Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 1997, № 294
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 1997, № 294 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи назорати давлатӣ ба истифода ва ҳифзи замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар номи қарор калимаҳои "Низомномаи назорати давлатӣ ба истифода ва ҳифзи замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Низомномаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин" иваз карда шаванд;
- банди 1 қарор дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"1. Низомномаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин тасдиқ карда шавад (замима мегардад)".
2. Ба Низомномаи назорати давлатӣ ба истифода ва ҳифзи замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 1997, № 294 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:
- номи Низомнома дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Низомномаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин";
- дар матни Низомнома калимаҳои "Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин", калимаҳои "Вазорати ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист", калимаи "ашхоси" ба калимаи "шахсони" ва калимаҳои "Акт, Акти" мутаносибан ба калимаҳои " протокол, протоколи" иваз карда шаванд;
- дар банди 1.2. калимаҳои "вазорату идораҳо, муассисаҳо, ташкилоту корхонаҳои давлатӣ ва кооперативӣ, ҳамчунин аз тарафи ашхоси мансабдор ва воқеӣ" ба калимаҳои "шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдор" иваз карда шавад;
- банди 1.3. дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"1.3. Назорати давлатии замин аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин, мақомоти он дар маҳалҳо ва мақоми ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ гардонида мешавад.";
- банди 1.4. дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"1.4. Роҳбари мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин Сарнозири давлатии истифода ва ҳифзи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муовинони роҳбар ва сардори Раёсати назорати давлатии замини ҳамин мақоми ваколатдор муовинони Сарнозири давлатии истифода ва ҳифзи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
1.5. Роҳбарони мақомоти заминсозии вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо сарнозирони давлатии истифода ва ҳифзи замин дар маҳалҳо буда, муовинони онҳо муовинони сарнозирони давлатии истифода ва ҳифзи замин дар маҳалҳо ба шумор мераванд.
1.6. Шахсони мансабдор ва мутахассисони мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин ва мақомоти маҳаллии он, ки ба зиммаи онҳо иҷрои назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин вогузор гардидааст, нозирони давлатии истифода ва ҳифзи замин дар маҳалҳо мебошанд.
1.7. Дар паҳлӯҳои нақлиёти хизматии нозирони давлатии замин аз ҳарду тараф нишонаи махсуси "Назорати давлатии замин" (НДЗ) қайд карда мешавад.
1.8. Ба нозирони назорати давлатии замин шаҳодатномаи намунааш муқарраршуда ва либоси махсус дода мешавад.
1.9. Сарнозири давлатии истифода ва ҳифзи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарнозирони давлатии истифода ва ҳифзи замин дар маҳалҳо, мӯҳр ва бланкаи ҳуҷҷатҳои дорои нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худро доранд.";
- дар сархати дуюми банди 2.1. калимаи "тафтиш" ба калимаи "санҷиш" иваз карда шавад;
- дар сархати чоруми ҳамин банд калимаҳои "дар тартиб додану тайёр намудани" ба калимаҳои "таҳия намудани" иваз карда шаванд;
- дарбанди 2.2.:
- дар сархати якум калимаи "амрҳо" ба калимаи "қарорҳо", калимаҳои "ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳо" ба калимаҳои "шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдор", калимаҳои "ҳамчунин ашхоси воқеӣ ва мансабдор" ба калимаҳои ", инчунин қарорҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро оид ба замин;" иваз карда шаванд;
- дар сархати сеюм калимаи "пешгирии" ба калимаҳои "ошкор намудани" иваз карда шавад;
- дар сархати чорум ва тамоми матни Низомнома калимаҳои "ҷудо намудани" ба калимаи "додани" иваз карда шавад;
- дар сархати нӯҳум калимаи "таъсир" ба калимаҳои "таъсири манфӣ" иваз карда шавад;
- дар сархати даҳум калимаҳои "бекормонии замин" ба калимаҳои "аз гардиши кишоварзӣ берунмонии замин" иваз карда шавад;
- дар банди 3.1:
- дар сархати якум калимаи "ашхос" ба калимаи "ҳуқуқвайронкунанда" иваз карда шавад;
- аз сархати панҷум калимаҳои "бастан, манъ кардан" хориҷ карда шаванд;
- дар сархати ҳафтум калимаҳои "кашида гирифтани замин" ба калимаҳои "баргардонида гирифтани қитъаҳои замин" ва дар ҳамин сархат ва сархати охирон калимаҳои "мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (ҳукуматҳо)" ва "мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд;
- дар сархати шонздаҳум калимаҳои "Ашхоси воқеӣ" ба калимаҳои "Шахсони воқеӣ" ва калимаҳои "ашхоси мақомоти" ба калимаҳои "шахсони масъули мақомоти" иваз карда шавад;
- банди 3.3. дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"3.3. Сарнозирони давлатии истифода ва ҳифзи замин дар маҳалҳо ҳисоботҳои ҳармоҳаро то санаи 25-уми ҳар моҳ ҷиҳати назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ба Сарнозири давлатии истифода ва ҳифзи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.";
- бандҳои 4.2. ва 4.3. хориҷ карда шаванд;
- дар банди 4.4. калима ва рақамҳои ", ки дар бандҳои 4.2, 4.3. ҳамин Низомнома зикр шудаанд" хориҷ карда шаванд ва калимаи "қонуншиканиҳое" ба калимаҳои "ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ", калимаҳои "роҳбарияти хадамоти заминсозӣ" ба калимаҳои "роҳбари мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин", калимаҳои "Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қонуншиканиҳои маъмурӣ" ба калимаҳои "Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
- дар банди 4.5. калимаҳои "идораҳои назораткунандаи замини давлатӣ" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин дар Сарраёсати Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шуда, ҷумлаи дуюм хориҷ карда шавад;
- ба банди 4.6. сархати якум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"4.6. Барои муайян намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин, ба заминистифодабаранда даъватнома дода мешавад, ки ҳозир шудани ӯ ба ҷойи даъват ҳатмӣ мебошад (Замимаи 1).". Мутаносибан, сархати якум сархати дуюм ҳисобида шуда, дар он калима ва рақами "Замимаи 1" калима ва рақами "Замимаи 2" ҳисобида шавад. Дар ҳамин сархат ҷумлаи зерин илова карда шавад: "Оид ба натиҷаҳои бартарафсозии ин вайронкориҳо санад тартиб дода мешавад.".
Дар ҳамин банд сархати дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Ҳангоми бартараф накардани вайронкунии қонунгузории замин дар мӯҳлати муқарраршуда, нозири давлатии замин дар бораи қонуншикании замин протокол тартиб медиҳад (Замимаи 3) ва дар бораи оғоз намудани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қарор қабул мекунад (Замимаи 4).’";
- дар банди 4.7. дар қавсайн рақами "3" ба рақами "5" иваз карда шавад;
- дар банди 4.8. рақами "10" ба рақами "20" иваз карда шуда, дар қавсайн рақами "4" ба рақами "6" иваз карда шавад;
- дар сархати дуюми банди 4.9. калимаи "корчаллонҳое" ба калимаи "соҳибкороне" иваз карда шуда, сархати сеюми ҳамин банд хориҷ карда шавад;
- банди 4.10. дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Дар ҳолати давом додани корҳое, ки бар хилофи қонунгузории замин мебошанд, нозири давлатии истифода ва ҳифзи замин бо назардошти ҳамин Низомнома ва дар асоси Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои иловагии маъмуриро тартиб медиҳад.
Дар ҳолати бартараф накардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои андешидани чораҳои дахлдор ирсол карда мешавад (Замимаи 7).".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 марти соли 2014, № 161
ш. Душанбе
+----------------------------------+---------------------------------ҷ
| ДАСТХАТ | ДАЪВАТНОМА |
|_________________________________ | ________________________________|
| (шахси воқеӣ, ҳуқуқӣ, мансабдор) | (шахси воқеӣ, ҳуқуқӣ, мансабдор|
| | |
|_________________________________ | ________________________________|
| (суроға) | (суроға) |
| | |
|Шуморо__________________________ | Шуморо__________________________|
| (сана, моҳ, сол, вақт) | (сана, моҳ, сол, вақт) |
| | |
|_________________________________ | ________________________________|
| (ба суроғаи) | ________________даъват менамоям.|
| | (ба суроғаи) |
|________________________________ | |
|________________даъват менамоям. | |
|Бо худ ҳуҷҷатҳои оид ба__________ | Бо худ ҳуҷҷатҳои оид ба |
|_________________________________ | ________________________________|
|_____________________дошта бошед. | ____________________дошта бошед.|
| | |
|Нусхаро гирифт___________________ | Ҳозир шудани Шумо ба ҷои даъват |
| | хатмӣ мебошад. |
| | |
|___________ ________________ | Мақомоти заминсозии |
| (имзо) (таърихи рӯз) | ___________________ |
| | (Ҷ.Т., вилоят, шаҳр, ноҳия) |
|_________________________________ | __________ ________________ |
| Ҷ.М. | (имзо) (ному насаб) |
|_________________________________ | |
+----------------------------------+---------------------------------+
КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Д А С Т У Р И №_______ нозири давлатии истифода ва ҳифзи замини
___________________________________________________________________
(вилоят, шаҳр, ноҳия)
дар бораи бартараф намудани вайронкунии қонунгузории замин
аз "____"____________ соли 20____
Ман,_______________________________________________________________
(ном, насаб ва номи падари нозири давлатии
___________________________________________________________________
истифода ва ҳифзи замин, вазифа ва ҷои кор)
кори санҷиширо оид ба риоя намудани қонунгузории замин дар_________
___________________________________________________________________
(номгӯи заминистифодабаранда, иҷоракор ва мавзеи ҷойгиршавӣ)
______________________________________________________иҷро намудам.
Дар натиҷа маълум гашт, ки_________________________________________
___________________________________________________________________
(тавсифи вайронкунии қонунгузории замин)
___________________________________________________________________
Вайронкуниҳои мазкур аз тарафи_____________________________________
(ному насаб ва номи падари
___________________________________________________________________
ҳуқуқвайронкунанда, вазифа ва ҷои зист)
Мутобиқи моддаи 55-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси Низомномаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ӯҳдадор менамоям, ки
______________________________________________
(мазмуни дастур ва мӯҳлати иҷрои он)
Дар сурати дар мӯҳлати муқарраргардида иҷро накардани Дастури мазкур тибқи моддаи 100 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбати Шумо чораҳои маъмурӣ андешида мешавад.
Сарнозири давлатии
истифода ва ҳифзи замин
_______________________ ___________ ________________
(шахси мансабдор) (имзо) (ному насаб)
Нусхаи дастурро гирифт ___________ ________________
(имзо) (ному насаб)
КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ПРОТОКОЛ ОИД БА ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ №________
"____"___________соли 20___ вилоят, шаҳр (ноҳия)-и__________________
(маҳалли ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ)
Ман,________________________________________________________________
(ном ва номи падари шахси тартибдиҳандаи протокол)
____________________________________________________________________
____________________________________________________________________
дар иштироки________________________________________________________
____________________________________________________________________
(ному насаб, вазифаи шахс(он)-и иштироккунанда, суроға)
____________________________________________________________________
____________________________________________________________________
протоколи мазкурро тартиб додам.
____________________________________________________________________
Ҳангоми санҷиш аз тарафи мансабдор, шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ (муассиса
ё корхона)__________________________________________________________
____________________________________________________________________
(ному насаб, ҷойи кор ва суроға)
Қонунвайронкуниҳои зерин ошкор карда шуд, ки________________________
____________________________________________________________________
____________________________________________________________________
____________________________________________________________________
____________________________________________________________________
(ҷой, тавсифи ҳуқуқвайронкунӣ)
____________________________________________________________________
Бо ин кирдораш талаботи моддаи________Кодекси ҳуқуқвайронкунии
маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намудааст.
Баёноти шахси ҳуқуқвайронкунанда____________________________________
(фишурдаи баёнот, сабаби саркашӣ кардан аз навиштани баёнот)
Мутобиқи моддаҳои 26 ва 79-и Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мазмуни протоколи мазкур ба ҳуқуқвайронкунанда шинос карда шуда, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ӯ фаҳмонида шуд.
Шахси ваколатдор: ______________ ___________________
(имзо) (ному насаб)
________________ ______________ ___________________
________________ ______________ ___________________
________________ ______________ ___________________
Ҳуқуқвайронкунанда: ______________ ___________________
(имзо) (ному насаб)
Протокол дар___________нусха тартиб дода шудааст.
Имзои шахси ҳуқуқвайронкунанда барои гирифтани нусхаи
Протокол_________________________________________________________
Нусхаи протокол дар ҷойи кори нозири давлатии замин нигоҳ дошта мешавад.
КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
дар бораи оғоз намудани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
"___"____________соли 20___ , №____ вилоят, шаҳр (ноҳия)-и__________
Ман, Сарнозири (муовини сарнозири) назорати давлатии истифода ва ҳифзи замини вилоятӣ, шаҳри (ноҳияи)__________________________________ маводи санҷиширо нисбати _____________________________________________ дида баромада,
МУАЙЯН КАРДАМ:
Дар натиҷаи корҳои назоратӣ доир ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба замин муайян карда шуд, ки______________________
____________________________________________________________________
____________________________________________________________________
____________________________________________________________________
____________________________________________________________________
Бо ин кирдораш ҳуқуқвайронкунии маъмуриро, ки моддаи______Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд ва он ҷавобгарии маъмуриро муқаррар менамояд, содир кардааст.
Дар асоси гуфтаҳои боло ва бо дастрасии моддаҳои 82 ва 100 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР КАРДАМ:
Нисбати_________________________________________________________ _____________________________________________________________________
(ному насаб ва вазифаи шахсони воқеӣ мансабдор ва ҳуқуқӣ, тибқи моддаи _________ Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуквайронкунии маъмурӣ оғоз карда мешавад.
Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои иштирокчиёни мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ фаҳмонида дода шуд.
Ҳуқуқвайронкунанда:_____________________________________________
Дигар иштирокчиён:______________________________________________ ______________________________________________ ______________________________________________
Сарнозири (муовини сарнозири)
давлатии истифода ва ҳифзи замини
вилояти, шаҳри (ноҳияи)
______________________ ____________ ________________
(шахси мансабдор) (имзо) (ному насаб)
Ба Шӯъбаи корҳои дохилии
________________________ (номгӯи ноҳия, шаҳр)
________________________ вилоят, ҷумҳурӣ ________________________
ОИД БА РАСОНИДАНИ ЁРИИ АМАЛӢ
Мутобиқи банди 4.7 Низомномаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз "___"__________соли 20___, №_______ тасдиқ шудааст, ман нозири давлатӣ ба истифода ва ҳифзи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон _____________________________________________________________________ _____________________________________________________________________
(насаб ном, вазифа. ҷои кори нозир) _____________________________________________________________________
Аз Шумо хоҳиш дорам, ки барои дарёфт намудани вайронкунандаи қонунгузории замин дар________________________________________________ _____________________________________________________________________ _____________________________________________________________________ _____________________________________________________________________
(шарҳи мухтасари қонунвайронкунӣ) ба мо кӯмаки амалӣ расонед ва аз натиҷааш____________________________ ________________________________________________________хабар расонед.
Сарнозири давлатии истифода
ва ҳифзи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон
_____________________ ___________ _________________________
(вилоят, ноҳия, шаҳр) (имзо) (насаб, ном ба номи падар)
КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪИН КАРДАНИ ҶАРИМАИ МАЪМУРӢ №_________
"____"____________соли 20____ шаҳр (ноҳия)__________________
Дар асоси дастури №___ аз "___"__________соли 20___ ва протоколи №___
аз "____"__________соли 20___, ки аз тарафи__________________________
_____________________________________________________________________
(ному насаб, вазифа, ҷои кори тартибдиҳандаи карор)
тартиб дода шудааст, маълум гардид, ки_______________________________
(ному насаб, суроғаи мансабдор, шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ)
_____________________________________________________________________
_____________________________________________________________________
(тавсифи қонунвайронкунӣ)
_____________________________________________________________________
__________________________________________________ро вайрон кардааст.
Дар асоси талаботи моддаи____ Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 100 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замини Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
_____________________________________________________________________
ҚАРОР МЕКУНАМ:
_____________________________________________________________________
(ному насаб, вазифаи мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки
_____________________________________________________________________ ба қонунвайронкуниҳо роҳ додааст)
Дар асоси моддаи____ Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷарима ба андозаи________ нишондиҳанда барои ҳисоб, яъне ба маблағи _______________________________________ ситонида шавад. (бо рақам ва ҳарф)
Маблағи мазкурро дар мӯҳлати 30 рӯз пас аз гирифтани ин қарор ба суратҳисоби бонкии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳури тоҷикистон дар Сарраёсати Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
_____________________________________________________________________
_____________________________________________________________________
_____________________________________________________________________
гузаронед ва аз натиҷааш ба мо хабар диҳед.
Аз болои қарори мазкур то муддати 10 рӯз ба суд ва мақомоти ваколатдори давлатии болоӣ шикоят мумкин аст.
Муовини Сарнозири давлатии
истифода ва ҳифзи замин
__________________________ _____________ __________________ (шахси мансабдор) (имзо) (ному насаб)
Қонунвайронкунанда _____________ __________________
нусхаи қарорро гирифт (имзо) (ному насаб)
___________________________ (номгӯи макомоти тафтишотӣ)
__________________________ (ноҳия, шаҳр, вилоят)
Барои ҳалли масъалаи ба ҷавобгарӣ кашидани_______________________
_____________________________________________________________________
(ному насаби ҳуқуқвайронкунанда ё номгӯи заминистифодабарандае, ки
_____________________________________________________________________ қонунгузории заминро вайрон кардааст)
_____________________________________________________________________
парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро аз "____"__________ соли 20____
№______ мефиристонам ва хоҳиш менамоям аз натиҷаи баррасии масъала ба
_____________________________________________________________________
_____________________________________________________________________
(номгӯи мақомоти назорати давлатии замин, ки парвандаро фиристодааст)
_____________________________________________________________________
маълумот ирсол намоед.
Сарнозири давлатии
истифода ва ҳифзи замин
______________________________ _______ _________________________
(ноҳия, шаҳр, вилоят, ҷумҳурӣ) (имзо) (насаб, ном ва номи падар)