Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2014 № 24 "Дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии "Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии "Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо"

Мутобиқи моддаҳои 52, 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии "Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо" таъсис дода шавад.

2. Оинномаи Муассисаи давлатии "Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо" тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории кормандони Муассисаро бо теъдоди 7 воҳиди корӣ (бе назардошти ҳайати хизматрасон) аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва маблағҳои ҷалбшаванда таъмин намояд.

4. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷойгиркунии Муассиса бинои зарурӣ ҷудо намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 январи соли 2014 № 24

ш.Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О создании Государственного учреждения "Национальный центр Таджикистана по минным вопросам"

В соответствии со статьями 52, 132 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и статьей 12 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Создать Государственное учреждение "Национальный центр Таджикистана по минным вопросам".

2. Утвердить Устав Государственного учреждения "Национальный центр Таджикистана по минным вопросам" (прилагается).

3. Министерству финансов Республики Таджикистан обеспечить финансирование работников Учреждения в количестве 7 единиц (без учета обслуживающего персонала) за счет бюджетных и привлеченных средств.

4. Государственному комитету по инвестициям и управления государственным имуществом Республики Таджикистан выделить необходимое помещение для размещения учреждения.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                        Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 3 января 2014 года, № 24