Оинномаи Муассисаи давлатии "Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо" аз 3 январи соли 2014 № 24

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "3" январи соли 2014, № 24

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "3" январи соли 2014, № 24

тасдиқ шудааст

Оинномаи Муассисаи давлатии "Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо"

1. Муқаррароти умумӣ

1) Муассисаи давлатии "Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо" (минбаъд-Марказ) сохтори идоракунанда ва башардӯстона дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мақсади иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалие, ки аз Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба манъи истифода, захирасозӣ, истеҳсол ва таҳвили минаҳои зидди пиёдагард ва нобудсозии онҳо аз 18 сентябри соли 1997 бармеоянд, таъсис дода шудааст.

2) Марказ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ва Оинномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.

3) Марказ ҳамасола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод мекунад.

4) Марказ муассисаи давлатии салоҳиятдор ва ҳамоҳангсози фаъолияти зидди минаҳо дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва кӯмаки берунаро, ки бо мақсади татбиқи барнома ва лоиҳаҳои фаъолияти зидди минаҳо ҷудо карда мешаванд, таъмин менамояд.

5) Андозбандии Марказ тибқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

6) Дастгирии молиявии Марказ аз ҳисоби саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз ҳисоби грантҳои байналмилалӣ ва маблағҳои кӯмаки берунаи барои татбиқи лоиҳаҳои вобаста ба фаъолияти зидди минаҳо ҷудошаванда амалӣ мегардад.

7) Марказ шахси мустақили ҳуқуқӣ буда, моликияти алоҳида, тавозуни мустақил, инчунин бо асъори миллӣ ва хориҷӣ суратҳисобҳои бонкӣ дошта, соҳиби бланкаҳо бо исми хоси Марказ ва мӯҳр мебошад.

8) Номи Марказ:

...

Утвержден

постановлением Правительства 

Республики Таджикистан

от 3 января 2014 года, №24

Утвержден

постановлением Правительства 

Республики Таджикистан

от 3 января 2014 года, №24

Устав Государственного учреждения "Национальный центр Таджикистана по минным вопросам"

1. Общие положения

1) Государственное учреждение "Национальный центр Таджикистана по минным вопросам" (далее "Центр") является управленческой, гуманитарной организацией при Правительстве Республики Таджикистан и создаётся с целью выполнения международных обязательств, исходящих из Конвенции Организация Объединенных Наций о запрещении применения, накопления запасов, производства и передачи противопехотных мин и об их уничтожении от 18 сентября 1997 года.

2) Центр в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, международно-правовыми актами, признанными Таджикистаном и настоящим Уставом.

3) Центр ежегодно предоставляет отчеты в Правительство Республики Таджикистан.

4) Центр является государственным компетентным учреждением, координирующим противоминную деятельность в Таджикистане и обеспечивает целевое использование выделяемых бюджетных средств и внешней помощи, с целью осуществления программ и проектов по противоминной деятельности.

5) Налогообложение Центра осуществляется в соответствии с налоговым законодательством Республики Таджикистан.

6) Финансовая поддержка Центра осуществляется за счет вклада Правительства Республики, а также за счет международных грантов и других средств внешней помощи, выделяемых для реализации проектов, связанных с противоминной деятельностью.

7) Центр является самостоятельным юридическим лицом, имеет обособленное имущество, самостоятельный баланс, расчетный счет в национальной и иностранной валюте, бланки с наименованием Центра и печать.

8) Название Центра:

...