Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.07.2016 № 294)
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ, Номгӯи корхонаю муассиса ва дигар ташкилотҳои системаи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
2. Шумораи ниҳоии кормандони Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 81 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ 46 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад, ки аз он 7 воҳиди дастгоҳи марказӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси Агентӣ маблағгузорӣ карда шавад .
3. Ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 3 муовини Директори Агентӣ, аз ҷумла як муовини якум ва ҳайати мушовара иборат аз 5 нафар дошта бошад. Барои Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 8 адад, аз ҷумла барои дастгоҳи марказӣ 3 адад муқаррар карда шавад .
4. Маблағгузории Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар маблағҳо мувофиқи тартиби бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқагардида анҷом дода мешавад.
5. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд.
6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 595 "Дар бораи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон" беэътибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 феврали соли 2014 № 125
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, № 12 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ, Номгӯи корхонаю муассиса ва дигар ташкилотҳои системаи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
2. Шумораи ниҳоии кормандони Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағгузории буҷетӣ ба миқдори 73 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла Дастгоҳи марказӣ 38 воҳид муқаррар карда шавад.
3. Ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 2 муовини Директори Агентӣ ва ҳайати мушовара иборат аз 5 нафар дошта бошад. Барои Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ ба миқдори 8 адад, аз ҷумла барои дастгоҳи марказӣ 3 адад муқаррар карда шавад.