Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ, Номгӯи корхонаҳо ва муассисаҳои системаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
2. Шумораи кормандони дастгоҳи марказии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон 95 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.
3. Дар ҳайати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии "Ангишти Тоҷик" ва Муассисаи давлатии маҷаллаи "Саноат ва технологияҳои нав" таъсис дода шавад.
4. Ба Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки се муовин, аз ҷумла як муовини якум дошта бошад.
5. Барои дастгоҳи марказии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 4 воҳид муқаррар карда шавад.
6. Маблағгузории дастгоҳи марказии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо мувофиқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида анҷом дода шавад.
7. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати се моҳ:
- доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;
- санадҳои худро бо қарори мазкур мутобиқ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 марти соли 2014 № 147
ш. Душанбе