Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2014 № 1071 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 1996 "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №3, мод. 55; с. 1997, №9, мод. 117, фасли XXIII; с. 1998, №10, мод. 119, фасли XII; с. 2001, №7, мод. 475; с. 2003, №8, мод. 452; с. 2009, №3, мод. 93; №12, мод. 817; с. 2011, №12, мод. 834; с. 2012, №7, мод. 713) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба Қонун муқаддима бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муносибатҳои онҳоро бо мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо, ки аз будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, инчунин ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳоро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.".

2. Ба моддаи 1 қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Шахсоне, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мансубияти онҳоро ба шаҳрвандии давлати дигар надоранд, шахсони бешаҳрванд эътироф карда мешаванд.";

- қисми дуюм мутобиқан қисми сеюм ҳисобида шавад.

3. Дар қисми чоруми моддаи 3 калимаи "ҷумҳурӣ" ба калимаи "давлат" иваз карда шавад.

4. Дар моддаи 10:

- дар қисмҳои якум ва дуюм калимаи "ёрдампулиҳо" ба калимаи "кӯмакпулиҳо" иваз карда шавад;

- ба қисми сеюм пас аз калимаҳои "тартибе, ки" калимаи "қонунгузории" илова карда шавад.

5. Дар моддаи 17:

- дар номи модда калимаҳои "занушуӣ ва оила" ба калимаҳои "оилавӣ" иваз карда шаванд;

- дар қисми дуюм калимаҳои "занушуӣ ва" хориҷ карда шуда, калимаҳои "ба зимма вазифаҳо доранд" ба калимаҳои "дорои ӯҳдадориҳо мебошанд" иваз карда шаванд.

6. Дар моддаи 24:

- дар банди 3) қисми сеюм калимаҳои "қонунгузории оиди мавқеи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "талаботи Қонуни мазкур" иваз карда шаванд;

- қисми чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи маъмурӣ ронда шудаанд, ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати панҷ сол аз рӯзи қабули қарор дар бораи ронда шудан, манъ аст.".

7. Дар моддаи 25:

- дар қисми сеюм:

- дар банди 1) калимаҳои "хатми кор аз рӯи" ба калимаҳои "анҷоми пешбурди" иваз карда шаванд;

- дар банди 4) калимаи "Қонуни" ба калимаи "қонунгузории" иваз карда шавад;

- ба қисми чорум пас аз калимаи "мавқуф" калимаи "гузошта" илова карда шавад.

8. Дар матни моддаи 26 калимаи "визаи" ба калимаи "раводиди" иваз карда шавад.

9. Моддаи 28 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 28. Ҷавобгарӣ барои амалҳои зиддиҳуқуқӣ

Шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои зиддиҳуқуқӣ содир кардаанд, тибқи асосҳои умумӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".

10. Дар қисми якуми моддаи 30 калимаҳои "қонуни оид ба вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "талаботи Қонуни мазкур" иваз карда шаванд.

11. Банди 3) қисми якуми моддаи 31 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"3) агар вай талаботи Қонуни мазкур, қонунгузории гумрук, асъор ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя накарда бошад.".

12. Дар матни моддаҳои 32 ва 33 калимаҳои "Нуқтаҳои ин Қонун" ва "Нуқтаи ин Қонун" ба калимаҳои "Муқаррароти Қонуни мазкур" иваз карда шаванд.

13. Ба Қонун моддаи 35 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 35. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

14 марти соли 2014 № 1071

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 25 декабри соли 2013 № 1397

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш. Душанбе, 27 феврали соли 2014 № 657