Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2014, № 150
тасдиқ шудааст
Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.04.2016 № 155, аз 29.06.2017 № 327, аз 27.03.2023 № 122)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) мақоми марказии иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фаъолиятро ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатӣ, танзими меъёрии ҳуқуқӣ, хизматрасонии давлатӣ ва назорати давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмонӣ анҷом медиҳад.
2. Кумита дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад ().
3. Кумита фаъолияти худро мустақиман ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ амалӣ менамояд.
2. Ваколатҳо
4. Кумита ваколатҳои зерин дорад:
- таҳия, тасдиқ ва пешниҳоди санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои марбут ба соҳаи фаъолияти Кумита;
- таъмин ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти шаҳрсозӣ ва амалӣ намудани идоракунии давлатии фаъолияти шаҳрсозӣ;
- амалӣ намудани назорат дар соҳаи шаҳрсозӣ;
- таҳия, тасдиқ ва ҷорӣ намудани меъёрҳои давлатӣ дар соҳаи фаъолияти меъморӣ ва шаҳрсозӣ (ба истиснои стандартҳои байнидавлатӣ ва давлатӣ дар сохтмон), назорати истифодаи онҳо;
- ташкили таҳияи нақшаи генералии ҷойгиркунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи банақшагирии ҳудудҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, ҳуҷҷатҳои лоиҳавии иншооти махсуси дорои аҳамияти умумидавлатӣ, инчунин ташкили гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ;
- рушди соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, такмил додани симои меъморию бадеӣ ва банақшагирии меъмории ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин;
- рушди истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, ҳамоҳангсозии корҳои илмию техникӣ дар соҳаи мазкур, истифодаи дастовардҳои илмӣ ва таҷрибаи муосир дар корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ;
- ташкил ва такмили фаъолияти ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва илмию тадқиқотӣ, баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати кори онҳо;
- назорати риояи муқаррароти низоми давлатии шаҳрсозӣ, меъёр ва қоидаҳои сохтмонӣ дар лоиҳакашӣ, назорати сифати корҳои сохтмони бинову иншоот;
- таҳқиқ ва тасдиқи меъёрҳои ҳарҷномавии тавсиявӣ, стандартҳо ва меъёрҳои ҷумҳурияви сохтмонӣ дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонӣ, конструксияҳо, таҷҳизоти муҳандисӣ;
- таҳия ва тасдиқи лоиҳаҳои озмоишии биноҳои истиқоматию ҷамъиятӣ, мавод ва масолеҳ ва конструксияҳои сохтмонӣ;
- мустаҳкам намудани раванди ҳамгироӣ дар фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ;
- таҳияи барномаҳо оид ба рушди сохтмони иншооти манзили дастрас;
- такмили сатҳу сифати лоиҳаҳои меъморӣ ва маҷмааи онҳо;
- таҳияи барномаҳои минтақавӣ, ки ба таъмини бехатарии сохтмон дар минтақаҳои хатарноки имконпазир ва ҳифзи аҳолӣ аз таъсири хатарҳои табиӣ нигаронида шудаанд;
- ташкил, таҳия ва пешбурди кадастр ва мониторинги давлатии шаҳрсозӣ;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани фаъолияти иҷозатномадиҳӣ ва иҷозатдиҳӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;
- танзим ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар доираи салоҳияти худ ва роҳбарӣ ба фаъолияти онҳо дар қисми таъминоти илмию методӣ;
- таҳлили иқтисодӣ ва тасдиқи нишондиҳандаҳои иқтисодии фаъолияти ташкилотҳои системаи Кумита;
- дар барномаҳои давлатӣ, консепсия ва лоиҳаҳои шаҳрсозӣ ҷорӣ намудани технологияҳои нав, дар асоси тадқиқотҳои илмию озмоишӣ;
- дар доираи салоҳияти худ ташкил ва ҳамоҳангсозии иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои шаҳрсозӣ ва намояндагии манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ;
- таъминоти барномавӣ ва илмию методӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ, ташкили нашри адабиёти илмӣ, таълимӣ ва илмию оммавӣ дар бораи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ;
- таъсиси низоми ягонаи давлатии иттилоотӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ;
- таҳлили ҳамасолаи фаъолияти ташкилотҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ дар асоси маълумоти оморӣ;
- иҷрои ваколати фармоишгари давлатии барнома ва лоиҳаҳои илмию техникӣ ва инноватсионӣ дар соҳаи фаъолияти меъморӣ ва шаҳрсозӣ;
- пешбурди феҳристи ташкилотҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашие, ки дорои иҷозатномаи фаъолияти шаҳрсозӣ мебошанд;
- баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва қабули қарорҳо дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъмини ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ;
- ташкил ва баргузории чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар соҳаи шаҳрсозӣ;
- таъмини омодагии сафарбарии Кумита, назорат ва ҳамоҳангсозии сохторҳои тобеъ оид ба омодагӣ ва сафарбарӣ;
- ташкили омодагии касбӣ, бозомӯзӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш ва таҷрибаомӯзии кормандон;
- тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои давлатии кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, дигар ташкилотҳои хориҷӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;
- ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ;
- ташкили конференсияҳо, семинарҳо, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳо дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ;
- ҷамъбасти татбиқи амалӣ ва иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шаҳрсозӣ;
- анҷом додани дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
3. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳо
5. Кумита дар доираи ваколатҳои худ ҳуқуқ дорад:
- мувофиқи тартиби муқарраргардида аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигар ҳуҷҷату маводи барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Кумита вогузоргардида заруриро талаб намояд;
- бо тартиби муқарраргардида Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ намояндагӣ намояд;
- мақомоти ҳамоҳангсоз, машваратӣ ва экспертӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳо, мушовараҳо), аз ҷумла байнисоҳавӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ташкил намояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар воситаҳои ахбори омма нашри санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, эълонҳои расмӣ, ҷойгиркунонии маводи дигарро оид ба масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолияти Кумита таъмин намояд;
- бо корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита шартномаҳои дуҷониба баста, ҳисоботи роҳбарони ин корхонаю ташкилотҳоро дар бораи ҷараёни иҷрои шартномаҳо ва нақшаи кори солонаи тасдиқшуда мунтазам дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумита баррасӣ намояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳии ташкилотҳои системаи Кумита ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намояд;
- бо тартиби муқарраргардида доир ба масъалаҳое, ки ба фаъолияти шаҳрсозӣ тааллуқ доранд, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тавзеҳот диҳад;
- барои ҳалли масъалаҳои соҳавӣ ташкилотҳои илмӣ, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд;
- бо тартиби муқарраргардида мукофотҳои соҳавӣ таъсис дода, кормандони соҳаро барои хизматҳои шоиста ва дастовардҳои назаррас дар соҳаи фаъолият сарфароз гардонад;
- бо тартиби муқарраргардида барои ҳалли масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият дар вазорату идораҳо, кумита ва ассосиатсияҳо, ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ, лоиҳакашию сохтмонӣ ва ташкилотҳои дигар маълумот ва ҳисоботҳоро оид ба иҷрои сифати корҳои сохтмону васлкунӣ, истеҳсоли маводу маснуоти сохтмонӣ, инчунин самаранок истифода бурдани техника ва технологияи сохтмонӣ шунида, аз натиҷаи он чораандешӣ намояд;
- бо тартиби муқарраргардида ба объектҳои сохтмон, корхонаҳои истеҳсолкунандаи масолеҳи бинокорӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, бе монеа ворид шавад;
- мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор ва воҳидҳои онҳоро барои иштирок дар санҷиши сифати корҳои сохтмону васлкунӣ, конструксияҳо ва маснуоту масолеҳ, гузаронидани тадқиқоту озмоишҳо ҷалб намояд;
- дар ҳолатҳои зарурӣ аз фармоишгарон, ташкилоту корхонаҳои сохтмону васлкунӣ, саноати сохтмон ва масолеҳи бинокорӣ доир ба ҳаҷму навъҳои маҳсулоти истеҳсолшуда маълумот гирад;
- бо мақсади иҷрои вазифаҳои ба зиммааш вогузоргардида ҳуқуқҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.
5(1) Кумита дар доираи ваколатҳои худ уҳдадор аст:
- барои бартараф намудани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории шаҳрсозӣ амрнома диҳад, ки иҷрои он ҳатмӣ мебошад;
- ҳангоми ошкор намудани ҳолати бе иҷозат оғоз намудани корҳои сохтмонӣ ва бе ҳуҷҷатҳои дигари иҷозатдиҳанда оғоз кардани сохтмони бино ё иншоот, бо тартиби муқарраргардида барои боздоштани фаъолияти ташкилот ба суд муроҷиат намояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарон ва шахсони дигари мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дигарро, ки ба риоя накардани қонунгузории шаҳрсозӣ роҳ додаанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашад;
- аз фармоишгарон, ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва бинокорӣ ҳуҷҷатҳои марбут ба иҷрои корҳои сохтмону васлкунӣ, истеҳсоли маҳсулоту конструксияҳои бинокорӣ, аз ҷумла натиҷаҳои санҷишҳои озмоишӣ, ҳуҷҷатҳои иҷроияи тасдиқкунандаи сифати маҳсулоти истеҳсолшуда ва сертификатҳоро талаб намояд;
- ба мақомоти омор дар бораи риоя накардани тартиби ба истифода қабул намудани объектҳои сохтмонашон баитмомрасида, инчунин аз ҷониби корхонаҳо истеҳсол гардидани маҳсулоте, ки ба стандарту сертификатҳо ва талаботи техникӣ ҷавобгӯй нест, барои аз ҳисоботи давлатӣ хориҷ кардани онҳо маълумот пешниҳод намояд ().
4. Ташкили фаъолият
6. Ба Кумита Раис роҳбарӣ менамояд, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Раиси Кумита ҳамзамон Сарнозири давлатӣ оид ба меъморӣ ва сохтмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
7. Раиси Кумита барои иҷрои ваколатҳои ба зиммаи Кумита гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.
8. Раиси Кумита ваколатҳои зерин дорад:
- роҳбарии умумии фаъолияти Кумитаро анҷом медиҳад;
- тибқи қонунгузорӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул мекунад;
- фармоишҳо мебарорад, ки иҷрои онҳо аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии Кумита, инчунин корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи он ҳатмӣ мебошанд;
- байни муовинони худ вазифаҳоро тақсим мекунад;
- низомномаи воҳидҳои сохтории Кумита, инчунин тибқи тартиби муқарраргардида низомнома ва оинномаҳои корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумитаро тасдиқ ва мувофиқа мекунад;
- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарон, муовинони роҳбарон, сармеъморон, сармуҳандисон ва сармуҳосибони корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита, роҳбарони мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳоро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд ва бо ин роҳбарон шартномаҳо мебандад, онҳоро тағйир медиҳад ва бекор мекунад ();
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба адои хизмати давлатиро дар Кумита ҳал менамояд;
- тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ба кормандон ҷазоҳои интизомӣ медиҳад;
- сохтор ва басти вазифаҳои дастгоҳи марказии Кумита тибқи талаботи намунавӣ дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандони муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва харҷномаи нигоҳдории дастгоҳи марказии Кумитаро дар доираи ҳаҷми маблағгузории пешбинишудаи буҷети ҷумҳуриявӣ тасдиқ мекунад;
- нақшаи кори ҳарсола ва нишондиҳандаҳои дурнамои фаъолияти корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумитаро тасдиқ менамояд;
- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ дар қисми таъмини молиявии фаъолияти Кумита, корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита пешниҳод манзур менамояд;
- ба корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита супориш медиҳад ва иҷрои онҳоро назорат мекунад;
- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони Кумита, мақомоти маҳаллии он, корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита, дигар шахсонеро, ки дар соҳаи муқарраргардида фаъолият доранд, барои сарфароз гардонидан бо унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;
- дар доираи салоҳиятҳои худ тадбирҳои ҳавасмандкунии моддӣ ва маънавии кормандонро ба амал мебарорад;
- фармоишҳои хусусияти меъёридошта ва оид ба масъалаҳои фаврӣ ва ҷории ташкили фаъолияти Кумита фармоишҳои хусусияти меъёринадошта қабул мекунад.
9. Раиси Кумита муовинон, аз ҷумла як муовини якум дорад, ки бо пешниҳоди Раис аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд. Муовинони Раиси Кумита дар ҳамзамон муовинони Сарнозири давлатӣ оид ба меъморӣ ва сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
10. Шумораи муовинони Раиси Кумитаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
11. Барои ҳалли масъалаҳои нисбатан муҳим дар Кумита дар ҳайати раиси Кумита (раиси ҳайати мушовара), муовинони ӯ (аз рӯйи мансаб) ва кормандони дигари роҳбарикунандаи Кумита ҳайати мушовара таъсис дода мешавад ().
12. Аъзои ҳайати мушовара, ба ғайр аз шахсоне, ки тибқи вазифа ба ҳайати он дохил мешаванд, бо пешниҳоди Раиси Кумита аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
13. Дар ҷаласаҳои ҳайати мушовара масъалаҳои нисбатан муҳими фаъолияти Кумита баррасӣ карда мешаванд. Қарорҳои ҳайати мушовара бо овоздиҳии аксарияти аъзо қабул гардида, бо протокол ва қарорҳо ба расмият дароварда мешаванд ва бо фармоиши Раиси Кумита мавриди амал қарор мегиранд. Дар сурати ба миён омадани ихтилофи назар байни Раис ва аъзои ҳайати мушовара қарорро Раис қабул намуда, дар хусуси ихтилофи назар ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш медиҳад. Аъзои ҳайати мушовара низ метавонанд ақидаи худро оид ба ин масъала ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хаттӣ пешниҳод намоянд.
14. Дар Кумита барои таҳлил ва баррасии масъалаҳои илмию техникӣ, шаҳрсозӣ, кадастри шаҳрсозӣ ва муносибатҳои марбут ба фаъолияти меъморӣ ва сохтмон, инчунин барои қабули қарорҳои асоснок оид ба онҳо Шӯрои шаҳрсозӣ, Шӯрои илмию техникӣ, комиссияҳо ва гурӯҳҳои корӣ таъсис дода мешаванд. Ҳайати шахсӣ ва низомномаи онҳоро Раиси Кумита тасдиқ менамояд.
15. Кумита ҷиҳати таъмини риояи қонунгузории шаҳрсозӣ, рушди ҳудуд, асосноккунии касбӣ, ҷойгиркунонии биною иншооти дорои аҳамияти умумидавлатӣ дар доираи нақшаи генералӣ метавонад вазифаҳои шӯроҳои шаҳрсозии Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳоро ба ӯҳда гирад.
16. Сохтори дастгоҳи марказии Кумита мувофиқи самтҳои асосии фаъолият аз раёсатҳо ва шӯъбаҳо иборат мебошад.
17. Кумита ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва шаҳрсозӣ, Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ, Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ, ки низомномаҳояшон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд, инчунин корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомии соҳавиро, ки саҳмияҳояшон ба давлат тааллуқ доранд, анҷом медиҳад.
18. Маблағгузории хароҷоти дастгоҳи марказии Кумита ва мақомоти дар Нақшаи идоракунии он дарҷгардида аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо, мувофиқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида анҷом дода мешавад.
19. Кумита шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номи худ бо забони давлатӣ, бланкҳо ва мӯҳру тамғаҳои дахлдор мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.
20. Кумита метавонад дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суратҳисоби махсус дошта бошад.
21. Кумита бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ таъсис ва барҳам дода мешавад.
22. Маҳалли ҷойгиршавии Кумита: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш.Ҳусейнзода -36-36а.
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2014, № 150
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Раёсати шаҳрсозӣ
Раёсати илм ва танзими меъёрҳо дар сохтмон
Раёсати сохтмон ва раванди ҳамгироӣ
Раёсати саноат, нақлиёт ва барномаҳои энергетикӣ
Раёсати корҳо
Шӯъбаи банақшагирӣ ва муҳосибот
Шӯъбаи ҳуқуқ
Бахши кадрҳо.
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2014, № 150
тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ
Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ
Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ
Замимаи 4
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2014, № 150
тасдиқ шудааст
Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Корезлоиҳа"
Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Саноатсоз"
Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шаҳрофар"
Корхонаи воҳиди давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии "Сохтмон ва меъморӣ"
Муассисаи давлатии "Рӯзномаи бинокорон"
Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон"
Корхонаи воҳиди давлатии "Лоиҳакаш"
Муассисаи давлатии "Маркази амалигардонии равзанаи ягона, кадастр ва мониторинги шаҳрсозӣ" .
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2014, № 150
тасдиқ шудааст
Низомномаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.04.2016 № 155)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Кумита) мақоми марказии иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фаъолиятро ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатӣ, танзими меъёрии ҳуқуқӣ, хизматрасонии давлатӣ ва назорати давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмонӣ анҷом медиҳад.
2. Кумита дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.
3. Кумита фаъолияти худро мустақиман ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ амалӣ менамояд.
2. Ваколатҳо
4. Кумита ваколатҳои зерин дорад:
- таҳия, тасдиқ ва пешниҳоди санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои марбут ба соҳаи фаъолияти Кумита;
- таъмин ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти шаҳрсозӣ ва амалӣ намудани идоракунии давлатии фаъолияти шаҳрсозӣ;
- амалӣ намудани назорат дар соҳаи шаҳрсозӣ;
- таҳия, тасдиқ ва ҷорӣ намудани меъёрҳои давлатӣ дар соҳаи фаъолияти меъморӣ ва шаҳрсозӣ (ба истиснои стандартҳои байнидавлатӣ ва давлатӣ дар сохтмон), назорати истифодаи онҳо;
- ташкили таҳияи нақшаи генералии ҷойгиркунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи банақшагирии ҳудудҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, ҳуҷҷатҳои лоиҳавии иншооти махсуси дорои аҳамияти умумидавлатӣ, инчунин ташкили гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ;
- рушди соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, такмил додани симои меъморию бадеӣ ва банақшагирии меъмории ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин;
- рушди истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, ҳамоҳангсозии корҳои илмию техникӣ дар соҳаи мазкур, истифодаи дастовардҳои илмӣ ва таҷрибаи муосир дар корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ;
- ташкил ва такмили фаъолияти ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва илмию тадқиқотӣ, баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати кори онҳо;
- назорати риояи муқаррароти низоми давлатии шаҳрсозӣ, меъёр ва қоидаҳои сохтмонӣ дар лоиҳакашӣ, назорати сифати корҳои сохтмони бинову иншоот;
- таҳқиқ ва тасдиқи меъёрҳои ҳарҷномавии тавсиявӣ, стандартҳо ва меъёрҳои ҷумҳурияви сохтмонӣ дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонӣ, конструксияҳо, таҷҳизоти муҳандисӣ;
- таҳия ва тасдиқи лоиҳаҳои озмоишии биноҳои истиқоматию ҷамъиятӣ, мавод ва масолеҳ ва конструксияҳои сохтмонӣ;
- мустаҳкам намудани раванди ҳамгироӣ дар фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ;
- таҳияи барномаҳо оид ба рушди сохтмони иншооти манзили дастрас;
- такмили сатҳу сифати лоиҳаҳои меъморӣ ва маҷмааи онҳо;
- таҳияи барномаҳои минтақавӣ, ки ба таъмини бехатарии сохтмон дар минтақаҳои хатарноки имконпазир ва ҳифзи аҳолӣ аз таъсири хатарҳои табиӣ нигаронида шудаанд;
- ташкил, таҳия ва пешбурди кадастр ва мониторинги давлатии шаҳрсозӣ;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани фаъолияти иҷозатномадиҳӣ ва иҷозатдиҳӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;
- танзим ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар доираи салоҳияти худ ва роҳбарӣ ба фаъолияти онҳо дар қисми таъминоти илмию методӣ;
- таҳлили иқтисодӣ ва тасдиқи нишондиҳандаҳои иқтисодии фаъолияти ташкилотҳои системаи Кумита;
- дар барномаҳои давлатӣ, консепсия ва лоиҳаҳои шаҳрсозӣ ҷорӣ намудани технологияҳои нав, дар асоси тадқиқотҳои илмию озмоишӣ;
- дар доираи салоҳияти худ ташкил ва ҳамоҳангсозии иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои шаҳрсозӣ ва намояндагии манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ;
- таъминоти барномавӣ ва илмию методӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ, ташкили нашри адабиёти илмӣ, таълимӣ ва илмию оммавӣ дар бораи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ;
- таъсиси низоми ягонаи давлатии иттилоотӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ;
- таҳлили ҳамасолаи фаъолияти ташкилотҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ дар асоси маълумоти оморӣ;
- иҷрои ваколати фармоишгари давлатии барнома ва лоиҳаҳои илмию техникӣ ва инноватсионӣ дар соҳаи фаъолияти меъморӣ ва шаҳрсозӣ;
- пешбурди феҳристи ташкилотҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашие, ки дорои иҷозатномаи фаъолияти шаҳрсозӣ мебошанд;
- баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва қабули қарорҳо дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъмини ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ;
- ташкил ва баргузории чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар соҳаи шаҳрсозӣ;
- таъмини омодагии сафарбарии Кумита, назорат ва ҳамоҳангсозии сохторҳои тобеъ оид ба омодагӣ ва сафарбарӣ;
- ташкили омодагии касбӣ, бозомӯзӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш ва таҷрибаомӯзии кормандон;
- тибқи тартиби муқарраргардида ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои давлатии кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, дигар ташкилотҳои хориҷӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;
- ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ;
- ташкили конференсияҳо, семинарҳо, намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳо дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ;
- ҷамъбасти татбиқи амалӣ ва иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шаҳрсозӣ;
- анҷом додани дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
3. Ҳуқуқҳо
5. Кумита дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқ дорад:
- мувофиқи тартиби муқарраргардида аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуҷҷату маводи барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Кумита вогузоргардида заруриро талаб намояд;
- бораи бартараф намудани ҳолатҳои риоя накардани қонунгузории шаҳрсозӣ амрнома диҳад, ки иҷрои он ҳатмӣ мебошад;
- ҳангоми ошкор намудани ҳолати бе иҷозат оғоз намудани корҳои сохтмонӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда оғоз кардани сохтмони бино ё иншоот бо тартиби муқарраргардида барои боздоштани фаъолияти ташкилот ба суд муроҷиат намояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарон ва дигар шахсони мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳоро, ки ба риоя накардани қонунгузории шаҳрсозӣ роҳ додаанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашад;
- бо тартиби муқарраргардида Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ намояндагӣ намояд;
- мақомоти ҳамоҳангсоз, машваратӣ ва экспертӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳо, мушовараҳо), аз ҷумла байнисоҳавӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ташкил намояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар воситаҳои ахбори омма нашри санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, эълонҳои расмӣ, ҷойгиркунонии дигар маводро оид ба масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолияти Кумита таъмин намояд;
- бо корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита шартномаҳои дуҷониба баста, ҳисоботи роҳбарони ин корхонаю ташкилотҳоро дар бораи ҷараёни иҷрои шартномаҳо ва нақшаи кории солонаи тасдиқшуда мунтазам дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумита баррасӣ намояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳии ташкилоту корхонаҳои системаи Кумита ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намояд;
- доир ба масъалаҳое, ки ба фаъолияти шаҳрсозӣ тааллуқ доранд, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тавзеҳот диҳад;
- барои ҳалли масъалаҳои соҳавӣ ташкилоту муассисаҳои илмӣ, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд;
- бо тартиби муқарраргардида мукофотҳои соҳавӣ таъсис дода, кормандони соҳаро барои хизматҳои шоиста, комёбӣ ва дастовардҳои назаррас дар соҳаи фаъолият сарфароз гардонад;
- тибқи тартиби муқарраргардида барои ҳалли масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият дар вазорату идораҳо, кумита ва ассосиатсияҳо, ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ, лоиҳакашию сохтмонӣ ва дигар муассисаҳо маълумот ва ҳисоботҳоро оид ба иҷрои сифати корҳои сохтмону васлкунӣ, истеҳсоли маводу маснуоти сохтмонӣ, ҳамчунин самаранок истифода бурдани техника ва технологияи сохтмонӣ шунида, аз натиҷаи он чораандешӣ намояд;
- бо мақсади иҷрои вазифаҳои ба зиммааш вогузоргардида дигар ҳуқуқҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.
4. Ташкили фаъолият
6. Ба Кумита Раис роҳбарӣ менамояд, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Раиси Кумита ҳамзамон Сарнозири давлатӣ оид ба меъморӣ ва сохтмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
7. Раиси Кумита барои иҷрои ваколатҳои ба зиммаи Кумита гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.
8. Раиси Кумита ваколатҳои зерин дорад:
- роҳбарии умумии фаъолияти Кумитаро анҷом медиҳад;
- тибқи қонунгузорӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул мекунад;
- фармоишҳо мебарорад, ки иҷрои онҳо аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии Кумита, инчунин корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи он ҳатмӣ мебошанд;
- байни муовинони худ вазифаҳоро тақсим мекунад;
- низомномаи воҳидҳои сохтории Кумита, инчунин тибқи тартиби муқарраргардида низомнома ва оинномаҳои корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумитаро тасдиқ ва мувофиқа мекунад;
- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарон, муовинони роҳбарон, сармуҳандисон ва сармуҳосибони корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита, роҳбарони мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳоро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд ва бо ин роҳбарон шартномаҳо мебандад, онҳоро тағйир медиҳад ва бекор мекунад;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба адои хизмати давлатиро дар Кумита ҳал менамояд;
- тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ба кормандон ҷазоҳои интизомӣ медиҳад;
- сохтор ва басти вазифаҳои дастгоҳи марказии Кумита тибқи талаботи намунавӣ дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандони муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва харҷномаи нигоҳдории дастгоҳи марказии Кумитаро дар доираи ҳаҷми маблағгузории пешбинишудаи буҷети ҷумҳуриявӣ тасдиқ мекунад;
- нақшаи кори ҳарсола ва нишондиҳандаҳои дурнамои фаъолияти корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумитаро тасдиқ менамояд;
- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ дар қисми таъмини молиявии фаъолияти Кумита, корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита пешниҳод манзур менамояд;
- ба корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита супориш медиҳад ва иҷрои онҳоро назорат мекунад;
- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони Кумита, мақомоти маҳаллии он, корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита, дигар шахсонеро, ки дар соҳаи муқарраргардида фаъолият доранд, барои сарфароз гардонидан бо унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;
- дар доираи салоҳиятҳои худ тадбирҳои ҳавасмандкунии моддӣ ва маънавии кормандонро ба амал мебарорад;
- фармоишҳои хусусияти меъёридошта ва оид ба масъалаҳои фаврӣ ва ҷории ташкили фаъолияти Кумита фармоишҳои хусусияти меъёринадошта қабул мекунад.
9. Раиси Кумита муовинон, аз ҷумла як муовини якум дорад, ки бо пешниҳоди Раис аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд. Муовинони Раиси Кумита дар ҳамзамон муовинони Сарнозири давлатӣ оид ба меъморӣ ва сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
10. Шумораи муовинони Раиси Кумитаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
11. Дар Кумита ҳайати мушовара дар ҳайати Раиси Кумита (Раиси ҳайати мушовара), муовини якуми Раис, муовинони Раис (аз рӯи вазифа) ва дигар кормандони роҳбарикунандаи дастгоҳи марказии Кумита, роҳбарони мақомоти маҳаллии Кумита, корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита таъсис дода мешавад.