Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009, № 203
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Қоидаҳои додани шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ ва Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009, № 203 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар банди 9 калимаҳои "Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ," иваз карда шуда, пас аз калимаҳои "аризаи кормандони" калимаҳои "вазифаҳои дипломатиро ишғолнамудаи" илова карда шаванд.
2. Дар бандҳои 22 ва 25 калимаҳои "номи хонаводагӣ" ва "номи хонаводагии" мутобиқан ба калимаҳои "насаб" ва "насаби" иваз карда шаванд.
3. Дар замимаи 1 Қоидаҳои мазкур:
- банди "а" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"а) ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсатҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо, мудири Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиби матбуотӣ - роҳбари Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Хадамоти протоколии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовирони калон ва мушовирони бахшҳои ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудирони шӯъбаҳои мустақили Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо;";
- бандҳои "б, в, г, д, е" мутаносибан ба бандҳои "в, г, д, е, ж" иваз карда шаванд;
- аз банди "в" калимаҳои "Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шаванд;
- дар банди "г" калимаҳои "раисони кумита, сардорони хадамотҳо ва директорони агентиҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "роҳбарони идораҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
- банди "ж" хориҷ карда шавад;
- аз банди "з" калимаи "дипломатии" хориҷ карда шавад;
- банди "к" дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"к) ба ҳамсари шахсони мансабдори дар зербандҳои "а,б,в,г,д,е,ж,з" зикргардида дар ҳолати сафарҳои дарозмуддати хориҷии марбут ба фаъолияти меҳнатии онҳо.
Иҷозат барои додани шиносномаҳои дипломатӣ аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамсари ӯ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсоне, ки рутбаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, шиносномаи дипломатӣ умрбод дода мешавад.
Шиносномаҳои хизматӣ ба хизматчиёни давлатие, ки мансабҳои мудирони бахшҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мансабҳои на камтар аз сардори раёсати мустақилро дар вазорату кумитаҳои давлатӣ ва кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол менамоянд, инчунин ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.
Иҷозат барои додани шиносномаи хизматӣ аз ҷониби муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаи мазкурро сарпарастӣ мекунад, манзурӣ карда мешавад.
Шиносномаҳои дипломатӣ танҳо тибқи феҳристи дар боло зикргардида дода шуда, баробаркунӣ ё мутобиқгардонии мансабҳо барои гирифтани шиносномаи дипломатӣ манъ аст.".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 майи соли 2014, № 337
ш. Душанбе