ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани илова ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2008, № 503
Бо мақсади танзими иловагии мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ", моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
Ба Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2008, № 503 "Дар бораи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, иловаи зерин ворид карда шавад:
- ба банди 1 боби 2 фасли II дар қисми Мансабҳои категорияи олӣ баъд аз сархати "Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Референти калони Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
1 апрели соли 2014 № 183
УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О внесении дополнений в Указ Президента Республики Таджикистан от 2 августа 2008 года, №503
В целях дополнительного упорядочения государственных должностей Республики Таджикистан и в соответствии со статьей 9 Закона Республики Таджикистан "О государственной службе" и статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" постановляю:
Внести в Реестр государственных должностей Республики Таджикистан, утвержденный Указом Президента Республики Таджикистан от 2 августа 2008 года, №503 "О Реестре государственных должностей Республики Таджикистан", следующее дополнение:
- пункт 1 главы 2 раздела II в части Должностей высшей категории после абзаца."Старший советник аппарата Помощника Президента Республики Таджикистан" дополнить новым абзацем следующего содержания:
"Старший референт Секретариата Президента Республики Таджикистан".
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 1 апреля 2014 года, № 183