Тартиби таҳияи тарҳи соҳавии рушди ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 № 297

Санаи амалкуни: 02.03.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "3" майи соли 2014, № 297

тасдиқ шудааст

Тартиби таҳияи тарҳи соҳавии рушди ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2023 № 81)

1. Тартиби таҳияи тарҳи соҳавии рушди ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Тартиб) дар асоси талаботи қисми 2 моддаи 48 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, раванди таҳияи тарҳи соҳаи муайяни рушди ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим медарорад.

2. Таҳияи тарҳи соҳавии рушди ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - тарҳи соҳавии рушд) дар асоси Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, стандартҳои давлатӣ, инчунин меъёрҳо ва қоидаҳои шаҳрсозӣ амалӣ гардонида мешавад.

3. Тарҳи соҳавии рушд сиёсати давлатиро оид ба стратегияи рушди шаҳрсозии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

4. Ҳамоҳангсозӣ ва таъмини илмию методии тарҳи соҳавии рушдро Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

5. Тартиби мувофиқакунӣ, экспертиза ва тасдиқи тарҳи соҳавии рушд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки гузаронидани экспертиза ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии пешазлоиҳавӣ ва лоиҳавиро ба низом даровардааст, муқаррар карда мешавад.

6. Муқаррароти асосии тарҳи соҳавии рушд пас аз тасдиқ гардидан, дар васоити ахбори умум интишор карда мешавад.

2. Талаботи асосӣ ба супориш барои таҳияи тарҳи соҳавии рушд ва таркиби таҳияи он

7. Талабот дар бораи таҳияи тарҳи соҳавии рушд дар асоси супориш барои таҳияи лоиҳаҳое, ки фармоишгар тибқи талаботи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ медиҳад ва онҳо фаъолияти шаҳрсозиро ба танзим медароранд, муқаррар карда мешавад.

8. Таҳияи тарҳи соҳавии рушд дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.

9. Дархост оид ба таҳияи тарҳи соҳавии рушд аз ҷоннби Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

10. Фармоишгар оид ба таҳияи тарҳи соҳавии рушд, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ шуда метавонад.

11. Тарҳи соҳавии рушд дар асоси супориш барои таҳияи тарҳи соҳавии рушди ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи замимаи 1 Тартиби мазкур, ки аз ҷониби фармоишгар дода мешавад, таҳия карда мешавад.

12. Муқаррароти асосии тарҳи соҳавии рушд то тасдиқ гардидан бояд бо мақомот ва идораҳои манфиатдор мувофиқа карда шаванд.

13. Номгӯи мақомот ва идораҳое, ки тарҳи соҳавии рушд бо онҳо мувофиқа карда мешавад, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда шуда, дар супориш барои таҳияи тарҳи соҳавии рушд нишон дода мешавад.

14. Мақомот ва муассисаҳои манфиатдор, ки ба онҳо тарҳи соҳавии рушд барои мувофиқа пешниҳод карда мешавад бояд дар давоми 10 рӯзи корӣ дар шакли коғазӣ ё электронӣ хулосаи худро ба фармоишгар пешниҳод намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2023 № 81).

15. хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2023 № 81).

16. Лоиҳаи тарҳи соҳавии рушд қабл аз ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудан аз экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва лоиҳаҳои сохтмонӣ гузаронида мешавад.

17. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳи соҳавии рушдро бо пешниҳоди фармоишгар тасдиқ менамояд.

3. Мӯҳтавои тарҳи соҳавии рушд

18. Тарҳи соҳавии рушд, мувофиқи тарҳи асосии ҷойгиркунии аҳолӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, дар он сиёсати давлатӣ оид ба стратегияи шаҳрсозии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас гардонида мешавад.

19. Қисми асосии тарҳи соҳавии рушд муқаррароти асосии онро дар бар мегирад, ки аз қарорҳои дар лоиҳа қабулшуда нишондиҳандаҳои асосии иқтисодию техникии таҳияи тарҳи соҳавии рушди ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи замимаи 2 Тартиби мазкур ва тарҳи нақшаи лоиҳа (тарҳи асосӣ) иборат мебошад.

20. Таҳияи тарҳи соҳавии рушд бо истифода аз технологияҳои компютерӣ, харитаҳои топографии рақамӣ, нақшаи ҳудудҳо ва маҳалҳои аҳолинишин мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад.

21. Бо тарҳи соҳавии рушд нишондиҳандаҳои асосӣ ва қарорҳои банақшагирӣ оид ба масъалаҳои зерин муайян карда мешаванд:

- рушди таъминоти барқ, газ, алоқа, таъминоти обу корезӣ;

- рушди нақлиёти ҳавоӣ, роҳи оҳан, автомобилӣ ва намудҳои дигари нақлиёт;

- ҳифзи ҳудуд аз равандҳои хатарноки геологӣ ва гидрогеологӣ;

- ҳифзи муҳити зист;

- ҷойгиршавии қувваҳои истеҳсолии соҳаи иқтисодиёт;

- дигар масоили рушди ҳудуд.

22. Маводи асосии графикии тарҳи соҳавии рушд дар бар мегирад:

- тарҳи ҳудуди айни ҳол истифодашаванда;

- тарҳи арзёбии умумии ҳудуд;

- нақшаи лоиҳавӣ (нақшаи асосӣ);

- тарҳи минтақабандии ҳудуд;

- тарҳи коммуникатсияҳои муҳандисию нақлиётӣ;

- тарҳи ҳифзи ҳудуд аз таъсирҳои хатарҳои табиӣ ва техногенӣ.

23. Тарҳи ҳудуди айни ҳол истифодашаванда (нақшаи такявӣ) - тарҳи арзёбии маҷмаавии ҳудуд, нақшаи лоиҳавӣ (нақшаи асосӣ): дар миқёси 1:200000 - 1:100000 иҷро карда мешаванд. Миқёс ва номгӯи маводи асосии графикиро фармоишгари тарҳи соҳавии рушд муайян менамояд.

24. Номгӯй, мӯҳтаво ва миқёси дигари тарҳҳо, тарҳҳои иловагӣ ва қисмҳои алоҳидаро, ки қарорҳои лоиҳаро асоснок мекунанд, дар супориш барои таҳияи тарҳи соҳавии рушд дар мувофиқа бо фармоишгар муайян карда мешавад.

25. Тавзеҳномаи тарҳи соҳавии рушд бояд маводи таҳлилии ҳолати мавҷуда, асосноккунии қарорҳои лоиҳавӣ, чорабиниҳо оид ба таъминоти меъёрию ҳуқуқӣ ва ташкилии татбиқи лоиҳаи тарҳи соҳавии рушд, инчунин нишондиҳандаҳои асосии иқтисодию техникӣ ва нусхаҳои маводи графикии асосиро дошта бошад.

4. Таъминоти иттилоотии тарҳи соҳавии рушд

26. Фармоишгар вазифадор аст иттилооти ибтидоии заруриро барои таҳияи тарҳи соҳавии рушд таъмин намояд.

27. Фармоишгар метавонад ҷамъоварии иттилооти ибтидоиро ба таҳиягари тарҳи соҳавии рушд супорад.

28. Мӯҳтаво ва ҳаҷми иттилооти ибтидоиро таҳиягар ва фармоишгари тарҳи соҳавии рушд муқаррар менамоянд.

29. Иттилооти ибтидоӣ барои таҳияи тарҳи соҳавии рушд иборат аст аз иттилоот оид ба танзими фаъолияти шаҳрсозӣ, истифодаи замин, ҳифзи захираҳои табиӣ, ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва дигар иттилооте, ки барои таҳияи тарҳи соҳавии рушд зарур мебошад.

30. Дар ҳолати истифода кардани технологияҳои компютерӣ ҳангоми таҳияи тарҳи соҳавии рушд ба инобат гирифта мешаванд:

- иттилооти электронию картографӣ ва дигар иттилоот (бо имконияти истифодаи асоси картографияи рақамӣ, ки фармоишгар пешниҳод менамояд);

- таъминоти барномавие, ки фармоишгар истифода мебарад ва шакли интиқоли нттилоот дар намуди электронии дар супориш пешбинишуда.

31. Маводи иттилоотии ибтидоӣ барои таҳияи тарҳи соҳавии рушд дар бар мегирад:

- иттилоот дар бораи мавриди омӯзнш қарор додани объекти банақшагирии шаҳрсозӣ;

- мавҷуд будани сарчашмаҳои бойгонӣ, таърихӣ, бадеӣ ва ғайра. феҳристи корҳои илмию таҳқиқотии қаблан иҷрошуда, ҳуҷҷатҳо ва лоиҳаҳои шаҳрсозӣ, дигар корҳо, ки ба ҳисоб гирифтани онҳо барои таҳияи тарҳҳои муттаҳидгардонидаи банақшагирӣ зарур мебошанд;

- иттилоот оид ба ҳолати демографӣ ва шуғли аҳолӣ;

- иттилоот оид ба инфрасохтори иҷтимоӣ. нақлиётӣ, муҳандисӣ, истеҳсолӣ ва заминаи сохтмонӣ;

- маводи топографию геодезӣ;

- маводи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии ҳудуд ва маҳалҳои аҳолинишин;

- иттилоот оид ба барномаҳои мақсадноки рушди иҷтимоию иқтисодӣ;

- иттилоот дар бораи истифодаи муосири ҳудудҳо ва арзёбии иқтисодии он;

- натиҷаҳои таҳқиқ ва дурнамои шароити санитарию беҳдоштӣ ва экологӣ;

- нишондиҳандаҳои таҳқиқи иҷтимоӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ;

- маводи нақшаи такявӣ, нақшаҳои бақайдгирии коммуникатсияҳои зеризаминӣ ва атласҳои коркардҳои геологӣ барои таҳияи нақшаҳои асосӣ;

- маводи кадастри шаҳрсозӣ;

- дигар иттилоот ва талаботе, ки дар супориш барои таҳияи тарҳи муттаҳидгардонидаи банақшагирӣ пешниҳод карда мешавад.

5. Тартиби нигоҳ доштани тарҳи соҳавии рушд

32. Нусхаи тарҳи соҳавии рушди қабулгардида дар бойгонии таҳиягари тарҳи соҳавии рушд бо тартиби муқарраргардида нигоҳ дошта мешавад.

33. Тарҳи соҳавии рушди тасдиқшуда аз ҷониби фармоишгар ба мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ барои бақайдгирӣ ва нигоҳдорӣ бо замимаи ҳуҷҷатҳои зерин супорида мешавад:

- лоиҳаи нақша (нусхаи аслӣ);

- нақшаи ҳолати истифодаи ҳозираи ҳудуд (нусхаи аслӣ);

- дигар маводи асосии графикӣ (нусхаи аслӣ);

- тавзеҳномаи умумӣ бо нусхаҳои нақшаҳо ва тарҳҳо (шумораи нусхаҳо бо супориш барои таҳияи лоиҳа муқаррар карда мешавад).

34. Тарҳи соҳавии рушд, ки бо истифодаи технологияҳои компютерӣ таҳия гардидааст, ба фармоишгар дар шакли электронӣ дар ҳомили мувофиқашуда дода мешавад.

35. Нусхаҳои ҳуҷҷатҳои графикии шакли электронӣ бо тартиби муқарраршуда дар бойгонии таҳиягари тарҳи соҳавии рушд нигоҳ дошта мешавад.

36. Нашр ва пешниҳоди маводи тасвирии тарҳи соҳавии рушди тасдиқшуда бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

Замимаи 1

Замимаи 2

Утвержден

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 3 мая 2014 года, № 297

Порядок разработки отраслевых схем развития территорий Республики Таджикистан

(в редакции пост. Правительства РТ от 02.03.2023 №81)

1. Общие положения

1. Порядок разработки отраслевых схем развитая территорий Республики Таджикистан (далее - Порядок) разработан на основании требований части 2 статьи 48 Градостроительного кодекса Республики Таджикистан и регулирует процесс разработки схемы определенной отрасли развития на территории Республики Таджикистан.

2. Разработка Отраслевой схемы развития территорий Республики Таджикистан (далее-Отраслевая схема развития) осуществляется на основании Градостроительного кодекса Республики Таджикистан, нормативно-правовых актов Республики Таджикистан, государственных стандартов, также норм и правил градостроительства.

3. Отраслевая схема развития определяет государственную политику в области стратегии-градостроительного развития территории Республики Таджикистан.

4. Координация и научно - методическое обеспечение отраслевых схем развития осуществляется Комитетом по архитектуре и строительству при Правительстве Республики.

5. Порядок согласования, экспертизы и утверждения отраслевых схем развития устанавливается в соответствии с законодательством Республики Таджикистан и другими нормативными правовыми актами, регламентирующими проведение экспертизы и утверждение предпроектной и проектной градостроительной документации.

6. Основные положения отраслевых схем развития после утверждения подлежат опубликованию в средствах массовой информации.

2. Основные требования к заданию на разработку отраслевой схемы развития и порядок её разработки

7. Требования для разработки отраслевой схемы развития устанавливаются на основании задания на разработку проектов выдаваемого заказчиком в соответствии с требованиями градостроительных норм и правил, других нормативных правовых актов, которые регулируют градостроительную деятельность.

8. Разработка отраслевых схем развития осуществляется на основании постановления Правительства Республики Таджикистан.

9. Запрос о разработке отраслевой схемы развития вносятся в Правительство Республики Таджикистан Комитетом по архитектуре и строительству при Правительстве Республики Таджикистан.

10. Заказчиком разработки отраслевой схемы развития могут быть заинтересованные физические и юридические лица или уполномоченный государственный орган в области, архитектуры и градостроительства.

11. Отраслевая схема развития разрабатывается на основании задания на разработку отраслевой схемы градостроительства территории Республики Таджикистан согласно приложению 3 настоящего требования, выдаваемого заказчиком.

12. Основные положения отраслевой схемы развития до утверждения подлежат согласованию с заинтересованными органами и учреждениями.

13. Перечень органов и учреждении, с которыми необходимо согласовать отраслевую схему развития, устанавливается уполномоченным государственным органом и указывается в задании на разработку отраслевой схемы развития.

14. Заинтересованным органам и учреждениям, которым предоставляется для согласования отраслевая схема развития, должны в течение 10 рабочих дней в бумажном или электронном виде представить заказчику свои заключения (в редакции пост. Правительства РТ от 02.03.2023 №81).

15. исключен (в редакции пост. Правительства РТ от 02.03.2023 №81)

16. Проект отраслевой схемы развития до представления в Правительство Республики Таджикистан подлежит государственной экспертизе проектных документов градостроительства и строительных проектов.

17. Отраслевая схема развития утверждается Правительством Республики Таджикистан по представлению заказчика.

3. Содержание отраслевой схемы развития

18. Отраслевая схема развития разрабатывается в соответствии с генеральной схемой расселения населения на территории Республики Таджикистан и в ней конкретизируется государственная политика в области стратегии градостроительства территории Республики Таджикистан.

19. Основной частью отраслевых схем развития являются ее основные положения, содержащие решения принятых проектов, основные техникеэкономические показатели; разработки отраслевой схемы развития территории Республики Таджикистан согласно приложению 2 настоящего Порядка и чертеж проектного плана (основной чертеж).

20. Разработка отраслевой схемы развития с применением компьютерных технологий, цифровых топографических карт, плана территорий и населенных пунктов осуществляется в соответствии с требованиями нормативных правовых актов.

21. Отраслевой схемой развития определяются основные параметры и планировочные решения по следующим вопросам:

- развитие энергоснабжения, газоснабжения, связи, водоснабжения и канализации;

- развитие воздушного, железнодорожного, автомобильного и других видов транспорта;

- защита территорий от опасных геологических и гидрогеологических процессо в;

- охрана окружающей среды;

- размещение производительных сил отраслей экономики;

- иные вопросы развития территории.

22. Основные графические материалы отраслевой схемы развития включают:

- схему используемой в настоящее время территории;

- схему комплексной оценки территории;

- проектный план (генеральный план);

- схему зонирования территорий;

- схему инженерно-транспортных коммуникаций;

- схему защиты территорий от опасных природных и техногенных воздействий.

23. Схема используемой в настоящее время территории (опорный план) - схема комплексной оценки территории, проектный план (генеральный план) выполняются в масштабе 1:200000 - 1:300000. Масштаб и перечень основных графических материалов могут быть уточнены заказчиком отраслевой схемы развития.

24. Перечень, содержание и масштаб других схем, дополнительных схем и отдельных частей, которые обосновывают проектные решения, определяются заданием на разработку отраслевой схемы развития по согласованию с заказчиком.

25. Пояснительная записка отраслевой схемы развития должна содержать аналитические материалы нынешнего состояния, обоснование проектных решений, мероприятий по нормативному правовому и организационному обеспечению реализации отраслевой схемы развития, а также основные технико-экономические показатели и копии основных графических материалов.

4. Информационное обеспечение отраслевой схемы развития

26. Заказчик обязан обеспечивать подготовку необходимой исходной информации для разработки отраслевой схемы развития.

27. Заказчик может поручить сбор исходной информации разработчику отраслевой схемы развития.

28. Содержание и объем исходной информации определяется разработчиком и заказчиком отраслевой схемы развития.

29. Исходная информация для разработки отраслевой схемы развития включает информацию о регулировании градостроительной деятельности, землепользования, охраны природных ресурсов, охрану природы, памятников истории и культуры и другую информацию, необходимую для разработки отраслевой схемы развития.

30. При использовании компьютерных технологий при разработке отраслевой схемы развития учитываются:

- электронно - картографическая и другая информация (при возможности используется цифровая картографическая основа, предоставляемая заказчиком):

- программное обеспечение, используемое заказчиком, и предусмотренный в задании формат передачи данных в электронном виде.

31. Материалы исходной информации для разработки отраслевой схемы развития содержат:

- сведение об изученности объекта градостроительного планирования;

- наличие архивных, исторических, литературных источников и т.д., перечень ранее выполненных научно-исследовательских работ, градостроительных проектов и документов, прочих работ, учет которых обязателен при разработке объединенных запланированных схем:

- данные о демографической ситуации и занятости населения;

- сведения о социальной, транспортной, инженерной и производственной инфраструктурах, строительной базе;

- топографо-геодезические материалы;

- материалы социально-экономических прогнозов развития, территорий и поселений;

- сведения о целевых программах социально-экономического развития;

- сведения о современном использовании территории и её экономической оценке;

- данные обследований и прогнозов санитарно-гигиенического состояния и экологической ситуации:

- показатели социологических и социально-экономических обследований;

- материалы опорных планов, регистрационных планов подземных коммуникаций и атласов геологических выработок для разработки генеральных планов;

- материалы градостроительного кадастра:

- иную информацию, требование о предоставлении которой содержится в задании на разработку объединенных запланированных схем.

5. Порядок хранения отраслевой схемы развития

32. Копия принятой отраслевой схемы развития в установленном порядке хранится в архиве разработчика отраслевой схемы развития.

33. Утвержденная отраслевая схема развития передается заказчиком местным органам архитектуры и градостроительства для регистрации и хранения с приложением следующих документов:

- проектный план (подлинник);

- план современного использования территории (подлинник):

- иные основные графические материалы (подлинник);

- пояснительная записка с копиями чертежей и схем (количество копий устанавливается заданием на разработку проекта).

34. Отраслевая схема развития с применением компьютерных технологий передаётся заказчику в электронном виде на согласованном носителе.

35. Дубликаты графических документов в электронном виде в установленном порядке хранятся в архиве разработчика отраслевой схемы развития.

36. Тиражирование и представление иллюстративных материалов утвержденной отраслевой схемы развития производятся в порядке, установленном нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.

*прилагается в оригинале