приказу Министра обороны Республики Таджикистан в воинских частях Министерства обороны Республики Таджикистан и на базах военных кафедр при учреждениях высшего профессионального образования проводятся учебные военные сборы студентов (за исключением студенток Таджикского государственного медицинского университета имени Абуали ибни Сино).

22. Срок учебных сборов для всех военных специальностей устанавливается в совокупности 30 дней.

23. Во время прохождения учебных сборов в воинских частях или на базах учреждений высшего профессионального образования студенты обязаны выполнять требования Закона Республики Таджикистан "О всеобщей воинской обязанности и военной службе".

24. Студент в период прохождения учебных сборов именуется "курсантом".

25. Студент (мужчина) освобождается от учебных сборов на основе заключения военной медицинской комиссии, признавшей его негодным для участия в учебных сборах по состоянию его здоровья. В этом случае студент освобождается от сдачи экзаменов по военной подготовке и в офицерский состав не аттестуется..

26. Во время прохождения программы по подготовке офицера запаса студенты сдают зачет и экзамен. После окончания программы подготовки и учебных сборов студенты сдают экзамены, которые принимаются аттестационной комиссией в воинских частях учреждения высшего профессионального образования.

27. Порядок проведения зачетов и экзаменов разрабатывается и утверждается Министерством обороны Республики Таджикистан.

28. Председатель государственной аттестационной комиссии выпускников военной кафедры назначается приказом Министра образования и науки Республики Таджикистан по представлению Министра обороны Республики Таджикистан.

29. Студенты, систематически не посещающие занятия по военной подготовке без уважительных причин, уклоняющиеся от прохождения учебных сборов, нарушившие распорядок или не сдавшие выпускные экзамены, по представлению начальника военной кафедры и приказом ректора учреждения высшего профессионального образования исключаются из военной кафедры. В этом случае, если студент прошел полную программу военной подготовки, то ему через год разрешается участвовать в полевых учебных сборах (студенты, получившие неудовлетворительную оценку на выпускном экзамене, также имеют право на восстановление). Студент, не участвовавший на нолевых учебных сборах, не допускается к государственной аттестации выпускников.

30. Студентам, прошедшим полную программу военной подготовки и сдавшим государственные экзамены, в порядке, установленном Министерством обороны Республики Таджикистан, присваивается первое офицерское звание (младший лейтенант) и зачисляются в состав офицеров запаса Вооруженных Сил Республики Таджикистан.

31. Порядок ношения студентами формы одежды во время военных занятий на военных кафедрах учреждений высшего профессионального образования определяется в соответствии с требованиями общевойсковых уставов.

6. Порядок назначения начальников военных кафедр, их заместителей, военнослужащих, профессорско-преподавательского состава и присвоения им ученых степеней

32. На должности начальника военной кафедры и его заместителей, начальников учебных частей-заместителей начальников военных кафедр, руководителей циклов, а также на должности старших преподавателей и преподавателей военных кафедр назначаются генералы, офицеры, состоящие на военной службе, имеющие высшее профессиональное образование (в первую очередь - ученую степень) и прошедшие службу в офицерских должностях.

33. Должность заместителя начальника военной кафедры устанавливается в случае, если число профессорско-преподавательского состава кафедры превышает более 15 человек

34. Назначение военнослужащих на штатные должности военных кафедр и их ротация осуществляется приказом Министра обороны Республики Таджикистан. Начальник военной кафедры назначается на должность по согласованию с ректором учреждения высшего профессионального образования.

35. Увольнение офицерского состава военной кафедры с действительной военной службы производится в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.

36. Генералы и офицерский состав, назначенные на штатные должности военных кафедр учреждений высшего профессионального образования, аппаратов министерств и ведомств Республики Таджикистан, пользуются всеми правами, привилегиями и льготами, установленными для военнослужащих. Они обеспечиваются вещевым имуществом, специальным обмундированием, жильем, медицинским и санаторно-курортным обеспечением, а также другими видами натурального довольствия за счет средств Министерства обороны Республики Таджикистан или внебюджетных средств государственных учреждений высшего профессионального образования, обучение в которых осуществляется на договорной основе.

37. Запрещается привлечение офицеров - преподавателей военных кафедр учреждений высшего профессионального образования на гарнизонные мероприятия.

38. Присвоение ученых званий доцента и профессора военнослужащим (преподавательский состав военных кафедр учреждения высшего профессионального образования) осуществляется в соответствии с нормативными правовыми актами, принятыми по данному вопросу.