Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2014, № 152
тасдиқ шудааст
Низомномаи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2019 № 672, аз 16.01.2021 № 3)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Хадамот) мақоми махсуси ваколатдори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия мебошад, ки оид ба танзими санадҳои меъёрии ҳуқуқии бехатарии саноатӣ ва назорати риояи қонунгузорӣ дар соҳаи истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин, соҳаи кӯҳию техникӣ, назорати омӯзиши геологии қаъри замин, муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ, бехатарии корҳо дар саноати кимиё ва металлургӣ, бехатарии иншооти борбардор, зарфҳои зери фишор коркунанда ва техникаи аттраксионӣ фаъолият менамояд.
2. Роҳбарии фаъолияти Хадамотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
3. Хадамот дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад .
4. Хадамот фаъолияти худро мустақиман ва тавассути мақомоти минтақавии худ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти иҷроияи марказӣ ва маҳаллӣ, инҷунин бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.
2. Ваколатҳо
5. Хадамот ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:
- дар доираи ваколатҳои худ дар таҳияи лоиҳаи қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин дар тайёр намудани пешниҳодот оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд;
- назорати давлатиро дар соҳаи бехатарии саноатӣ, кӯҳию техникӣ, омӯзиши геологии қаъри замин, оид ба риояи меъёрҳо ва қоидаҳо ҳангоми таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, истифодаи қаъри замин бо мақсадҳои ба истихроҷи канданиҳои фоиданок вобастанабуда амалӣ менамояд;
- дар таҳияи барномаҳои давлатии мақсаднок оид ба бехатарии саноатӣ, истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин, муомилоти маводи тарканда иштирок карда, иҷрои онҳоро таъмин менамояд;
- дар доираи ваколатҳои худ дар таҳия ва мувофиқасозии самтҳои аввалиндараҷаи корҳои илмию тадқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва лоиҳавию ҷустуҷӯй дар соҳаи бехатарии саноатӣ, истифода ва ҳифзи қаъри замин, муомилоти маводи тарканда иштирок менамояд;
- доир ба иҷрои чораҳои андешидашавандаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ баҳри пешгирии садамаҳо, ҳодисаҳо ва осебёбӣ дар истеҳсолот, дар иншоотҳои истеҳсолии хатарнок назорат мебарад;
- тартиби гузаронидани тафтишоти техникии сабабҳои сар задани садама, ҳодисаҳои нохуш ва воқеаҳои гумшавии маводи таркандаи таъиноти гражданиро дар иншооти истеҳсолии хатарнок муқаррар мекунад, чораҳои пешгирии онҳоро таҳлил ва таҳия менамояд;
- иншооти дорои хатари кимиёвӣ ва таркишро назорат мекунад;
- феҳристи давлатии иншооти истеҳсолии хатарнок ва кадастри давлатии маводи таркандаро пеш бурда, мувофиқи тартиби муқарраргардида бақайдгирии ин иншоотро ба роҳ мемонад;
- дурустии коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, аз ҷумла гидроминералиро дар бобати бо пуррагӣ гирифтани захираҳо, истеҳсоли маҷмӯии канданиҳои фоиданок, аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии истихроҷкунандаи канданиҳои фоиданок риоя гардидани тартиби муқарраргардидаи ҳисоб ва аз ҳисоб баровардани захираҳои канданиҳои фоиданок назорат мекунад;
- талаботи техникӣ ба бехатарии корҳо ва ҳифзи қаъри замин, нигоҳдории нақбҳои кӯҳии барои истифода бо мақсадҳои гуногун коршоям, ки истифодабарандагони қаъри замин ҳангоми барҳамдиҳӣ ва муваққатан хобондани корхонаҳои оид ба истихроҷи канданиҳои фоиданок бояд иҷро намоянд, инчунин тартиби муваққатан хобондан ва барҳам додани корхонаҳо ва иншооти зикршударо муқаррар менамояд;
- иҷозатномаҳои аз тарафи мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истифодабарии қаъри замин барои истихроҷи канданиҳои фоиданок ва мақсадҳои дигар додашударо бо тартиби муқарраргардида ба қайд мегирад;
- риояи шартҳои иҷозатномадиҳӣ ва талаботи истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин, инчунин омӯзиши қаъри заминро аз ҷониби истифодабарандагони қаъри замин дар доираи ваколатҳояш назорат мекунад;
- ба истифодабарандагони қаъри замин мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, инчунин сохтмон ва истифодабарии иншооти зеризаминии ба истихроҷи канданиҳои фоиданок вобастанабуда, аз ҷумла иншоот барои нигоҳдории зеризаминии нафт, газ, дигар модда ва масолеҳ, гуркунии моддаҳои зараровар ва партовҳои истеҳсолот, обҳои ифлос (ба ғайр аз иншооти таъиноти коммуналию маишӣ), барои ташкил кардани иншооти геологии махсус муҳофизатшаванда ва дигар иншоот, инчунин барои коркарди конҳои канданиҳои фоиданоки маъмул қитъаҳои кӯҳкорӣ медиҳад;
- якҷоя бо вазорату идораҳо, корхона ва ташкилотҳои манфиатдор дар интихоби нақбҳои кӯҳии коркардшуда ва холигиҳои зеризаминии табиӣ барои дар онҳо ҷойгиркунии иншооти гуногун иштирок менамояд;
- саривақтӣ ва дурустии муқаррар кардани сарҳадҳои бехатарона гузаронидани корҳои кӯҳӣ, гузаронидани чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва бартарафкунии таъсири зараровари корҳои кӯҳӣ ба саломатии одамон, муҳити зист, бино ва иншоот, оид ба пешгирии рахнаҳои об дар конҳо, нақбҳо, иншооти кӯҳии коркардашуда ва холигиҳои зеризаминии табиие (якҷоя бо ташкилотҳои манфиатдор), ки барои дар онҳо ҷойгиркунии иншооти гуногун истифода мешаванд, назорат мекунад;
- риояи қоидаҳои гузаронидани корҳои маркшейдерӣ, геологиро ҳангоми коркарди конҳои канданиҳои фоиданок ва истифодаи қаъри замин барои мақсадҳои дигар назорат мекунад;
- назорати давлатии геологиро ҳангоми омӯзиши геологии қаъри замин мегузаронад;
- пешниҳодҳоро ҷиҳати аз ҳисоби корхонаҳои истихроҷи кӯҳкорию истихроҷӣ баровардани захираҳои тавозунии канданиҳои фоиданоке, ки аҳамияти саноатӣ надоранд, ҳангоми истихроҷ талаф шудаанд ё ҳангоми корҳои геологию иктишофӣ тасдиқ нашудаанд, баррасӣ ва мувофиқа мекунад;
- дар ҳолатҳои зарурӣ интихоби қитъаи заминро барои сохтмон дар қитъаҳои ҷойгиршавии канданиҳои фоиданок муайян менамояд;
- нақшаҳои рушди корҳои кӯҳӣ, хулосаҳои техникӣ оид ба бехатарона гузаронидани корҳо, меъёрҳои талафёбӣ ва омехташавии канданиҳои фоиданокро ҳангоми истихроҷ мувофиқа ва иҷроиши онҳоро назорат мекунад;
- меъёрҳои талафёбии канданиҳои фоиданок ё қисматҳои фоидадорӣ дар таркиби онҳо бударо барои гудозиши технологии корхонаҳои коркарди ашёи минералӣ мувофиқа намуда, риояи нақшаҳои технологии коркарди ашёи минералии таъминкунандаи истеҳсоли оқилона ва маҷмӯи қисматҳои фоиданок, баҳисобгирии ашёи минералӣ ва маҳсулоти коркарди онро назорат мекунад;
- мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шустушӯи канданиҳои фоиданокро дар ҳудуди қитьаҳои кӯҳкорӣ, дар конҳои пошхӯрдаи самаранокиашон кам ва конҳои асосии берун аз ҳудуди қитъаҳои кӯҳкории корхонаҳои амалкунанда ба қайд мегирад;
- шартҳои истифодабарии махсуси обро ҳангоми истифодаи захираҳои гидроминералӣ мувофиқа мекунад;
- дар доираи ваколатҳои худ меъёрҳои технологии лоиҳакашии корхонаҳои оид ба истихроҷ коркарди ашёи минералӣ, инчунин иншооти зеризаминии ба истихроҷи канданиҳои фоиданок вобастанабударо тартиб ва муайян менамояд;
- супоришҳоро оид ба лоиҳакашӣ ва лоиҳаҳои интихоби қитъаи замин, сохтмон ва таҷдиди корхонаҳо оид ба коркард ва истихроҷи ашёи минералӣ (дар бобати бехатарии корҳо, ҳифзи қаъри замин, коркарди оқилона ва маҷмӯи канданиҳои фоиданок) мувофиқа мекунад;
- нақшаҳои истифодабарии озмоишии қабатҳои нафту газ ё қисмҳои онҳо, нақшаҳои технологии коркарди конҳои нафту газ, сохтмони иншооти зеризаминии ба омӯзиши қаъри замин ва истихроҷи канданиҳои фоиданок вобастанабударо мувофиқа мекунад;
- ба қоидаҳо, меъёрҳо ва стандартҳо мувофиқат намудани таҷҳизоти истеҳсолоти кимиёвӣ, нафту кимиёвӣ, истихроҷи нафту газ, истеҳсолоти металлургӣ, нигоҳдорӣ ва коркарди ғалла ва дигар таҷҳизоти соҳаи кӯҳиро назорат мекунад;
- риояи талаботи бехатарии саноатиро ҳангоми кашонидани борҳои махсусан хатарнок бо нақлиёти роҳи оҳан ва автомобилӣ назорат мебарад ;
- риояи талаботи бехатарии саноатиро ҳангоми лоиҳакашӣ, истеҳсол, васлкунӣ, таъмир, таҷдид, ташхис, истифодабарии қубурҳои магистраллии нафту газ, таҷҳизоти кимиёвӣ ва металлургӣ, дегҳои буғӣ ва обгармкунӣ, қубурҳои буғгузарон ва зарфҳои зери фишорӣ зиёда аз 0,07 МПа (0,7 кгс ба см2) коркунанда ва қубурҳои оби гарми ҳарорати гармшавиашон зиёда аз 115 дараҷаи Селсия, иншооти борбардор, лифтҳо, аттраксионхо, эскаваторҳо, фуникулерҳо, роҳҳои танобии овехташудаи мусофиркашу боркаш, инчунин муоинаи саривақтии онҳоро назорат мекунад ва ба қайд мегирад;
- назорати давлатиро оид ба бехатарии саноатӣ ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодабарии системаҳои газтаъминкунӣ дар маҳалҳои аҳолинишин, дар иншооти марбут ба интиқол ва истифодаи гази табиию моеъ (пропан-бутан), истифодаи қубурҳои магистралии газӣ ва иншооти онҳоро анҷом медиҳад;
- роҳбарии методии корҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиеро, ки асбобҳои газиро дар биноҳои истиқоматӣ истифода мебаранд, амалӣ намуда, ҳолати техникии таҷҳизоти газии корхонаҳои коммуналию маишӣ ва истифодаи бехатаронаи асбобҳои газистеъмолкунандаро назорат мекунад ва объектҳои назорати газиро ба қайд мегирад;
- ташхиси интихобии лоиҳаҳои истеҳсолот ва иншооти хавфнокиашон баландро оид ба мутобиқати онҳо ба талаботи бехатарии саноатӣ ташкил менамояд;
- дар доираи ваколатҳои худ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, меъёрию теҳникӣ ва методиро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ менамояд;
- риояи тартиби воридот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, содирот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва транзити маводи таркандаро тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад, инчунин гардиши маводи таркандаро дар қаламрави кишвар ба танзим медарорад;
- иҷрои қоидаҳои муқарраршудаи назорати истеҳсолиро оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ дар иншооти истеҳсолии хатарнок назорат мекунад;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намудҳои фаъолият дар соҳаи бехатарии саноатӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмони иншооти зеризаминӣ, оид ба таъмир ва хизматрасонии механизмҳои борбардорӣ (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин фаъолият барои таъмини эҳтиёҷоти шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода мешавад), истифодаи иншооти истеҳсолие, ки хавфи таркидан, сӯхтан ва кимиёвӣ доранд, фаъолият оид ба гузаронидани эксперизаи бехатарии саноатӣ, фаъолият дар соҳаи истеҳсол, нигоҳдорӣ, истифода, паҳн кардан ва интиқол додани маводи таркандаи таъиноти саноатӣ ва гузаронидани корҳои маркшейдерӣ иҷозатнома медиҳад;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" барои истифодаи навъҳои (намудҳои) мушаххаси дастгоҳҳои техникӣ дар иншооти истеҳсолии хатарнок, инчунин барои харидорӣ, интиқол, нигоҳдорӣ ва коркарди маводи таркандаи таъиноти гражданӣ ва гузаронидани кор бо онҳо иҷозат медиҳад;
- тартиби дароз намудани мӯҳлати истифодаи дастгоҳҳои техникӣ, таҷҳизот ва иншооти дар истеҳсолоти хатарнок истифодашавандаро муайян мекунад;
- тартиби барасмиятдарории эъломияи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок ва номгӯи маълумоти ба он дохилшаванда, инчунин тартиби гузаронидани ташхиси эъломияро таҳия ва тасдиқ мекунад ;
- тартиби тайёркунӣ ва санҷиши малакаи дониши (аттестатсияи) роҳбарон, мутахассисон, коргарони ташкилотҳои таҳти назоратро оид ба бехатарии саноатӣ муайян ва назорат мекунад;
- намояндагони худро барои иштирок оид ба истифода додан ва қабул намудани иншооти истеҳсолии хатарнок таъин менамояд, дар кори комиссияҳо барои дар шароити истеҳсолӣ гузаронидани озмоиши маводи тарканда, дасттоҳҳои техникӣ ва таҷҳизоти дар иншооти истеҳсолии хатарнок истифодабаранда иштирок менамояд;
- ба гурӯҳҳои дахлдори иншооти истеҳсолии хатарнок мансуб донистан, гузаронидани иншооти истеҳсолии хатарнок ба гурӯҳҳои муайян, истеҳсоли омехтаҳои моддаҳои тарканда ва дараҷаи минтақаҳои моддаҳои таркандаро назорат мекунад, инчунин гурӯҳҳои конҳоро аз рӯи аломатҳои муқарраршудаи хатарнокӣ муайян менамояд;
- омодагии қисмҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ - кӯҳӣ, газнаҷотдиҳӣ ва зиддифавворавӣ барои бартараф намудани садамаҳои эҳтимолӣ, иншооти истеҳсолии хатарнок, назорат карда, меъёрҳои ташкилдиҳӣ, нишондодҳои омодагӣ ва номгӯи ҷиҳозонидани ин қисмҳоро мувофиқа менамояд;
- дар доираи ваколатҳои худ риоя намудани меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳо ва дастурамалҳои аз ҷониби Хадамот тасдиқшударо оид ба таъмини бехатарии корҳо ва ҳифзи қаъри замин ҳангоми амалисозии созишномаҳо дар бораи тақсими маҳсулот назорат менамояд;
- дар мувофиқа бо мақомоти дахлдор дар асоси шартнома ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар тайёр намудани мавод (ҳуҷҷатҳо) барои гирифтани иҷозат, хулоса, мувофиқасозӣ ва дигар хизматҳо оид ба гузаронидани ташхиси бехатарии саноатӣ, ташхиси лоиҳаҳои истеҳсолот, васлкунӣ, танзим, таъмир ва муоинаи иншооти борбардор, зарфҳои зери фишор коркунанда ва аттраксионҳо, озмоиши таҷҳизот, системаҳои ҳимояи зиддисадамавӣ ва садодиҳӣ, истеҳсолоти хавфи кимиёвӣ, таркидан ва сӯхтан дошта, омӯзиши коргарони (касбҳои асосӣ) ташкилот, корхона ва иншооти зери назоратӣ кӯмаки методӣ ва амалӣ расонад;
- дар доираи ваколатҳояш ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи бехатарии саноатӣ ва дигар масъалаҳои таҳти салоҳиятдошта ба роҳ мемонад, бо тартиби муқарраргардида шартномаҳои байналмилалӣ мебандад ва ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро менамояд;
- хизматрасонии пулакиро оид ба таҳия ва мувофиқаи ҳуҷҷатҳои техникӣ бо мувофиқаи мақомоти ваколатдори давлатии молиявӣ ба роҳ мемонад;
- мувофиқи тартиби муқарраргардида ҳар сол ҳангоми таҳияи буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба маблағгузории фаъолияти Хадамот ба мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи дахлдор ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод менамояд;
- мувофиқи тартиби муқарраргардида барои эҳиёҷоти Хадамот озмунҳо мегузаронад, барои ҷойгиркунии дархостҳо оид ба ворид намудани маҳсулот қарордодҳои давлатӣ мебандад, корҳо ва хизматрасониро барои анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи фаъолияти муқарраргардида мегузаронад.
6. Хадамот дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои онҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият мустақилона санадҳои меъёрии ҳуқуқии зеринро қабул менамояд :
- талабот ба бақайдгирии иншоотҳои истеҳсолии хатарнок дар феҳристи давлатии иншооти истеҳсолии хатарнок, пешбурди ин феҳристҳо;
- номгӯи маълумоте, ки дар эъломияи бехатарии саноати иншооти истеҳсолии хатарнок дарҷ ёфтаанд ва тартиби ба расмият даровардани он;
- тартиби гузаронидани тафтишоти техникии сабабҳои сар задани садама, ҳодисаҳои нохуш ва тафтишоти ҳолатҳои гумшавии маводи таркандаи таъиноти гражданӣ;
- тартиби гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатӣ ва талабот ба тартибдиҳии хулосаи экспертизаи мазкур;
- талабот ба мундариҷаи ҳуҷҷатҳои марбут ба баҳодиҳии таъсири техногении муҳити зист;
- талабот ба бақайдгирии маводи таркандаи таъиноти гражданӣ дар кадастри давлатии маводи таркандаи таъиноти гражданӣ ва пешбарии кадастри мазкур;
- стандартҳо (меъёрҳо, қоидаҳо) оид ба технологияи пешбурди корҳои вобаста ба истифодабарии қаъри замин;
- талабот ба тартиб додани супоришҳои техникӣ бо мақсади омода намудани лоиҳаҳои иншооти истеҳсолии хатарнок ва нақшаҳои рушди корҳои кӯҳӣ;
- стандартҳо, меъёрҳо, қоидаҳои коркард, истеҳсол, озмоиш ва муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ;
- талабот ба тайёрии махсуси шахсоне, ки бо муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ алоқаманданд;
- шаклҳои намунавии ҳуҷҷатҳо оид ба ҳуқуқи иҷро намудани корҳо бо маводи таркандаи таъиноти гражданӣ;
- тартиби додани ҳуҷҷатҳо оид ба ҳуқуқи иҷрои корҳои бо маводи таркандаи таъиноти гражданӣ ;
- тартиби паҳнкунии маводи таркандаи таъиноти гражданӣ;
- қоидаҳои нигоҳдории маводи таркандаи таъиноти гражданӣ;
- қоидаҳои интиқоли маводи таркандаи таъиноти гражданӣ;
- қоидаҳои истифодаи маводи таркандаи таъиноти гражданӣ;
- қоидаҳои гузаронидани фейерверкҳо;
- қоидаҳои бехатарии саноатӣ дар иншооти истеҳсолии хатарнок, соҳаи кӯҳӣ-техникӣ ва истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин ;
- талабот оид ба идентификатсияи иншооти истеҳсолии хатарнок;
- тартиби пешниҳоди маълумот оид ба ҳолати бехатарии саноатӣ дар иншооти истеҳсолии хатарнок;
- тартиб ва мӯҳлати омӯзиши касбии шахсони мансабдор ва коргарони иншооти истеҳсолии хатарнок оид ба бехатарии саноатӣ;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба дигар масъалаҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият, ғайр аз масъалаҳое, ки танзими ҳуқуқии онҳо мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад;
- қоидаҳои соҳавӣ дар бораи тартиби муайян намудани дараҷаи таваккалии иншооти истеҳсолии хатарнок ;
- қоидаҳои умумии бехатарии саноатӣ барои ташкилотҳое, ки дар соҳаи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок фаъолият менамоянд, аз ҷумла оид ба сохт ва истифодабарии бехатари кранҳои борбардор, истифодаи лифтҳо, мошинҳои сохтмонии борбардор, роҳҳои танобии овезони мусофиркаш ва экскалаторҳои ядакӣ, аттраксионҳо, фуникулёрҳо, зарфҳои дар зери фишор коркунанда, дегҳои буғӣ, обгармкунӣ, барқӣ, қубурҳои обгузарон ва оби гарм ;
- қоидаҳои истеҳсолоти кафшергарӣ, тартиби истифодаи технологияи кафшергарӣ ҳангоми сохтан, васл кардан, таъмир ва таҷдиди таҷҳизоти техникӣ барои иншооти истеҳсолии хатарнок ва аттестатсияи кафшергарон ;
- қоидаҳои бехатарии саноатии истеҳсолоти кимиё, кимиёи асосӣ, истеҳсолоти нафту кимиё ва коркарди нафт, истифодаи қубурҳои зери фишори баланд ва миёнаи моддаҳои заҳрноки кимиёвиро коркардкунанда, кашонидани моддаҳои хатарнок, истеҳсолоти равғани растанӣ бо усули фишурдан ва экстраксия, ҳангоми истифодабарии кислота ва ишқорҳои моеи ғайриорганикӣ, нафтанборҳо ва анборҳои маҳсулоти нафтӣ, истеҳсолоти резина, истеҳсол ва истифодабарии маҳсулоти ҷудошавии ҳаво ;
- қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корхонаҳо оид ба нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти ғалла, ҳангоми истеҳсоли гилхок, алюминий, магний, кремнийи кристаллӣ ва истеҳсоли пластика ;
- қоидаҳои техникаи бехатарии иншооти обтозакунӣ ва системаи обтаъминкунӣ ;
- қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми истеҳсоли спирт ва маснуоти арақу ликёр ;
- қоидаҳои бехатарӣ дар хоҷагии газ, истифодабарии шоҳқубурҳои газ, инчунин талаботи бехатарии меҳнат дар нуқтаҳои газпуркунӣ ва стансияҳои газпуркунии гази моеъ ;
- қоидаҳои сохт ва истифодабарии бехатари дастгоҳҳои компрессории бо газҳои дорои хавфи таркидан ва заҳрнок коркунанда, қоидаҳои хизматрасонии бехатари стансияҳои пуркунии гази моеи автомобилӣ, истифодабарии дастгоҳҳои статсионарии компрессорӣ, ҳавогузарҳо ва газгузарҳо, шабакаи газтақсимкунӣ ва газистеъмолкунанда, бехатарии интиқоли газ, бехатарии лифтҳо, таҷҳизоти барои кор дар муҳити хавфи таркидандошта ва зарфҳои зери фишор коркунанда ;
- қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми гузаронидани корҳои иктишофи геологӣ, аз ҷумла ҷустуҷӯ, иктишоф ва баҳодиҳии канданиҳои фоиданок ва корҳои дигари геологӣ ҳангоми пармакунии чоҳҳои иктишофи геологӣ, қоидаҳои ягонаи бехатарӣ оид ба истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин, ҳангоми истихроҷи канданиҳои фоиданоки сахт, ҳангоми коркарди конҳои канданиҳои фоиданок бо тарзи кушод, ҳангоми коркарди конҳои маъдан, ғайримаъдан, пошхӯрда бо тарзи зеризаминӣ, ҳангоми майдакунӣ, бойгардонии канданиҳои фоиданок, ҳангоми истихроҷи конҳои обҳои минералӣ-табобатӣ, гармӣ-энергетикӣ, ҳангоми истихроҷ ва коркарди чашмаҳои намакоб ва конҳои намаксанг, ҳангоми истифодаи партовҳои истеҳсолӣ, ҳангоми истифодаи канданиҳои фоиданоки маъмул, ҳангоми истихроҷ ва коркарди конҳои нафту газ ва конденсати газӣ, ҳангоми ташкил ва истифодабарии анборҳои зеризаминии газ дар қабатҳои ковоки ҷинсҳои кӯҳӣ ;
- дастурамалҳои методӣ оид ба муоинаи ҳолатҳои бехатарии техникӣ ҳангоми истифодабарии таҷҳизоти хунукидиҳӣ бо аммиак, тартиби дароз намудани муҳлати бехатар истифодабарии механизмҳои техникӣ, таҷҳизот дар иншооти истеҳсолии хатарнок ;
- дастурамали соҳавӣ оид ба барҳамдиҳӣ ва муваққатан хобонидани корхонаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок, аз ҷумла чоҳҳои нафту газ, оид ба бурдани мушоҳидаҳо аз болои ҳаракати ҷинсҳои кӯҳӣ, оид ба деформатсияи девораҳо, нишебиҳо, зинаҳо, хоктӯдаҳо дар карйерҳо, тартиби тасдиқи меъёрҳои ҳифзи биною сохтмон ва иншооти табиӣ аз таъсири зараровари корҳои кӯҳӣ, оид ба таҷҳизонидани даромадгоҳ ва сутунҳои чоҳҳои такягоҳӣ, ҷустуҷӯӣ, иктишофӣ, истифодашаванда, оид ба тартиби бақайдгирии қитъаи кӯҳкорӣ, ҳамчунин дастурамалҳои байнисоҳавӣ оид ба тартиби гузаронидани назорат аз рӯи намунабардории кулл ҳангоми истихроҷ, коркарди канданиҳои фоиданоки пошхӯрда ва муайян намудани бадастоварии ҷузъҳои таркибии фоиданоки онҳо дар дастгоҳи заршӯӣ, дар бораи меъёркунӣ, муайян намудани талафёбӣ ва омехташавии маъдан (қумҳо) ҳангоми истихроҷ ;
- низомнома дар бораи гузаронидани пармачоҳҳои нафт, газ, фишорӣ ва назоратӣ ба дигар уфуқҳо, дар бораи тартиби додани иҷозат барои сохтмон дар майдонҳои хобиши канданиҳои фоиданок, дар бораи тартиби аз эътибор соқит намудани захираҳои канданиҳои фоиданок аз ҳисоби корхонаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок, дар бораи тартиби додани конҳои канданиҳои фоиданоки иктишофкардашуда барои коркарди саноатӣ, дар бораи тартиби таҳияи нақшаи технологии коркарди конҳои обҳои минералии табобатӣ, низомномаи муваққатӣ оид ба тартиби додани иҷозат барои озмоиш ва барориши силсилавии таҷҳизоти нави пармакунӣ, коркарди нафт, иктишофи геологӣ ва равандҳои технологӣ, низомномаи намунавии идоравӣ оид ба хадамоти геологӣ, маркшейдерӣ, низомнома дар бораи тартиби пешниҳод намудани қитъаи кӯҳкорӣ барои коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, дар бораи тартиби пешиҳод намудани қитъаи кӯҳкорӣ барои истифодабарии қаъри замин ба истихроҷи кандании фоиданок вобастанабуда ;
- қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми коркарди конҳои ангишт бо тарзи кушод ва зеризаминӣ, бойгардонии ангишт ва брикеткунонии ангишт (варақасангҳо), истифодабарии майдонҳои маъдандор, нақбҳо, конҳои металлҳои ранга, нодир ва қиматбаҳои коркардшаванда, сохтмон ва истифодаи иншооти зеризаминӣ ба истихроҷи канданиҳои фоиданок вобастанабуда, аз ҷумла анборҳои нигоҳдории зеризаминии газ, нафт ва маҳсулоти коркарди онҳо, маводи тарканда ва дигар маводи зараровар, партовҳои истеҳсолот ;
- дастурамал оид ба тартибдиҳии лоиҳаи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, нақшаи рушди корҳои кӯҳӣ, тартибдиҳии лоиҳаи сохтмон ва истифодаи иншооти истеҳсолии хатарнок, аз ҷумла саноати кимиё ва металлургӣ, хоҷагии газ, стансияҳои пуркунии гази моеъ, иншооти борбардор, роҳҳои танобии овезони мусофиркаш, зарфҳои зери фишор коркунанда, эскалаторҳо, аттраксионҳо, фуникулёрҳо, дегҳои буғию обгармкунӣ ва қоидаҳои мувофиқакунонии онҳо
7. Хадамот бо мақсади татбиқи ваколатҳо дар соҳаи фаъолияти муқарраргардида ҳуқуқ дорад:
- назорати давлатиро оид ба масъалаҳои таҳти ихтиёри Хадамот қарордошта амалӣ намояд. Бо ин мақсад шахсони мансабдори Хадамот ҳуқуқи ташрифи бемонеаро ба ташкилоту корхонаҳо ва иншооти зери назорат, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон, аз ҷумла бо тартиби муқарраргардида, реҷавӣ, бо нишон додани шаҳодатномаи хизматӣ доранд;
- аз вазорату идораҳо, ташкилотҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба ҳолати бехатарии саноатӣ, садамаҳо ва осебёбии истеҳсолотӣ, истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин, гузаронидани корҳои иктишофи геологӣ мавод, ҳуҷҷатҳо ва дигар маълумоти ба салоҳияти Хадамот марбутаро талаб намояд;
- мувофиқи тартиби муқарраргардида санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, меъёрии техникӣ ва ҳуҷҷатҳои методиро, ки иҷрои онҳо барои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист, инчунин адабиёти техникӣ ва иттилоотӣ оид ба масъалаҳои марбут ба ваколаташро нашр намояд;
- мувофиқи тартиби муқарраргардида ва тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳоро дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ намояд ва ҷазоҳои маъмурӣ диҳад;
- дар доираи ваколатҳои худ маводро оид ба риоя накардани талаботи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бехатарии саноатӣ дар иншооти истеҳсолии хатарнок ва қаъри замин ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо фиристад;
- дар доираи ваколатҳои худ ба корхонаву ташкилотҳо оид ба зарурати гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатӣ дар иншооти истеҳсолии хатарнок, дар соҳаи истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин гузаронидани экспертизаро таъин намояд ва мувофиқи тартиби муқарраргардида барои гузаронидани чунин экспертизаҳо мутахассисонро ҷалб намояд;
- мувофиқи тартиби муқарраргардида бартараф намудани вайронкунии қоидаҳо, меъёрҳо ва дастурамалҳо ҳангоми омода ва амалӣ намудани лоиҳаҳои истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, гузаронидани корҳои геологию иктишофӣ, истифодаи қаъри замини ба истихроҷи канданиҳои фоиданок вобастанабуда, истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин, таъмини бехатарии корҳо ҳангоми омӯзиши геологии қаъри замин чораҳо андешад, инчунин барои бартараф намудани вайронкунии талаботи бехатарии саноатӣ ва боздоштани корҳои бо вайронкунии ин талабот анҷом додашуда дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондод диҳад;
- мувофиқи тартиби муқарраргардида аз санҷиши дониш оид ба донистани қонунгузорӣ дар соҳаи бехатарии саноатӣ дар иншооти истеҳсолии хатарнок, истифодаи қаъри замин, қоидаҳо, меъёрҳои бехатарии корҳо, дастури технологӣ ва дастурамалҳо санҷиши интихобии мутахассисон, кормандони муҳандисию техникӣ ва коргаронро гузаронад;
- дар санҷиши дониши роҳбарони навтаъиншудаи ташкилоту корхонаҳои зери назорат ҷиҳати донистани қонунгузорӣ оид ба бехатарии саноатӣ, қоидаҳо ва меъёрҳои бехатарии корҳо иштирок намояд;
- аз мутахассисони соҳавӣ барои иҷрои корҳо дар иншооти истеҳсолии хатарнок имтиҳон гирад ва шаҳодатномаҳои дахлдор диҳад;
- ба роҳбарони вазорату идораҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мувофиқи тартиби муқарраргардида нисбати шахсоне, ки қоидаҳою меъёрҳои бехатарона гузаронидани корҳо, истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин, худсарона давом додани кор ва истифода бурдани таҳҷизот ва иншоотеро, ки мақомоти Хадамот онҳоро боздоштааст, тартиби муқарраргардидаи интиқол, нигоҳдорӣ, истифодабарӣ ва баҳисобгирии маводи таркандаро доимӣ вайрон мекунанд, ҳуқуқи роҳбарии корҳои кӯҳӣ, пармакунӣ, таркишӣ, маркшейдерӣ, хавфи газдор ва хавфи кимиёвӣ дошта, инчунин мабут ба истеҳсол, васлкунӣ, таъмир, таҷдид, ташхис ва истифодабарии иншооти борбардор, аттраксионҳо ва зарфҳои зери фишор коркунанда, хоҷагии газ, қубурҳои магистрали нафт, газ, ки бо тартиби муқарраргардида аз омӯзиш ва санҷиши дониши меъёрҳои бехатарӣ нагузаштаанд, ба онҳо муҷозот қабул кардан ва ё аз вазифаҳои ишғолкарда озод намудани онҳо пешниҳод манзур намояд, оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Хадамот ҳисобот ва гузориши намояндагони вазорату идораҳо, инчунин шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро шунида, қарорҳои дахлдор қабул намояд;
- мувофиқи тартиби муқарраргардида тафтишоти техникии ҳолату сабабҳои сар задании садамаҳо, осебёбии истеҳсолотӣ, гумшавии маводи таркандаро гузаронад ва дар асоси натиҷаҳои тафтишот қарорҳои дахлдоре қабул намояд, ки иҷрои онҳо ҳатмӣ мебошад;
- ҳангоми зарурат дар заводҳои истеҳсолкунанда ва корхонаҳои таъмирӣ мутобиқати таҷҳизот ба талаботи қоидаю меъёрҳои бехатарӣ барои соҳаи саноати кӯҳию истиҳроҷ, иншооти борбардории истеҳсолшаванда ва таъмиршаванда, қубурҳои буғӣ ва обҳои минералӣ, термалӣ, лоиҳаҳои табобатӣ ва саноатӣ, аттраксион ва зарфҳои зери фишор коркунанда, қубурҳои нафт ва газро назорат намояд, истеҳсол ва истифодаи таҷҳизоти зикршударо дар ҳолати номутобиқатиашон ба талаботи қоидаҳову меъёрҳои бехатарии саноатӣ ва хулосаҳои тасдиқшудаи лоиҳавӣ боздорад ё манъ кунад;
- мавҷуд будани иҷозатнома ва ё иҷозати дигар ташкилотҳоро барои гузаронидани корҳои зериназоратӣ санҷад;
- ҳуҷҷатҳои дахлдори шахсони мансабдор ва шаҳрвандонро, ки ба онҳо ҳуқуқи роҳбарии техникии корҳо ва иҷрои онҳо медиҳанд, инчунин риояи талаботи махсуси барои қабул ба корҳои хатарнокиашон баланд муқарраршударо санҷад;
- истифодаи худсаронаи қаъри замин ва истифодабарии қитъаҳои ҷойгиршавии канданиҳои фоиданокро барои сохтмон манъ кунад, инчунин партофтани обҳои ифлос ба қаъри замин, гуркунии зеризаминии моддаҳои зараровар ва партовҳои истеҳсолотро дар ҳолати вайронкунии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" маҳдуд кунад ва боздорад;
- фаъолияти мақомоти зертобеи Хадамотро дар вилоятҳо назорат кунад;
- бо тартиби муқарраргардида барои ҳалли масъалаҳои марбут ба фаъолият дигар ташкилотҳо, ташкилотҳои илмӣ, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд;
- чораҳои маҳдудкунанда, огоҳикунанда ва пешгирикунандаи дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо, ки барои роҳ надодан ва пешгирӣ намудани вайронкунии талаботи ҳатмии дар доираи муқарраргардидаи фаъолият аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ равона гардидаанд, истифода барад;
- мақомоти ҳамоҳангсозӣ, машваратӣ ва ташхисӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳо, мушовараҳо), аз ҷумла мақомоти байнисоҳавӣ дар мӯҳлати муқарраргардидаи фаъолият ташкил намояд;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии оид ба масъалаҳои марбут ба ваколатҳои Хадамот, аз ҷумла фармоишҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ оид ба бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок, истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин, гардиши маводи таркандаи таъиноти гражданӣ интишор намояд;
- нишонҳои сарисинагӣ таъсис диҳад ва бо онҳо кормандони Хадамот ва шаҳрвандонро барои муваффақиятҳояшон дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият мукофотонад;
- либоси расмӣ, нишонҳои тафриқа ва нақлиёти автомобилии махсус бо навиштаҷоти тафриқадор дошта бошад.
8. Ҳангоми амалӣ намудани батанзимдарории ҳуқуқӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият Хадамот ҳуқуқ надорад вазифа ва ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашудаанд, муқаррар намояд, инчунин ҳуқуқ надорад амалӣ намудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳуқуқи ташкилотҳои ғайридавлатии тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки имконияти вориди чунин маҳдудкунӣ бо санадҳои мақомоти ваколатдори ҳокимияти иҷроия бевосита бо қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, маҳдуд намояд.
3. Ташкили фаъолият
9. Ба Хадамот Сардор роҳбарӣ мекунад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Сардори Хадамот оид ба иҷрои ваколатҳои ба Хадамот вобасташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.
Сардор дорои муовинон, аз ҷумла як муовини якум мебошад, ки онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
10. Воҳидҳои сохтории Хадамот аз нозироти давлатии самтҳои асосии фаъолияти Хадамот ва нозиротҳои комплексӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо иборат аст. Ҳайати нозирони нозироти комплексии вилоятҳо ба Сардори Хадамот итоат мекунанд.
11. Сардори Хадамот:
- фаъолияти Хадамотро дар асоси яккасардорӣ сарварӣ мекунад ва барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамот вогузоргардида масъулияти шахсӣ дорад;
- вазифаҳои муовинонро муайян мекунад;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Низомномаи Хадамот ва оид ба шумораи ниҳоӣ ва фонди музди меҳнати кормандони дастгоҳи марказии Хадамот ва мақомоти зерсохтори Хадамот таклифҳо пешниҳод мекунад;
- лоиҳаи нақшаи ҳарсола ва нишондиҳандаҳои дурнамоии фаъолияти Хадамот, инчунин ҳисоботи иҷрои онҳоро муайян мекунад;
- низомномаҳои воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Хадамот ва мақомоти зерсохтори Хадамотро тасдиқ менамояд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба хизмати давлатиро дар Хадамот ҳал менамояд;
- бо тартиби муқарраргардида басти вазифаҳои Дастгоҳи марказӣ ва мақомоти дар нақшаи идоракунии Хадамотро тибқи талаботи намунавӣ дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст ва бароварди хароҷот барои нигоҳдории Дастгоҳи марказӣ, мақомоти дар Нақшаи идоракунии Хадамотро дар доираи ҳаҷми маблағгузориҳои муқарраргардидаи буҷети ҷумҳуриявӣ тасдиқ менамояд;
- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиб додани буҷети ҷумҳуриявӣ дар қисми таъмини молиявии фаъолияти Хадамот пешниҳод манзур менамояд;
- дар доираи салоҳияти худ дар муайянсозии номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ иштирок намуда, ҳифзи онро таъмин менамояд;
- бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳии муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Хадамот ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;
- мувофиқи тартиби муқарраргардида кормандони Хадамот ва шахсонеро, ки дар соҳа фаъолият менамоянд, ба додани унвонҳои фахрӣ ва мукофотонидан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- қабули шаҳрвандонро ташкил намуда, баррасии муроҷиати хаттию шифоҳии шаҳрвандонро таъмин менамояд ва дар муддати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои дахлдор қарор қабул мекунад;
- дар доираи ваколатҳои худ ҳифзи маълумоти сирри давлатӣ доштаро таъмин менамояд;
- тайёрии мобилизиатсионии Хадамотро таъмин менамояд;
- тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва баландбардории малакаю дониш ва таҷрибаомӯзии кормандони Хадамотро ташкил менамояд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пур кардан, нигоҳ доштан, ҳисоб бурдан ва истифодабарии ҳуҷҷатҳои бойгоние, ки дар муддати фаъолияти Хадамот ҷамъ шудаанд, кор мебарад;
- дар доираи соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ваколатҳоеро иҷро менамояд, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;
- дар доираи салоҳияти худ шумораи нозирони ғайриштатиро муайян намуда, низомномаи онҳоро тасдиқ ва мувофиқа менамояд.
12. Дар Хадамот дар ҳайати Сардори Хадамот (сардори мушовара), муовинони ӯ, инчунин сардорони нозиротҳои марказӣ ва комплексии вилоятҳо ҳайати мушовара иборат аз 5 нафар таъсис дода мешавад.
Шумораи ҳайати мушовара (ба ғайр аз шахсони аз рӯи вазифа дохилшаванда) бо пешниҳоди Сардори Хадамот аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Ҳайати мушовара дар ҷаласаҳои худ масъалаҳои асосии фаъолияти Хадамотро баррасӣ мекунад.
Қарорҳои ҳайати мушовара дар шакли протоколҳо ва қарорҳо ба расмият дароварда шуда, бо фармоишҳои сардори Хадамот тасдиқ карда мешаванд.
13. Дар Хадамот шӯрои илмию техникӣ оид ба масъалаҳои таҳияи дастурамалҳо ва танзими бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок ҷиҳати пешгирии садамаҳо, осебёбии истеҳсолот ва дигар масъалаҳои таҳти салоҳияти Хадамот таъсис дода мешавад.
Ҳайати шӯрои илмию техникӣ ва низомномаи онро Сардори Хадамот тасдиқ мекунад.
14. Хадамот дар доираи ваколатҳои худ мувофиқи тартиби муқарраргардида фармоишҳо мебарорад, ки иҷрои онҳо барои тамоми кормандони Хадамот ва корхонаю ташкилотҳои марбут ба иншооти истеҳсолии хатарнок, истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин, омӯзиши геологӣ ҳатмӣ мебошад ва назорати иҷрои онҳоро таъмин менамояд.
15. Маблағгузории дастгоҳи марказии Хадамот ва мақомоти дар нақшаи идоракунии он пешбинишуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо, мувофиқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида анҷом дода мешавад.
16. Хадамот шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ, рамз, бланкҳо, муҳр ва штампҳои дахлдор мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.
17. Корхонаю ташкилотҳои зери назорат бояд кормандони Хадамотро ҳангоми гузаронидани таҳқиқоти ҳодисаи нохуш, назоратҳои техникӣ, муоинаҳо ва дигар корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба бехатарии саноатӣ дар иншооти истеҳсолии хатарнок бо шароити корӣ, нақлиёти хизматӣ ва хизматрасонии тиббӣ таъмин намоянд.
18. Маҳалли ҷойгиршавии Хадамот: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи М.Турсунзода-27 мебошад.
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2014, № 152
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Раёсати илмию техникӣ
Бахши кадрҳо ва корҳои махсус
Бахши муҳосибот
Бахши умумӣ
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2014, № 152
тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Нозироти давлатии назорати кӯҳӣ-техникӣ
Нозироти давлатии назорати истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин
Нозироти давлатии назорати муомилоти маводи тарканда
Нозироти давлатии назорати иншооти борбардор, зарфҳои зери фишор коркунанда ва аттраксионҳо
Нозироти давлатии назорати саноати кимиё ва металлургӣ
Нозироти давлатии назорати газ
Нозироти давлатии назорати иншооти истеҳсолии хатарнок
Нозироти давлатии назорати геологӣ
Нозироти комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Нозироти комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар вилояти Суғд
Нозироти комплексии назорати бехатарии саноатӣ дар вилояти Хатлон
Замимаи 4
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2014, № 152
тасдиқ шудааст
Номгӯи шахсони ҳуқуқӣ, иншоот ва корҳо, ки онҳоро мақомотҳои Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунанд
1. Назорат дар соҳаи кӯҳӣ-техникӣ
1. Нозироти давлатии назорати саноати кӯҳӣ-техникӣ фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон, ки бо таъмини бехатарӣ дар давраи лоиҳакашӣ, сохтмон, таъмири асосӣ, мавриди истифодабарӣ қарор додан, таҷдид, барқарорсозӣ, маҳфуз доштан ва барҳам додани иншооти кӯҳӣ алоқаманд аст, назорат мекунад.
2. Нозироти давлатӣ назорати техникиро дар иншооти кӯҳии зерин амалӣ менамояд:
- комбинатҳои маъдантозакунӣ, фабрикаҳои тиллошӯӣ ва дастгоҳҳои дар онҳо истифодашаванда;
- иншооти коркард ва истеҳсоли қуму шағал, гилхок;
- фабрикаҳои майдакунӣ ва ба хелҳо ҷудокунии ҷинсҳои кӯҳӣ;
- иншооти зеризаминӣ ва корҳои кушодаи конҳои канданиҳои фоиданок;
- артелҳои заршӯӣ;
- иншооти истеҳсоли намак ва намакоб;
- экспедитсия, партия ва гурӯҳҳои (отрядҳои) ҷустуҷӯӣ ва иктишофи геологӣ;
- лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифобадарии чоҳҳои нафту газ, дастгоҳҳои тайёркунии комплексии нафту газ, стантсияҳои насосию компрессорӣ, паркҳои маҳзанҳо;
- фабрикаҳои чанги инертӣ;
- корҳои махсуси кӯҳӣ дар давраи лоиҳакашӣ, сохтмон, истифодабарӣ ва барҳамдиҳӣ;
- истифодабарӣ ва таъмири дастгоҳҳои асосии кӯҳӣ-шахтавӣ ва кӯҳӣ-нақлиётӣ, мошину механизмҳо ва таҷҳизоти электронӣ барои истеҳсоли маъдан ва ғайри маъдан;
- роҳҳои оҳани технологӣ ва автомобилӣ, инчунин роҳҳои дигари оҳан ва автомобилии таъиноти истеҳсолӣ дар доираи қитъаи замини корхонаҳои кӯҳӣ;
- нақлиёти технологии дар ташкилотҳо ва иншоот истифодашаванда;
- корҳои геологию иктишофие, ки бо қувваи ташкилотҳои махсусгардонидашудаи геологӣ анҷом дода мешаванд;
- зеристгоҳҳои барқӣ бо хатҳои интиқоли барқи иқтидорашон то 6 ҳазор волт, ки дар ихтиёри ташкилотҳои истихроҷи кӯҳӣ мебошанд;
- маҷмӯи истеҳсолию технологии биноҳо, иншооти рӯизаминии таҳти ихтиёри ташкилотҳои (дар доираи қитъаи кӯҳкорӣ ва геологӣ) қарордошта;
- партовҳои ҷинсҳои кӯҳӣ, анборҳои партовҳо ва шламҳо, анборҳои канданиҳои фоиданок, анборҳо ва иншооти дигар, ки ба гурӯҳи технологии ташкилотҳо дохил мешаванд;
- корҳои таъмирӣ ва васлкунӣ, ки ба таври паймонкорӣ дар иншооти кӯҳӣ иҷро карда мешаванд;
- қисмҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ - кӯҳӣ ва бартарафкунии садамаҳо дар корхонаю ташкилотҳои коркард ва истихроҷи канданиҳои фоиданок;
- нақбҳои коркардшуда ва махсуси кӯҳӣ ва холигиҳои зеризаминии табиӣ, ки барои дар онҳо ҷойгиркунии иншооти илмию тадқиқотӣ ва хоҷагӣ (дар қисми истифодаи бехатарии онҳо), иншооти зеризаминӣ барои ҷойгоҳҳои маводи зараровар истифода мешаванд;
- васлкунӣ, қисм-қисм кардан, таъмир ва хизматрасонии ҳамаи намудҳои системаҳои технологӣ, таҷҳизот ва механизмҳо барои гузаронидани корҳои пармакунӣ;
- истифодабарии иншооти истихроҷи нафт, газ, конденсати газ ва ангишт, муваққатан хобондан ва барҳамдиҳии онҳо, инчунин таъмири чоҳҳо;
- ташкилоту корхонаҳои махсуси васлу танзимкунии таҷҳизоти кӯҳӣ, асбобҳои назоратӣ ва ҳимояи зиддисадамавӣ ва дигар корҳои махсус дар корхонаҳои зикршуда;
- корхонаҳои истеҳсолкунанда ва таъмир, ки таҷҳизот, механизмҳо, асбобу анҷомҳои соҳаи кӯҳиро таъмин мекунанд.
3. Қисмҳои ҳарбикунонидашудаи зидди фаввораҳо, аз газ ва кӯҳӣ наҷотдиҳанда дар бобати тайёр будани онҳо ба бартарафкунии садамаҳо, гузаронидани корҳои пешгирии пайдоиши фаввораҳои кушоди нафту газ ва дигар ҳолатҳои садамавӣ дар объектҳои кӯҳӣ.
4. Нозироти давлатии назорати саноати кӯҳӣ-техникӣ супоришҳои техникӣ барои лоиҳасозӣ, лоиҳаҳо, нақшаҳои рушди корҳои кӯҳӣ, азнавсозии корхонаҳои ба истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок машғулбударо баррасӣ ва мувофиқа менамояд.
5. Нозирот дар гузаронидани тафтишоти сабабҳои садама ва ҳодисаҳои нохуш дар корхонаҳои кӯҳӣ иштирок менамояд ва шахсони дар вайронкунии талаботи бехатарии саноатӣ ҳангоми истифодаи иншооти кӯҳӣ гунаҳгорро ба ҷавобгарии маъмурӣ мекашад.
2. Назорати истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин
6. Нозироти давлатии назорати истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро вобаста ба иҷрои корҳои геологӣ, маркшейдерӣ ва истихроҷи конҳои канданиҳои фоиданок, бо намудҳои зерини корҳо назорат мекунад:
- истихроҷи канданиҳои фоиданоки гидроминералӣ ва истифодаи онҳо барои муолиҷа;
- корҳои маркшейдерӣ ва геологӣ ҳангоми омӯзиши геологӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодабарии иншооти кӯҳкорӣ оид ба истихроҷи канданиҳои фоиданок;
- лоиҳакашӣ, сохтмон, коркарди конҳои нафт, газ, конденсати газ ва ангишт;
- корҳои маркшейдерӣ ва геологӣ ҳангоми коркарди конҳои канданиҳои фоиданок бо мақсадҳои ба истихроҷи канданиҳои фоиданок вобастанабуда, дар нақбҳои кӯҳии махсус кандашуда ва нақбҳои кӯҳии коркардшудаю холиҳои зеризаминии табиӣ.
7. Нозироти давлатии назорати истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:
- назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии ба иҷрои корҳои маркшейдерию геологӣ машғулбуда, таъминоти саривақтии онҳо бо қоидаву меъёрҳои тасдиқшуда, низомномаҳо оид ба намуди фаъолият, дастурамалҳои иҷрои корҳои маркшейдерӣ ва геологӣ;
- назорати таҳияи дурусти ҳуҷҷатҳои маркшейдерию геологӣ ҳангоми муваққатан хобонидани конҳо, чоҳҳо ё иншооти онҳо ё барҳам додани корхонаҳои коркарди канданиҳои фоиданок;
- мувофиқа намудани чорабиниҳо ва дастурамалҳои корхонаҳои барҳам додашаванда ё иншооти муваққатан хобонидашаванда ҷиҳати ба пуррагӣ истихроҷ намудани канданиҳои фоиданоки конҳо;
- таъмини шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии ба иҷрои корҳои маркшейдерию геологӣ машғулбуда бо асбобу таҷҳизоти муосири ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ;
- ҳалли маҷмӯи масъалаҳо ва таҳияи усулҳои навини истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин, коркарди ашёи минералӣ, иҷрои корҳои маркшейдерию геологӣ;
- пешниҳоди хулоса ба супоришҳои техникӣ барои лоиҳасозӣ, лоиҳаҳо, нақшаҳои рушди корҳои кӯҳӣ, азнавсозии корхонаҳои ба истихроҷ ва коркарди ашёи минералӣ машғулбуда, барҳамдиҳӣ ё муваққатан хобонидани онҳо дар қисмати ҳифзи қаъри замин ва маҷмӯи чорабиниҳои ҷудо карда гирифтани компонентҳои фоиданок;
- ҳалли масъалаҳои баҳсталаб дар муассисаю ташкилотҳо ва корхонаҳои саноатии ба истихроҷи канданиҳои фоиданок вобастабуда оид ба иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" ва қонунҳои дигари амалкунанда, пешниҳоди фикру мулоҳизаҳо оид ба амалӣ намудани меъёрҳои ҳуқуқии техникӣ дар соҳаи истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин;
- баррасии ҳисоботҳои ҳаракати захираҳои конҳои канданиҳои фоиданок, меъёрҳои талафёбии канданиҳои фоиданок ҳангоми истихроҷи онҳо аз тарафи корхонаҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, маълумот оид ба омода намудани санади аз эътибор соқит кардани захираҳои тавозунии канданиҳои фоиданок, ки аҳамияти саноатӣ надоранд, истихроҷгардида ё ҳангоми корҳои геологию иктишофӣ тасдиқнашуда;
- иштирок дар интихоби қитъаи замин барои сохтмони иншоот дар қитъаҳои ҷойгиршавии канданиҳои фоиданок ва пешниҳоди хулоса;
- ташхиси маводи аз тарафи корхонаҳо, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ пешниҳодгардида оид ба дастрас намудани қитъаҳои кӯҳкорӣ;
- баррасӣ ва мувофиқаи шартҳои махсуси истифодабарии обҳо ҳангоми истифодаи захираҳои гидроминералӣ;
- тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" додани иҷозатнома барои лоиҳакашии иншооти зеризаминӣ ва гузаронидани корҳои маркшейдерӣ;
- ташхиси ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ, ҳуқуқӣ оид ба бехатарии саноатӣ, истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин ва пешниҳоди хулоса;
- гузаронидани санҷиши малакаи дониши комиссияҳои доимоамалкунандаи корхонаҳо ва кормандони шӯъбаҳои геологию маркшейдерӣ оид ба истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин, инчунин дигар намудҳои фаъолияти вобаста ба истихроҷи канданиҳои фоиданок;
- таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин ҳангоми гузаронидани корҳои маркшейдерӣ ва геологӣ;
- тибқи тартиби муқарраргардида тартиб додани парвандаҳо дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳкор;
- манъ намудани истифодаи худсаронаи қаъри замин ва барои сохтмон истифодабарии қитъаҳои ҷойгиршавии канданиҳои фоиданок, инчунин партофтани обҳои ифлос ба қаъри замин, гӯркунии зеризаминии моддаҳои зараровар ва партовҳои истеҳсолот.
8. Нозироти давлатӣ фаъолияти дигари пешбининамудаи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба таъмини бехатарии саноатӣ анҷом медиҳад.
3. Назорати муомилоти маводи тарканда
9. Нозироти давлатии назорати муомилоти маводи тарканда фаъолияташро ҷиҳати таъмини риояи қонунҳо оид ба муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ, бехатарии саноатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ба роҳ мемонад.
10. Нозироти давлатӣ назорати техникиро оид ба бехатарии саноатӣ дар корхона ва ташкилотҳои зерин амалӣ менамояд:
- шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки фаъолияташон ба истеҳсол, харидорӣ, интиқол, паҳн намудан, нигоҳдорӣ, истифодабарӣ ва баҳисобгирии маводи таркандаи таъиноти гражданӣ равона карда шудааст;
- ташкилотҳои истеҳсолкунанда ва таъмиркунанда, ки таҷҳизот, асбоб, мошинаҳо ва механизмҳои барои истеҳсоли маводи таркандаи оддитарин истифодашавандаро таҳвил менамоянд.
11. Ташкилоту корхонаҳои истеҳсолкунандаи маводи тарканда, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ӯҳдадоранд:
- мувофиқи шакли ҳисоботдиҳии омории давлатӣ оид ба номгӯй ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, шумораи фурӯхташуда ва боқимондаи маводи тарканда ба мақоми ваколатдор ҳисобот пешниҳод намоянд;
- маводи таркандаи харидашуда, фурӯхташаванда ва додашавандаро ба ҳисоб гиранд, инчунин ба муддати даҳ сол нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои баҳисобгириро таъмин намоянд;
- дорои сертификат ва ё дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сертификаткунонии маводи тарканда бошанд;
- риояи шароити нигоҳ доштани маводи таркандаро (сифат ва ҳифз) таъмин намоянд;
- интиқоли маводи таркандаро тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қоидаҳои интиқоли борҳои хатарноки аз тарафи мақоми ваколатдор тасдиқшуда ва бо мувофиқаи идораҳои манфиатдор дар намудҳои нақлиёти махсус анҷом диҳанд;
- маводи таркандаи ба кадастри давлати дохилшударо танҳо ба мақсадҳои дар иҷозатнома нишондодашуда истифода намоянд.
12. Тартиби истифодаи маводи тарканда мувофиқи қоидаҳои дар соҳаи муомилоти маводи тарканда, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст ва ё бо супориши он аз ҷониби мақоми ваколатдор танзим мегардад. Истифодабарии маводи таркандаи таъиноти гражданӣ барои гузаронидани корҳои таркишӣ, ки аз сертификатсия нагузаштааст ва ба кадастри давлатии маводи тарканда дохил карда нашудааст, манъ мебошад. Маводи таркандаи корношоям, ки ҷавобгӯи шарт ва талаботи техникӣ ва стандартҳо намебошад, нобуд карда мешавад.
13. Гузаронидани оташфаввораҳо бояд тибқи тартиби муқарраргардида аз тарафи пиротехникҳои махсус тайёркардашуда ва аттестатсияшуда бо истифодабарии таҷҳизоти бакорандозандаи маҳсулоти пиротехникии сертификатсияшуда ва риояи меъёрҳои бехатарӣ сурат гирад. Паҳн намудани маҳсулоти пиротехникии ба мақсадҳои техникию маишӣ истифодашаванда ва ба кадастри давлатии маводҳои тарканда дохилнашуда аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бе иҷозатнома ё дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаи аз тарафи мақоми ваколатдор додашуда сурат мегирад. Маҳал, вақт ва шартҳои гузаронидани оташфаввораҳо бо мақомоти ваколатдор мувофиқа карда мешавад.
14. Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки маводи таркандаро барои мақсадҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ, озмоишӣ ва монанди инҳо истифода мебаранд, бояд қоидаҳои харидорӣ, нигоҳдорӣ, истифодабарӣ ва баҳисобгирии маводи таркандаро риоя намоянд.
15. Воридот ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, содирот аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва транзити маводи тарканда ба воситаи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
16. Нозироти давлатии назорати муомилоти маводи тарканда фаъолияти дигареро, ки қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ, бехатарии саноатӣ пешбинӣ намудааст, анҷом медиҳад.
4. Назорат дар соҳаи иншооти борбардор, зарфҳои зери фишор коркунанда ва аттраксионҳо
17. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон, ки фаъолияташон ба корҳои лоиҳакашӣ, истеҳсол, васлкунӣ, таҷдид, таъмир, ташхис ва истифодабарии иншооти борбардор, зарфҳои зери фишор коркунанда ва аттраксионҳо равона карда шудааст, меъёрҳои дахлдорро дар соҳаи иншооти борбардор, зарфҳои зери фишор коркунанда ва аттраксионҳо сармашқи кор қарор медиҳанд.
18. Нозироти давлатии назорати иншооти борбардор, зарфҳои зери фишор коркунанда ва аттраксионхо назорати техникии зеринро амалӣ менамояд:
- риояи талаботи бехатарии саноатӣ ҳангоми иҷрои корҳои лоиҳакашӣ, истеҳсол, васлкунӣ, таҷдид, таъмир, ташхис ва истифодабарии кранҳои борбардор, механизмҳои болобардор ва гидроманипуляторҳо;
- корҳои лоиҳакашӣ, истеҳсол, васлкунӣ, таҷдид, таъмир, ташхис ва истифодабарии лифтҳо;
- корҳои лоиҳакашӣ, истеҳсол, васлкунӣ, таҷдид, таъмир, ташхис ва истифодабарии эскалаторҳо ва конвейерҳои мусофирбар;
- корҳои лоиҳакашӣ, истеҳсол, васлкунӣ, таҷдид, таъмир, ташхис ва истифодабарии фуникулерҳо, роҳҳои танобии овехташудаи мусофиркашу боркаш;
- корҳои лоиҳакашӣ, истеҳсол, васлкунӣ, таҷдид, таъмир, ташхис ва истифодабари платформаҳои борбардор барои маъюбон (0,15 м/с);
- корҳои лоиҳакашӣ, истеҳсол, васлкунӣ, истифодабарии дегҳои электрикӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмони дегхонаҳо;
- корҳои лоиҳакашӣ, истеҳсол, васлкунӣ, истифодабарии дегҳои буғӣ ва обгармкунӣ;
- корҳои лоиҳакашӣ, истеҳсол, васлкунӣ, истифодабарии зарфҳои зери фишори зиёда аз 0,07МПа (0,7 кгс/см2) коркунанда;
- корҳои лоиҳакашӣ, истеҳсол, васлкунӣ, истифодабарии қубурҳои оби гарми ҳарорати гармшавиашон зиёда аз 115 дараҷаи Селсия;
- корҳои лоиҳакашӣ, истеҳсол, васлкунӣ, истифодабарии иншооти борбардори сохтмонӣ;
- корҳои лоиҳакашӣ, истеҳсол, васлкунӣ, истифодабарии механизмҳо ва кранҳои қубургузор;
- корҳои лоиҳакашӣ, истеҳсол, васлкунӣ, таҷдид, таъмир, ташхис ва истифодабарии техникаи аттраксионӣ ва ташкилотҳое, ки чунин иншоотро истеҳсол мекунанд;
- олоти борбардор (тартиби сохтан, озмоиш, истифодабарӣ, таъмир, муоинаи асбобҳои борқапӣ, занҷира ва траверсҳо);
- шахсони хизматрасони механизмҳои борбардор (борбандчиён);
- фаъолияти шахсони хизматрасони механизмҳои болобардор (люлка);
- фаъолияти мутахассисон ва коргарони хизматрасоне, ки зарфҳои зери фишор корунандаро назорат мебаранд;
- назорат оид ба бехатарии меҳнат ҳангоми истифодаи механизмҳои борбардори аз фаршҳо идорашаванда;
- назорат дар соҳаи бехатарии саноатӣ ва ҳифзи меҳнат барои тайёр ва аз аттестатсия гузаронидани роҳбарон ва мутахассисони ташкилоту корхонаҳои истифодабарандаи иншооти истеҳсолии хатарнок (коргарони хизматрасон, кафшергарони барқӣ ва газӣ, мошинистони кранҳои борбардор, механизмҳои болобардор, гидроманипуляторҳо, танзимгарони асбобҳои бехатарӣ. электромеханикҳои лифтҳо, лифтёрҳо, челонгарон ва дигар шахсони мутассадӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии механизмҳои борбардор, танзимгарони техникаи аттраксионӣ, челонгарон ва танзимгарони эскалатор, фуникулерҳо, роҳҳои танобии овехташудаи мусофиркашу боркаш, дегҳо ва зарфҳои зери фишор корунанда);
- назорати бартараф намудани ҳодисаи нохуш дар лифтҳои мусофиркаш, эскалаторҳо, фуникулерҳо, роҳҳои танобии овехташудаи мусофиркаш, аттраксионҳо берун аз истеҳсолот.
19. Нозироти давлатӣ тибқи талаботи меъёрҳои ягонаи бехатарӣ оид ба иншооти борбардор, зарфҳои зери фишор коркунанда ва аттраксионҳо дигар корҳоро дар доираи салоҳияташ анҷом медиҳад.
5. Назорати саноати кимиё ва металлургӣ
20. Нозироти давлатии назорати саноати кимиё ва металлургӣ фаъолияти худро дар соҳаи истеҳсолоти кимиёвӣ, нафту кимиёвӣ, хавфи таркишдошта ва зараровар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мемонад, инчунин назорати техникиро дар иншооти истеҳсолии хатарнок амалӣ менамояд.
21. Истеҳсолоти эҳтимолан хатарнок:
- маҳсулоти коркарди нафт ва нафту кимиё;
- нигоҳдорӣ ва интиқоли маҳсулоти нафтӣ;
- саноати резинии техникӣ ва маҳсулоти резини -маишӣ;
- хлор, маҳсулоти хлорӣ-органикӣ ва ғайриорганикӣ, нахҳои кимиёвӣ;
- масолеҳи полимерӣ, пластмассӣ;
- рангҳои синтетикӣ, химикатҳо-иловаҳо ва маҳсулоти дигари синтези маҳини органикӣ;
- маҳсулоти коркарди пахта;
- маҳсулоти қоғазӣ;
- маҳсулоти локу рангӣ;
- истеҳсолоти рангуборкунӣ;
- реактивҳои кимиёвӣ;
- маҳсулоти кимиёвӣ - маишӣ;
- саноати азотӣ ва нуриҳои минералии кимиёвӣ;
- аммиак ва маҳсулоти аммиакдор;
- фреон ва дастгоҳҳои хунукидиҳанда;
- маҳсулоти шишагӣ ва фахфур;
- маҳсулоти кимиёвии асосӣ ва ҳимояи кимиёвӣ;
- маводи доругӣ, витаминҳо, сафедиҳои хӯрокӣ ва дигар маҳсулоти саноати тиббӣ ва микробиологӣ;
- саноати равғану чарбу, равғанҳои эфирӣ, моддаҳои хушбӯи синтетикӣ ва кимиёвӣ;
- чармҳо ва масолеҳи маснуоти парда;
- маҳсулоти ҷудокунии ҳаво, гидроген ва оксиген бо усули электролизи об;
- маҳсулоти дигари органикӣ ва ғайриорганикӣ ва пайвастаҳои онҳо.
22. Истеҳсолоти зикршуда дар ҳолати зайл бояд мавриди назорати комплексӣ қарор гирад:
- иншооти технологӣ (блокҳо, марҳалаҳо), анборҳо, истгоҳҳои пуркунию рехтан, системаҳои нақлиётии газҳои моеи даргиранда, моеъҳои зуддаргиранда ва моеъҳои даргиранда, ки дар онҳо имконияти хориҷшавии газҳои (буғҳои) сӯзанда вуҷуд дорад;
- иншооти (блокҳо, марҳилаҳои) технологии чангофар, системаҳои нақлиётии маҳсулоти сахти парокандашаванда, ки дар ҳолати садама метавонанд омехтаҳои чангу ҳавои дар дастгоҳ, биноҳои истеҳсолӣ ва майдонҳои кушод хавфи таркишро ба миён оваранд;
- истеҳсолот ва иншооти (блокҳо, марҳилаҳои) технологии ҷудогонае, ки ба ҳосил кардан ё коркарди маҳсулоти фазаҳои моеъ ё сахт вобаста буда, хосияти таркиданро доранд, инчунин худ ба худ вайрон шуда метавонанд;
- истеҳсолот, иншооти ҷудогонаи технологии (блокҳо, марҳилаҳои) истеҳсол ва коркарди моддаҳои зараровар, ки дар вақти саршавии садама метавонанд боиси осеб дидани одамон гарданд;
- анборҳо ва маҳзанҳои хлори моеъ (аз ҷумла ҷойгоҳҳои рехтану андохтани хлор дар иншооти тозакунӣ ва дар системаҳои обтайёркунӣ дар шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дорои аҳамияти вилоятӣ), фосген, кислотаҳои синилӣ ва нитраклирӣ, дигар моддаҳои хавфнокиашон баланд, ки дар наздикии объектҳои таъиноти маъмурии ёрирасон, манзилӣ-шаҳрвандӣ ва дигар объектҳо, ки дар онҳо миқдори бисёри одамон доимӣ ҳузур доранд;
- дастгоҳҳои умумизаводии партовтозакунӣ ва сӯзондани партовҳои газмонанд;
- истгоҳҳои насосӣ, компрессорӣ ва хунуккунандаи наздисехӣ ва ҷудо ҷойгиршуда;
- анборҳои ашёи хом, нимтайёр ва маҳсулоти тайёр;
- системаҳои иншооти тозакунӣ, канализатсияи саноатӣ, обтаъминкунии гардишӣ;
- қубурҳои технологӣ ва иншооти дигари таркиби объектҳои технологӣ ва дар тавозуни корхонаҳо қарордошта;
- зарфҳои таҷҳизоти технологии зери фишор коркунанда, контейнерҳо, балонҳо, зарфҳои маводи хатарноки кимиёвӣ;
- корхонаҳо, иншоот, сехҳо, қитъаҳои истеҳсоли гилхок (гудозиш ва калтсинатсия дар заводҳои алюминий), алюминий (аз ҷумла электролизи алюминий, флотатсия ва регенератсияи криолит, софкунии барқӣ ва хлоркунии алюминий, рехтагарӣ), сурма, симоб, металлҳои сиёҳ, хокаҳои металлии алюминий ва дигар металлҳои ранга;
- системаҳо ва дастгоҳҳои газтозакунӣ, чангдоракҳои аспиратсионӣ ва шамолдиҳӣ дар ҳамаи истеҳсолоти дар боло зикршуда;
- ҷузъу томҳои хадамоти азгазнаҷотдиҳӣ, дастаҳои ихтиёрии азгазнаҷотдиҳӣ;
- истеҳсолоти хӯрокаи омехта, орд, сабӯс, кунҷора, равғанҳо, сумалаки ҷав, биною иншоот ва таҷҳизоте, ки бо онҳо вобастагии технологӣ доранд;
- ҷараёнӣ қабул, коркард ва нигоҳдории ғалладона дар элеваторҳо ва биноҳо, иншоот ва таҷҳизоте, ки бо ин ҷараён вобастагии технологӣ доранд;
- нақлиёти роҳи оҳан дар бобати риоякунии қоидаҳои кашондани моддаҳои заҳрнок, маҳсулоти дорои хавфи таркишу сӯхтан;
- бақайдгирии эъломияи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок.
23. Нозироти давлатии назорати саноати кимиё ва металлургӣ дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар корҳоро барои таъмини бехатарии саноатӣ иҷро мекунад.
6. Назорати газ
24. Нозироти давлатии назорати газ фаъолияташро ҷиҳати риояи қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда оид ба бехатарии саноатӣ дар иншооти истеҳсолии хатарнок ба роҳ мемонад, аз ҷумла инҳоро назорат мекунад:
- фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ оид ба лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодабарии шабакаҳои зеризаминӣ ва рӯизаминии газ ва иншооти газӣ, нуқтаҳо ва дастгоҳҳои газтақсимкунӣ, нуқтаҳои газпуркунӣ ва истгоҳҳои газпуркунии автомобилӣ, дастгоҳҳои газии гурӯҳии зарфӣ ва дастгоҳҳои баллонии гази моеъ, газгузаронакҳо ва таҷҳизоти гази корхона, ҷамъият ва ташкилотхои саноатӣ, аграрӣ, коммуналӣ, ки аз газгузаронакҳои магистралӣ, шаҳрӣ ва дастгоҳҳои гази моеъ (пропан, бутан) газ мегиранд, ба ғайр аз дастгоҳҳои газистифодабарии сайёр, агрегатҳо ва таҷҳизоти гази биноҳои истиқоматӣ ва иншооти коммуналӣ - маишӣ, ки дар онҳо танҳо асбобҳои газӣ-маишӣ васл карда шудаанд;
- қубурҳои газгузаронии магистралӣ, қубурҳои гази шаҳрҳо, ҷамоатҳо, деҳаҳои аҳолинишин ва иншооти онҳо, истгоҳҳои газтақсимкунӣ;
- зарфҳои зери фишор коркунанда, ки барои нигоҳдорӣ ва кашондани гази табиӣ ва моеъ таъин шудаанд;
- корхонаҳо, ташкилотҳои махсуси васлкунӣ, озмоиш, ташхис, танзими таҷҳизоти газӣ, санҷиши техникии баллонҳои газӣ, дастгоҳҳои газистифодабаранда ва дигар корхонаҳое, ки газ истифода мебаранд.
25. Нозироти давлатии назорати газ:
- кашонидани гази моеъро дар қаламрави ҷумҳурӣ, ки тавассути нақлиёти роҳи оҳан ва автомобилӣ ворид мешавад, назорат мекунад;
- дар қабул ва ба истифода додани қубурҳои газгузари фишорашон гуногун ва иншооти онҳо иштирок менамояд;
- барои пайваст намудани таҷҳизоти газӣ дар нақлиёти автомобилӣ иҷозат медиҳад;
- эъломияҳои бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнокро дар соҳаи истифодаи газ ба қайд мегирад;
- ба ташкилотҳои истифодабарандаи иншооти соҳаи газ ҷиҳати рафъи вайронкуниҳои ошкоршудаи талаботи бехатарии саноатӣ нишондодҳо медиҳад;
- дар доираи ваколатҳои худ оид ба бехатарии саноатӣ, аз ҷумла зарурати гузаронидани ташхиси бехатарии саноатии иншооти хатарнок дар соҳаи истифодаи газ нишондодҳо медиҳад;
- таҳияи қоидаҳои бехатарии саноатӣ дар соҳаи газро ба танзим медарорад;
- дар гузаронидани тафтишоти сабабҳои садама ва ҳодисаҳои нохуш дар корхона ва иншооти газистифодабаранда иштирок менамояд;
- шахсони дар вайронкунии талаботи бехатарии саноатӣ ҳангоми истифода дар соҳаи газ гунаҳгорро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ мекашад, инчунин барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони зикршуда ҳуҷҷатҳоро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мефиристад.
26. Нозироти давлатӣ фаъолияти дигареро, ки қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини бехатарии саноатӣ пешбинӣ намудааст, анҷом медиҳад.
7. Назорат дар соҳаи омузиши геологии қаъри замин
27. Фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки ба лоиҳакашӣ, гузаронидани корҳои минтақавӣ, аксбардории геологӣ, кофтуковӣ, иктишофӣ ва дигар корҳои омӯзиши геологии қаъри замин машғуланд, аз ҷониби кормандони Нозироти давлатии назорати геологӣ назорат бурда мешаванд.
28. Нозироти давлатӣ инчунин корҳои зеринро иҷро менамояд:
- вазорату идораҳо, корхонаҳо ва дигар истифодабарандагони қаъри заминро, новобаста аз шакли моликияташон, ки ба омӯзиши геологӣ машғуланд, назорат мекунад;
- корҳои геофизикии саҳроӣ ва тадқиқоти истихроҷии геофизикии чоҳҳо (бо корҳои паррондан ва таркишӣ) дар конҳои нафт, газ, конденсати газ, ангишт, нақбҳои кӯҳии зеризаминӣ ва кушода;
- корҳои ёрирасоние, ки бевосита дар объектҳои пармакунӣ, истихроҷи нафту газ, ангишт, хатҳои геофизикӣ гузаронида мешаванд.
- риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ", қоидаҳо, меъёрҳо, стандартҳо ва иҷрои шартҳои иҷозатномаро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад;
- тартиб додани лоиҳаҳои корҳои ҷустуҷӯӣ ва иктишофи геологиро марҳила ба марҳила (ҷустуҷӯӣ ва иктишофӣ), инчунин иҷроиши пурраи ҳар як лоиҳаро назорат мекунад;
- назорати ташкили дурусти корҳои иктишофии ва сари вақт пешниҳод намудани ҳисоботҳои корҳои геологӣ ва истифодаи дурусти захираҳоро таъмин менамояд;
- иҷозатномаҳои омӯзиши геологиро дар Феҳристи ягонаи давлатӣ ба қайд мегирад;
- шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро, ки ба лоиҳакашӣ, гузаронидани корҳои минтақавии ҷустуҷӯӣ, аксбардорӣ, ҷустуҷӯӣ баҳодиҳӣ, ҷустуҷӯи дақиқ, иктишофи баҳодиҳии дақиқ ва иктишофи давраи истихроҷ дар ҳудуди қитъаи геологӣ барои омӯзиши геологии канданиҳои фоиданоки сахт, нафту газ, обҳои зеризаминӣ, чашмаҳои шифобахш, лоиҳои табобатӣ, обҳои минералӣ, гармчашмаҳо ва дигар корҳои геологии ба канданиҳои фоиданок мансубиятнадошта машғуланд, назорат мекунад;
- дар корхонаҳои бо омӯзиши геологӣ машғулбуда, новобаста аз намуди канданиҳои фоиданок, ҷараёни сохтмони иншооти зеризаминӣ, нақбҳо ва корҳои сохтмониро назорат мебарад;
- дар кори комиссияи давлатии захираҳо дар вақти баррасии ҳисоботҳо дар бораи конҳое, ки аз марҳилаҳои омӯзиши геологӣ гузаштаанд, иштирок менамояд;
- нигоҳ доштани нақбҳои иктишофи кӯҳӣ, чоҳҳои пармакунӣ, ҳуҷҷатҳои геологӣ, маҳакгирии химиявии геологии ҷинсҳои кӯҳӣ, намунаҳои кернӣ, моддаҳои такроран таҳқиқшавандаи канданиҳои фоиданоке, ки дар оянда барои омӯзиши геологӣ лозиманд ва корҳоеро, ки ба истихроҷи конҳои фоиданок мансубият надоранд, назорат мебарад.
8. Назорати иншооти истеҳсолии хатарнок
29. Нозироти давлатии назорати иншооти истеҳсолии хатарнок:
- иншооти истеҳсолии хатарнокро тибқи тартиби муқарраргардида дар Феҳристи давлатии иншооти истеҳсолии хатарнок ба қайд мегирад;
- иншооти истеҳсолии хатарнокро назорат мекунад;
- дар доираи ваколатҳои худ оид ба бехатарии саноатии биноҳо ва иншооти хатарнок нишондодҳо медиҳад;
- ба ташкилотҳои истифодабарандаи иншооти истеҳсоли хатарнок оид ба қатъи корҳое, ки бо вайронкунии қоидаю меъёрҳои бехатарии саноатӣ пеш бурда мешаванд, нишондодҳо медиҳад.
30. Нозироти давлатӣ фаъолияти дигареро, ки қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини бехатарии саноатӣ пешбинӣ намудааст, анҷом медиҳад.
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2014, № 152
тасдиқ шудааст
Низомномаи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2019 № 672)

Бахши илмию техникӣ