Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Муассисаи давлатии "Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон"
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти воситаҳои ахбори омма, татбиқи дастовардҳои илми муосир дар таъмини амалии иттилоот, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар заминаи Маркази миллии санъатҳои аудиовизуалии (радио, телевизион, кино) Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии "Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон" таъсис дода шавад.
2. Оиннома ва сохтори Муассисаи давлатии "Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон" тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
3. Теъдоди штати кории Муассисаи давлатии "Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон" 27 воҳид, аз ҷумла 12 воҳид аз ҳисоби теъдоди умумии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15 воҳид аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ муқаррар карда шавад.
4. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди музди меҳнат ва хароҷоти марбут ба фаъолияти муассисаи мазкурро аз 1 январи соли 2014 ва солҳои минбаъда муайян карда, таъмин намояд.
5. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии "Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон" - ро бо бино ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин намояд.
6. Дар Номгӯйи ташкилотҳои системаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 610 "Дар бораи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, калимаҳои "Маркази миллии санъатҳои аудиовизуалӣ (радио, телевизион, кино)" ба калимаҳои Муассисаи давлатии "Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон" иваз карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 январи соли 2014 № 23
ш. Душанбе