Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.01.2021 № 3)
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
2. Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 52 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ бо теъдоди 16 воҳид муқаррар карда шавад
3. Ба Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки ду муовини Сардор, аз ҷумла як муовини аввал ва ҳайати мушовара иборат аз 5 нафар дошта бошад.
4. Ба Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ бе назардошти автомашинаҳои махсус 6 адад, аз ҷумла 2 адад барои дастгоҳи марказӣ муқаррар карда шавад.
5. Маблағгузории Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 39 воҳид аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва 13 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махсуси Хадамот анҷом дода шавад
6. Номгӯи шахсони ҳуқуқӣ, иншоот ва корҳо, ки онҳоро мақомотхои Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунанд, тасдиқ карда шавад (замимаи 4).
7. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор барои ба Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва нозиротҳои комллексии бехатарии саноатӣ дар шаҳрҳои Хоруғ ва Бохтар ҷудо намудани биноҳои маъмурӣ чораҷӯӣ намоянд
8. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 618 "Дар бораи Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 марти соли 2014, № 152
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
2. Шумораи ниҳоии кормандони Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 48 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ бо теъдоди 12 воҳид муқаррар карда шавад.
3. Ба Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки ду муовини Сардор, аз ҷумла як муовини аввал ва ҳайати мушовара иборат аз 5 нафар дошта бошад.
4. Ба Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ бе назардошти автомашинаҳои махсус 6 адад, аз ҷумла 2 адад барои дастгоҳи марказӣ муқаррар карда шавад.
5. Маблағгузории Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 39 воҳид аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва 9 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махсуси Хадамот анҷом дода шавад.
6. Номгӯи шахсони ҳуқуқӣ, иншоот ва корҳо, ки онҳоро мақомотхои Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунанд, тасдиқ карда шавад (замимаи 4).
7. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор барои ба Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва нозиротҳои комллексии бехатарии саноатӣ дар шаҳрҳои Хоруғ ва Қӯрғонтеппа ҷудо намудани биноҳои маъмурӣ чораҷӯӣ намоянд.