Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби амалӣ намудани назорати давлатии риояи қонунгузории шаҳрсозӣ
Мутобиқи моддаи 12 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби амалӣ намудани назорати давлатии риояи қонунгузории шаҳрсозӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ҷиҳати татбиқи Тартиби мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 1997, № 554 "Дар бораи тасдиқи низомномаҳои мақомоти назорати давлатии сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бозрасии давлатии сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 марти соли 2014, № 216
ш. Душанбе