Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 феврали соли 2014, № 125
тасдиқ шудааст
Низомномаи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.07.2016 № 294, аз 29.12.2022 № 615)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Агентӣ) дар соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, оид ба амалӣ намудани пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ ва танзими меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи беҳдошти замин ва заминҳои обёришаванда, истифода ва нигаҳдошти объектҳои хоҷагии об, таъминот, истифода ва ҳифзи об фаъолиятро анҷом медиҳад.
2. Роҳбарӣ ба фаъолияти Агентӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
3. Агентӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷяиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ва Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад.
4. Агентӣ фаъолияти худро оид ба беҳдошти замин ва обёрӣ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо амалӣ месозад.
5. Агентӣ ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти воҳидҳои таҳти тобеияташ қарордоштаро анҷом медиҳад.
2. Ваколатҳо
6. Агентӣ тибқи асосҳо ва ҷиҳати иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ваколатҳои зеринро анҷом медиҳад:
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар доираи фаъолияти муқарраршуда пешниҳод менамояд;
- пешбурди баҳисобгирии давлатӣ ва мониторинги ҳолати захираҳои об, хизматрасонӣ ба истифодабарандагони об ва танзими онҳо тибқи шартнома;
- пешбурди баҳисобгирии давлатӣ ва мониторинги оби партов, бартараф кардани он, дар сурати номутобиқатӣ ба шартнома ҷамъоварии ҳаққи обпартовҳо дар асоси шарту шароитҳои шартнома ва маълумотҳои сабтшуда;
- идоракунии иншооти ирригатсионӣ, дренажӣ ва ё дигар иншоотҳои идоракунии обӣ дар таҳти тобеияти Агентӣ қарордошта ё ба Агентӣ вогузоршуда тибқи нақшаи умумии тақсимоти об, ки аз ҷониби идораҳои зертобеи он қабул карда шудааст;
- нигаҳдошти маъмулӣ ва даврӣ, гузаронидани корҳои таъмирии иншооти ирригатсионӣ, дренажӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ таъмири иншоотҳои дигари идоракунии оби дар таҳти тобеияти Агентӣ қарордошта ё ба Агентӣ вогузоршуда аз ҳисоби маблағҳои маблағгузоришавандаи мутамарказ ва сармоягузорӣ;
- муаяйн намудани эҳтиёҷоти барқарорсозӣ ва беҳдошти қобилияти обгузаронии иншоотҳои ирригатсионӣ, дренажӣ ва дигар иншооти идоракунии об, ки дар мувозинаи Агентӣ мебошанд;
- таҳия намудани Кадастри ҳолати мелиоративии заминҳо, таҳлили иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтаргардонии раванди ҳолати мелиоративии заминҳо аз ҳисоби сарчашмаҳои мавҷудаи маблағгузорӣ, назорат ва пешгирӣ намудани сабабҳои бад шудани ҳолати мелиоративии заминҳо;
- таҳлил ва мониторинги вазъи корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар сой ва дарёҳо;
- таҳияи нақшаи таъмир, барқарорсозӣ ва нигоҳдории саддҳо;
- таҳияи нақшаи солонаи азхудкунии заминҳои нав;
- таҳия намудани нақшаи маблағгузорӣ барои рушди соҳа аз сарчашмаҳои марбута;
- ташкил ва ҳамоҳангсозии чорабиниҳои таъминкунандаи ҳолати техникӣ ва фаъолияти босуботи обанборҳое, ки танҳо функсияи ирригатсионӣ доранд;
- бо пешниҳоди раёсатҳо ва бо мақсади ҳимояи манфиатҳои умуми ҷамъият маҳдуд сохтани интиқоли об ба истифодабарандагон, тасҳеҳи нақшаи додани об бо дарназардошти низоми тағйирёфтаи манбаи обёрӣ, шароити иқлимӣ, вазъҳои садамавӣ дар иншооти гидротехникӣ, таҳдиди хурӯҷи эпидемия ва ҳолатҳои дигар, ки таҳия ва иҷрои чорабиниҳои махсусро ҷиҳати ҳифзи эҳтиёҷоти аҳолӣ ба оби нӯшокӣ ва мақсадҳои маишӣ, инчунин оид ба муҳофизати иншооти об талаб менамояд;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ андешидани чораҳои зарурӣ ҳангоми риоя накардани шартҳои истифодаи об барои партофтани обҳои партов;
- қисман ё пурра маҳдуд кардани истифодаи об ҳангоми такроран риоя накардани шартҳои шартнома дар асоси иҷозатномаи обрасонӣ;
- тартиб ва нигоҳдории маҳзани маълумот оид ба обрасонӣ ва ҳаққи хизмати обрасонӣ;
- шаффофият дар робита бо ҷамъият, ташкили қабули шаҳрвандон, пурра ва сари вақт баррасӣ намудани муроҷиатҳои хаттӣ ва шифоҳии шаҳрвандон, қабули қарорҳои машваратӣ оид ба онҳо ва дар мӯҳлати муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудани ҷавобҳо ба муроҷиаткунандагон;
- пешниҳоди саривақтии маълумот оид ба нақша ва тақсимоти амалияи захираҳои об;
- дастгирии машваратии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ дар соҳаи идоракунӣ ва таъмири иншооти обрасонӣ ва тақсимоти об;
- назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти зерсохторҳои Агентӣ дар соҳаи идора ва нигоҳдории объектҳои хоҷагии об;
- мувофиқи стандартҳои муқарраргардида амалӣ намудани санҷиши интихобии ҳолати инфрасохтори иншооти обии ба ӯхдаи Агентӣ гузаронидашуда;
- назорати фаъолияти корхонаҳо оид ба беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо;
- назорат ва гузаронидани санҷиши интихобӣ дар иншооти сохташуда;
- амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба таъминоти обёрӣ ва беҳдошти замин, истифодаи самараноки об, сохтани иншооти идоракунии об ва ҳифзи обҳои минтақавӣ аз заҳролудшавӣ;
- пешбурди баҳисобгирии давлатӣ ва ба тавозун қабул кардани заминҳои нави обёришаванда ва иншооти сохтмони асосӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муайян намудани миқдори оби дастрасшуда ба истифодабарандагон ва сабти маълумоти дахлдор;
- назорати зарурии маблағҳои буҷетӣ, ҳаққи хизмати обрасонӣ ва истифодабарии об;
- нигоҳдории маълумоти умумӣ дар маҳзани иттилоотии маълумот;
- пешбурди Феҳристи давлатии иншооти гидротехникӣ, ки маҷмӯи маълумоти ба системаи шиносномадиҳӣ даровардашудаи иншооти хоҷагии оби Агентиро ташкил медиҳанд;
- таъсис ва истифодаи маҳзани маълумот ва системаи иттилоотонӣ оид ба иншооти гидротехникӣ ва ҳолати техникии онҳо;
- ташкил намудани раёсатҳои Агентӣ дар вилояту минтақаҳо бо мақсади идора, нигоҳдорӣ ва истифодабарии иншооти гидротехникӣ;
- таъсис додани сохторҳои зертобеи Агентӣ барои идоракунии шабака дар якҷоягӣ бо федератсияҳои Ассотсиатсияи истифодабарандагони об;
- пурра ё қисман ба дигар иҷрокунандаҳо (истифодабарандагон) ё ширкатҳои хусусӣ супоридани функсияҳои идоракунӣ, нигаҳдошт ва истифодабарии иншоот тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муайян кардани нақшаи корӣ ва нишондиҳандаҳои дурнамои стратегии фаъолиятҳои Агентӣ ва корхонаҳои фаръии он;
- тибқи тартиби муқарраргардида таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии ташкилот ва корхонаҳои Агентӣ;
- таъсис додани комиссия ва гурӯҳҳои корӣ дар доираи салоҳият ва вазифаҳои кории худ;
- анҷом додани функсияи ихтиёрдории асосӣ ва гирандаи маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ки барои нигоҳдошти Агентӣ ва татбиқи функсияҳои ба зиммаи Агентӣ гузошташуда пешбинӣ гардидаанд;
- дар доираи салоҳияти худ ҳифзи маълумоте, ки дорои сирри давлатӣ мебошад;
- таҳия ва амалисозии чорабиниҳо оид ба паст намудани таъсири офатҳои табиӣ, аз ҷумла барқарорсозии иншоот;
- ташкили идораҳои ҳавзавӣ ва зерҳавзавӣ дар доираи салоҳияти худ;
- ба таври ройгон дархост намудан ва ба даст овардани маълумотҳои зарурӣ барои қабули қарор вобаста ба масъалаҳои таҳти салоҳияти Агентӣ қарордошта аз шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ;
- маҳдуд намудани ҳуқуқи обистифодабарандагон тибқи тартиби муқарраргардида ҳангоми андешидани чораҳои таъхирнопазир оид ба пешгирӣ ва аз байн бурдани оқибатҳои офатҳои табиӣ, ки аз сабаби таъсири зиёновари об рух додааст;
- маҳдуд ва қатъ кардани обрасонӣ ҳангоми мунтазам пардохт накардани ҳаққи хизмати обтаъминкунӣ;
- тибқи тартиби муқарраргардида ҷалб намудани ташкилотҳои илмӣ ва дигар, инчунин олимон ва мутахассисон барои ҳалли масъалаҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият;
- иҷрои дигар ваколатҳое, ки қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият пешбинӣ намудаанд.
3. Ташкили фаъолият
7. Агентиро Директор роҳбарӣ менамояд, ки тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
8. Директори Агентӣ барои иҷрои ваколатҳои ба Агентӣ вогузоршуда ва амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқаррарнамудаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.
9. Директор дорои се муовин, аз ҷумла як муовини якум мебошад, ки бо пешниҳоди ӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд .
10. Директор:
- манфиатҳои Агентиро дар мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо ҳимоя мекунад ва роҳбарии умумии фаъолияти Агентиро амалӣ месозад;
- фармоишҳо ва қарорҳо интишор мекунад, ки иҷрои онҳо барои ҳамаи кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ, инчунин раёсатҳои вилоятӣ ва минтақавии беҳдошти замин ва обёрӣ ҳатмӣ мебошад;
- вазифаҳоро байни муовинони худ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ тақсим мекунад;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ масъалаҳои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони шӯъба ва раёсатҳои вилоятӣ ва минтақавӣ оид ба беҳдошти замин ва обёриро ҳал менамояд;
- низомномаҳои воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохтории тобеи худро тасдиқ мекунад;
- бо тартиби муқарраргардида дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои ғайрибуҷетиро ихтиёрдорӣ менамояд;
- барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Агентӣ таклифҳо пешниҳод менамояд;
- қарорҳои мақомоти ҳудудии Агентиро, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, бекор мекунад;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ амволи Агентиро бо ҳуқуқи идоракунии амалиётӣ ихтиёрдорӣ мекунад, шартномаҳо мебандад ва ваколатнома медиҳад;
- бо тартиби муқарраргардида кормандонро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд, бо онҳо шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ мебандад;
- бо тартиби муқарраргардида басти вазифаҳои дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои зерсохтори Нақшаи идоракунии Агентиро тибқи талаботи намунавӣ дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи кормандони муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бароварди хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои зерсохтори Нақшаи идоракунии Агентӣ дар доираи ҳаҷми маблағгузориҳои муқарраргардидаи буҷети ҷумҳуриявӣ тасдиқ менамояд;
- тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" масъалаҳои вобаста ба хизмати давлатиро баррасӣ менамояд;
- оид ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағгузории Агентӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд.
11. Агентӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини фаъолияти бонизоми соҳа ҳуқуқ дорад дар доираи имкониятҳои воқеии молиявӣ шумораи зарурии кормандонро муқаррар намояд ва онҳоро аз ҳисоби маблағҳои аз фаъолияти хоҷагидорӣ бадастомада маблағгузорӣ кунад.
12. Маблағгузории хароҷоти нигаҳдории дастгоҳи марказии Агентӣ ва сохторҳои зертобеи дар Нақшаи идоракунии он пешбинишуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо мувофиқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида анҷом дода мешавад.
13. Агенти шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, рамз, бланкҳо, мӯҳр ва штампҳои дахлдор мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.
14. Амволи Агентӣ моликияти давлатӣ ба ҳисоб меравад ва ба Агентӣ бо ҳуқуқи ихтиёрдорӣ ва идоракунии амалиётӣ вогузор карда шудааст.
15. Суроғаи ҳуқуқии Агентӣ: 734064, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамсӣ - 5/1 мебошад.
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 феврали соли 2014, № 125
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Раёсати ҳавзавии беҳдошти замин ва обёрӣ
Раёсати баҳисобгирии муҳосибавӣ, молия ва ҷамъоварии ҳаққи хизмати обрасонӣ
Шӯъбаи иқтисод ва ояндабинӣ
Шӯъбаи пойгоҳҳои обкашӣ ва зеристгоҳҳои барқӣ
Шӯъбаи нақлиёт ва механизатсия
Бахши сохтмон ва соҳилмустаҳкамкунӣ
Бахши робитаҳои иқтисоди хориҷӣ ва сармоягузорӣ
Бахши ҳуқуқ
Бахши кадрҳо ва корҳои махсус
Бахши умумӣ
Шӯъбаи дастгирии Ассотсиатсияи истифодабарандагони об
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 феврали соли 2014, № 125
тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи маркази
Шӯъбаи беҳдошти замин ва обёрӣ дар ВМКБ
Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд
Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон
Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақаи Душанбе
Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақаи Ҳисор
Замимаи 4
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 феврали соли 2014, № 125
тасдиқ шудааст
Номгӯи корхонаю муассиса ва ташкилотҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муассисаи давлатии "Назорати ҳолати мелиоративии заминҳо ва истифодаи об"
2. Муассисаи давлатии "Шабакаҳои барқӣ ва зеристгоҳҳо"
3. Муассисаи давлатии "Таъмир ва нигоҳдории пойгоҳҳои обкашӣ"
4. Муассисаи давлатии "Нақби оби Данғара"
5. Муассисаи давлатии "Маркази такмили ихтисос"
6. Муассисаи давлатии "Сохтмони асосӣ ва мелиоративӣ"
7. Муассисаи давлатии "Истифодабарии иншоотҳои истеҳсолӣ ва манзилӣ"
8. Муассисаи давлатии "Канали Чубек"
9. Муассисаи давлатии "Канали Хоҷабоқиргон"
10. Муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаи "Идоракунии захираҳои обии водии Фарғона"
11. Муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаи "Барқарорсозии системаҳои ирригатсионӣ"
12. Маркази татбиқи лоиҳаи "Обёрии заминҳои водии Данғара"
13. Муассисаи давлатии "Сохтмон ва таъмири механиконидашудаи иншооти гидротехникӣ ()
Ташкилотҳои тиҷоратӣ
1. Институти лоиҳакашии "Тоҷикгипроводхоз"
2. Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикобавтоматика"
3. Корхонаи воҳиди давлатии сохтмону комплектатсияи иншоотҳои мелиоративӣ
4. Корхонаи воҳиди давлатии корҳои махсусгардонидаи №10 шаҳри Ваҳдат
5. Корхонаи воҳиди давлатии "Суғдобсохтмон"
6. Корхонаи воҳиди давлатии "Вахшобсохтмон"
7. Корхонаи воҳиди давлатии "Селмуҳофизат"
8. Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Обёрии Данғара"
9. Корхонаи воҳиди давлатии механиконидашудаи махсус оид ба истифодабарии шабақаҳои обёрӣ дар ноҳияи Данғара
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 феврали соли 2014, № 125
тасдиқ шудааст
Низомномаи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.07.2016 № 294)