Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи коэффитсиентҳои ноҳиявӣ, коэффитсиентҳо барои кор дар биёбон, ҷойҳои беоб ва ноҳияҳои баландкӯҳ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.03.2017 № 111, аз 1.08.2018 № 382)
Мутобиқи моддаҳои 143 ва 145 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади таҳкими ҳифзи иҷтимоии кормандон, бo дарназардошти омилҳои физикию ҷуғрофӣ, иқлимӣ, тиббӣ ва шароити вазнини маишӣ, барои кор дар биёбон, ҷойҳои беоб ва ноҳияҳои баландкӯҳ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад :
1. Ба кормандони ҳамаи соҳаҳо барои кор дар ноҳияҳои баландкӯҳ коэффитсиентҳои зерин тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд):
дар баландии аз 2000 то 2300 м. - 1,15;
дар баландии аз 2300 то 2500 м. - 1,18;
дар баландии аз 2500 то 3000 м. - 1,20;
дар баландии зиёда аз 3000 м. - 1,30.
2. Барои кормандони ҳамаи соҳаҳо барои кор дар шароити махсуси табиӣ-иқлимӣ коэффитсиентҳои ноҳиявӣ ба андозаи зерин тасдиқ карда шаванд:
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 1,20;
шаҳри Роғун - 1,15;
шаҳри Норак - 1,15.
Барои дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ амали коэффитсиентҳои соҳавӣ нигоҳ дошта шавад.
3. Аз 1 майи соли 2014 музди меҳнате, ки аз он иловапулӣ аз рӯи коэффитсиентҳои ноҳиявӣ, коэффитсиент барои кор дар биёбон, ҷойҳои беоб ва ноҳияҳои баландкӯҳ (ба ғайр аз деҳот, шаҳрак ва деҳаҳое, ки дар баландии зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошанд) ҳисобӣ карда мешавад, ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар карда шавад .
4. Дар ҳудуди деҳот, шаҳрак ва деҳаҳое, ки дар баландии зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошанд, ҳисоб кардани коэффитсиентҳои "ноҳиявӣ, коэффитсиент барои кор дар ноҳияҳои баландкӯҳ бе маҳдудият аз рӯи музди меҳнати моҳонаи кормандон амалӣ карда шавад .
5. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дастурамал оид ба ҳисоб намудани коэффитсиентҳои ноҳиявӣ, коэффитсиент барои кор дар биёбон, ҷойҳои беоб ва ноҳияҳои баландкӯҳ"-ро таҳия ва тасдиқ намояд.
6. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва инчунин ташкилоту муассисаҳо татбиқи ҳамин қарорро таъмин намоянд.
7. Бандҳои 2 ва 11 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2005, № 127 "Дар бораи тадбирҳои аввалиндараҷаи беҳтар намудани вазъи иҷтимоии иқтисодии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон" хориҷ карда шуда, бандҳои 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9 ва 10 мутаносибан бандҳои 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8 ва 9 ҳисобида шаванд.
8. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:
- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2003, № 302 "Дар бораи тасдиқи коэффитсиентҳои ноҳиявӣ, коэффитсиент барои кор дар биёбон, ҷойҳои беоб ва ноҳияҳои баландкӯҳ";
- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2007, № 54 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2003 № 302" ;
- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, № 347 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2003, № 302".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 майи соли 2014 № 303
ш. Душанбе
Замима