Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2014, № 149
тасдиқ шудааст
Низомномаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.10.2014 № 665, аз 2.11.2015 № 651, аз 30.03.2020 № 197, аз 26.11.2020 № 630, аз 22.10.2021 №441)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорат) мақоми марказии ҳокимияти иҷроия буда, оид ба таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои об фаъолияташро анҷом медиҳад.
2. Вазорат роҳбарӣ ва назорати фаъолияти Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникиро, ки таҳти тобеияти бевоситааш қарор доранд, корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Вазорат ва инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроияро дар соҳаҳои марбут ба ваколатҳои Вазорат анҷом медиҳад.
3. Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад
4. Вазорат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.
II. Ваколатҳо
5. Вазорат дар соҳаҳои муқарраргардидаи фаъолият дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба масъалаҳои марбут ба соҳаҳои муқарраргардидаи фаъолият;
- қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои марбут ба соҳаҳои муқарраргардидаи фаъолияти Вазорат;
- таҳияи стратегияҳо оид ба рушди комплекси сӯзишворию энергетикӣ, идора, истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи онҳо дар асоси барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ;
- таҳияи пешниҳодот оид ба ташаккул ва дар комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва соҳаи захираҳои оби ҷумҳурӣ татбиқ намудани сиёсати иқтисодӣ, инвеститсионӣ, тарифӣ, илмию техникӣ, кадрӣ ва иҷтимоӣ;
- мусоидат ба баланд бардоштани самарабахшии кору хизматрасонии корхонаҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва соҳаи захираҳои об дар бозори байналмилалӣ ва андешидани чораҳо ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва соҳаи захираҳои об;
- андешидани тадбирҳо ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии энергетикӣ ва захираҳои об дар самти рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ бо дигар кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ;
- таҳия ва татбиқи консепсияхо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва соҳаи захираҳои об, иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳои байнидавлатӣ ва байнисоҳавӣ;
- таҳлили маҷмӯии фаъолият ва таҳияи дурнамои рушди соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои об, таҳия ва татбиқи чорабиниҳо оид ба фаъолият ва рушди устувори соҳаҳои энергетика ва захираҳои об;
- анҷом додани роҳбарии методологӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти корхонаҳою муассисаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва соҳаи захираҳои об оид ба ҳимояи манфиатҳои давлат;
- дар доираи ваколати худ таҳияи пешниҳодот оид ба сиёсати амортизатсионӣ ва андешидани чораҳо ҷиҳати татбиқи он дар соҳаҳои марбут ба фаъолияти Вазорат
- таҳияи пешниҳодот ҷиҳати мусоидат барои иштироки бахши хусусӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об, дастгирии рақобат дар сохтмон, барқарорсозӣ ва истифодаи иншооти энергетикӣ ва обӣ;
- тибқи тартиби муқарраргардида иштирок дар раванди саҳомигардонӣ ва хусусигардонии моликияти давлатӣ, ташкили бозори қоғазҳои қиматнок, татбиқи қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои муфлисшавӣ, таҳияи чорабиниҳо ҷиҳати расонидани кӯмак ба корхонаю муассисаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва соҳаи захираҳои об;
- андешидани чораҳои пешгирикунанда ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои зиддиинҳисорӣ ва рушди рақобати бовиҷдонона дар соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои об;
- ба мувофиқа расонидани шартҳои пур кардан ва реҷаи кори обанборҳо, инчунин истифодаи дигар иншооти обии таъиноти гидроэнергетикӣ;
- ташкил ва ҳамоҳангсозии чорабиниҳое, ки ҳолати дахлдори техникӣ ва ободонии обанборҳоро таъмин менамоянд, инчунин назорати риояи қоидаҳои истифодаи онҳо;
- пешбурди баҳисобгирии истифода ва ҳифзи захираҳои об, меъёрҳо ва лимитҳои муқарраргардидаи истифодаи об аз ҷониби ҳамаи истифодабарандагони об, сарфи назар аз шакли моликияташон, ва ҷамъбасти дигар маълумот оид ба захираҳои об;
- таъсис ва истифодаи маҳзани маълумот ва системаи иттилоотонӣ оид ба ташаккул, идора ва истифодаи захираҳои об, пешбурди кадастрҳои об ва электроэнергетика;
- пешбурди Феҳристи давлатии иншооти соҳаи захираҳои об, ки маҷмӯи маълумоти ба система даровардашудаи шиносномадиҳии иншооти соҳаи захираҳои об мебошад;
- ба мувофиқа расонидан ва додани иҷозат барои сохтмони иншооти хоҷагии об ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ;
- таҳияи пешниҳодот дар хусуси ба консессия додани иншооти давлатии энергетикию обӣ ҷиҳати анҷом додани корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ;
- ташкили ба таври самарабахш гузаронидани корҳои кашфи конҳои нафту газ ҷиҳати пурра кардани захираҳои ашёи хоми энергегикӣ;
- ба танзим даровардани фаъолияти ширкатҳо ва корхонаҳои ғайридавлатие, ки дар соҳаи нафту газ, коркарди нафт ва воридоту содироти маҳсулоти нафтӣ фаъолият менамоянд;
- назорат аз болои лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи нафту газ ва коркарди нафт;
- мусоидат ба ҷалби сармоя барои корҳои ҷӯстуҷӯӣ, кашфи конҳои нафту газ, коркарди нафт, ворид намудани технологияи муосир оид ба истифодабарии конҳо, истихроҷ ва коркарди нафту газ;
- таҳия, ба мувофиқа расонидан ва тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ намудани лоиҳаҳои сохтмони иншооти пармакунии чоҳҳо, коркарди нафт ва истифодабарии маҳсулоти истеҳсолшаванда;
- пешбурди сиёсати ягонаи тайёркуниии кадрҳо дар муасиссаҳои таълимии системаи Вазорат, ташкили пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ, лоиҳакашӣ ва илмию техникӣ оид ба самтҳои афзалиятноки рушди соҳаҳои муқарраргардидаи фаъолияти Вазорат, ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои илмию таълимӣ, ташкили корҳо оид ба таҳия ва татбиқи барномаҳои байнисоҳавии илмию техникӣ ва лоиҳаҳои инноватсионӣ дар корхонаю муассисаҳои соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои об;
- роҳбарии методӣ оид ба масъалаҳои татбиқи сиёсати ягонаи захираҳои об ва сӯзишворию энергетикии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- анҷом додани назорати техникии иншооти сохташавандаи обӣ ва сӯзишворию энергетикӣ;
- таҳия ва тасдиқи қоидаҳое, ки барои амалисозии таъминот бо энергия аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия заруранд;
- додани ҳуҷҷатҳое, ки тавоноии таҷҳизоти манбаъҳои барқароршавандаи энергия, таҷҳизоти технологии навкардашуда ва комплексҳои таҷҳизоти технологиро барои истеҳсол, табдилдиҳӣ, нигоҳдорӣ ва интиқоли энергия тасдиқ менамояд;
- муайян намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҷойгиранд, баҳисобгирии онҳо, инчунин баҳисобгирии таҷҳизоте, ки барои истифодабарии ин манбаъҳо пешбинӣ шудаанд
- тасдиқ намудани тартиби ташаккул, мундариҷа, шакл ва мӯҳлатҳои пешниҳоди иттилоот ҷиҳати пешбурди кадастри манбаъҳои барқароршавандаи энергия, инчунин тартиби қабули қарорҳо оид ба ворид ва хориҷ намудани онҳо аз кадастр;
- амалисозии таъминоти иттилоотӣ дар соҳаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия;
- таҳия, ба мувофиқа расонидан ва тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ намудани талаботи техникӣ ва дигар талабот нисбат ба истифодабарии захираҳои сӯзишворию энергетикӣ ба ҳар воҳиди маҳсулот;
- дар доираи ваколати худ ташкил ва ҳамоҳангсозии корҳо оид ба иҷрои ӯҳдадориҳо вобаста ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба фаъолияти соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои об ва тибқи тартиби муқарраргардида намояндагии манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ ;
- анҷом додани маркетинг оид ба омӯзиши конюктураи (вазъи) бозори энергетикӣ;
- кӯмаки иттилоотию методӣ вобаста ба фаъолияти корхонаҳои хориҷӣ, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳои соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои об, ташкили рекламаи маҳсулот ва хизматрасонӣ дар бозорҳои ватанӣ ва хориҷӣ;
- тибқи тартиби муқарраргардида дар ҷумҳурӣ ва хориҷа доир намудани ярмаркаҳо ва намоишгоҳҳо, мусоидат ба рушди робитаҳои мустақими истеъмолкунандагон бо истеҳсолкунандагон;
- мусоидат ба таъсис ва фаъолияти гурӯҳҳои молиявию энергетикӣ ва обӣ, сохторҳои трансмиллӣ бо иштироки корхонаҳо ва дигар ташкилотҳои комплекси энергетикию обӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар ва роҳбарии намояндагиҳои худ дар хориҷа;
- ташкил ва амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва аз байн бурдани ҳолатҳои фавқулодда дар соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои об;
- ташкил, ҳамоҳангсозӣ ва назорати иҷрои чорабиниҳо оид ба татбиқи вазифаҳои мудофиаи гражданӣ, омодагии сафарбарӣ, таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва дигар иттилооти махфӣ дар соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои об;
- иштирок дар ташаккул ва дар соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои об татбиқ намудани сиёсати давлатӣ оид ба тайёр кардани мутахассисон дар муасиссаҳои таълимии системаи Вазорат, омодасозӣ, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани тахассуси кадрҳо, таъмини шуғл, ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои об, ҳифзи меҳнат, рушди муносибатҳои меҳнатӣ дар асоси шарикии иҷтимоӣ ва пешгирии ихтилофоти меҳнатӣ;
- иҷрои корҳо оид ба компютеркунонӣ, пешбурд ва ҳифзи маҳзани маълумот вобаста ба соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои об ва реестри иттилоотии субъектҳои он, ташкили таъмини иттилоотии комплекси энергетикию обӣ;
- муқаррар намудани шартҳои созишномаҳои дуҷониба барои корхонаю муассисаҳои давлатӣ, ки ба номгӯи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд;
- таҳия ва таъмини татбиқи барномаҳои сармоягузорие, ки ба суръатбахшии рушди илмию техникӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии кору хизматрасонӣ, паст кардани энергияталабии маҳсулоти истеҳсолшаванда нигаронида шудаанд;
- таҳияи методикаи ташаккули нишондиҳандаҳои назоратии воситаҳои дастгирии давлатии соҳаҳои комлекси энергетика ва захираҳои об оид ба самтҳои маблағгузорӣ, тартиби истифодаи фондҳои эҳтиётии мутамаркази таҷдиди сохтори соҳаҳои энергетика ва захираҳои об, ки аз ин ҳисоб ташаккул ёфтаанд;
- тасдиқи меъёрҳои хароҷоти қиёсии захираҳои сӯзишворию энергетикӣ, меъёрҳои захира намудани сӯзишворӣ, меъёрҳои талафоти технологии нерӯи барқ ва гармӣ, газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ;
- тасдиқи шакли феҳристи иншооти хоҷагиҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва соҳаи захираҳои об, инчунин тартиби фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба дохил намудани объектҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва соҳаи захираҳои об ба шабакаи ягонаи миллии барқӣ ва обӣ;
- тасдиқи қоидаҳои баҳисобгирӣ ва истифодаи нерӯи барқ, газ, нафт, маҳсулоти нафтӣ ва захираҳои об;
- санҷиш ва таҳлили иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои техникаи бехатарӣ дар корхонаҳо ва дигар ташкилотҳои соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои об;
- иштирок дар муайян намудани методикаи ҳисоби тарифҳо барои нерӯи барқ ва гармӣ, гази табиӣ, нафт, маҳсулоти нафтӣ ва об;
- муайян намудани тартиби маҳдудсозӣ ва қатъ намудани истифодабарандагон аз системаи таъминот бо энергия (нерӯи барқ ва гармӣ, газ) ва об;
- таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳод намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба сарфаи энергия ва об, истифодаи манбаъҳои ғайримаъмулии энергия;
- тасдиқи тартиби коркарди конҳои нафту газ, истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмули маҷро ва соҳилҳои дарёҳо, кӯлҳо ва обанборҳо, инчунин меъёрҳои иҷозатшудаи талафоти технологии маҳсулот;
- таҳияи тартиби аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ пешниҳод намудани иттилоот оид ба коркарди конҳои нафту газ ва истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмули маҷро ва соҳилҳои дарёҳо, кулҳо ва обанборҳо;
- андешидани тадбирҳо ҷиҳати аз ҷониби корхонаю ташкилот ба Фонди давлатии геологӣ пешниҳод намудани ҳисобот оид ба корҳое, ки аз бақайдгирии давлатӣ гузаштаанд ва ҳисобот оид ба тавозуни захираҳо ва тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоб баровардани захираҳои тавозунии тасдиқнашудаи нафту газ;
- муайян намудани тартиби пешбурди дафтари баҳисобгирии захираҳо ҳангоми истифодабарии конҳо ва коркарди нафт;
- анҷом додани экспертизаи ҳатмии энергетикии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии иншооти сохтмонӣ;
- пешбурди баҳисобгирии ҳатмии захираҳои сӯзишворию энергетикӣ, ки аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ истеҳсол ва масраф шудаанд;
- анҷом додани назорати истифодаи дурусти тахфиф ва иловапулӣ ба тарифҳо барои нерӯи барқ ҷиҳати ҷуброни иқтидори реактивӣ дар таҷҳизоти барқии истеъмолкунандагон;
- муайян намудани нақшаи корӣ ва нишондиҳандаҳои дурнамои фаъолияти корхонаю муасиссаҳои системаи Вазорат;
- ба роҳ мондани идоракунии ҳамгироишудаи захираҳои об;
- таҳия ва татбиқи барномаҳои миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлати идора, истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об;
- таҳияи пешниҳодот ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати давлатӣ дар самти муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаи захираҳои об;
- тасдиқи нақшаҳои дарозмуддат ва солонаи корҳои илмию тадқиқотӣ, лоиҳакашӣ, таҷрибавию конструкторӣ оид ба баланд бардоштани самаранокии истифода ва ҳифзи захираҳои об;
- пешбурди сиёсати судманди сармоягузорӣ ва мутаносибии маблағгузории муттамаркази давлатӣ ва маблағҳои худии корхонаю ташкилотҳои система бо мақсади рушди соҳаи захираҳои об;
- мусоидат ба ҷалби сармоя барои таҷдид ва рушди иншооти комлекси хоҷагии об, инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои муосири идоракунӣ вобаста ба истифода ва ҳифзи захираҳои об;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти худ бо дигар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин дигар ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, оид ба масъалаҳои идоракунӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои об ва дигар масъалаҳо дар соҳаи муқараргардидаи фаъолият;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти корхонаю ташкилоти вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, сарфи назар аз шакли моликият, ки ба масъалаҳои обтаъминкунӣ машғуланд;
- таҳияи тавозуни захираҳои об ва нақшаи истифодаи маҷмӯии захираҳои об дар ҳавзаҳои дарёҳо, кӯлҳо, обанборҳо ва дар ҷумҳурӣ;
- якҷоя бо дигар мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ гузаронидани мониторинги иншооти обӣ;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар санадҳои соҳавӣ;
- ҳалли баҳсҳо оид ба истифодаи захираҳои энергетикӣ ва обӣ аз ҷониби ташкилоту муасиссаҳои давлатии системаи Вазорат;
- дар доираи ваколати худ анҷом додани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи идоракунӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои об ;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намудани пешниҳод оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии корхонаю муассисаҳои системаи Вазорат;
- дар доираи ваколатҳои худ таъсис додани комиссияҳо ва гурӯҳҳои корӣ;
- иштирок дар амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ;
- иштирок дар таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои минтақавӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ;
- тибқи тартиби муқарраргардида гузаронидани озмун ва бастани қарордодҳои давлатӣ вобаста ба ҷойгиркунии фармоиш барои молрасонӣ, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти Вазорат, инчунин гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ барои эҳтиёҷотӣ давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;
- таҳлил ва омӯзиши вазъи татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои муқарраргардидаи фаъолият;
- анҷом додани функсияи ихтиёрдори асосӣ ва гирандаи маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ки барои нигоҳдории Вазорат ва татбиқи функсияҳои ба зиммаи Вазорат оид ба масъалаҳои молиявӣ гузошташуда;
- тибқи тартиби муқарраргардида андешидани чораҳои зарурӣ оид ба қабули шаҳрвавдон ва сари вақт баррасӣ намудани муроҷиатҳои онҳо;
- ташкили омодагии касбии кормандони Вазорат, бозомӯзӣ, баланд бардоштани тахассус ва таҷрибаомӯзии онҳо дар муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз он;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои корҳо оид ба ҷамъоварӣ, нигоҳдории, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти Вазорат ташаккул ёфтаанд;
- таҳия ва тасдиқ намудани тавозуни индикативии маҳсулоти нафтӣ барои ҳар соли тақвимӣ;
- муайян намудани меъёри истифодаи нерӯи барқ, газ ва маҳсулоти нафтӣ;
- таҳияи пешниҳодҳо ҷиҳати ба консессия супоридани иншооти давлатии энергетикӣ, оид ба додани иҷозатнома барои кашфи конҳо ва истихроҷи захираҳои комплекси энергетикӣ;
- мониторинги фаъолияти корхонаҳои соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои об новобаста аз шакли моликияташон бо мақсади анҷом додани гузариши муттасили онҳо бо муносибатҳои бозаргонӣ;
- иҷрои дигар ваколатҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият, ки бо қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
6. Вазорат, бо мақсади татбиқи ваколатҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият, ҳуқуқ дорад:
- тибқи тартиби муқарраргардида маълумотеро, ки барои қабули қарор вобаста ба ҳалли масъалаҳо дар соҳаҳои муқарраргардидаи фаъолияти Вазорат заруранд, аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дархост намояд ва ройгон ба даст орад;
- тибқи тартиби муқарраргардида нишонаҳои ифтихорӣ ва дигар мукофоти идоравӣ таъсис диҳад ва барои дастовардҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият шаҳрвандонро сарфароз гардонад;
- тибқи тартиби муқарраргардида барои ҳалли масъалаҳои соҳаи фаъолият ташкилотҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳо, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд;
- дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият мақомоти ҳамоҳангсоз, машваратӣ ва экспертӣ, аз ҷумла байниидоравӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳо) таъсис диҳад;
- тибқи тартиби муқарраргардида барои интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаҳои муқарраргардидаи фаъолият, эълонҳои расмӣ, чопи дигар мавод оид ба масъалаҳои марбут ба ваколати Вазорат қарордошта воситаҳои чопии ахбори омма таъсис диҳад ;
- нисбат ба корхонаҳо ва дигар ташкилотҳо аз рӯи натиҷаҳои назорати давлатӣ дар соҳаҳои муқарраргардидаи фаъолият чораҳои зарурӣ андешад;
- дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият анҷом додани дигар вазифаҳоеро, ки қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, таъмин намояд;
III. Ташкили фаъолият
7. Ба Вазорат Вазир роҳбарӣ менамояд, ки тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Вазир барои иҷрои ваколатҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.
Вазир муовинон, аз ҷумла як муовини якум дорад, ки бо пешниҳоди Вазир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
8. Барои ҳалли проблемаҳои нисбатан муҳим дар Вазорат дар ҳайати Вазир (раис), муовинони Вазир мувофиқи вазифа, дигар кормандони роҳбарикунандаи Вазорат ҳайати мушовара бо теъдоди 7 нафар таъсис дода мешавад. Шумораи аъзои ҳайати мушовараи Вазорат, тасдиқ ва озод намудани онҳо аз ҳайати мушовара бо пешниҳоди Вазир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Қарорҳои ҳайати мушовара бо протоколҳо ба расмият дароварда шуда, бо фармонҳои Вазир дар амал татбиқ карда мешаванд.
9. Вазир:
- байни муовинони худ вазифаҳоро тақсим мекунад;
- низомномаи воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии Вазоратро тасдиқ менамояд ;
- кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ва роҳбарони мақомоти маҳаллии хадамоти тобеи Вазоратро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- роҳбарони корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Вазоратро тибқи тартиби муқарраргардида мувофиқа ва ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- роҳбарони намояндагиҳои Вазоратро дар хориҷа ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба адои хизмати давлатиро дар Вазорат ҳаллу фасл менамояд;
- сохтор ва басти вазифаҳои Вазоратро тибқи талаботи намунавӣ дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, инчунин сметаи хароҷоти Вазоратро дар доираи маблағҳое, ки барои давраи дахлдор дар Буҷети давлатӣ пешбинӣ гардидаанад, тасдиқ мекунад;
- шумораи кормандон ва фонди музди меҳнати кормандони мақомоти тобеи Вазоратро дар доираи нишондиҳандаҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сметаи хароҷотро барои нигоҳдории онҳо дар доираи маблағҳои барои давраи дахлдор дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида тасдиқ менамояд;
- оинномаҳои корхонаҳою муассисаҳои системаи Вазорат, ҷамъиятҳои саҳомии кушодаеро, ки идораи оперативии онҳо ба зиммаи Вазорат вогузор шудааст, тибқи тартиби муқарраргардида мувофиқа ва тасдиқ менамояд;
- нақшаи кори ҳарсола ва нишондиҳандаҳои дурнамои фаъолияти хадамотҳо, инчунин ҳисобот оид ба иҷрои онҳоро тасдиқ менамояд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди роҳбарони хадамотҳо лоиҳаҳои низомнома ва сохтор, шумораи ниҳоии кормандон ва фонди музди меҳнати кормандони онҳоро барои тасдиқ манзур менамояд;
- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ дар қисми таъмини молиявии фаъолияти Вазорат ва хадамотҳо пешниҳод манзур медорад;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои барои ташкили фаъолияти самараноки Вазорат заруриро пешниҳод менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии корхонаю муассисаҳои давлатӣ, ки таҳти тобеияти хадамотҳо қарор доранд, пешниҳод манзур медорад;
- ба хадамотҳои тобеи Вазорат дастурҳо медиҳад ва иҷрои онҳоро назорат менамояд;
- қарорҳои хадамотҳои тобеи Вазоратро, ки хилофи қонунгузорӣ мебошанд, агар дар қонунгузорӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, бекор мекунад;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбари хадамотҳои тобеи Вазорат пешниҳод манзур менамояд;
- бо пешниҳоди роҳбарони хадамотҳои тобеи Вазорат муовинони онҳо ва роҳбарони мақомоти маҳаллии хадамотҳоро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- фармоишҳо мебарорад, ки дорои хусусияти меъёрӣ мебошанд ва вобаста ба масъалаҳои оперативӣ ва дигар масъалаҳои ҷории Вазорат фармоишҳои дорои хусусияти ғайримеъёрӣ мебарорад;
- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони дастгоҳи марказии Вазорат, хадамотҳои тобеи Вазорат, корхонаю муасиссаҳои системаи Вазорат ва дигар шахсонеро, ки дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият корҳоро анҷом медиҳанд, барои сарфароз гардонидан бо унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
10. Маблағгузории хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи марказии вазорат ва мақомоти дар Нақшаи идоракунии он пешбинишуда аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида, инчунин аз ҳисоби маблағҳои махсус мувофиқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида анҷом дода мешавад.
11. Вазорат шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ, мӯҳр, бланк ва штампҳои намунаи муқарраргардида буда, аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.
12. Суроғаи ҳуқуқии Вазорат: 734064, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамсӣ-5/1.
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2014, № 149
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Сарраёсати сиёсати энергетикӣ ва захираҳои об
Раёсати иқтисод ва дурнамо
Раёсати электроэнергетика
Раёсати захираҳои об
Раёсати истихроҷ, коркард ва таъминоти нафту газ
Раёсати корҳо
Раёсати ҳуқуқ
Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ
Шӯъбаи баҳисобгирӣ ва ҳисоботи муҳосибавӣ
Бахши иҷозатномадиҳӣ
Бахши Котибот
Бахши кадрҳо ва корҳои махсус
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2014, № 149
тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ
Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ
Замимаи 4
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2014, № 149
тасдиқ шудааст
Номгӯи корхонаю муасиссаҳои системаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Помир-энерҷӣ"
Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктрансгаз"
Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Нафту газ"
Хориҷ карда шуд
Мудирияти назорати техникии сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии сохташудаистодаи "Сангтӯда-2"
Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Пажӯҳишгохи лоиҳакашии "Нурофар"
Муассиссаи давлатии "ТоҷикНИИГиМ" (Пажӯҳишгоҳи илмии тадқиқотии гидротехника ва мелиоратсия)
Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон"
Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ"
Шӯъбаи тоҷикии Идораи иншооти нақби обӣ ва канали "Дӯстлик"-и Даштҳои ташналаб
Раёсати болодарёии иттиҳодияи ҳавзаи хоҷагии оби "Амударё"
Котиботи Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии об
Филиали тоҷикистонии Маркази илмию иттилооти Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ
Муассисаи давлатии маҷаллаи "Энергетика ва захираҳои об"
Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Сирдарё
Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Зарафшон
Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Панҷ
Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Вахш
Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Кофарниҳон
"Кӯдакистони № 133"
Замимаи 5
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2014, № 149
тасдиқ шудааст
Номгӯи корхонаҳои воҳиди давлатие, ки дар соҳаи нафту газ фаъолият мекунанд
Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Пармакунии ҷанубӣ"
Корхонаи фаръии сохтмону васлкунии №1 (КФСВ №1)
Корхонаи фаръии хоҷагию манзилӣ (КФ ХМ)
Муассисаи оид ба пешгирӣ ва барҳамдиҳии фаввораҳои нафту газ (МПБФНГ)
Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Суғднафтугаз"
Корхонаи фаръии "Балҷувонгаз"
Корхонаи фаръии байниноҳиявии "Қӯргонтеппагаз" (КФБ "Қӯрғонтеппагаз")
Корхонаи фаръии "Румигаз" (КФ "Румигаз")
Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Кӯлобгаз" (ҶСШК "Кӯлобгаз")
Корхонаи воҳиди "Заводи таъмирию механикии ноҳияи Ҷаббор Расулов" ҶДММ "Петролеум-Суғд" (муштарак)
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2014, № 149
тасдиқ шудааст
Низомномаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.10.2014 № 665, аз 2.11.2015 № 651)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорат) мақоми марказии ҳокимияти иҷроия буда, оид ба таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои об фаъолияташро анҷом медиҳад.
2. Вазорат роҳбарӣ ва назорати фаъолияти Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникиро, ки таҳти тобеияти бевоситааш қарор доранд, корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Вазорат ва инчунин ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроияро дар соҳаҳои марбут ба ваколатҳои Вазорат анҷом медиҳад.
3. Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳад.
4. Вазорат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.
II. Ваколатҳо
5. Вазорат дар соҳаҳои муқарраргардидаи фаъолият дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба масъалаҳои марбут ба соҳаҳои муқарраргардидаи фаъолият;
- қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои марбут ба соҳаҳои муқарраргардидаи фаъолияти Вазорат;
- таҳияи стратегияҳо оид ба рушди комплекси сӯзишворию энергетикӣ, идора, истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи онҳо дар асоси барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ;
- таҳияи пешниҳодот оид ба ташаккул ва дар комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва соҳаи захираҳои оби ҷумҳурӣ татбиқ намудани сиёсати иқтисодӣ, инвеститсионӣ, тарифӣ, илмию техникӣ, кадрӣ ва иҷтимоӣ;
- мусоидат ба баланд бардоштани самарабахшии кору хизматрасонии корхонаҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва соҳаи захираҳои об дар бозори байналмилалӣ ва андешидани чораҳо ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва соҳаи захираҳои об;
- андешидани тадбирҳо ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии энергетикӣ ва захираҳои об дар самти рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ бо дигар кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ;
- таҳия ва татбиқи консепсияхо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва соҳаи захираҳои об, иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳои байнидавлатӣ ва байнисоҳавӣ;
- таҳлили маҷмӯии фаъолият ва таҳияи дурнамои рушди соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои об, таҳия ва татбиқи чорабиниҳо оид ба фаъолият ва рушди устувори соҳаҳои энергетика ва захираҳои об;
- анҷом додани роҳбарии методологӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти корхонаҳою муассисаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва соҳаи захираҳои об оид ба ҳимояи манфиатҳои давлат;
- дар доираи салоҳияти худ таҳияи пешниҳодот оид ба сиёсати амортизатсионӣ ва андешидани чораҳо ҷиҳати татбиқи он дар соҳаҳои марбут ба фаъолияти Вазорат;
- таҳияи пешниҳодот ҷиҳати мусоидат барои иштироки бахши хусусӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об, дастгирии рақобат дар сохтмон, барқарорсозӣ ва истифодаи иншооти энергетикӣ ва обӣ;
- тибқи тартиби муқарраргардида иштирок дар раванди саҳомигардонӣ ва хусусигардонии моликияти давлатӣ, ташкили бозори қоғазҳои қиматнок, татбиқи қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои муфлисшавӣ, таҳияи чорабиниҳо ҷиҳати расонидани кӯмак ба корхонаю муассисаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва соҳаи захираҳои об;
- андешидани чораҳои пешгирикунанда ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои зиддиинҳисорӣ ва рушди рақобати бовиҷдонона дар соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои об;
- ба мувофиқа расонидани шартҳои пур кардан ва реҷаи кори обанборҳо, инчунин истифодаи дигар иншооти обии таъиноти гидроэнергетикӣ;
- ташкил ва ҳамоҳангсозии чорабиниҳое, ки ҳолати дахлдори техникӣ ва ободонии обанборҳоро таъмин менамоянд, инчунин назорати риояи қоидаҳои истифодаи онҳо;
- пешбурди баҳисобгирии истифода ва ҳифзи захираҳои об, меъёрҳо ва лимитҳои муқарраргардидаи истифодаи об аз ҷониби ҳамаи истифодабарандагони об, сарфи назар аз шакли моликияташон, ва ҷамъбасти дигар маълумот оид ба захираҳои об;
- таъсис ва истифодаи маҳзани маълумот ва системаи иттилоотонӣ оид ба ташаккул, идора ва истифодаи захираҳои об, пешбурди кадастрҳои об ва электроэнергетика;
- пешбурди Феҳристи давлатии иншооти соҳаи захираҳои об, ки маҷмӯи маълумоти ба система даровардашудаи шиносномадиҳии иншооти соҳаи захираҳои об мебошад;
- ба мувофиқа расонидан ва додани иҷозат барои сохтмони иншооти хоҷагии об ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ;
- таҳияи пешниҳодот дар хусуси ба консессия додани иншооти давлатии энергетикию обӣ ҷиҳати анҷом додани корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ;
- ташкили ба таври самарабахш гузаронидани корҳои кашфи конҳои нафту газ ҷиҳати пурра кардани захираҳои ашёи хоми энергегикӣ;
- ба танзим даровардани фаъолияти ширкатҳо ва корхонаҳои ғайридавлатие, ки дар соҳаи нафту газ, коркарди нафт ва воридоту содироти маҳсулоти нафтӣ фаъолият менамоянд;
- назорат аз болои лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи нафту газ ва коркарди нафт;
- мусоидат ба ҷалби сармоя барои корҳои ҷӯстуҷӯӣ, кашфи конҳои нафту газ, коркарди нафт, ворид намудани технологияи муосир оид ба истифодабарии конҳо, истихроҷ ва коркарди нафту газ;
- таҳия, ба мувофиқа расонидан ва тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ намудани лоиҳаҳои сохтмони иншооти пармакунии чоҳҳо, коркарди нафт ва истифодабарии маҳсулоти истеҳсолшаванда;
- пешбурди сиёсати ягонаи тайёркуниии кадрҳо дар муасиссаҳои таълимии системаи Вазорат, ташкили пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ, лоиҳакашӣ ва илмию техникӣ оид ба самтҳои афзалиятноки рушди соҳаҳои муқарраргардидаи фаъолияти Вазорат, ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои илмию таълимӣ, ташкили корҳо оид ба таҳия ва татбиқи барномаҳои байнисоҳавии илмию техникӣ ва лоиҳаҳои инноватсионӣ дар корхонаю муассисаҳои соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои об;
- роҳбарии методӣ оид ба масъалаҳои татбиқи сиёсати ягонаи захираҳои об ва сӯзишворию энергетикии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- анҷом додани назорати техникии иншооти сохташавандаи обӣ ва сӯзишворию энергетикӣ;
- таҳия ва тасдиқи қоидаҳое, ки барои амалисозии таъминот бо энергия аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия заруранд;
- додани ҳуҷҷатҳое, ки тавоноии таҷҳизоти манбаъҳои барқароршавандаи энергия, таҷҳизоти технологии навкардашуда ва комплексҳои таҷҳизоти технологиро барои истеҳсол, табдилдиҳӣ, нигоҳдорӣ ва интиқоли энергия тасдиқ менамояд;
- муайян намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ҷойгиранд, баҳисобгирии онҳо, инчунин баҳисобгирии таҷҳизоте, ки барои истифодабарии ин манбаъҳо пешбинӣ шудаанд;
- тасдиқ намудани тартиби ташаккул, мундариҷа, шакл ва мӯҳлатҳои пешниҳоди иттилоот ҷиҳати пешбурди кадастри манбаъҳои барқароршавандаи энергия, инчунин тартиби қабули қарорҳо оид ба ворид ва хориҷ намудани онҳо аз кадастр;
- амалисозии таъминоти иттилоотӣ дар соҳаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия;
- таҳия, ба мувофиқа расонидан ва тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ намудани талаботи техникӣ ва дигар талабот нисбат ба истифодабарии захираҳои сӯзишворию энергетикӣ ба ҳар воҳиди маҳсулот;
- дар доираи салоҳияти худ ташкил ва ҳамоҳангсозии корҳо оид ба иҷрои ӯҳдадориҳо вобаста ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба фаъолияти соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои об ва тибқи тартиби муқарраргардида намояндагии манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ;
- анҷом додани маркетинг оид ба омӯзиши конюктураи (вазъи) бозори энергетикӣ;
- кӯмаки иттилоотию методӣ вобаста ба фаъолияти корхонаҳои хориҷӣ, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳои соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои об, ташкили рекламаи маҳсулот ва хизматрасонӣ дар бозорҳои ватанӣ ва хориҷӣ;
- тибқи тартиби муқарраргардида дар ҷумҳурӣ ва хориҷа доир намудани ярмаркаҳо ва намоишгоҳҳо, мусоидат ба рушди робитаҳои мустақими истеъмолкунандагон бо истеҳсолкунандагон;
- мусоидат ба таъсис ва фаъолияти гурӯҳҳои молиявию энергетикӣ ва обӣ, сохторҳои трансмиллӣ бо иштироки корхонаҳо ва дигар ташкилотҳои комплекси энергетикию обӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар ва роҳбарии намояндагиҳои худ дар хориҷа;
- ташкил ва амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва аз байн бурдани ҳолатҳои фавқулодда дар соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои об;
- ташкил, ҳамоҳангсозӣ ва назорати иҷрои чорабиниҳо оид ба татбиқи вазифаҳои мудофиаи гражданӣ, омодагии сафарбарӣ, таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва дигар иттилооти махфӣ дар соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои об;
- иштирок дар ташаккул ва дар соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои об татбиқ намудани сиёсати давлатӣ оид ба тайёр кардани мутахассисон дар муасиссаҳои таълимии системаи Вазорат, омодасозӣ, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани тахассуси кадрҳо, таъмини шуғл, ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои об, ҳифзи меҳнат, рушди муносибатҳои меҳнатӣ дар асоси шарикии иҷтимоӣ ва пешгирии ихтилофоти меҳнатӣ;
- иҷрои корҳо оид ба компютеркунонӣ, пешбурд ва ҳифзи маҳзани маълумот вобаста ба соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои об ва реестри иттилоотии субъектҳои он, ташкили таъмини иттилоотии комплекси энергетикию обӣ;
- муқаррар намудани шартҳои созишномаҳои дуҷониба барои корхонаю муассисаҳои давлатӣ, ки ба номгӯи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд;
- таҳия ва таъмини татбиқи барномаҳои сармоягузорие, ки ба суръатбахшии рушди илмию техникӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии кору хизматрасонӣ, паст кардани энергияталабии маҳсулоти истеҳсолшаванда нигаронида шудаанд;
- таҳияи методикаи ташаккули нишондиҳандаҳои назоратии воситаҳои дастгирии давлатии соҳаҳои комлекси энергетика ва захираҳои об оид ба самтҳои маблағгузорӣ, тартиби истифодаи фондҳои эҳтиётии мутамаркази таҷдиди сохтори соҳаҳои энергетика ва захираҳои об, ки аз ин ҳисоб ташаккул ёфтаанд;
- тасдиқи меъёрҳои хароҷоти қиёсии захираҳои сӯзишворию энергетикӣ, меъёрҳои захира намудани сӯзишворӣ, меъёрҳои талафоти технологии нерӯи барқ ва гармӣ, газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ;
- тасдиқи шакли феҳристи иншооти хоҷагиҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва соҳаи захираҳои об, инчунин тартиби фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба дохил намудани объектҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва соҳаи захираҳои об ба шабакаи ягонаи миллии барқӣ ва обӣ;
- тасдиқи қоидаҳои баҳисобгирӣ ва истифодаи нерӯи барқ, газ, нафт, маҳсулоти нафтӣ ва захираҳои об;
- санҷиш ва таҳлили иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои техникаи бехатарӣ дар корхонаҳо ва дигар ташкилотҳои соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои об;
- иштирок дар муайян намудани методикаи ҳисоби тарифҳо барои нерӯи барқ ва гармӣ, гази табиӣ, нафт, маҳсулоти нафтӣ ва об;
- муайян намудани тартиби маҳдудсозӣ ва қатъ намудани истифодабарандагон аз системаи таъминот бо энергия (нерӯи барқ ва гармӣ, газ) ва об;
- таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳод намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба сарфаи энергия ва об, истифодаи манбаъҳои ғайримаъмулии энергия;
- тасдиқи тартиби коркарди конҳои нафту газ, истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмули маҷро ва соҳилҳои дарёҳо, кӯлҳо ва обанборҳо, инчунин меъёрҳои иҷозатшудаи талафоти технологии маҳсулот;
- таҳияи тартиби аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ пешниҳод намудани иттилоот оид ба коркарди конҳои нафту газ ва истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмули маҷро ва соҳилҳои дарёҳо, кулҳо ва обанборҳо;
- андешидани тадбирҳо ҷиҳати аз ҷониби корхонаю ташкилот ба Фонди давлатии геологӣ пешниҳод намудани ҳисобот оид ба корҳое, ки аз бақайдгирии давлатӣ гузаштаанд ва ҳисобот оид ба тавозуни захираҳо ва тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоб баровардани захираҳои тавозунии тасдиқнашудаи нафту газ;
- муайян намудани тартиби пешбурди дафтари баҳисобгирии захираҳо ҳангоми истифодабарии конҳо ва коркарди нафт;
- анҷом додани экспертизаи ҳатмии энергетикии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии иншооти сохтмонӣ;
- пешбурди баҳисобгирии ҳатмии захираҳои сӯзишворию энергетикӣ, ки аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ истеҳсол ва масраф шудаанд;
- анҷом додани назорати истифодаи дурусти тахфиф ва иловапулӣ ба тарифҳо барои нерӯи барқ ҷиҳати ҷуброни иқтидори реактивӣ дар таҷҳизоти барқии истеъмолкунандагон;
- муайян намудани нақшаи корӣ ва нишондиҳандаҳои дурнамои фаъолияти корхонаю муасиссаҳои системаи Вазорат;
- ба роҳ мондани идоракунии ҳамгироишудаи захираҳои об;
- таҳия ва татбиқи барномаҳои миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлати идора, истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об;
- таҳияи пешниҳодот ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати давлатӣ дар самти муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаи захираҳои об;
- тасдиқи нақшаҳои дарозмуддат ва солонаи корҳои илмию тадқиқотӣ, лоиҳакашӣ, таҷрибавию конструкторӣ оид ба баланд бардоштани самаранокии истифода ва ҳифзи захираҳои об;
- пешбурди сиёсати судманди сармоягузорӣ ва мутаносибии маблағгузории муттамаркази давлатӣ ва маблағҳои худии корхонаю ташкилотҳои система бо мақсади рушди соҳаи захираҳои об;
- мусоидат ба ҷалби сармоя барои таҷдид ва рушди иншооти комлекси хоҷагии об, инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои муосири идоракунӣ вобаста ба истифода ва ҳифзи захираҳои об;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти худ бо дигар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин дигар ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, оид ба масъалаҳои идоракунӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои об ва дигар масъалаҳо дар соҳаи муқараргардидаи фаъолият;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти корхонаю ташкилоти вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, сарфи назар аз шакли моликият, ки ба масъалаҳои обтаъминкунӣ машғуланд;
- таҳияи тавозуни захираҳои об ва нақшаи истифодаи маҷмӯии захираҳои об дар ҳавзаҳои дарёҳо, кӯлҳо, обанборҳо ва дар ҷумҳурӣ;
- якҷоя бо дигар мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ гузаронидани мониторинги иншооти обӣ;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар санадҳои соҳавӣ;
- ҳалли баҳсҳо оид ба истифодаи захираҳои энергетикӣ ва обӣ аз ҷониби ташкилоту муасиссаҳои давлатии системаи Вазорат;
- дар доираи салоҳияти худ анҷом додани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи идоракунӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои об;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намудани пешниҳод оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии корхонаю муассисаҳои системаи Вазорат;
- дар доираи ваколатҳои худ таъсис додани комиссияҳо ва гурӯҳҳои корӣ;
- иштирок дар амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ;
- иштирок дар таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои минтақавӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ;
- тибқи тартиби муқарраргардида гузаронидани озмун ва бастани қарордодҳои давлатӣ вобаста ба ҷойгиркунии фармоиш барои молрасонӣ, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти Вазорат, инчунин гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ барои эҳтиёҷотӣ давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;
- таҳлил ва омӯзиши вазъи татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои муқарраргардидаи фаъолият;
- анҷом додани функсияи ихтиёрдори асосӣ ва гирандаи маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ки барои нигоҳдории Вазорат ва татбиқи функсияҳои ба зиммаи Вазорат оид ба масъалаҳои молиявӣ гузошташуда;
- тибқи тартиби муқарраргардида андешидани чораҳои зарурӣ оид ба қабули шаҳрвавдон ва сари вақт баррасӣ намудани муроҷиатҳои онҳо;
- ташкили омодагии касбии кормандони Вазорат, бозомӯзӣ, баланд бардоштани тахассус ва таҷрибаомӯзии онҳо дар муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз он;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои корҳо оид ба ҷамъоварӣ, нигоҳдории, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти Вазорат ташаккул ёфтаанд;
- таҳия ва тасдиқ намудани тавозуни индикативии маҳсулоти нафтӣ барои ҳар соли тақвимӣ;
- муайян намудани меъёри истифодаи нерӯи барқ, газ ва маҳсулоти нафтӣ;
- таҳияи пешниҳодҳо ҷиҳати ба консессия супоридани иншооти давлатии энергетикӣ, оид ба додани иҷозатнома барои кашфи конҳо ва истихроҷи захираҳои комплекси энергетикӣ;
- мониторинги фаъолияти корхонаҳои соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои об новобаста аз шакли моликияташон бо мақсади анҷом додани гузариши муттасили онҳо бо муносибатҳои бозаргонӣ;
- иҷрои дигар ваколатҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият, ки бо қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
6. Вазорат, бо мақсади татбиқи ваколатҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият, ҳуқуқ дорад:
- тибқи тартиби муқарраргардида маълумотеро, ки барои қабули қарор вобаста ба ҳалли масъалаҳо дар соҳаҳои муқарраргардидаи фаъолияти Вазорат заруранд, аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дархост намояд ва ройгон ба даст орад;
- тибқи тартиби муқарраргардида нишонаҳои ифтихорӣ ва дигар мукофоти идоравӣ таъсис диҳад ва барои дастовардҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият шаҳрвандонро сарфароз гардонад;
- тибқи тартиби муқарраргардида барои ҳалли масъалаҳои соҳаи фаъолият ташкилотҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳо, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд;
- дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият мақомоти ҳамоҳангсоз, машваратӣ ва экспертӣ, аз ҷумла байниидоравӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳо) таъсис диҳад;
- тибқи тартиби муқарраргардида барои интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаҳои муқарраргардидаи фаъолият, эълонҳои расмӣ, чопи дигар мавод оид ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Вазорат қарордошта воситаҳои чопии ахбори омма таъсис диҳад;
- нисбат ба корхонаҳо ва дигар ташкилотҳо аз рӯи натиҷаҳои назорати давлатӣ дар соҳаҳои муқарраргардидаи фаъолият чораҳои зарурӣ андешад;
- дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият анҷом додани дигар вазифаҳоеро, ки қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, таъмин намояд;
III. Ташкили фаъолият
7. Ба Вазорат Вазир роҳбарӣ менамояд, ки тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Вазир барои иҷрои ваколатҳои ба зиммаи Вазорат гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.
Вазир муовинон, аз ҷумла як муовини якум дорад, ки бо пешниҳоди Вазир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
8. Барои ҳалли проблемаҳои нисбатан муҳим дар Вазорат дар ҳайати Вазир (раис), муовинони Вазир мувофиқи вазифа, дигар кормандони роҳбарикунандаи Вазорат ҳайати мушовара бо теъдоди 7 нафар таъсис дода мешавад. Шумораи аъзои ҳайати мушовараи Вазорат, тасдиқ ва озод намудани онҳо аз ҳайати мушовара бо пешниҳоди Вазир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Қарорҳои ҳайати мушовара бо протоколҳо ба расмият дароварда шуда, бо фармонҳои Вазир дар амал татбиқ карда мешаванд.
9. Вазир:
- байни муовинони худ вазифаҳоро тақсим мекунад;
- низомномаи воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии Вазорат ва мақомоти дар Нақшаи идоракунии Вазорат пешбинишударо тасдиқ менамояд;
- кормандони дастгоҳи марказии Вазорат ва роҳбарони мақомоти маҳаллии хадамоти тобеи Вазоратро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- роҳбарони корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Вазоратро тибқи тартиби муқарраргардида мувофиқа ва ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- роҳбарони намояндагиҳои Вазоратро дар хориҷа ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳои вобаста ба адои хизмати давлатиро дар Вазорат ҳаллу фасл менамояд;
- сохтор ва басти вазифаҳои Вазоратро тибқи талаботи намунавӣ дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, инчунин сметаи хароҷоти Вазоратро дар доираи маблағҳое, ки барои давраи дахлдор дар Буҷети давлатӣ пешбинӣ гардидаанад, тасдиқ мекунад;
- шумораи кормандон ва фонди музди меҳнати кормандони мақомоти тобеи Вазоратро дар доираи нишондиҳандаҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сметаи хароҷотро барои нигоҳдории онҳо дар доираи маблағҳои барои давраи дахлдор дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида тасдиқ менамояд;
- оинномаҳои корхонаҳою муассисаҳои системаи Вазорат, ҷамъиятҳои саҳомии кушодаеро, ки идораи оперативии онҳо ба зиммаи Вазорат вогузор шудааст, тибқи тартиби муқарраргардида мувофиқа ва тасдиқ менамояд;
- нақшаи кори ҳарсола ва нишондиҳандаҳои дурнамои фаъолияти хадамотҳо, инчунин ҳисобот оид ба иҷрои онҳоро тасдиқ менамояд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди роҳбарони хадамотҳо лоиҳаҳои низомнома ва сохтор, шумораи ниҳоии кормандон ва фонди музди меҳнати кормандони онҳоро барои тасдиқ манзур менамояд;
- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ дар қисми таъмини молиявии фаъолияти Вазорат ва хадамотҳо пешниҳод манзур медорад;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои барои ташкили фаъолияти самараноки Вазорат заруриро пешниҳод менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии корхонаю муассисаҳои давлатӣ, ки таҳти тобеияти хадамотҳо қарор доранд, пешниҳод манзур медорад;
- ба хадамотҳои тобеи Вазорат дастурҳо медиҳад ва иҷрои онҳоро назорат менамояд;
- қарорҳои хадамотҳои тобеи Вазоратро, ки хилофи қонунгузорӣ мебошанд, агар дар қонунгузорӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, бекор мекунад;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбари хадамотҳои тобеи Вазорат пешниҳод манзур менамояд;
- бо пешниҳоди роҳбарони хадамотҳои тобеи Вазорат муовинони онҳо ва роҳбарони мақомоти маҳаллии хадамотҳоро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
- фармоишҳо мебарорад, ки дорои хусусияти меъёрӣ мебошанд ва вобаста ба масъалаҳои оперативӣ ва дигар масъалаҳои ҷории Вазорат фармоишҳои дорои хусусияти ғайримеъёрӣ мебарорад;
- тибқи тартиби муқарраргардида кормандони дастгоҳи марказии Вазорат, хадамотҳои тобеи Вазорат, корхонаю муасиссаҳои системаи Вазорат ва дигар шахсонеро, ки дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият корҳоро анҷом медиҳанд, барои сарфароз гардонидан бо унвонҳои фахрӣ ва мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
10. Маблағгузории хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи марказии вазорат ва мақомоти дар Нақшаи идоракунии он пешбинишуда аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида, инчунин аз ҳисоби маблағҳои махсус мувофиқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида анҷом дода мешавад.
11. Вазорат шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ, мӯҳр, бланк ва штампҳои намунаи муқарраргардида буда, аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.
12. Суроғаи ҳуқуқии Вазорат: 734064, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамсӣ-5/1.
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2014, № 149
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Сарраёсати сиёсати энергетикӣ ва захираҳои об
Раёсати иқтисод ва дурнамо
Раёсати электроэнергетика
Раёсати захираҳои об
Раёсати истихроҷ, коркард ва таъминоти нафту газ
Раёсати корҳо
Шӯъбаи ҳуқуқ
Шӯъбаи муносибатҳои байналмилалӣ
Шӯъбаи баҳисобгирӣ ва ҳисоботи муҳосибавӣ
Бахши иҷозатномадиҳӣ
Бахши Котибот
Бахши кадрҳо ва корҳои махсус
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2014, № 149
тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика
Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ
Замимаи 4
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 марти соли 2014, № 149
тасдиқ шудааст
Номгӯи корхонаю муасиссаҳои системаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Помир-энерҷӣ"
Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиктрансгаз"
Корхонаи воҳиди давлатии "Нафту газ"