Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 аз 3 майи соли 2014 №295

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 майи соли 2014, № 295

тасдиқ шудааст

БАРНОМАИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ ВА МИЁНАИ УМУМИИ ХУСУСӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2014-2020

1. Муқаррароти умумӣ

1. Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) мутобиқи банди 12 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2013, № 23 "Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012 ва вазифаҳо барои соли 2013" таҳия гардидааст. Барнома афзалият ва самтҳои асосии дастгирӣ ва рушди ҳамкории давлат ва бахши хусусиро дар соҳаи маориф муайян менамояд.

2. Мақсад ва вазифаҳои Барнома

2. Мақсади татбиқи Барнома фароҳам овардани шароити мусоид барои шарикии амалӣ байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, дар ин замина беҳтар намудани дастрасии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии босифат ва ҷавобгӯи талаботи муосир мебошад.

3. Бо рушди бештари муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи хусусӣ рақобати солим дар соҳаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ба вуҷуд меояд.

3. Таҳлили вазъи воқеии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ

4. Бо кӯмак ва дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ (хусусӣ) сол то сол зиёд ва теъдоди хонандагони барои таълим дар ин муассисаҳо ҷалбгардида рӯ ба афзоиш мебошад.

5. Соли таҳсили 2011-2012 дар ҷумҳурӣ 47 муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ (хусусӣ) фаъолият дошт, ки аз ин шумора 26 гимназия (бо фарогирии 10445 хонанда), 7 литсей (бо фарогирии 2965 хонанда) ва 14 муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ (хусусӣ) (бо фарогирии 4890 хонанда) ташкил медод. Дар муассисаҳои таълимии номбурда 18300 нафар хонанда (аз ҷумла 5747 нафар духтар) ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда буд. Соли таҳсили 2013-2014 шумораи муассисаҳои мазкур афзуда, ба 52 адад расид. Аз ин шумора 23 гимназия (бо фарогирии 8797 хонанда), 11 литсей (бо фарогирии 5564 хонанда) ва 18 муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ (хусусӣ) (бо фарогирии 5674 хонанда) фаъолият дорад. Шумораи умумии хонандагони ба таҳсил фарогирифташуда дар ин муассисаҳо 20035 нафарро ташкил медиҳад.

Таҳлил нишон медиҳад, ки дар давоми се соли охир шумораи ин муассисаҳо 5 адад ва ҷалби хонандагон ба таҳсил 1736 нафар зиёд гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки муассисаҳои таълимии номбурда дорои заминаи хуби моддию техникӣ ва кадрӣ буда, шумораи хонандагон дар синфҳо тибқи муқаррароти мавҷуда риоя карда мешавад.

Омӯзгорон ба ин намуди муассисаҳо тариқи озмун қабул гардида, маоши онҳо дар муқоиса ба муассисаҳои таълимии давлатӣ мутаносибан 25-30% зиёд аст.

Новобаста ба ин, ҳиссаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ (хусусӣ) дар ҷумҳурӣ ночиз буда, ҳамагӣ қариб 1 фоизи шумораи умумии хонандагонро фаро мегирад.

Рушди муассисаҳои таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ (хусусӣ) имконият медиҳад, ки минбаъд шумораи хонандагон дар муассисаҳои таълимии давлатӣ тибқи меъёрҳои муқарраргардида ба танзим дароварда шуда, норасоии ҷои нишаст ва таълим дар се баст коҳиш ёбад.

Соли ҷорӣ шумораи муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ аз 509 ба 520 адад расидааст, ки нисбат ба соли 2012 11 адад зиёд шуда, 2 адад ба вилояти Хатлон ва 9 адад ба вилояти Суғд рост меояд. Аз шумораи умумии кӯдакистонҳо 440 муассиса тобеи шӯъбаҳои маориф ва 50 кӯдакистон тобеи корхонаҳо мебошанд.

Новобаста аз ин, дар зинаи таҳсилоти томактабӣ камбудиҳои зиёде ҷой дошта, то имрӯз ҳамагӣ 10% кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта шудаанд.

Агарчӣ фарогирии кӯдакон дар вилоятҳо рӯ ба беҳбудӣ оварда бошад ҳам, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 335 ҳазор кӯдаки синни томактабӣ танҳо 5887 нафар кӯдак ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта шудааст, ки ин 1,7 %-ро ташкил медиҳад.

Бо мақсади таъмини ҷалби пурраи кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, таъсиси муассисаҳои таълимии хусусӣ дар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи ин самт ба инобат гирифта шудааст ва дар муқоиса ба солҳои пешин миқдори онҳо рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 30 муассисаи томактабии хусусӣ, аз ҷумла 14 кӯдакистон дар шаҳри Душанбе, 12 кӯдакистон дар вилояти Суғд, 4 кӯдакистон дар вилояти Хатлон фаъолият менамоянд. Дар муқоиса ба соли 2012 шумораи кӯдакистонҳои хусусӣ дар ҷумҳурӣ 7 адад зиёд шуда, шумораи умумии тарбиягирандагон дар онҳо 1438 нафарро ташкил медиҳад. Санҷиш ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки омӯзиш дар ин кӯдакистонҳо бештар бо забони русӣ ба роҳ монда шуда, на ҳама вақт талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот риоя карда мешавад.

6. Новобаста ба имкониятҳои васеъ дар ин самт, рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи хусусӣ ба талаботи муосир ҷавобгӯ нест. Инкишофи минбаъдаи ин навъи муассисаҳои таълимӣ ба дастгирии давлатӣ ниёз дорад. Бо ин мақсад Барномаи мазкур таҳия гардидааст, ки самтҳои асосии рушд ва тадбирҳои дастгирии давлатии рушди соҳибкории хусусиро дар самти ташаккул ва рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ муайян мекунад.

4. Самтҳои асосӣ ва роҳу усулҳои татбиқи Барнома

7. Тадбирҳои дастгирии давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои зерин амалӣ карда мешаванд:

- такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- фароҳам овардани шароити имтиёзноке, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим мешуморад;

- ҷудо кардани қитъаҳои замин ва амвол бо шарту тартиби соддакардашуда;

- тибқи қонунгузорӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои шарикии амалӣ байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ ва таъмини муколамаи баробарҳуқуқи онҳо бо роҳи таъсис додани шӯроҳои машваратӣ доир ба рушди муассисаҳои таълимии хусусӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳалҳо;

- тибқи қонунгузорӣ фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди фарҳанги андозсупорӣ, таблиғи ғояҳои соҳибкорӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони пешсаф, ки дар самти маориф фаъолият менамоянд.

8. Ҷиҳати такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои ташаккул ва рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни татбиқи Барнома корҳои зерин ба анҷом расонида мешаванд:

- таҳлили пурраи қонунгузории соҳаи маориф, махсусан дар самти таъсис, танзими фаъолият ва дастгирии давлатии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ;

- муайян кардани монеаҳо ва душвориҳои вобаста ба ташкил ва фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ, ки ба қонунгузории амалкунанда вобаста мебошанд;

- таҳия ва пешниҳоди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда;

- содда намудани иҷозатномадиҳии фаъолияти таълимӣ;

- таҳия ва тасдиқи Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ;

- таҳия ва тасдиқи Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии хусусӣ;

- таҳия ва тасдиқи меъёрҳо ва ҳуҷҷатҳои батанзимдароварандаи арзиши таҳсилот.

9. Бо мақсади фароҳам овардани шароити имтиёзноки рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ амалҳои тадбирҳои зерин анҷом дода мешаванд:

- тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳоди маҷмӯи тадбирҳо ҷиҳати ҷорӣ намудани тартиби соддакардашудаи бақайдгирӣ ва иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ;

- бо дарназардошти қонунгузорӣ пешниҳоди маҷмӯи тадбирҳо ҷиҳати муайян кардани сабукиҳои вобаста ба пардохти боҷи гумрукӣ ҳангоми ворид намудани маводи сохтмонӣ бо мақсади сохтмони биноҳои муассисаҳои таълимӣ, таҷҳизот, китобу маводи таълимӣ, озмоишгоҳу маводи озмоишгоҳӣ, ки ҳангоми таъсис ва дар раванди фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ истифода бурда мешаванд;

- муайян кардани силсилаи тадбирҳо вобаста ба дастгирии сармоягузорӣ дар самти таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, аз ҷумла барои сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосир ва инноватсионии таълимӣ;

- тибқи қонунгузорӣ таҳияи маҷмӯи тадбирҳо ҷиҳати додани кафолат аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати харидорӣ намудани биноҳои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусии аз ҷониби соҳибкорон сохташуда пас аз 10-15 соли истифодабарӣ;

- муайян кардани механизмҳои ҳамкории мақомоти давлатӣ ва соҳибкорон дар самти сохтмони инфрасохтори таълимӣ, ки ба рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ мусоидат мекунанд.

10. Вобаста ба рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ дар назар дошта шудааст, ки барои сохтмони муассисаҳои мазкур қитъаҳои замин бо тартиби соддакардашуда ва шартҳои имтиёзнок пешниҳод карда мешаванд. Бо ин мақсад зарур аст, ки:

- санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқӣ оид ба такмили қонунгузорӣ ҷиҳати бо шартҳои имтиёзнок барои таъсиси муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ додани қитъаҳои замин таҳия ва пешниҳод шаванд;

- рӯйхати иншооте, ки барои таъсиси муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ бо шартҳои имтиёзнок дода мешаванд, муайян карда шуда, ҷиҳати хусусигардонӣ ё дар заминаи иншооти мазкур ва бо ҷалби сармояи хусусӣ таъсис додани муассисаҳои таълимии муштарак пешниҳодҳо омода карда шаванд.

11. Ҷиҳати шарикии амалӣ байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ ва таъмини муколамаи баробарҳуқуқи онҳо бо роҳи таъсис додани шӯроҳои машваратӣ доир ба рушди муассисаҳои таълимии хусусӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳалҳо шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Бо ин мақсад дар давоми амалишавии лоиҳа корҳои зерин ба анҷом расонида мешаванд:

- дар назди Вазири маориф ва илм шӯрои машваратӣ оид ба рушди муассисаҳои таълимии хусусӣ таъсис дода мешавад, ки таҳкими ҳамкории бахши давлатӣ ва хусусиро дар самти маориф таъмин менамояд. Ба ҳайати шӯрои мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва иттиҳодияҳои соҳибкорон ворид карда мешаванд;

- низомномаи шӯрои мазкур таҳия ва тасдиқ карда мешавад;

- шӯроҳои ба ин монанд дар маҳалҳо бо иштироки мақомоти маҳаллии идораҳои маориф таъсис дода мешаванд.

12. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди фарҳанги андозсупорӣ, таблиғи ғояҳои соҳибкорӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони пешсаф, ки дар самти маориф фаъолият менамоянд, амалӣ намудани тадбирҳои зерин ба нақша гирифта мешавад:

- се соли аввали фаъолият пешниҳод намудани курсҳои такмили ихтисоси ройгон барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ;

- ҳавасманд намудани идораву корхонаҳо барои таъсис додани муассисаҳои таҳсилоти томактабии идоравӣ;

- таҳияи лоиҳаҳои грантӣ ҷиҳати ҷалби соҳибкорон барои таъсиси муассисаҳои таълимии хусусӣ;

- бурдани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати ҷалби бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ;

- дар доираи қонунгузорӣ таҳияи созишномаи генералӣ байни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ассотсиатсияҳои соҳибкорон вобаста ба додани кафолатҳо дар мавриди хавфҳои асосии ҷойдошта ҳангоми ба фаъолият шурӯъ намудани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ;

- ташкили веб-сайти махсуси муассисаҳои таълимии хусусӣ;

- таҳияи лоиҳаҳои сохтмонии намунавӣ аз маводи сохтмонии нисбатан арзон барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ;

- таъсиси муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусии назди корхонаҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ;

- таъсиси бизнес-инкубаторҳо барои рушди муасисаҳои таълимии хусусӣ;

- ба мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ пешниҳод намудани соҳибкороне, ки ба рушди соҳаи маориф мусоидат мекунанд.

5. Натиҷаҳои татбиқи Барнома

13. Дар татбиқи Барнома натиҷаҳои зерин ба даст меоянд:

- то соли 2020 фарогирии кӯдакон бо таҳсилоти томактабӣ ба 30 фоиз мерасад;

- дар зинаи таҳсилоти томактабӣ шаклҳои алтернативии муассисаҳои томактабӣ таъсис ёфта, дастрасии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, махсусан дар минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ беҳтар мегардад;

- таъмини заминаҳои методӣ ва моддии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ беҳтар мегардад;

- тартиб ва шартҳои ташкили муассисаҳои таълимии хусусӣ барои ҷалби соҳибкорон ба соҳаи маориф мукаммал мегардад;

- дастгирии давлатӣ тақвият гардида, механизмҳои ҳавасмандгардонии бахши хусусӣ такмил меёбанд.

6. Мониторинги ҷараёни татбиқи Барнома

14. Барнома тибқи замимаҳои 1 ва 2 амалӣ мегардад. Назорат ва мониторинги ҷараёни татбиқи Барнома тибқи нишондиҳандаҳои мазкур ба роҳ монда мешавад:

- таъсиси муассисаҳои томактабии хусусӣ (замимаи 2);

- афзоиши шумораи муассисаҳои таълимии алтернативии томактабӣ;

- афзоиши фарогирии тарбиягирандагон дар муассисаҳои томактабии хусусӣ;

- таъсиси муассисаҳои таҳсилоти умумии хусусӣ (тибқи заминаи 2);

- беҳтар шудани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии хусусӣ.

Замимаи 1

Замимаи 2