Тартиби ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ аз 13 марти соли 2014 № 187

Санаи амалкуни: 06.01.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 13 марти соли 2014, № 187

тасдиқ шудааст

Тартиби ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.01.2018 № 2)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ (минбаъд - Тартиби мазкур) ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозиро муайян менамояд.

2. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода карда шудаанд:

- аризадиҳанда - шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба мақоми экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ барои гузаронидани экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсози муроҷиат кардааст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.01.2018 № 2);

- мақоми экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ (минбаъд - мақоми экспертизаи давлатӣ) - раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуқуқи гузаронидаии экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозиро дорад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.01.2018 № 2);

- ҳуҷҷатҳои лоиҳавии якқолиба (намунавӣ) - ҳуҷҷатҳои лоиҳавии бино, иншоот ё маҷмӯи онҳо, ки хулосаи мусбии экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозиро гирифтаанд ва барои истифодаи бисёркарата бо роҳи мутобиқкунӣ ба шароити воқеии сохтмон таъин гардидаанд;

- хулосаи экспертизаи давлатӣ-натиҷаи баррасии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ аз ҷониби мақоми экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, ки дар шакли "мувофиқ будан" (хулосаи мусбӣ) ва ё "мувофиқ набудан" (хулосаи манфӣ) дода мешавад, ки ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ намебошад.

3. Мақоми экспертизаи давлатӣ вазифаҳои зеринро иҷро мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.01.2018 № 2):

- экспертизаи давлатии лоиҳаҳои шаҳрсозӣ, новобаста аз арзиши умумии онҳо, манбаъҳои маблағгузорӣ, шаклҳои моликият, тобеияти идоравӣ, ки дар сатҳи баланди илмию техникӣ, бо дарназардошти дастовардҳои пешқадам, сарфакорона ва самаранок истифода бурдани захираҳои моддӣ, сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои дигар иҷро карда шудааст;

- риоя кардани сиёсати сармоягузории давлат дар таҳияи лоиҳаҳои сохтмон;

- якҷоя бо вазорату идора ва ташкилотҳои дахлдор баррасӣ кардани ҳисобҳои техникию иқтисодӣ ва асосноккунии техникию иқтисодӣ барои сохтмони иншооти дорои аҳамияти давлатӣ, ки сохтмони онҳо ҷалби сармоягузории хориҷиро пешбинӣ менамояд;

- таҳия ва дар амал татбиқ намудани нақшаи назорати сифати лоиҳаҳои сохтмонӣ;

- роҳ надодан ба таҳияи лоиҳаҳои сохтмонӣ, ки ба талаботи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ ҷавобгӯ нестанд ва ё ба ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ ва давлат, ки аз тарафи қонун ҳимоя карда шудаанд, зарар мерасонад.

4. Мақоми экспертизаи давлатӣ ӯҳдадор аст:

- бо дархости аризадиҳанда тартиби гузаронидани экспертизаи давлатиро ройгон фаҳмонда диҳад;

- нигоҳдории ҳуҷҷатҳои ба экспертизаи давлатӣ пешниҳодгардидаро таъмин намояд;

- барои ифшо насохтани ҳалҳои лоиҳавӣ ва маълумоти дигари махфӣ, ки ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатӣ маълум гардиданд, чораҳо андешад.

5. Мақоми экспертизаи давлатӣ ва воҳидҳои сохтории он ҳуқуқи иштирок намуданро дар таҳияи лоиҳаҳои меъморию сохтмонӣ ва ҷустуҷӯию муҳандисӣ надоранд.

6. Экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ (минбаъд - экспертизаи давлатӣ) дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад:

- асоснок кардани сармояҳо, асосноккунии техникию иқтисодӣ ва ҳисобҳои ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, ки барои сохтмони иншоот пешбинӣ гардидаанд;

- барои иншооте, ки аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ ё бо иштироки онҳо, инчунин бе маблағгузории давлатӣ сохта мешаванд, аммо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи моликияти давлатӣ дар ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида ё хизматҳои расонидашуда ба назар гирифта шудааст;

- мувофиқат намудан ба талаботи меъёрҳои давлатии санитарӣ, экологӣ, бехатарии сӯхторнишонӣ ва таркиш, ҳифзи меҳнат, устуворӣ ва эътимоднокии конструксияҳо, дастрасии маъюбон ба иншооти иҷтимоӣ, нақлиётӣ ва инфрасохтори фароғатӣ, новобаста аз манбаъҳои маблағгузории сохтмон;

- дар ҳолати аз ҷониби иморатсоз ё фармоишгар қабул карда шудани қарори гузаронидани экспертизаи давлатӣ;

- барои иншооте, ки сохтмони онҳо аз ҳисоби маблағҳои хусусии фармоишгар (ҳамчунин бо ҷалби сармоягузории хориҷӣ) бунёд мегардад, ба ғайр аз иншооти дараҷаи хатарнокиашон баланд ва аз ҷиҳати техникӣ мураккаб, агар қарори гузаронидани экспертизаи давлатиро худи фармоишгар қабул карда бошад.

7. Экспертизаи давлатӣ дар ҳолатҳои зерин гузаронида намешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.01.2018 № 2):

- агар тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмон, таҷдид ва таъмири асосии иншоот омода кардани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва гирифтани иҷозат барои сохтмон пешбинӣ нашуда бошад;

- нисбати ҳуҷҷатҳои лоиҳавии иншооти сохтмони асосие, ки пештар хулосаи мусбии экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавиро гирифтаанд ва такроран истифода бурда мешаванд (ҳуҷҷатҳои лоиҳавии намунавӣ) ё шакли дигари чунин ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, ки ба қисми конструктивӣ ва дигар хусусиятҳои эътимоднокӣ ва бехатарии иншооти сохтмони асосӣ таъсир намерасонанд;

- агар сохтмони иншооти асосӣ бо истифодаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавии якқолиба ё дигаргун кардани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ сурат гирад, он гоҳ натиҷаи корҳои ҷустуҷӯи муҳандисӣ бояд мавриди экспертизаи давлатӣ қарор гиранд;

- биноҳои истиқоматии шахсии баландиашон на зиёда аз 3 ошёна бо таҳхона ва болохона ё бе онҳо тибқи талаботи нақшаи генералии шаҳру ноҳияҳо, инчунин иншооти ёрирасон дар қитъаи замини ба шахсони воқеӣ ҷудокардашуда;

- таҷдиди биноҳои аз ҷиҳати техникӣ номураккаб, ки барои эҳтиёҷоти шаҳрвандон таъин гардиданд ва бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тасдиқ карда мешаванд;

- бино ва иншооти якошёнаи ҷамъиятӣ бо масоҳати зери сохтмон на зиёда аз 300 метри мураббаъ ва бо баландии на зиёда аз 6 метр, ки дар онҳо дар як вақт ҳузур доштани на зиёда аз 150 одам пешбинӣ гардидааст, ғайр аз бино ва иншооте, ки аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ сохта мешаванд;

- таъмир ва барқарорсозии бино ва иншоот бе тағйир додани таъиноти онҳо аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ, агар арзиши харҷномавии онҳо аз 800 ҳазор сомонӣ зиёд набошад.

Феҳристи иншооти сохтмонӣ, ки ҳуҷҷатҳои лоиҳавии онҳо гузаронидани экспертизаи давлатиро талаб намекунанд, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар мувофиқа бо ташкилотҳои соҳавӣ тасдиқ карда мешавад.

2. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои гузаронидани экспертизаи давлатӣ

8. Барои гузаронидани экспертизаи давлатӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- мактуб ё ариза дар бораи гузаронидани экспертизаи давлатӣ;

- ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои иншооти сохтмони асосӣ, ки тибқи талаботи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ ва стандартҳои давлатӣ иҷро карда шудаанд;

- қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои лоиҳакашӣ ва сохтмон;

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин (сертификати ҳуқуқи истифодаи замин);

- шартҳои техникӣ барои пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ;

- супориш барои лоиҳакашӣ, ки аз тарафи фармоишгар тасдиқ ва бо лоиҳакаш мувофиқа карда шудааст;

- супориши меъморию тарҳрезӣ барои лоиҳакашӣ;

- натиҷаҳои корҳои таҳқиқоти муҳандисӣ.

Талаб кардани дигар ҳуҷҷатҳое, ки дар банди мазкур пешбинӣ нашудаанд, манъ аст.

9. Мақоми экспертизаи давлатӣ ҳуқуқи аз аризадиҳанда ба таври иловагӣ талаб кардани ҳисоби ҳалҳои конструктивӣ ва технологӣ, инчунин маводи таҳқиқоти муҳандисӣ, ки дар таркиби ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ҳастанд, дорад. Ҳисоб ва ҳуҷҷатҳои зикргардида бояд дар мӯҳлати 5 рӯз баъд аз гирифтани дархост аз тарафи аризадиҳанда пешниҳод карда шаванд.

3. Санҷиши ҳуҷҷатҳои ба экспертизаи давлатӣ пешниҳодгардида

10. Мақоми экспертизаи давлатӣ дар муддати 3 рӯзи корӣ аз санаи гирифтани ҳуҷҷатҳои дар банди 7 Тартиби мазкур нишондодашуда бояд санҷиши онҳоро анҷом диҳад. Мӯҳлати санҷиши ҳуҷҷатҳо набояд аз 5 рӯзи корӣ зиёд бошад.

11. Дар муҳлати дар банди 10 Тартиби мазкур нишондодашуда ба аризадиҳанда хабарнома оид ба қабули ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои гузаронидани экспертиза ё инкори асоснок дар қабули ҳуҷҷатҳои барои гузаронидани экспертиза пешниҳодшуда ирсол карда мешавад, дар ин ҳолат ҳуҷҷатҳои зикргардида бояд бе баррасӣ баргардонда шаванд.

12. Ҳуҷҷатҳои ба экспертизаи давлатӣ пешниҳодшуда дар асоси қисми 14 моддаи 64 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аризадиҳаднда бо сабабҳои зерин баргардонда мешаванд:

- нопурра будани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ;

- тайёр кардани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки иҷозатномаи фаъолияти корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯиро надоранд.

13. Ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатӣ талаботи зерин ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавии сохтмонӣ санҷида мешаванд:

- мувофиқат кардани қарорҳои қабулгардида оид ба асосноккунии сармоягузории сохтмони иншоот бо дигар ҳуҷҷатҳои пешазлоиҳавӣ, ба супориши лоиҳакашӣ, инчунин ба шартҳои техникии додашуда ва талаботи аз тарафи ташкилоту мақомоти дахлдори назорати давлатӣ ҳангоми мувофиқакунии ҷойгир кардани иншоот додашуда;

- кифоягӣ ва самаранокии ҳалҳои техникӣ ва чорабиниҳо оид ба ҳифзи муҳити зист;

- риоя кардани меъёру қоидаҳои бехатарӣ аз таркиш ва сӯхтор;

- риоя кардани меъёру қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва талаботи санитарӣ;

- мавҷудияти ҳалҳои лоиҳавӣ оид ба таъмин кардани шароит барои гурӯҳҳои аҳолии маҳдудҳаракат ва маъюбон;

- истифодаи самараноки масоҳат ва ҳаҷми биною иншооти лоиҳасозишаванда;

- баҳодиҳӣ ба ҳалҳои лоиҳавӣ оид ба ташкили сохтмон;

14. Дар шартномаи байни мақоми экспертизаи давлатӣ ва аризадиҳанда шартҳои зерин муайян карда мешаванд:

- мундариҷаи шартнома;

- мӯҳлат ва тартиби гузаронидани экспертизаи давлатӣ, ки тибқи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тартиби мазкур муқаррар карда шудааст;

- андозаи пардохт барои гузаронидани экспертизаи давлатӣ;

- тартиб ва мӯҳлати ба аризадиҳанда додани хулосаи дахлдор ва баргардондани ҳуҷҷатҳои ба экспертизаи давлатӣ қабулгардида;

- масъулияти тарафайн барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои дар шартнома пешбинишуда.

4. Гузаронидани экспертизаи давлатӣ

15. Экспертизаи давлатӣ баъди аз тарафи аризадиҳанда пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти маблағ барои гузаронидани экспертизаи давлатӣ тибқи шартнома оғоз гардида, бо додани хулосаи экспертизаи давлатӣ ба аризадиҳанда анҷом меёбад.

16. Мӯҳлати гузаронидани экспертизаи давлатӣ набояд аз 30 рӯзи тақвимӣ зиёд бошад. Мӯҳлати гузаронидани экспертизаи давлатии иншооти мураккаб ва калонҳаҷм дар шартнома аз тарафи ҷонибҳо алоҳида муқаррар карда мешавад.

17. Мақоми экспертизаи давлатӣ ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатӣ ҳуқуқ дорад:

- маълумот ва ҳуҷҷатҳои барои экспертизаи давлатӣ лозимиро аз мақомоти дахлдори давлатӣ ва дигар ташкилотҳо талаб намояд;

- дар асоси шартнома ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, инчунин мутахассисони берунаро барои гузаронидани экспертизаи давлатӣ ҷалб намояд;

- натиҷаи экспертизаи давлатии лоиҳаҳои сохтмонро ҷамъбаст намуда, ҷиҳати такмил додани ҳуҷҷатҳои лоиҳавию харҷномавӣ оид ба масъалаҳои экспертиза ва лоиҳакашӣ пешниҳодҳо омода намояд;

- дар комиссияи иҷозатномадиҳии давлатӣ иштирок намояд ва ба фаъолияти ташкилотҳои лоиҳакашӣ баҳо диҳад.

18. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар ташкилотҳо дар мӯҳлати на зиёдтар аз 10 рӯз аз санаи воридшавии дархости мақоми экспертизаи давлатӣ бояд ҳуҷҷатҳои барои экспертизаи давлатӣ заруриро ба мақоми экспертизаи давлатӣ пешниҳод намоянд ё ба таври хаттӣ сабаби пешниҳод накардани онҳоро маълум намоянд.

5. Натиҷаҳои экспертизаи давлатӣ

19. Натиҷаи экспертизаи давлатӣ хулосаи "мувофиқ будан" (хулосаи мусбӣ) ё "мувофиқ набудан" (хулосаи манфӣ) ҳуҷҷатҳои Лоиҳавӣ ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

20. Хулосаи экспертизаи давлатӣ аз тарафи шахсони мутасаддӣ, ки ҳуқуқи омода намудани экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавиро доранд ва гузаронидани экспертиза иштирок намуданд, тайёр ва ба имзо расонид шуда, аз тарафи роҳбари мақоми экспертизаи давлатӣ бо мӯҳр тасдиқ карда мешавад.

21. Хулосаи экспертизаи давлатӣ иборат аст аз:

- тавсифи кӯтоҳи маълумоти додашудаи шароити сохтмон ва ҳалҳои асосии лоиҳавӣ, инчунин нишондиҳандаҳои техникию иқтисодии лоиҳаи сохтмон;

- эрод ва пешниҳодҳои мушаххас оид ба ҳалҳои лоиҳавии қабулгардида, тағйирот ва иловаҳои дар рафти экспертиза воридгардида ва самараи чашмдошт аз амалӣ кардани онҳо;

- тавсияҳо барои тасдиқ (дар ҳолати набудани эродҳои ҷиддӣ, ки ба тағйири ҳалҳои лоиҳавӣ ва нишондиҳандаҳои асосии техникию иқтисодӣ оварда мерасонанд) ё рад намудани лоиҳа.

22. Ҳуҷҷатҳои лоиҳавие, ки аз экспертизаи давлатӣ хулосаи манфӣ гирифтаанд, набояд аз тарафи фармоишгар ё иморатсоз тасдиқ карда шаванд. Баҳсҳо оид ба хулосаҳои "мувофиқ набудан" (хулосаи манфӣ) аз тарафи иморатсоз ё фармоишгар дар суд баррасӣ карда мешаванд.

23. Дар ҳолати гум кардани хулосаи экспертизаи давлатӣ, аризадиҳанда метавонад нусхаи онро аз мақоми экспертизаи давлатӣ гирад. Нусхаи хулосаи экспертизаи давлатӣ дар мӯҳлати 3 рӯз аз рӯзи муроҷиати хаттӣ бе пардохт ба аризадиҳанда дода мешавад.

6. Гузаронидани экспертизаи давлатии такрорӣ

24. Экспертизаи давлатии такрории ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ дар ҳолати ба лоиҳа ворид кардани тағйирот, инчунин баъд аз бартараф кардани камбудиҳои дар хулосаи манфӣ (мувофиқ набудан) зикргардида гузаронида мешавад.

25. Экспертизаи давлатии такрорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Тартиби мазкур ҳамчун барои лоиҳаи нав пешниҳодгардида гузаронида мешавад.

7. Андозаи пардохт барои гузаронидани экспертизаи давлатӣ

26. Гузаронидани экспертизаи давлатӣ пулакӣ буда, дар асоси шартномаи байни аризадиҳанда ва мақоми экспертизаи давлатӣ амалӣ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.01.2018 № 2).

8. Муқаррароти хотимавӣ

27. Баҳсҳои вобаста ба гузаронидани экспертизаи давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои қонунгузорӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ ё бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.

28. Аризадиҳанда ва мақоми мақоми экспертизаи давлатӣ дар ҳолати риоя накардани талаботи Тартиби мазкур ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 6.01.2018 № 2).

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 13 марти соли 2014, № 187

тасдиқ шудааст

Тартиби ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ

1. Муқаррароти умумӣ

1.Тартиби ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ (минбаъд-Тартиби мазкур) ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозиро муайян менамояд.

2. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода карда шудаанд:

- аризадиҳанда-муассисаи лоиҳакашӣ, ки бо ариза ё мактуб барои гузаронидани экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ муроҷиат кардааст;

- мақоми экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ-мақоми ваколатдори давлатӣ, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуқуқи гузаронидани экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозиро дорад;

- ҳуҷҷатҳои лоиҳавии якқолиба (намунавӣ) - ҳуҷҷатҳои лоиҳавии бино, иншоот ё маҷмӯи онҳо, ки хулосаи мусбии экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозиро гирифтаанд ва барои истифодаи бисёркарата бо роҳи мутобиқкунӣ ба шароити воқеии сохтмон таъин гардидаанд;

- хулосаи экспертизаи давлатӣ-натиҷаи баррасии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ аз ҷониби мақоми экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, ки дар шакли "мувофиқ будан" (хулосаи мусбӣ) ва ё "мувофиқ набудан" (хулосаи манфӣ) дода мешавад, ки ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ намебошад.

3. Мақоми экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ (минбаъд - мақоми экспертизаи давлатӣ) вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

- экспертизаи давлатии лоиҳаҳои шаҳрсозӣ, новобаста аз арзиши умумии онҳо, манбаъҳои маблағгузорӣ, шаклҳои моликият, тобеияти идоравӣ, ки дар сатҳи баланди илмию техникӣ, бо дарназардошти дастовардҳои пешқадам, сарфакорона ва самаранок истифода бурдани захираҳои моддӣ, сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои дигар иҷро карда шудааст;

- риоя кардани сиёсати сармоягузории давлат дар таҳияи лоиҳаҳои сохтмон;

- якҷоя бо вазорату идора ва ташкилотҳои дахлдор баррасӣ кардани ҳисобҳои техникию иқтисодӣ ва асосноккунии техникию иқтисодӣ барои сохтмони иншооти дорои аҳамияти давлатӣ, ки сохтмони онҳо ҷалби сармоягузории хориҷиро пешбинӣ менамояд;

- таҳия ва дар амал татбиқ намудани нақшаи назорати сифати лоиҳаҳои сохтмонӣ;

- роҳ надодан ба таҳияи лоиҳаҳои сохтмонӣ, ки ба талаботи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ ҷавобгӯ нестанд ва ё ба ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ ва давлат, ки аз тарафи қонун ҳимоя карда шудаанд, зарар мерасонад.

4. Мақоми экспертизаи давлатӣ ӯҳдадор аст:

- бо дархости аризадиҳанда тартиби гузаронидани экспертизаи давлатиро ройгон фаҳмонда диҳад;

- нигоҳдории ҳуҷҷатҳои ба экспертизаи давлатӣ пешниҳодгардидаро таъмин намояд;

- барои ифшо насохтани ҳалҳои лоиҳавӣ ва маълумоти дигари махфӣ, ки ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатӣ маълум гардиданд, чораҳо андешад.

5. Мақоми экспертизаи давлатӣ ва воҳидҳои сохтории он ҳуқуқи иштирок намуданро дар таҳияи лоиҳаҳои меъморию сохтмонӣ ва ҷустуҷӯию муҳандисӣ надоранд.

6. Экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ (минбаъд - экспертизаи давлатӣ) дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад:

- асоснок кардани сармояҳо, асосноккунии техникию иқтисодӣ ва ҳисобҳои ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, ки барои сохтмони иншоот пешбинӣ гардидаанд;

- барои иншооте, ки аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ ё бо иштироки онҳо, инчунин бе маблағгузории давлатӣ сохта мешаванд, аммо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи моликияти давлатӣ дар ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида ё хизматҳои расонидашуда ба назар гирифта шудааст;

- мувофиқат намудан ба талаботи меъёрҳои давлатии санитарӣ, экологӣ, бехатарии сӯхторнишонӣ ва таркиш, ҳифзи меҳнат, устуворӣ ва эътимоднокии конструксияҳо, дастрасии маъюбон ба иншооти иҷтимоӣ, нақлиётӣ ва инфрасохтори фароғатӣ, новобаста аз манбаъҳои маблағгузории сохтмон;

- дар ҳолати аз ҷониби иморатсоз ё фармоишгар қабул карда шудани қарори гузаронидани экспертизаи давлатӣ;

- барои иншооте, ки сохтмони онҳо аз ҳисоби маблағҳои хусусии фармоишгар (ҳамчунин бо ҷалби сармоягузории хориҷӣ) бунёд мегардад, ба ғайр аз иншооти дараҷаи хатарнокиашон баланд ва аз ҷиҳати техникӣ мураккаб, агар қарори гузаронидани экспертизаи давлатиро худи фармоишгар қабул карда бошад.

7. Экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ дар ҳолатҳои зерин гузаронида намешавад:

- агар тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмон, таҷдид ва таъмири асосии иншоот омода кардани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва гирифтани иҷозат барои сохтмон пешбинӣ нашуда бошад;

- нисбати ҳуҷҷатҳои лоиҳавии иншооти сохтмони асосие, ки пештар хулосаи мусбии экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавиро гирифтаанд ва такроран истифода бурда мешаванд (ҳуҷҷатҳои лоиҳавии намунавӣ) ё шакли дигари чунин ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, ки ба қисми конструктивӣ ва дигар хусусиятҳои эътимоднокӣ ва бехатарии иншооти сохтмони асосӣ таъсир намерасонанд;

- агар сохтмони иншооти асосӣ бо истифодаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавии якқолиба ё дигаргун кардани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ сурат гирад, он гоҳ натиҷаи корҳои ҷустуҷӯи муҳандисӣ бояд мавриди экспертизаи давлатӣ қарор гиранд;

- биноҳои истиқоматии шахсии баландиашон на зиёда аз 3 ошёна бо таҳхона ва болохона ё бе онҳо тибқи талаботи нақшаи генералии шаҳру ноҳияҳо, инчунин иншооти ёрирасон дар қитъаи замини ба шахсони воқеӣ ҷудокардашуда;

- таҷдиди биноҳои аз ҷиҳати техникӣ номураккаб, ки барои эҳтиёҷоти шаҳрвандон таъин гардиданд ва бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тасдиқ карда мешаванд;

- бино ва иншооти якошёнаи ҷамъиятӣ бо масоҳати зери сохтмон на зиёда аз 300 метри мураббаъ ва бо баландии на зиёда аз 6 метр, ки дар онҳо дар як вақт ҳузур доштани на зиёда аз 150 одам пешбинӣ гардидааст, ғайр аз бино ва иншооте, ки аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ сохта мешаванд;

- таъмир ва барқарорсозии бино ва иншоот бе тағйир додани таъиноти онҳо аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ, агар арзиши харҷномавии онҳо аз 800 ҳазор сомонӣ зиёд набошад.

Феҳристи иншооти сохтмонӣ, ки ҳуҷҷатҳои лоиҳавии онҳо гузаронидани экспертизаи давлатиро талаб намекунанд, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар мувофиқа бо ташкилотҳои соҳавӣ тасдиқ карда мешавад.

2. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои гузаронидани экспертизаи давлатӣ

8. Барои гузаронидани экспертизаи давлатӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- мактуб ё ариза дар бораи гузаронидани экспертизаи давлатӣ;

- ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои иншооти сохтмони асосӣ, ки тибқи талаботи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ ва стандартҳои давлатӣ иҷро карда шудаанд;

- қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои лоиҳакашӣ ва сохтмон;

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин (сертификати ҳуқуқи истифодаи замин);

- шартҳои техникӣ барои пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ;

- супориш барои лоиҳакашӣ, ки аз тарафи фармоишгар тасдиқ ва бо лоиҳакаш мувофиқа карда шудааст;

- супориши меъморию тарҳрезӣ барои лоиҳакашӣ;

- натиҷаҳои корҳои таҳқиқоти муҳандисӣ.

Талаб кардани дигар ҳуҷҷатҳое, ки дар банди мазкур пешбинӣ нашудаанд, манъ аст.

9. Мақоми экспертизаи давлатӣ ҳуқуқи аз аризадиҳанда ба таври иловагӣ талаб кардани ҳисоби ҳалҳои конструктивӣ ва технологӣ, инчунин маводи таҳқиқоти муҳандисӣ, ки дар таркиби ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ҳастанд, дорад. Ҳисоб ва ҳуҷҷатҳои зикргардида бояд дар мӯҳлати 5 рӯз баъд аз гирифтани дархост аз тарафи аризадиҳанда пешниҳод карда шаванд.

3. Санҷиши ҳуҷҷатҳои ба экспертизаи давлатӣ пешниҳодгардида

10. Мақоми экспертизаи давлатӣ дар муддати 3 рӯзи корӣ аз санаи гирифтани ҳуҷҷатҳои дар банди 7 Тартиби мазкур нишондодашуда бояд санҷиши онҳоро анҷом диҳад. Мӯҳлати санҷиши ҳуҷҷатҳо набояд аз 5 рӯзи корӣ зиёд бошад.

11. Дар муҳлати дар банди 10 Тартиби мазкур нишондодашуда ба аризадиҳанда хабарнома оид ба қабули ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои гузаронидани экспертиза ё инкори асоснок дар қабули ҳуҷҷатҳои барои гузаронидани экспертиза пешниҳодшуда ирсол карда мешавад, дар ин ҳолат ҳуҷҷатҳои зикргардида бояд бе баррасӣ баргардонда шаванд.

12. Ҳуҷҷатҳои ба экспертизаи давлатӣ пешниҳодшуда дар асоси қисми 14 моддаи 64 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аризадиҳаднда бо сабабҳои зерин баргардонда мешаванд:

- нопурра будани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ;

- тайёр кардани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки иҷозатномаи фаъолияти корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯиро надоранд.

13. Ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатӣ талаботи зерин ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавии сохтмонӣ санҷида мешаванд:

- мувофиқат кардани қарорҳои қабулгардида оид ба асосноккунии сармоягузории сохтмони иншоот бо дигар ҳуҷҷатҳои пешазлоиҳавӣ, ба супориши лоиҳакашӣ, инчунин ба шартҳои техникии додашуда ва талаботи аз тарафи ташкилоту мақомоти дахлдори назорати давлатӣ ҳангоми мувофиқакунии ҷойгир кардани иншоот додашуда;

- кифоягӣ ва самаранокии ҳалҳои техникӣ ва чорабиниҳо оид ба ҳифзи муҳити зист;

- риоя кардани меъёру қоидаҳои бехатарӣ аз таркиш ва сӯхтор;

- риоя кардани меъёру қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва талаботи санитарӣ;

- мавҷудияти ҳалҳои лоиҳавӣ оид ба таъмин кардани шароит барои гурӯҳҳои аҳолии маҳдудҳаракат ва маъюбон;

- истифодаи самараноки масоҳат ва ҳаҷми биною иншооти лоиҳасозишаванда;

- баҳодиҳӣ ба ҳалҳои лоиҳавӣ оид ба ташкили сохтмон;

14. Дар шартномаи байни мақоми экспертизаи давлатӣ ва аризадиҳанда шартҳои зерин муайян карда мешаванд:

- мундариҷаи шартнома;

- мӯҳлат ва тартиби гузаронидани экспертизаи давлатӣ, ки тибқи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тартиби мазкур муқаррар карда шудааст;

- андозаи пардохт барои гузаронидани экспертизаи давлатӣ;

- тартиб ва мӯҳлати ба аризадиҳанда додани хулосаи дахлдор ва баргардондани ҳуҷҷатҳои ба экспертизаи давлатӣ қабулгардида;

- масъулияти тарафайн барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои дар шартнома пешбинишуда.

4. Гузаронидани экспертизаи давлатӣ

15. Экспертизаи давлатӣ баъди аз тарафи аризадиҳанда пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти маблағ барои гузаронидани экспертизаи давлатӣ тибқи шартнома оғоз гардида, бо додани хулосаи экспертизаи давлатӣ ба аризадиҳанда анҷом меёбад.

16. Мӯҳлати гузаронидани экспертизаи давлатӣ набояд аз 30 рӯзи тақвимӣ зиёд бошад. Мӯҳлати гузаронидани экспертизаи давлатии иншооти мураккаб ва калонҳаҷм дар шартнома аз тарафи ҷонибҳо алоҳида муқаррар карда мешавад.

17. Мақоми экспертизаи давлатӣ ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатӣ ҳуқуқ дорад:

- маълумот ва ҳуҷҷатҳои барои экспертизаи давлатӣ лозимиро аз мақомоти дахлдори давлатӣ ва дигар ташкилотҳо талаб намояд;

- дар асоси шартнома ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, инчунин мутахассисони берунаро барои гузаронидани экспертизаи давлатӣ ҷалб намояд;

- натиҷаи экспертизаи давлатии лоиҳаҳои сохтмонро ҷамъбаст намуда, ҷиҳати такмил додани ҳуҷҷатҳои лоиҳавию харҷномавӣ оид ба масъалаҳои экспертиза ва лоиҳакашӣ пешниҳодҳо омода намояд;

- дар комиссияи иҷозатномадиҳии давлатӣ иштирок намояд ва ба фаъолияти ташкилотҳои лоиҳакашӣ баҳо диҳад.

18. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар ташкилотҳо дар мӯҳлати на зиёдтар аз 10 рӯз аз санаи воридшавии дархости мақоми экспертизаи давлатӣ бояд ҳуҷҷатҳои барои экспертизаи давлатӣ заруриро ба мақоми экспертизаи давлатӣ пешниҳод намоянд ё ба таври хаттӣ сабаби пешниҳод накардани онҳоро маълум намоянд.

5. Натиҷаҳои экспертизаи давлатӣ

19. Натиҷаи экспертизаи давлатӣ хулосаи "мувофиқ будан" (хулосаи мусбӣ) ё "мувофиқ набудан" (хулосаи манфӣ) ҳуҷҷатҳои Лоиҳавӣ ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

20. Хулосаи экспертизаи давлатӣ аз тарафи шахсони мутасаддӣ, ки ҳуқуқи омода намудани экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавиро доранд ва гузаронидани экспертиза иштирок намуданд, тайёр ва ба имзо расонид шуда, аз тарафи роҳбари мақоми экспертизаи давлатӣ бо мӯҳр тасдиқ карда мешавад.

21. Хулосаи экспертизаи давлатӣ иборат аст аз:

- тавсифи кӯтоҳи маълумоти додашудаи шароити сохтмон ва ҳалҳои асосии лоиҳавӣ, инчунин нишондиҳандаҳои техникию иқтисодии лоиҳаи сохтмон;

- эрод ва пешниҳодҳои мушаххас оид ба ҳалҳои лоиҳавии қабулгардида, тағйирот ва иловаҳои дар рафти экспертиза воридгардида ва самараи чашмдошт аз амалӣ кардани онҳо;

- тавсияҳо барои тасдиқ (дар ҳолати набудани эродҳои ҷиддӣ, ки ба тағйири ҳалҳои лоиҳавӣ ва нишондиҳандаҳои асосии техникию иқтисодӣ оварда мерасонанд) ё рад намудани лоиҳа.

22. Ҳуҷҷатҳои лоиҳавие, ки аз экспертизаи давлатӣ хулосаи манфӣ гирифтаанд, набояд аз тарафи фармоишгар ё иморатсоз тасдиқ карда шаванд. Баҳсҳо оид ба хулосаҳои "мувофиқ набудан" (хулосаи манфӣ) аз тарафи иморатсоз ё фармоишгар дар суд баррасӣ карда мешаванд.

23. Дар ҳолати гум кардани хулосаи экспертизаи давлатӣ, аризадиҳанда метавонад нусхаи онро аз мақоми экспертизаи давлатӣ гирад. Нусхаи хулосаи экспертизаи давлатӣ дар мӯҳлати 3 рӯз аз рӯзи муроҷиати хаттӣ бе пардохт ба аризадиҳанда дода мешавад.

6. Гузаронидани экспертизаи давлатии такрорӣ

24. Экспертизаи давлатии такрории ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ дар ҳолати ба лоиҳа ворид кардани тағйирот, инчунин баъд аз бартараф кардани камбудиҳои дар хулосаи манфӣ (мувофиқ набудан) зикргардида гузаронида мешавад.

25. Экспертизаи давлатии такрорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Тартиби мазкур ҳамчун барои лоиҳаи нав пешниҳодгардида гузаронида мешавад.

7. Андозаи пардохт барои гузаронидани экспертизаи давлатӣ

26. Гузаронидани экспертизаи давлатӣ пулакӣ буда, дар асоси шартномаи байни аризадиҳанда ва мақоми экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ амалӣ карда мешавад.

8. Муқаррароти хотимавӣ

27. Баҳсҳои вобаста ба гузаронидани экспертизаи давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои қонунгузорӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ ё бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.

28. Аризадиҳанда ва мақоми экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ дар ҳолати риоя накардани талаботи Тартиби мазкур ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.