Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014 № 150 "Дар бораи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 31.07.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.07.2018 № 364)

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ, Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).

   2. Шумораи  ниҳоии  кормандони  Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  миқдори  124  воҳид   (бе   ҳайати хизматрасон),  аз ҷумла шумораи кормандони дастгоҳи марказӣ ба миқдори 52 воҳид муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.07.2018 № 364).

Маблағгузории 112 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳурияӣ ва 36 воҳид аз ҳисоби маблағҳои махсус анҷом дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.07.2018 № 364).

3. Ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 3 муовини Раис, аз ҷумла як муовини якум ва ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар дошта бошад.

4. Ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 10 адад, аз ҷумла барои дастгоҳи марказӣ 6 адад муқаррар карда шавад.

5. Маблағгузории дастгоҳи марказӣ ва мақомоти дар Нақшаи идоракунии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.

6. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ:

- низомномаҳои мақомоти дар Нақшаи идоракунии Кумита дарҷгардидаро таҳия намуда, барои баррасӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;

- оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ таклиф пешниҳод намояд;

- санадҳои худро бо қарори мазкур мутобиқ намояд.

7. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 614 "Дар бораи Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 марти соли 2014 № 150

ш. Душанбе