Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2014 № 34 "Дар бораи Номгӯи объектҳое, ки ба консессия дода намешаванд ё ба консессия додани онҳо маҳдуд карда шудааст"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Номгӯи объектҳое, ки ба консессия дода намешаванд ё ба консессия додани онҳо маҳдуд карда шудааст

Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи консессияҳо" ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Номгӯи объектҳое, ки ба консессия дода намешаванд ё ба консессия додани онҳо маҳдуд карда шудааст, тибқи замима тасдиқ карда шавад.

2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2000, № 49 "Дар бораи тасдиқ кардани номгӯйҳои объектҳое, ки ба консессия супорида намешаванд ва объектҳое, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба консессия супорида мешаванд" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 январи соли 2014 № 34

ш. Душанбе

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 январи соли 2014 № 34

тасдиқ шудааст

Номгӯи объектҳое, ки ба консессия дода намешаванд ё ба консессия додани онҳо маҳдуд карда шудааст

1. Объектҳои зерин ба консессия дода намешаванд:

- объектҳои ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда;

- иншооти мероси таърихӣ ва табиӣ, моликияти миллӣ (дорои арзиши бадеӣ, осори фарҳангӣ, осорхонаҳо, мамнӯъгоҳҳо, парваришгоҳҳо, фондҳои давлатӣ, бойгонӣ ва дигар иншооти осори таърихӣ ва моликияти миллӣ);

- биноҳо ва иншооти маъмурии мақомоти идоракунии ҳокимияти давлатӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ;

- объектҳо ва амволи қувваҳои мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, амният, гумрук ва андози Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- объектҳои мақомоти геодезӣ, харитасозӣ, обуҳавошиносӣ, мақомоти ҳифзи муҳити зист ва ҷангал;

- объектҳои санитарию эпидемиологӣ ва хадамоти ветеринарӣ;

- объектҳои муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ;

- объектҳои корхонаҳои оид ба истеҳсоли заҳрҳои зудтаъсиркунанда, воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои заҳролуд, инчунин корхонаҳое, ки ба киштукор, парвариш ва коркарди зироатҳое, ки дар таркибашон моддаҳои нашъаовар ва заҳрдор доранд, машғуланд;

- объектҳое, ки бо тадқиқотҳои илмӣ, истеҳсол, коркард ва гӯронидани элементҳо ва партовҳои радиоактивӣ, таҷҳизоту асбобҳои бо истифодаи моддаҳои радиоактивӣ ва изотопҳо машғуланд;

- объектҳои корхонаҳои оид ба гӯронидани партовҳои сахти саноатию маишӣ ва ҷойҳои гӯронидани чорво;

- объектҳои мақомоти давлатии илмии экспертиза ва сертификатсияи маҳсулоти фарматсевтикӣ, таҷҳизоти тиббӣ, маҳсулоти тиббӣ ва санитарию гигиенӣ, ғизои табобатию профилактикӣ ва косметика;

- объектҳои корхонаҳои саноати мудофиа, ки ба истеҳсол, таъмир ва фурӯши аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда, инчунин асбобҳои махсус ва таҷҳизот барои истеҳсоли онҳо машғуланд;

- объектҳои корхонаҳои системаи идораи ҳаракати ҳавоӣ ва объектҳое, ки бо таъмини системаи ягонаи идоракунии ҳаракати ҳавоӣ алоқаманданд;

- объектҳои мақомоти оид ба ҳодисаҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, таъмини амволи махсус;

- объектҳои корхонаҳое, ки ба истеҳсол, таъмир ва фурӯши силоҳи оташфишони шикорию варзишӣ ва муҳимот барои онҳо машғуланд;

- объектҳои алоқаи почта, хадамоти давлатии фелдъегерӣ, мақомоти давлатии алоқа, марказҳои давлатии пахши барномаҳои телевизиону радио;

- объектҳои системаи захираҳои моддии давлатӣ.

2. Объектҳои зерин танҳо дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба консессия дода мешаванд:

- қитъаҳои замин, об, фазои ҳавоӣ ва олами набототу ҳайвонот;

- истихроҷ ва коркарди сарватҳои зеризаминӣ ва боигариҳои табиӣ;

- роҳҳои оҳан ва автомобилгард (дар мавриди вуҷуд доштани роҳҳои ҳамшабеҳ), иншооти муҳандисӣ дар онҳо (пулҳо, нақбҳо ва ғайраҳо);

- объектҳое, ки ба коркарду истиҳроҷи металлҳои қимматбаҳо ва ранга алоқаманданд;

- шабакаҳои обёрии давлатӣ, иншооти хоҷагии об, пойгоҳҳои обкашӣ ва қубурҳои баландфишор, обанборҳо, системаҳои обрасонии оби нӯшокӣ;

- объектҳои соҳаи энергетика, иншооти комплекси сӯзишворию энергетикӣ, нерӯгоҳҳои барқи обӣ, марказҳои гармидиҳӣ, хатҳои интиқоли барқ, объектҳои хоҷагии гази ҷумҳурӣ, қубурҳои газгузар ва объектҳои хизматрасони онҳо;

- объектҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ;

- объектҳои ташкилоту муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;

- объектҳои илмӣ ва истеҳсолию таҷрибавие, ки ба ҳайати Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзӣ дохил мебошанд;

- хоҷагиҳои тухмӣ ва зотпарварии давлатӣ;

- объектҳои фурудгоҳҳо ва ҳамлу нақли ҳавоӣ;

- ташкилоту корхонаҳое, ки тадқиқот, лоиҳакашӣ, сохтмон, истифодабарӣ ва нигоҳдории роҳҳои оҳан ва автомобилгардро таъмин мекунанд;

- объектҳои нафту газ, майдонҳои аз ҷиҳати доштани конҳои нафт ва газ ояндадор.