Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "3" майи соли 2014 № 298
тасдиқ шудааст
Тартиби бо муоинаи тиббӣ тасдиқ намудани ҳолати мастӣ ва ба расмият даровардани натиҷаи он
1. Муқаррароти умумӣ
1. Тартиби бо муоинаи тиббӣ тасдиқ намудани ҳолати мастӣ ва ба расмият даровардани натиҷаи он (минбаъд - Тартиб) тартиби гузаронидани муоинаи тиббии шаҳрвандонро барои муайян намудани далели истеъмоли нӯшокиҳои спиртдор, маводи нашъаовар ва ҳолати мастӣ дар мавриди идора намудани воситаҳои нақлиёт, инчунин ба расмият даровардани натиҷаи онро муайян менамояд. Ҳадафи асосии Тартиби мазкур муқаррар намудани таҷрибаи ягона дар гузаронидани муоинаи тиббии шаҳрвандон барои муайян намудани далели истеъмоли нӯшокиҳои спиртдор ё маводи нашъаовар ва баҳодиҳии ҳолати мастӣ дар сурати идора намудани воситаҳои нақлиёт, инчунин ба расмият даровардани натиҷаи он мебошад.
2. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои зерин истифода карда мешаванд:
- муоинаи тиббӣ - маҷмӯи тадбирҳои дорои хусусияти тиббие, ки ба муайян намудани далели истеъмоли нӯшокиҳои спиртдор, маводи нашъаовар ва арзёбии ҳолати мастӣ ё мадҳушӣ равона гардидаанд;
- ҳолати мастӣ аз машрубот - ҳолати гузарандае, ки дар натиҷаи истеъмоли нӯшокиҳои спиртдор сар задааст ва аломатҳои вайроншавии ҳолати рӯҳӣ ва рафтории хоса дида мешавад;
- ҳолати мастӣ аз маводи нашъаовар - ҳолати гузарандае, ки дар натиҷаи истеъмоли маводи нашъаовар сар задааст ва аломатҳои вайроншавии ҳолати рӯҳӣ ва рафтории хоса дида мешавад;
- комиссияи машваратии тахассусии тиббӣ - мақоме, ки дар назди сармуассисаҳои наркологӣ барои ҳалли масъалаҳои баҳсталаб ва мураккаби муоинаи тиббӣ, муайян намудани далели истеъмоли нӯшокиҳои спиртдор, маводи нашъаовар, ҳолати мастӣ, инчунин ба расмият даровардани он ва санҷидани дурустии муоинаҳои гузаронидашуда, ташхиси муқарраршуда, додани санад амал мекунад;
- аломатҳо - ҷамъи аломат ё нишонаҳои клиникии ҳолати беморӣ;
- маҳлулҳои биологӣ - хун, оби даҳон, пешоб ва дигар маҳлулҳои муоинашаванда.
3. Муоинаи тиббӣ барои муайян намудани далели истеъмоли нӯшокиҳои спиртдор, маводи нашъаовар ва ҳолати мастӣ дар утоқҳои махсусгардонидаи марказҳои наркологӣ аз ҷониби табибони психиатрнаркологҳо ё дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ аз ҷониби табибони психиатр ва наркологҳо ё аз ҷониби мутахассисони дигари тиб, ки тайёрии махсусро оид ба ташхиси ҳолати мастӣ гузаштаанд, инчунин бевосита дар муассисаҳо ва ё дар нақлиёти бо ин мақсад махсус ҷиҳозонидашуда гузаронида мешавад.
Дар деҳоти дурдаст аз муассисаҳои тиббӣ, ки воҳидҳои кории табиб надоранд, бо қарори махсуси идораи тандурустии маҳаллӣ ба таври истисно ба гузаронидани ташхис ва ё муоинаи тиббӣ аз тарафи корманди миёнаи тиб, ки тайёрии махсуси ташхиси ҳолати мастиро гузашта, дар бунгоҳи тиббӣ кор мекунад, роҳ дода мешавад.
4. Тайёрии махсуси табибон ва кормандони миёнаи тиб, ки муоинаи тиббӣ мегузаронанд, дар заминаи марказҳои наркологӣ тибқи барномаи махсус гузаронида мешавад.
5. Муоинаи тиббӣ ҷиҳати муайян намудани далели истеъмоли нӯшокиҳои спиртдор ё маводи нашъаовар, ҳолати мастӣ дар сурате гузаронида мешавад, ки тибқи қонунгузории амалкунанда барои чунин кирдор ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шуда бошад, барои:
- истеъмоли нӯшокиҳои спиртдор;
- истеъмоли маводи нашъаовар;
- истеъмоли моддаҳои заҳрдор;
- идораи воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ;
- ҷароҳатгирӣ дар ҳолати мастӣ.
Ҳолати мастӣ дар чунин мавридҳо баҳо дода мешавад:
- ҳангоми беэҳтиётии дағалонаи ҷабрдида, ки сабабгори рӯй додан ё ин ки афзудани зарари расонидашуда гардидааст ё метавонад шавад, инчунин ҳангоме, ки ба ҷавобгарии пурраи моддӣ кашидан пешбинӣ шуда бошад;
- ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва ғайра дар ҳолати мастӣ зарар расонида шуда бошад.
Тартиби мазкур муоинаи наркологиро дар мавриди ташхисҳои судию тиббӣ ва судию психиатрӣ дар бар намегирад. Ташхиси судию тиббӣ аз рӯи тартиби муқарраршуда дар асоси қарори мақомоти тафтишотӣ ва судӣ гузаронида мешавад.
6. Шахси муоинакунанда бояд Тартиби мазкур ва санадҳои дигари қонунгузории соҳавиро ба роҳбарӣ гирад.
7. Муоина бо роҳхати расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо, инчунин шахсони мансабдори муассисаҳо, идораю ташкилотҳои ҷойи кори муоинашаванда ва ё бе роҳхат бо мушоиати муоинашаванда аз ҷониби шахси мансабдор амалӣ мегардад. Дар ҳама ҳолат табиби муоинакунанда бояд бо сабаб, асосҳо ва мақсадҳои зарурати гузаронидани муоина шиносонида шавад.
Эзоҳ: Гузаронидани муоина аз рӯи муроҷиати шахсии шаҳрванд бе роҳхати расмӣ мумкин аст. Дар ин ҳолат муоинашаванда вазифадор аст, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияташро пешниҳод намояд ва дар аризаи хаттӣ бо шарҳи муфассали хоҳиши ӯ оид ба гузаронидани муоинаи тиббӣ сабт намояд. Натиҷаи муоина бо тарзи шифоҳӣ ба муоинашавандаи бе роҳхати расмӣ муроҷиаткарда хабар дода мешавад, протокол бо хулосаи муоина аз рӯи дархости хаттии идораю муассисаҳои манфиатдор дода мешавад.
8. Муоинашавандагон бояд фавран аз лаҳзае, ки зарурати муоинагузаронӣ ба вуқӯъ омадааст, ба ҷойи муоина фавран оварда шаванд ё худашон мустақилона ҳозир шаванд.
9. Табиб ё корманди миёнаи тиб вазифадор аст ба шахсияти муоинашаванда бо роҳи шиносоии ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти муоинашаванда (шиноснома, шаҳодатномаи ронандагӣ ё дигар ҳуҷҷати ивазкунанда) боварӣ ҳосил кунад. Набудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият барои нагузаронидани муоина асос шуда наметавонад, дар ин маврид шахсияти муоинашаванда аз ҷониби мақомоти ваколатдор муайян карда мешавад (ба истиснои ҳолатҳое, ки дар эзоҳи банди 7 Тартиби мазкур пешбинӣ гардидааст).
10. Ҳангоми набудани ҳуҷҷатҳои тасдиrкунандаи шахсият, дар дафтари муоина қайд карда мешавад, ки маълумот аз рӯи суханҳои муоинашаванда ва ё шахси мушоиаткунандаи ӯ навишта шудааст.
2. Тартиби гузаронидани муоинаи тиббӣ барои муайян намудани далели истеъмоли нӯшокиҳои спиртдор ва маводи нашъаовар, ҳолати мастӣ ва ба расмият даровардани натиҷаи он
11. Табиб, корманди миёнаи тибби муоинакунанда протоколи муоинаро аз рӯи шакли тасдиқшуда (замимаи 2) дар 2 нусха тартиб медиҳад. Дар протокол бо пуррагӣ маълумоти муоинашаванда: намуди зоҳирӣ, рафтор, нутқ, ҳолати ҳаяҷонӣ, ҳолати вегетативӣ, рагҳои хунгард, узвҳои такяву ҳаракаткунанда ва инчунин шикоятҳои муоинашавандаро ба таври воқеӣ баҳо дода, ҳолати ӯро қайд бояд кард. Ғайр аз ин, ҳангоми натиҷагирии маълумот лозим аст, ки мавҷуд будан ё набудани бӯйи нӯшокиҳои спиртдор аз даҳон ва натиҷаҳои таҳлилҳои озмоишгоҳӣ қайд шавад.
Дар мавриди муоинакунии тиббӣ табиб ё корманди миёнаи тиб ба банди 13 протокол маълумоти иловагӣ оид ба муайян шудани далели истеъмоли нӯшокиҳои спиртдор, маводи нашъаовар ва ҳолати мастӣ сабт менамояд.
12. Асоси протоколи муоинаи тиббиро тафсири пурраи клиникии ҳолати муоинашаванда ташкил медиҳад, иловатан барои муайянкунии мавҷудияти нӯшокиҳои спиртӣ ва асари моддаҳои нашъаовар дар организм таҳқиқи озмоишгоҳии маҳлулҳои биологӣ (ҳавои нафаси баровардашуда, оби даҳон, пешоб) зарур мебошад. Хулоса мантиқан бояд аз аломатҳои клиникие, ки дар протоколи муоина нишон дода шудааст, бо дарназардошти маълумоти таҳқиқи озмоишгоҳии объекти биологии (оби даҳон ва пешоби (минбаъд - маҳлули биологии) муоинашаванда сарчашма гирад.
Хунгирӣ барои таҳқиқ танҳо аз рӯи нишондодҳои тиббӣ бояд ба амал бароварда шавад (мисол: садамаи вазнин, ҳолати беҳушӣ).
13. Ҳама намудҳои муоина ва таҳқиқ аз тарафи табиб гузаронида мешавад. Дар ҳолатҳои шубҳаовари ҳолати мастӣ ҳатман бояд на кам аз ду намуди таҳқиқи биологӣ гузаронида шавад (Раппопорт, Мохов-Шинкаренко, алкотест). Ҳангоми таҳқиқи озмоишгоҳӣ гирифтани якчанд намуди маҳлулҳои биологӣ (оби даҳон, пешоб ва таркиби ҳавои нафаси баровардашуда) такрор шуданаш мумкин аст. Таҳқиқи такрорӣ 20-30 дақиқа баъдтар аз таҳқиқи якум гузаронида мешавад.
14. Агар имконияти ба пуррагӣ гузаронидани муоинаи тиббӣ бинобар вазъияти баамаломада (бо сабабҳои вазнинии ҳолати шахси муоинашаванда ва ё саркашии ӯ аз гузаштани муоина ва дигар ҳолатҳо) набошад, дар протоколи муоинаи тиббӣ сабабҳои иҷро нашудани ин ё он таҳқиқ бояд қайд карда шавад.
15. Тибқи банди 13 протокол ба муоинашаванда хабар дода мешавад, ки ба таври хаттӣ далелҳои иловагиро изҳор намояд (ин далелҳои иловагӣ барои муайян кардани ҳолати мастӣ лозим мешаванд).
16. Дар ҳолатҳои ниҳоят вазнин будани вазъияти муоинашаванда ва пурра номумкин будани гузаронидани муоинаи тиббӣ (ҳангоми садамаҳои вазнин, ҳолати беҳушӣ), барои ошкор намудани ҳолати мастӣ, ҳатман гузаронидани ду намуди таҳқиқи маҳлулҳои биологӣ лозим аст (хун, пешоб, оби даҳон).
17. Ҳангоми саркашӣ кардани шахси муоинашаванда табиб ё корманди миёнаи тиб, дар протокол қайди дахлдор менамояд.
18. Намунаҳои маҳлулхои биологии аз муоинашудагон гирифташуда пас аз таҳқиқашон барои муайян намудани маводи тиракунандаи асаб бояд дар муддати 35 рӯз дар шароитҳои муайян бо риояи шартҳои махсуси кафолатдиҳандаи ҳифзи онҳо дар муассисаҳои тиббӣ нигоҳ дошта мешавад (замимаи 3).
19. Хулосаи муоинаи тиббӣ ҷиҳати тасдиқи далели истеъмоли нӯшокиҳои спиртдор, маводи нашъаовар ва ҳолати мастӣ ҳамон вақт мусбӣ ҳисобида мешавад, ки агар далелҳои ҳангоми муоинаи тиббӣ ҷамъовардашуда бо риояи Тартиби тасдиқшуда ва таҷҳизоти тиббии стандартикунонидашуда холисона ба даст оварда шуда бошанд. Роҳбари муассисаи тиббие, ки дар он ташхис гузаронида мешавад, бояд натиҷаҳои муоинаро назорат намояд ва истифодаи дастурҳои тасдиқшуда ва таҷҳизоти аниқ муайянкунанда, инчунин усулҳои гузаронидани таҳқиқи маҳлулҳои биологиро таъмин намояд.
20. Набудани нусхаи протокол барои надодани протоколи муоинавӣ сабаб шуда наметавонад. Тартиби додани (протокол) хулосаи муоина дар шакли озод имконнопазир аст.
Протокол бояд дар ҳар як ҳолати алоҳида аз рӯи нусхаи тасдиқшуда (замимаи 2) тартиб дода шавад.
21. Дар асоси муоинаи тиббии гузаронида хулосаи умумӣ тартиб дода мешавад, ки дар он ҳолати аниқи шахси муоинашуда дар лаҳзаи муоинагузаронӣ баҳо дода мешавад. Муоина дар асоси меъёрҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вайронкунии бехатарии ҳаракат дар роҳ дар ҳолати мастӣ ва гумонбарии ронандаи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ гузаронида мешавад. Дар протокол бояд далели ҳушёрӣ ё истеъмоли нӯшокиҳои спиртдор, маводи нашъаовар, ҳолати мастӣ ва ё набудани он, яъне ҳолати ҳушёрӣ қайд карда шавад. Ҳангоми муоина ва ташхиси бемороне, ки ба муассисаҳои тиббӣ бо сабаби ҷарроҳатгирӣ ё латхӯрӣ бистарӣ гардидаанд ва ҳолати мастии онҳо муайян карда шудааст, протоколи муоина аз рӯи шакли муқарраршуда пур карда мешавад. Дар протокол мавxуд будани ҳолати мастӣ қайд карда мешавад. Дар варақаҳои дармонгоҳӣ ё бистаринамоӣ ба ғайр аз хулосаи баровардашуда оид ба ҳолати мастӣ боз рақами протоколи муоина низ гузошта мешавад.
22. Ҳангоми дар ҳолати вазнин қарор доштани бемор, протоколи муоина метавонад пур карда нашавад. Хулоса оид ба мавҷуд будани ҳолати мастӣ дар асоси аломатҳое, ки дар таърихи бистаригардонии бемор, ҳангоми муоинаи ҳолати бемор ва натиҷаҳои бадастовардаи таҳқиқи озмоишгоҳӣ оварда шудаанд, бароварда мешавад.
3. Намунаи хулосаҳо дар асоси муоина
23. Дар асоси натиҷаи муоина ва гузаронидани муоинаи тиббӣ протокол тартиб дода мешавад, ки дар он ҳолати муоинашаванда тавсиф дода мешавад.
24. Табиб ҳангоми тартиб додани протокол дар асоси меъёрҳо бо истифода аз усулҳои муоинаи тиббии наркологӣ барои муайян намудани далели истеъмоли нӯшокиҳои спиртдор, маводи нашъаовар ва қарор доштан дар ҳолати мастӣ бояд яке аз ин ҳолатҳоро муайян намояд:
- ҳушёр, аломатҳои истеъмоли нӯшокиҳои спиртдор ва ё маводи нашъаовар дида намешавад - хулосаи мазкур дар ҳолати набудани далели истеъмоли нӯшокиҳои спиртдор ва маводи нашъадор, инчунин набудани аломатҳои мастӣ бароварда мешавад;
- истеъмоли нӯшокиҳои спиртдор, маводи нашъаовар муқаррар карда шудааст, аломатҳои ҳолати мастӣ ошкор нашудааст- хулосаи мазкур дар ҳолати тасдиқ гардидани далели истеъмоли нӯшокиҳои спиртдор ё маводи нашъаовар, ҳамзамон набудани аломатҳои мастӣ бароварда мешавад;
- ҳолати мастӣ аз истеъмоли нӯшокиҳои спиртдор - хулосаи мазкур дар ҳолати тасдиқ гардидани далели истеъмоли нӯшокиҳои спиртдор ва ошкор гардидани аломатҳои ҳолати мастӣ бароварда мешавад;
- ҳолати беҳушӣ (иғмо) - хулосаи мазкур дар ҳолати ошкор ва тасдиқ гардидани нишонаҳои клиникии ҳолати беҳушӣ бароварда мешавад;
- ҳолати мастӣ аз истеъмоли маводи нашъаовар (номгӯи маводи нашъаовар) - хулосаи мазкур дар ҳолати тасдиқ гардидани далели истеъмоли маводи нашъаовар ва ошкор гардидани аломатҳои ҳолати мадҳушӣ бароварда мешавад;
- ҳушёр, ҳолати ноҷӯриҳои функсионалӣ дида мешавад, ки зарурати аз кор озод ё дур карданро ба миён овардааст, бо сабаби ба саломатӣ манбаи баланди хатар доштан - хулосаи мазкур дар ҳолати набудани далели истеъмоли нӯшокиҳои спиртдор ва маводи нашъаовар, инчунин набудани аломатҳои мастӣ дар баробари ошкор гардидани ноҷӯриҳои функсионалӣ, ки аз дигар сабаб маншаъ мегиранд, бароварда мешавад;
- ҳолати мастӣ бо ориза - хулосаи мазкур дар ҳолати тасдиқ гардидани далели истеъмоли нӯшокиҳои спиртдор бо маводи нашъаовар дар як маврид ва ошкор гардидани аломатҳои ҳолати мастӣ бароварда мешавад;
- дасткашӣ аз муоинаи тиббӣ - хулосаи мазкур дар ҳолати аз муоина даст кашидани муоинашаванда, иҷро накардани дастурҳои табибон, ки ба ошкор намудани ҳолати мастӣ равона карда шудаанд, бароварда мешавад.
25. Пас аз ба охир расидани муоинаи тиббӣ ва ба расмият даровардани протокол табиб оид ба натиҷаҳои муоина ба шахси муоинашуда ва шахси мушоиаткунандаи ӯ хабар медиҳад. Нусхаи протоколи тиббӣ ба дасти шахси мушоиаткунанда баъд аз муоина дода мешавад. Дар ҳолати набудани шахси мушоиаткунанда, хулосаи муоинавӣ ба суроғаи ташкилоти муроҷиаткунанда фиристода мешавад.
26. Нусхаи протокол дар муассисаи тиббие, ки дар он ҷо муоина гузаронида шудааст, бо тартиби барои ҳуҷҷатҳои тиббӣ муайяншуда нигоҳ дошта мешавад.
27. Ҳар як ҳолати муоина барои муайян кардани далели истеъмоли нӯшокиҳои спиртдор ё маводи нашъаовар ва ҳолати мастӣ тибқи талаботи Тартиби мазкур ҳатман ба қайд гирифта мешавад. Барои ин дафтари намунавии бақайдгирии муоинаи тиббӣ (замимаи 1) ва протоколи муоина (замимаи 2) тасдиқ карда мешаванд, ки дар онҳо маълумоти зарурӣ дарҷ ёфтааст.
28. Дафтар ва протокол аз тарафи кормандони тиб ва иштирокчиёни муоина пур карда мешаванд ва дар ҳуҷраи муоинагузаронӣ нигоҳ дошта мешаванд. Ҳар як саҳифаҳои дафтар бояд бо тартибе, ки дар муассисаҳои тандурустӣ қабул гардидааст, рақамгузорӣ, ресмондӯзӣ ва мӯҳргузорӣ карда шавад. Дафтари пуркардашуда ва нусхаҳои протоколҳо дар муддати панҷ сол нигоҳ дошта мешаванд.
29. Дар сурате зарурати гузаронидани ба муоинаи такрорӣ, бо талаби мақоми ваколатдор протоколи муоинаи тиббӣ дар ҷаласаи комиссияи машваратии тахассусии тиббӣ (КМТТ) барои муайян намудани далели истеъмоли нӯшокиҳои спиртдор, маводи нашъадор ва ҳолати мастӣ баррасӣ карда мешавад. Комиссияҳои машваратии тахассусии тиббӣ (КМТТ) дар назди муассисаҳои пешбари соҳаи наркологӣ, Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи профессор М.Ғ.Ғуломов" ва марказҳои вилоятии наркологӣ ташкил карда мешаванд. Муоинаи такрории тахассусии тиббӣ барои муайян намудани далели ҳолати мастӣ ва истеъмоли нӯшокиҳои спиртдор ё маводи нашъаовар тибқи Тартиби мазкур, дар асоси маводи мавҷуда дар муддати 10 рӯз аз рӯзи қабули ҳуҷҷатҳо гузаронида мешавад.
Ҳалли масъала дар бораи қонунӣ будани натиҷаҳои муоинаи тиббии такрорӣ (дар сурати мавҷуд будани ду ва ё зиёда хулосаи номувофиқ) танҳо бо қарори комиссияи машваратии тахассусии тиббӣ (КМТТ) ё суд тасдиқ карда мешавад.
4. Тартиби таъсис ва фаъолияти комиссияи машваратии тахассусии тиббӣ (КМТТ)
30. Комиссияи машваратии тахассусии тиббӣ (КМТТ) (минбаъд - Комиссия) барои ҳалли тахассусии масъалаҳои баҳсталаб оид ба қонунӣ ва асоснок будани хулосаи муоинаи тиббӣ барои муайян намудани далели истеъмоли нӯшокиҳои спиртдор ё маводи нашъаовар, ҳолати мастӣ, инчунин назорати фаъолияти комиссияҳои зертобеъ ва баровардани хулосаи ниҳоӣ ташкил карда мешавад.
31. Комиссия дар рафти фаъолияти худ тибқи талаботи Тартиби мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.
32. Фаъолияти Комиссияро Раис ва дар вақти набудани ӯ муовини Раис роҳбарӣ мекунад. Раиси Комиссия барои ташкили дурусти фаъолияти қонунӣ ва самаранок, қабули хулосаи асоснок ва воқеӣ будани ташхисҳо шахсан масъул мебошад.
33. Ҳайати Комиссияро на кам аз се нафар табибони психиатр -наркологи баландихтисос ташкил медиҳанд. Ҳайати шахсии Комиссия бо фармоиши Сармуассисаи хадамоти наркологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиии Xумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
34. Ҷаласаҳои Комиссия аз рӯи зарурат гузаронида мешаванд. Ташкили ҷаласаҳои Комиссия ва барасмиятдарории протоколҳоро котиб, ки ин вазифаро яке аз аъзои Комиссия иҷро мекунад, таъмин менамояд.
35. Рӯзномаи ҷаласаи Комиссия на дертар аз се рӯз пеш аз ҷаласа тасдиқ шуда, ҳуҷҷатҳое, ки дар мӯҳлати таъиншуда ворид нашудаанд, ба рӯзномаи ҷаласаи Комиссияи оянда дохил карда мешаванд.
36. Қарори Комиссия бо овоздиҳии кушод қабул карда мешавад. Ҳангоми норозӣ будани яке аз аъзои Комиссия ба хулосаи ниҳоӣ, ӯ ақидаи худро дар протокол алоҳида баён менамояд. Қарори Комиссия дар протоколи имзошудаи раисикунандаи Комиссия ва котиб ба расмият дароварда мешавад.
37. Хулосае, ки Комиссия баровардааст, бо мӯҳри Сармуассисаи хадамоти наркологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Xумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад ва дар мӯҳлати ду ҳафта ба дархосткунанда ё ташкилотҳои манфиатдор фиристода мешавад.
38. Комиссия ҳуқуқ дорад:
- хулосаи комиссияи муоинаи тиббии баррасигардидаро тасдиқ ё бекор намояд;
- барои баровардани хулосаи зарурӣ аз муассисаҳои тандурустӣ ва дигар идораҳои дахлдор маълумоти иловагӣ талаб намояд;
- барои гирифтани хулосаҳои зарурии хаттӣ дархостҳоро ба ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ ва ба мутахассисони алоҳида равон намояд.
39. Аъзои Комиссия:
- дар ҷаласаҳо бе ҳаққи ивазшавӣ иштирок менамоянд;
- ҳақ надоранд манфиати ташкилотҳоеро, ки дар он ҷой кор мекунанд, ифода намоянд;
- барои қабули қарори асоснок ва воқеӣ, барои фош намудани маълумоте, ки дар рафти кори Комиссия гирифтаанд, масъулият доранд ва дар сурати риоя накардани талаботи мазкур, аз ҳайати он хориҷ карда мешаванд.
Замимаи 1
ба Тартиби бо муоинаи
тиббӣ тасдиқ кардани ҳолати
мастӣ ва ба расмият даровардани
натиҷаи он
Дафтари бақайдгирии муоинаи тиббӣ барои муқаррар намудани далели ҳолати мастӣ
Дар сутуни 1 - рақами протокол
Дар сутуни 2 - аз тарафи кадом мақомот ва кӣ фиристонида шудааст (ном, насаб, номи падар, вазифа, рақами ҳуҷҷати корӣ)
Дар сутуни 3 - ном, насаб, номи падар, соли таваллуд, ҳуҷҷати шахсияти муоинашавандаро тасдиқкунанда
Дар сутуни 4 - ҷойи истиқомат, кор ва вазифаи муоинашаванда
Дар сутуни 5 - ном, насаб, номи падар, имзои корманди тиб, ки муоинаро гузаронидааст
Дар сутуни 6 - сана ва вақти гузаронидани муоинаи тиббӣ
Дар сутуни 7 - хулосаи муоинаи тиббӣ
Дар сутуни 8 - имзои шахси гирандаи хулоса ва ё суроғаи фиристодани хулоса (протокол) ба воситаи почта
Замимаи 2
Замимаи 3
ба Тартиби бо муоинаи
тиббӣ тасдиқ кардани ҳолати
мастӣ ва ба расмият даровардани
натиҷаи он
Усулҳои таҳқиқи маҳлулҳои биологӣ, бақайдгирӣ ва нигоҳдории онҳо
1. Гирифтани маҳлули биологӣ барои ташхиси кимиявию токсикологӣ аз тарафи ҳамшираи тиб дар ҳузури табиби муоинакунанда, муоинашаванда ва шахси мушоиаткунанда гузаронида мешавад.
2. Ҳамзамон, маҳлули биологии гирифташуда (на камтар аз 5 мл хун бо антикоагулянт ё ин, ки 10 мл пешоб ва барои таҳқиқ оид ба мавҷудияти маводи нашъадор ё моддаҳои заҳрдор - 100 мл пешоб) ба дохили зарф гузошта, бо сарпӯши резинӣ маҳкам карда мешавад. Ба сарпӯши резинӣ варақаи коғази сафеди 6х6 см гузошта шуда, баъдан пардачаи полиэтилении бо андозаи пешинаи (6х6 см) даҳанаи зарф бо ришта баста мешавад. Нӯгҳои риштаи басташуда бо андозаи 1см аз таги зарф бароварда мешавад. Аз болои ришта аз паҳлӯ тамғаккоғаз бо маълумоти маводи дохили зарф, ки аз тарафи табиби муоинакунанда сабт мегардад, часпонида мешавад: - маҲлули биологӣ (хун, оби даҳон, пешоб), ному насаби муоинашаванда, тартиби рақами маҲлули биологӣ аз дафтари бақайдгирии таҳлил ва натиҷаи он, имзо ва мӯҳри шахсии табиби муоинакунанда гузошта мешавад.
3. Ба зарфи хушки тамъизшуда 2-3 қатра маҳлули гепарин ё ин, ки 0,8 мл маҳлули ситрати натрий 3% чаконида, зарфро афшонда, дохили онро намнок карда мешавад. Хун дар ҳаҷми на камтар аз 5 мл аз варид гирифта, ба дохили зарф гузошта метаконанд ва онро бо усули дар боло зикршуда мепӯчонанд. Ҷойи сӯзанзании бадан пешакӣ бо маҳлули сулема 1:1000 ё ин, ки бо маҲлули фуратсилин коркард карда мешавад. Коркарди пӯст бо маҲлули спирт, эфир, йод ва дигар маҲлулҲои этилдор раво нест.
4. Маълумот оид ба гирифтани маҳлули биологӣ ба дафтари бақайдгирии таҲлилҲо бо натиҷаи он сабт мегардад. Дафтар бояд бо тартиби вобастаи дар муассисаҳои тандурустӣ қабулшуда рақамгузорӣ, ресмондӯзӣ ва мӯҳргузорӣ карда шавад. Дафтари пуршуда муддати панҷ сол дар муассисаи тандурустӣ нигоҳ дошта мешавад.
5. Маҳлулҳои биологӣ дар яхдон дар Ҳарорати на зиёда аз +40С, бо Ҳуқуқи дастрасӣ танҲо ба Ҳамшираи тиб ё ба шахсони масъул оид ба нигоҲдории онҳо нигоҳ дошта мешавад.
6. Супоридани маҳлулҳои биологӣ байни навбатдорони ҳамшираҳои тиббӣ бояд бо риояи қоидаҳои қабулшуда дар муассисаҳои тандурустӣ амалӣ карда шавад.
7. Ба озмоишгоҲи кимиёвӣ-токсикологӣ маҲлулҲои биологии гирифташуда бо роҲхат, ки дар он:
- номи муассисаи тиббии маҳлулҳои биологиро фиристода, ному насаб ва соли таваллуди муоинашаванда, рақами тартибии маҲлули биологӣ (аз дафтари бақайдгирии ташҳисҳо бо натиҷаи онҳо), намуди маҳлули биологӣ (хун, оби даҳон, пешоб), миқдори он дар миллилитр, сана ва вақти гирифтани маҳлули биологӣ, шароити нигоҳдории он, мақсади таҳқиқ, ному насаб, имзо ва мӯҳри шахсии табиби муоинакунанда дода мешавад.
8. Оварда расонидани маҲлули биологӣ аз муассисаи тиббӣ ба озмоишгоҲи кимиёвӣ-токсикологӣ дар контейнери мӯҲргузоркардашуда, бе осебёбии механикии зарфи маҲлули биологӣ бо воситаи қосид (оваранда) фиристода мешавад.
9. МаҲлули биологии овардашуда ба озмоишгоҲи кимиёвӣ-токсикологӣ аз тарафи Ҳамшираи бақайдгиранда қабул ва дар ҳузури қосид яклухтии контейнери мӯҲргузоркардашуда ва осебёбии зарфи маҲлули биологии барои тадқиқот овардашударо аз назар мегузаронад.
10. Ҳамшираи бақайдгиранда маълумот оид ба маҲлули биологии овардашударо дар дафтари қайди натиҷаҲои таҳқиқи кимиёвӣ-токсикологӣ тибқи замима ба қайд мегирад. Дафтар бояд бо тартиби вобаста, ки дар муассисаҳои тандурустӣ қабул гардидааст, рақамгузорӣ, ресмондӯзӣ, мӯҳргузорӣ ва имзо карда шавад. Дафтари пуршуда муддати 5 сол дар муассисаи тиббӣ нигоҲ дошта мешавад.
11. Намунаи маҳлули биологӣ пас аз таҳқиқ дар муддати на камтар аз 35 рӯз бо риояи шароити зарурӣ, ки беосебии онро кафолат медиҳад, дар озмоишгоҲи кимиёвӣ-токсикологӣ нигоҲ дошта мешавад.