Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2014 № 227 "Дар бораи Номгӯи бемориҳо ва нуқсонҳои ҷисмоние, ки ҳангоми мавҷудияти онҳо ба шаҳрванд рухсатнома барои соҳиб шудан ба силоҳ дода намешавад ва Тартиби гузаштани шаҳрвандон аз муоинаи тиббӣ барои соҳиб шудан ба силоҳ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Номгӯи бемориҳо ва нуқсонҳои ҷисмоние, ки ҳангоми мавҷудияти онҳо ба шаҳрванд рухсатнома барои соҳиб шудан ба силоҳ дода намешавад ва Тартиби гузаштани шаҳрвандон аз муоинаи тиббӣ барои соҳиб шудан ба силоҳ

Мутобиқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи силоҳ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Номгӯи бемориҳо ва нуқсонҳои ҷисмоние, ки ҳангоми мавҷудияти онҳо ба шаҳрвандон рухсатнома барои соҳиб шудан ба силоҳ дода намешавад, тасдиқ карда шавад (замимаи 1).

2. Тартиби гузаштани шаҳрвандон аз муоинаи тиббӣ барои соҳиб шудан ба силоҳ тасдиқ карда шавад (замимаи 2).

3. Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро бо қарори мазкур мутобиқ намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 марти соли 2014 № 227

ш. Душанбе

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "31" марти соли 2014, № 227

тасдиқ шудааст

Номгӯи бемориҳо ва нуқсонҳои ҷисмоние, ки ҳангоми мавҷудияти онҳо ба шаҳрвандон рухсатнома барои соҳиб шудан ба силоҳ дода намешавад

1. Ихтилоли равонӣ ва рафторӣ Бемориҳои асаб. Бемориҳои наркологӣ:

- ихтилоли органикӣ, аз он ҷумла эҳсосӣ (симптоматикӣ) ва равонӣ;

- маҷзубият, ихтилоли маҷзубиятхелӣ (шизотипӣ) ва ҳазёнӣ;

- ихтилоли кайфият (ихтилоли изтиробӣ);

- ихтилоли неврозӣ вобаста бо стресс ва ихтилоли ҷисмонӣ;

- алоими рафторӣ, вобаста ба вайроншавии физиологӣ ва омилҳои ҷисмонӣ;

- сустақлӣ;

- ихтилоли шахсият ва рафтор дар синни балоғат;

- ихтилоли инкишофи равонӣ (психологӣ);

- ихтилоли рафторӣ ва эҳсосӣ, ки дар синни кӯдакӣ ва наврасӣ инкишоф ёфтааст;

- заъфи асаб;

- бемории саръ;

- склерози паҳнгашта;

- невропатияи асаби баранда;

- ихтилоли равониву рафторӣ дар натиҷаи истеъмоли маводи фаъолкунандаи равонӣ (машрубот, маводи нашъадор, маводи заҳрмандкунанда).

2. Бемориҳои чашм:

- тезии биноиш бо ислоҳи чашм камтар аз 0,6 дар як чашм ва камтар аз 0,4 дар дигараш ё 0,8 дар як чашм ҳангоми нобино будани дигараш;

- дигаргуншавии устувори пилкҳо, аз ҷумла пардаи луобии он;

- фалаҷи мушакҳои пилк, ки барои дидан монеъ мешаванд;

- фалаҷи мушакҳои себаки чашм, ки ҳаракати онро маҳдуд мекунанд;

- дутобинии устувор;

- мавҷуд набудани заррабиноишӣ;

- маҳдудияти майдони биноиши зиёда аз 20градус дар ҳама меридиан;

- бемориҳои музмини пардаҳои чашм, дар якҷоягӣ бо вайроншавии назарраси амали биноиш;

- пастшавии тезии биноиш бо сабаби вайроншавии узвҳои равшанигузар ва ё тағйирёбии қаъри чашм, вайронии инкисор ва сабабҳои дигари органикӣ;

- тезии биноиш бо ислоҳи камтар аз 0,7 дар чашми хуббин, камтар аз 0,4 дар чашми хирабин;

- наздикбинӣ ва дурбинӣ бо ислоҳи ниҳоии 6,0 диоптрия, аз ҷумла тавассути адасаҳои васлӣ (ҷамъи сфера ва силиндр набояд аз 6,0 диоптрия зиёд бошад);

- фарқи инкисор дар ҳар ду чашм зиёда аз 2,0 диоптрия;

- бемории шабакия ва асаби босира (ретинопатияи пигментӣ, харобшавии асаби босира, кӯчиши шабакия ва ғайра);

- бемории оби марворид ҳангоми мавҷуд будани тағйирёбии тезии биноиш ва майдони биноиш;

- мавҷуд набудани биноиш дар як чашм, агар биноиш дар чашми дигар аз 0,8 камтар бошад (бе ислоҳ).

3. Бемориҳои узвҳои шунавоӣ:

- гаронғӯшии кондуктивӣ ва нейросенсорӣ (талафи пурраи шунавоӣ дар як гӯш дар ҳолати дарки нутқи гуфтугӯӣ дар гӯши дигар аз масофаи на камтар аз 3 метр, нутқи наҷво аз масофаи як метр ё дарки нутқи гуфтугӯӣ ба ҳар як гӯш аз масофаи камтар аз 2 метр);

- ҳама бемориҳое, ки боиси ихтилоли вазифаи дастгоҳи таодул (вестибулярӣ), раъраат (нистагм) гардидаанд (бемории Менйер, лабиринтит, ҳама гуна бӯҳрони таодулӣ ва дигар);

- раъраати тасодуфан.

4. Оқибати осеб ва бемориҳои роддодӣ*:

а) маҳдудият ҳангоми истифодаи силоҳи кӯтоҳмили таппонча ва револвер:

- омосҳои некфарҷом ва бадфарҷом, захмҳои камҳаракат, намуди назарраси маҳдудияти ҳаракат дар гардан, контрактураҳои вазнин дар буғумҳо, шикастҳои нодурустсабзида, буғумҳои қалбакӣ, баромадҳои одатӣ, кӯтоҳии андомҳо, якҷоя бо маҳдудияти ҳаракат дар буғумҳо ва барои истифодабарии силоҳ душворӣ меоранд;

- набудани дасти доминантӣ* ё сегментҳои он;

- набудани ангуштон ё фалангаҳо, инчунин беҳаракатӣ дар буғумҳои ангуштон;

- мавҷуд набудани ангушти калон ё ду фалангаи ангушти калон дар дасти доминантӣ;

- мавҷуд набудан ё беҳаракатӣ дар ангуштони 2 ва 3 дар дасти доминантӣ;

- контрактураи намуди вазнини ақаллан як ангушт бо рагкашии пурраи ангушт дар дасти доминантӣ;

- намудҳои вазнини кӯтоҳии ангуштон, ки барои доштан ва истифодаи силоҳ душворӣ меоваранд;

- мавҷуд набудан ё маҳдудияти ҳаракати ангуштони 4 ва 5 дар дасти доминантӣ;

- дигар оқибатҳои осеб ва бемориҳои раддодӣ, ки барои доштан ва истифодаи силоҳ душворӣ меоваранд.

б) илова ба сархатҳои дар зербанди "а" зикршуда ҷиҳати истифодаи силоҳи дарозмил маҳдудияти зерин пешбинӣ карда мешавад:

- мавҷуд набудан ё шаклдигаркунии яке аз андоми боло ва ё сегментҳои он, ки барои истифодаи маъмулии силоҳ душворӣ меоваранд;

- ҳамаи шаклдигаркуниҳо ва шаклдигаркунии андоми боло ё сегментҳои он, ки барои доштан ва мустаҳкамкунии силоҳ дар қисми миёнаи бадан бо дасти дуюм (ғайридоминантӣ) душворӣ меоваранд.

Эзоҳ:

*1. Дасти доминантӣ - дасти рост барои ростдастон, дасти чап барои чапдастон.

*2. Маҳдудиятҳои дар банди 4 зикршуда ҳангоми истифодаи таппонча ва револвер ба дасти доминантӣ ва барои дигар силоҳи дарозмил ба ҳар ду даст тааллуқ доранд.