Тартиби гузаштани шаҳрвандон аз муоинаи тиббӣ барои соҳиб шудан ба силоҳ аз 31 марти соли 2014 № 227

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 марти соли 2014 № 227

тасдиқ шудааст

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 марти соли 2014 № 227

тасдиқ шудааст

Тартиби гузаштани шаҳрвандон аз муоинаи тиббӣ барои соҳиб шудан ба силоҳ

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби гузаштани шаҳрвандон аз муоинаи тиббӣ барои соҳиб шудан ба силоҳ (минбаъд - Тартиб) масъалаҳои тартиби гузаштани муоинаи тиббӣ ва гирифтани маълумотномаи тиббӣ, номгӯи ҳуҷҷатҳои зарурие, ки барои гирифтани маълумотномаи тиббӣ аз ҷониби шаҳрвандон ба муассисаҳои тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд, инчунин шакл ва мӯҳлати амали маълумотномаи тиббиро муқаррар менамояд.

2. Тартиби гузаштани шаҳрвандон аз муоинаи тиббӣ

2. Муоинаи тиббӣ аз ҷониби комиссияҳои тиббӣ дар марказҳои саломатии ноҳиявӣ/шаҳрӣ гузаронида мешавад. Комиссияҳои мазкур аз тарафи роҳбарони марказҳои саломатӣ таъсис дода мешаванд.

3. Ба комиссияи тиббӣ муовини роҳбари маркази саломатии ноҳиявӣ/ шаҳрӣ аз рӯи самти фаъолияти алоқаманд роҳбарӣ мекунад.

4. Ҳайати комиссияи тиббӣ аз чунин мутахассисони соҳаи тиб иборат мебошад:

- табиби дармоншинос;

- табиби бемориҳои равонӣ;

...

Приложение 2

Утвержден

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 31 марта 2014 года, №227

Приложение 2

Утвержден

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 31 марта 2014 года, №227

ПОРЯДОК прохождения гражданами медицинского освидетельствования для приобретения оружия

1. Общие положения

1. Порядок прохождения гражданами медицинского освидетельствования для приобретения оружия (далее - Порядок) определяет порядок прохождения медицинского освидетельствования и получения медицинской справки, перечень документов, необходимых для получения медицинской справки представляемых гражданами в медицинские учреждения Министерства здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан, а также форму и срок действия медицинской справки.

2. Порядок прохождения гражданами медицинского освидетельствования

2. Медицинское освидетельствование осуществляется медицинскими комиссиями, в районных / городских центрах здоровья. Указанная комиссия создается руководителями центров здоровья.

3. Медицинской комиссией руководит заместитель руководителя районного / городского центра здоровья по связанному роду деятельности.

4. Медицинская комиссия состоит из следующих медицинских специалистов:

- врач терапевт;

- врач психиатр;

...