Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 январи соли 2014, № 21
тасдиқ шудааст
Барномаи рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2019
Рӯйхати истилоҳоти кӯтоҳшуда
Руйхати истилоҳоти кӯтоҳшуда
РАҲШ - Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ САҲШ- сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
НЯЭСАҲШ - Низоми ягонаи электронии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
ИДМ - Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
НТҶ - ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
ВМКБ - Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Муқаддима
Барномаи рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2019 (минбаъд - Барнома) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ", "Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015" ва "Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015", ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2012, № 1030 тасдиқ гардидааст, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012 ва вазифаҳо барои соли 2013" аз 19 январи соли 2013, № 23 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
Барнома афзалиятҳо ва самтҳои асосии рушди соҳаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақсад, вазифа ва роҳҳои ислоҳоти соҳаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2019 муайян менамояд.
Зарурати асосии таҳияи Барнома ҷорӣ намудани тағйироти куллӣ ва сифатан нав дар соҳаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, дар асоси сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, истифодаи таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ ва интизориҳои имрӯзаи ҷомеа оид ба содда намудани раванди дастрасии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва хизматрасониҳои дахлдори давлатӣ дар соҳаи мазкур мебошад.
Барномаи зикршуда назари навро оид ба ташаккули мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, такмили сохтори соҳа ва ҳамкориҳои дахлдори байниидоравӣ, инчунин беҳтар намудани сифати бақайдгирии давлатии амалиётҳо ва ҷорӣ намудани технологияҳои навро дар соҳа пешниҳод менамояд. Дар асоси Барномаи мазкур давра ба давра гузариш ба низоми муосири соҳаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ татбиқ хоҳад шуд.
Ҳангоми таҳияи Барнома, тамоюлҳои муосири рушди хизматрасониҳои давлатӣ ба инобат гирифта шудаанд. Таҷрибаи байналмилалӣ гувоҳи он аст, ки ҷорӣ намудани технологияҳои нави иттилоотӣ ҷиҳати татбиқи амалии тадбирҳои дар боло зикргардида, ба он мусоидат менамояд, ки дар ояндаи миёнамӯҳлат ҳаҷми хароҷоти буҷетӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳаҷми хароҷоти шаҳрвандон барои қабул ва истифодаи ин хизматрасониҳо ба таври назаррас кам мегардад.
1. Мақсад ва вазифаҳои Барнома
1. Мақсади асосии Барнома ба ҳалли вазифаҳои стратегии рушд ва ташаккули низоми самараноки соҳаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ нигаронида шудааст, ки он ҷавобгӯи талаботҳои миллӣ ва байналмилалӣ буда, дар заминаи технологияҳои иттилоотии муосир роҳандозӣ мегардад. Барномаи рушди устувори соҳа, иҷрои тадбирҳои таъхирнопазирро оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ, ба таври куллӣ баланд бардоштани нақши давлат дар таъмини шароити ҷолиби қонунгузорӣ ва институтсионалии фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки ба талаботи муосир мутобиқат менамоянд, тақозо мекунад. Ин пеш аз ҳама:
- ташкил намудани Низоми ягонаи электронии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (НЯЭСАҲШ) бо мавради мутобиқ намудани сиёсати давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо тамоюлҳои ҷаҳонии рушди соҳаи зикргардида;
- муайян намудани вазифа ва самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ оид ба рушди минбаъдаи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва такмили механизмҳои асосии татбиқи сиёсати бақайдгирии давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ;
- таъмин намудани рушди устувор ва бомароми соҳа, фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, молиявӣ ва ташкилӣ, ки дар шароити кунунӣ барои фаъолияти пурсамари мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои соҳа зарур мебошанд;
- беҳтар намудани нақши мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сабти асноди ҳолати щаҳрвандӣ, ва ҷорӣ намудани механизмҳои мониторинги фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ;
- ҷорӣ намудани технологияҳои нави иттилоотию инноватсионӣ ва амалҳои соддакардашудаи ба ҳама истифодабарандагони хизматрасониҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дастрас ва таҳияи маҷмӯи тадбирҳо оид ба рушди бонизоми соҳа, ки ба таъмин намудани талаботи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи кӯтоҳмӯҳлат ва дарозмӯҳлат мусоидат менамояд.
2. Мутобиқи мақсадҳои зикргардида Барнома иҷрои чунин вазифаҳоро пешбинӣ менамояд:
- дар заминаи шӯъба ва бахшҳои САҲШ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ татбиқ намудани механизми "равзанаи ягона" - ташкил намудани нуқтаи ягонаи қабул, бақайдгирӣ, сабт ва додани саривақтии ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба шаҳрвандон ва ташкилоту идораҳо;
- ба тартиб даровардан (регламентатсия) ва стандартизатсияи хизматрасониҳои соҳаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, таҳияи талаботҳои минималӣ оид ба сифати пешниҳоди он (мӯҳлат, арзиш ва сатҳи хизматрасонӣ);
- ба шакли электронӣ омода намудани маводҳои вобаста ба бақайдгирии давлатии аснод, коркарду таҳлили маълумот бо мақсади ташкил намудани Низоми ягонаи электронии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (НЯЭСАҲШ);
- кам намудани шумораи ҳуҷҷатҳо ва амалиётҳои ҳатмӣ, сарфа намудани вақт ва маблағи муштариён, барои риоя ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ихтисор намудани алоқаи бевоситаи муштариён бо шахсони мансабдори соҳа, тавассути ҳамкории самараноки мутақобилаи байниидоравӣ дар самти иттилооти лозима ва ҳуҷҷатгузории дахлдор, аз ҷумла тавассути шабакаи интернет;
- мукаммал намудани таъмини санадҳои меъёрии ҳуқуқии фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ба талаботи муосир мувофиқ намудани онҳо;
- қонеъ намудани эҳтиёҷоти истифодабарандагони хизматрасониҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва то дараҷаи стандартҳои байналмилалӣ баланд бардоштани сатҳи сифати зарурии пешниҳоди хизматрасонӣ;
- таҳкими заминаи моддию техникӣ ва азнавтаҷхизоиии техникии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ;
- такмили низоми маблағгузорӣ ва назорат дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва зиёд намудани ҳаҷми ҷалби маблағҳои беруна барои рушди соҳа;
- гузаронидани тадқиқотҳои сотсиологӣ, бо назардошти зарурати халли масъалаҳои муҳими соҳа, ҷиҳати рушди бомароми он;
- такмили сохтори идоракунии соҳаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ вобаста ба талаботи ҷомеаи муосир;
- ба роҳ мондани корҳои лоиҳакашӣ оид ба оғози сохтмони биноҳои зарӯрӣ барои шӯъбаҳо ва бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;
- таъмин намудани Раёсат, шӯъба, бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва бойгониҳои шӯъба ва бахшҳои САҲШ бо бино, таҷҳизоти техникӣ ва зарурии корӣ;
- бо терминалҳои бонкӣ таъмин намудани шӯъба ва бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот;
- ташкили курсҳои бозомӯзии кормандони мақомоти САҲШ дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти адлия ва хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаронидани аттестатсияи кормандон, баланд бардоштани савияи дониши назариявӣ ва малакаи кории мутахассисони соҳа;
- паҳн кардани таҷрибаи пешқадами шӯъба ва бахшҳои САҲШ вобаста ба шаклу усулҳои нави бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ;
- ҷиҳати амалӣ намудани Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Точикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" таҳия ва чоп намудани дастурамалҳо оид ба самтҳои алоҳидаи амалиётҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ;.
- ҷиҳати иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷшсистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия ва чопи китобча-номнома, буклетҳо;
- бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандони соҳа пайваста гузаронидани мизҳои мудаввар, семинару курсҳои омӯзишӣ ва конфронсҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ.
2. Таҳлили вазъи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ
3. Бақайдгарии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, бо Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ба танзим дароварда мешавад.
Бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" дар ҷумҳурӣ ҳафт намуд асноди ҳолати шаҳрвандӣ, аз ҷумла таваллуд, вафот, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, фарзандхонӣ, муқаррар намудани падарӣ, иваз намудани насаб, ном ва ё номи падар ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.
Мақсади асосии бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз ҳифзи ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкии шаҳрвандон иборат буда, ба манфиати давлат ва ҷамъият муқаррар карда мешавад.
Фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми муҳими мероси таърихии халқи тоҷик буда, маҷмӯи ҳуҷҷатҳои инъикоскунандаи он ҳолати ҳуқуқии шаҳрвандонро муайян менамояд ва дорои аҳамияти таърихӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошад.
4. Таи солҳои охир, дар ҷараёни татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти куллӣ ба амал омада, ислоҳоти воқеии он оғоз гардид.
7 октябри соли 2011, №505 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тадбирҳои ба тобеияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ" ба тасвиб расид, ки тибқи ин қарор аз 1 январи соли 2012 мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷумҳурӣ ба тобеияти Вазорати адлияи Ҷумхурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Фаъолияти соҳаи мазкур, аз ҷониби шӯъбаҳои асноди ҳолати шаҳрвандии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ, 68 адад шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ду Хонаи ақди никоҳ (воқеъ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд), амалӣ мегардад.
Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Низомномае, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2006, № 503 тасдиқ карда шудааст, ҳамчун мақомоти давлатии ҳамоҳангсоз ва назоратии фаъолияти шӯъбаҳои САҲШ-и шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, роҳбарии умумии кори мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом медиҳад.
5. Таҳлили вазъи ҳайати штатии кормандони соҳаи САҲШ тибқи натиҷаҳои таҳлили пурраи ҳайати шахсӣ ва хизматрасони кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ҳолати 1 январи соли 2013, фаъолияти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз ҷониби 3 шӯъбаи вилоятӣ, 2 шӯъбаи шаҳрӣ (воқеъ дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд), 66 бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, Хонаи ақди никоҳи шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба амал бароварда мешаванд. Шумораи умумии кормандони соҳа 364 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он танҳо 177 нафарашон хизматчиёни давлатӣ мебошанд.
Дар шӯъба ва бахшҳои САҲШ-и шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 187 нафар кормандони дигар тибқи шартномаи меҳнатӣ тибқи фармони мудирони шӯъба ва бахшҳои САҲШ фаъолият менамоянд, ки аз ин ҳамчун мутахассис 23 нафар (дар вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе), муҳосиб 41 нафар, коргузор 63 нафар, бойгонидор 19 нафар, фаррош 30 нафар, посбон 9 нафар, мусиқачӣ 1 нафар ва ронанда 2 нафарро ташкил медиҳанд.
Таҳлили таҳсилоти кормандони соҳа чунин аст: бо таҳсилоти олӣҳуқуқшинос 12 нафар, олӣ-омӯзгор/ҳуқуқшинос 3 нафар, олӣ-омӯзгор 27 нафар, олӣ-филолог 11 нафар, олӣ-физика ва математика 2 нафар, олӣиқтисодчӣ 30 нафар, олӣ-муҳандисӣ 2 нафар, олӣ-муаррих/таърихчӣ 1 нафар, олӣ-рӯзноманигор 1 нафар, миёнаи махсуси омӯзгорӣ 6 нафар, миёнаи махсуси иқтисодӣ 25 нафар, миёнаи махсуси техникӣ 6 нафар, миёнаи махсуси тиббӣ 1 нафар ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 60 нафарро ташкил медиҳад.
Таҳлилҳои гузаронидашуда оиди фаъолияти якмоҳаи мақомоти САҲШ доир ба қабули шаҳрвандон, оиди ҷавоб гардонидан ба дархостҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва оид ба мактубҳои аз ИДМ воридшаванда, муайян намуд, ки қабули шаҳрвандон дар як моҳ дар Раёсати АҲШ- 714, ВМКБ 2073 нафар, дар вилояти Хатлон 8429 нафар, дар шаҳри Душанбе 3640 нафар, дар НТҶ 5926 нафар (бе назардошти нишондодҳои амалиётҳои сабтгардида) ва дар вилояти Суғд 17077 нафарро (бо назардошти амалиётҳои сабтгардида) ташкил медиҳад.
Тибқи муқаррароти моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар низ амалиётҳои дар боло зикрёфтаро ба қайди давлатӣ мегиранд.
Мушкилоти асосии соҳа дар соҳаи САҲШ анҷом додани амалиёти сабт аз ҷониби ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот мебошад. Тибқи қисми 2 моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" ҷамоатҳо чор намуди сабтгузорӣ, яъне сабти таваллуд, вафот, никоҳ ва муқаррар намудани падариро ба қайди давлатӣ мегиранд. Одатан бақайдгирандаи ин сабтҳо котибони ҷамоат буда, ба мақомоти САҲШ ягон алоқамандие надоранд. Дар 408 ҷамоат аксарияти кулли сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ анҷом дода мешавад. Мисол, агар дар соли 2012 дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 467170 сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шуда бошад, аз он 263363 ё 56,3 % сабтро котибони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот анҷом додаанд. Котибони ҷамоатҳо аз шӯъба ва бахшҳои САҲШ бланкаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро дар асосӣ дархост ва шартномаи ҷавобгарии пурраи моддӣ дастрас намуда, ба шӯъба ва бахшҳо охири ҳар моҳ ҳисоботи оморӣ доир ба бақайдгирии сабти асноди таваллуд, вафот, никоҳ ва муқаррар намудани падарӣ ва реестри тартибдодашуда, доир ба сарфи шаҳодатномаҳоро пешниҳод менамоянд.
6. Соҳаи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар доираи ислоҳоти ҳуқуқие, ки баъди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) соли 1994 дар Тоҷикистон оғоз ёфта,то имрӯз идома дорад ва ҳадафи он маҳз ба вуҷуд овардани заминаи ҳуқуқӣ баҳри рушди давлат бо роҳи демократӣ, шароити мӯътадили фаъолият барои ҳар як узви ҷомеа, кафолати ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои ҳар як фарди ҷомеа аст, ба як қатор пешравиҳо ноил гаштааст.
Баъди чор соли қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сабти асноди _ ҳолати шаҳрвандӣ тавассути он танзим карда мешуд, меъёрҳо ва институтҳои нав, аз ҷумла: аҳдномаи никоҳ, созишномаи пардохти алимент, афзалият доштани ҳуқуқи кӯдак дар оила, муоинаи тиббии никоҳшавандагон, ворид карда шуданд. Ҳар яке аз ин меъёрҳо моҳияти амиқи иҷтимоӣ дошта, ба консепсияи муосири ҳуқуқу озодиҳои инсон комилан мувофиқ мебошанд.
Ҳамзамон, суннатҳои миллӣ, ба эътибор гирифтани расму оинҳои асрҳо ташаккулёфтаи аҷдодӣ, аз қабили насабгузорӣ, муқаррар кардани синни никоҳӣ, бо назардошти ахлоқ ва маънавият бартараф сохтани монеаҳои никоҳ дар сиёсати оиладорӣ мавқеи муҳим пайдо намудаанд.
Дар заминаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 бинои замонавии "Хонаи ақди никоҳ" дар шаҳри Душанбе ва соли 2010 шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ВМКБ бо толори ақди никоҳ дар шаҳри Хоруғ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон ба истифода дода шуд.
Дар заминаи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъкидҳои пайвастаи сарвари давлат оид ба волоияти қонун ва таҳкими қонунияту тартибот Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери парчами истиқлолият фаъолияти худро идома дода, баҳри рушд ва фаъолияти пурсамару босифати мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳиссагузорӣ намуд.
7. Дар тӯли солҳои истиқлолият (1991-2012) аз тарафи шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷумҳурӣ 6 миллиону 719 ҳазору 693 адад сабти асноди шаҳрвандӣ тартиб дода шудааст.
8. Натиҷаҳои фаъолияти мақомоти САҲШ дар солҳои 2010-2012 гуногунанд:
+--------------------+--------------------------+----------+---------ҷ
|Номгӯи сабти аснод | Солҳо | Фарқият | фоиз |
| +-------+--------+---------+ | |
| | Дар | Дар |Дар | (соли | |
| | соли | соли |соли | 2012 | |
| | 2010 | 2011 |2012 | нисбат | |
| | | | | ба соли | |
| | | | | 2011) | |
+--------------------+-------+--------+---------+----------+---------+
|Таваллуд |189187 |200475 |199816 |-657 |99.6% |

|Вафот |32105 |33096 |33044 |-52 |99.8% |

|Никоҳ |100440 |94618 |97796 |+3178 |103,3 % |

|Бекор кардани ақди | | | | | |
|никоҳ |6125 |6797 |7608 |+811 |111.9 % |

|Муқаррар намудани | | | | | |
|падарӣ |30083 |34707 |32707 |-2000 |94.2% |

|Фарзандхондӣ |535 |615 |674 |+59 |109.5 % |

|Иваз намудани насаб,| | | | | |
|ном ва |8456 |11208 |14461 |+3253 |129.0 % |
|номи падарӣ | | | | | |

|Барқарор намудани | | | | | |
|таваллуд |74866 |90805 |80257 |-10548 |88.3% |

|вафот |998 |876 |807 |-69 |92.1% |

|Шумораи умумии | | | | | |
|сабтҳо |442795 |473199 |467170 |-6027 |98.7 % |

|Ҳамагӣ боҷи давлатӣ |3019671|3988548 |4807992 |+819444 | |
| |с. 62д.|с. 57д. |с. 70д. |с. 13д. | |

9. Ташкили нигаҳдорӣ ва истифодабарии хазинаи бойгониҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷумҳурӣ, қисми ҷудонашавандаи фаъолияти мақомотро дар бар мегирад.
Дар бойгониҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ то соли 2013 зиёда аз 120000 китоби сабт мавҷуд буда, шумораи сабтҳои он зиёда аз 35 500 000 (сию панҷ миллиону панҷсад ҳазор)-ро ташкил медиҳад ва рӯз аз рӯз ин шумора афзоиш меёбад.
Нусҳаҳои дуюми сабти аснод дар бойгониҳои Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Суғд нигоҳ дошта шуда, то имрӯз дар бойгониҳои Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ 29527 адад, дар бойгонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 4670 адад, дар бойгонии вилояти Суғд 37284 адад, дар маҷмӯъ 71481 адад китобҳои сабти аснод аз соли 1929 маҳфуз мебошанд.
Сабтҳои то соли 1959 тартиб дода шуда, ҳар як кадоме дар ҳаҷми 500 варақ муқовабандӣ шудаанд. Аз соли 1960 китобҳо дар ҳаҷми 300 варақ муқовабандӣ шудаанд.
Феҳристи алфавитии сабти таваллуди аҳолии шаҳри Душанбе солҳои 1929-1985, феҳристи сабти таваллуди ноҳияҳои дигар (аз ҷумла: ноҳияҳои Ҳисор, Ленин (Рӯдакӣ), Шаҳринав, Шӯрообод, Даштиҷум, Ховалинг, Фархор, Панҷ, Восеъ, Кӯлоб, Қумсангир, Орҷоникидзеобод (Ваҳдат), Вахш, Шаҳритуз, Қӯргонтеппа, ноҳияи Москва (Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) ва ноҳияи Ғарм (Рашт) то соли 1980 вуҷуд доранд. Аммо ноҳияҳои Комсомолобод (Нуробод), Совет (Темурмалик), Данғара, Куйбишев (Хоҷа Мастон), Қубодиён, Коммунистӣ (Бохтар), Норак, Файзобод, Обигарм (Роғун), Ёвон, Тоҷикобод, Тавилдара, Мӯъминобод, Балҷувон ва Ғозималик (Хуросон) феҳрасти алфавитӣ надоранд.
Дар бойгонии Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ 15777 (понздаҳ ҳазору ҳафтсаду ҳафтоду ҳафт) китоби сабти таваллуд, 4440 (чор ҳазору чорсаду чил) китоби сабти никоҳ, 3 880 (се ҳазору ҳаштсаду ҳаштод) китоби сабти вафот, 2495 (дуҳазору чорсаду наваду панҷ) китоби сабти барқароркунии сину сол, 1004 (як ҳазору чор) китоби сабти муқаррар намудани падарӣ, 479 (чорсаду ҳафтоду нӯҳ) китоби сабти талоқ, 58 (панҷову ҳашт) китоби сабти тағйири ному насаб, 75 (ҳафтоду панҷ) китоби сабти фарзандхонӣ, 308 (сесаду ҳашт) китоби сабти никоҳ ва талоқ вуҷуд дорад.
Шумораи умумии ҳамаи китобҳои бойгонии САҲШ то 1 январи соли 2012 - 28516 (бисту ҳашт ҳазору панҷсаду шонздаҳ) ададро ташкил медиҳад.
Тавассути бойгонии Раёсат дар давоми панҷ соли охир ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ 22872 адад шаҳодатномаҳои такрорӣ дода шудааст.
10. Вазъи таъмин бо биноҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷумҳурӣ ташвишовар буда, аз 3 шӯъбаи вилоятӣ, 2 шӯъбаи шаҳрӣ (Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд) ва 66 бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, Хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе ва Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд, ҳамагӣ 4 бахш дар - бинои алоҳида фаъолият менамоянд. Аз ин шумора биноҳои бахшҳои САҲШ-и Панҷакент ва Кӯлоб дар тавозуни Вазорати адлия Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бинои бахши САҲШ-и шаҳри Чкалов бошад, дар тавозуни "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"-и шаҳри Чкалов қарор доранд.
Дар вилояти Суғд шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Табошар (Истиқлол), ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаҳри Конибодом, Панҷакент соҳиби толорҳои ақди никоҳ гаштанд. Ҷамоатҳои деҳоти Катағани ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Истаравшан бо бинои алоҳида таъмин карда шуда, ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара, ҷамоати деҳоти Ғончии ноҳияи Ғончӣ ва шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Шаҳристон таъмир карда шуданд.
Дар вилояти Хатлон бошад, шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияҳои Вахш, Қубодиён, ҷамоати Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва ҷамоати деҳоти Ҷонбахти ноҳияи Ховалинг соҳиби толорҳои замонавии ақди никоҳ гаштанд. Биноҳои шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Темурмалик, Ҷалолиддини Румӣ, Ҷилликӯл, Қумсангир ва шаҳри Норак таъмир карда шуданд.
Таҳлил нишон медиҳад, ки 9 адади дигари бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар бинои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо (Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон, Мурғоб, Ишкошим, Абдураҳмони Ҷомӣ, Тоҷикобод, Нуробод ва Варзоб), 7 бахш дар биноҳои истиқоматӣ (дар шаҳрҳои Норак, Роғун, Хуҷанд ва Қӯргонтеппа, дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур, инчунин Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд), 44 бахш бо ташкилотҳои давлатӣ ва 6 бахш бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар якҷоягӣ фаъолият менамоянд. Аз ин ҳисоб 3 бахш (дар ноҳияҳои Мӯъминобод, Ҷаббор Расулов ва шаҳри Конибодом) аз ҳисоби хизматрасонии иловагии пулакӣ, дар биноҳои иҷоравӣ фаъолият менамоянд.
11. Аз ҳолати воқеъии соҳа бармеояд, ки:
- дар навбати аввал бахши САҲШ дар ноҳияҳои Ванҷ, Мурғоб, Ишкошим, Шуғнон, Роштқалъа, Фархор, Носири Хисрав, Бохтар, Кӯҳистони Мастчоҳ, Балҷувон, Мӯъминобод ва Ҳисор;
- дар навбати дуввум бахши САҲШ ва дар ноҳияҳои Ҷиргатол, Варзоб;
- дар навбати сеюм шӯъбаи САҲШ-и ВМКБ, инчунин бахши САҲШ дар шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон,_Хоруғ, Темурмалик, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Данғара, Норак, Ёвон, Қубодиён, Панҷ, Қумсангир, Ҷилликӯл, Ҷалолиддини Румӣ, Вахш, Сарбанд, Қӯрғонтеппа, Хуросон, Ховалинг, Шӯрообод, САҲШ-и вилояти Хатлон, САҲШ-и вилояти Суғд, Айнӣ, Шаҳристон, Истаравшан, Ғончӣ, Зафаробод, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Ашт, Мастчоҳ, Исфара, Истиқлол (Табошар), Чкалов, Бобоҷон Ғафуров, шаҳри Хуҷанд, Қайроққум, Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд, Хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино, Тавилдара, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод, Файзобод, Роғун, Ваҳдат, Турсунзода, Шаҳринав ва Рӯдакӣ ба таъмини бино ниёз доранд.
12. Мушкилиҳои асосии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки ба фаъолияти соҳа таъсири манфӣ мерасонанд, инҳоянд:
- сатҳи пасти таъминоти моддӣ ва техникии соҳаи САҲШ;
- дар ҷумҳурӣ сабти пурра ва саривақтии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, бахусус сабти таваллуд таъмин карда нашудааст, ки ин ҳисобу китоби дақиқи вазъи демографӣ ва пешбурди соҳаи иқтисодӣ-иҷтимоии кишварро халалдор месозад;
- то ҳол мавҷуд набудани низоми электронии пешниҳоди хизматрасониҳои САҲШ, хазинаи электронии маълумотҳои шахсии аҳолӣ, коркарди иттилоот оид ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷумҳурӣ;
- ба меъёру дастурҳои мавҷудаи бароҳмонии фаъолияти бойгонӣ ҷавобгӯ набудани бойгонии мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, норасогии шумораи мутахассисони касбӣ дар ин соҳа, таҷҳизот, техника ва маводи муосир, кори истифодабарии воситаҳои физикию кимиёвии таъмини нигаҳдории ҳуҷҷатҳо, усулҳои коркарди профилактикӣ ва тармими ҳуҷҷатҳоро ниҳоят мушкил гардонидааст;
- паст будани сатҳи дониши ҳуқуқии аҳолӣ ва баъзе кормандони масъули бахши САҲШ ва коргузорон дар бастҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кам будани таҷрибаивазкунӣ, мавҷуд набудани чорабиниҳо доир ба омӯзиши таҷрибаи пешқадами шӯъбаҳои САҲШ дар ҷумҳурӣ ва таҷрибаи пешқадами САҲШ дар кишварҳои хориҷӣ;
- ба шабакаи интернет пайваст набудани аксари утоқҳои кории мақомоти САҲШ;
- нокифоягии воҳидҳои корӣ дар Раёсат (6 нафар), шӯъба ва бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ;
- фаъолият накардан ва норасогии шумораи корманди масъули соҳа дар бахши ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ки масъалаи дар ҷамоатҳо ҷудо намудани воҳидҳои кории алоҳидаро тақозо дорад;
- бо биноҳои алоҳида ва шароити мусоиди фаъолият таъмин набудани аксарияти шӯъба ва бахшҳои САҲШ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ.
3. Механизми татбиқи Барнома
13. Механизми татбиқи Барнома аз маҷмӯи чорабиниҳо оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди бомароми соҳа ва татбиқи тадбирҳои нисбатан муҳими дар барнома пешбинигардида иборат мебошад. Барои самаранок татбиқ гаштани Барномаи мазкур иҷрои чорабиниҳои зерин пешбинӣ мегардад:
а) таҳия ва татбиқи санадҳои муосири ҳуқуқии соҳавӣ. Бо назардошти тамоюлҳои нави рушди соҳаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ бо назардошти нақши пешсафонаи давлат дар ҷодаи ба роҳ мондани шароити ҳуқуқӣ, иттилоотӣ ва ғайра дар фаъолияти соҳа;
б) зиёд намудани ҳаҷми маблағгузории соҳа, бо мақсади рушди соҳаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ. Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Барнома, истифодаи самаранок ва мақсадноки захираҳои молиявӣ ва захираҳои дигар, ки дар ихтиёри мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо қарор доранд, инчунин аз ҷалби захираҳои иловагӣ иборат мебошад;
в) таъмин намудани гузариш ба шакли электронии сабти ҳуҷҷатҳо ва ташкил намудани Низоми ягонаи электронии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (НЯЭСАҲШ);
- дар асоси таҷрибаи пешқадами дигар соҳаҳои иқтисодиёт (ба мисли соҳаҳои андоз ва гумрук), дар заминаи шӯъба ва бахшҳои САҲШ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ татбиқ намудани механизми "равзанаи ягона" - ташкил намудани нуқтаи ягонаи қабул, бақайдгирӣ, сабт ва додани саривақтии ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба шаҳрвандон ва ташкилоту идораҳо;

- ташкил намудани махзани электронӣ ва шабакаи ягонаи электронии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, инчунин ҷамъоварӣ, коркарду таҳлили маълумот, ҷиҳати пешниҳоди саривақтии ҳуҷҷатҳо, пешниҳоди ҳисоботҳои ҷорӣ ва ҳисоботҳои омории сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ;
г) Тайёр намудани мутахассисони соҳаи САҲШ тавассути имкониятҳои мавҷуда (донишгоҳҳо, курсҳои такмили ихтисос, квотаҳо ва ғ.) баланд намудани малакаи касбии кормандони соҳа ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам, тайёр намудани мутахассисони ҷавон дар асоси технологияҳои муосир.
4. Самтҳои асосии Барнома
14. Самтҳои асосии барнома ба ҳалли вазифаи муҳими сиёсати давлатӣ - сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ равона шудааст.
Беҳтар намудани фаъолияти соҳаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ тавассути муҳайё намудани шароити мусоид барои фаъолияти самараноки он, баланд бардоштани нақш ва мақоми он дар ҷомеа, ҳавасмандии моддӣ ва маънавии меҳнатии кормандони соҳаи САҲШ, метавонад барои рушди соҳаи мазкур мусоидат намояд.
15. Бо назардошти мақсаду вазифаҳои рушди соҳаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин самтҳои асосии татбиқи Барнома пешбинӣ мегарданд:
а) иҷрои ваколатҳои ба мақомот вогузоргардида оиди сабти давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда;
б) ҷорӣ намудаии технологияҳои муосири коммуникатсионӣ ва иттилоотӣ дар соҳаи САҲШ;
в) ташаккул ва таъмини нигоҳдории фонди бойгонии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дар заминаи он, иҷро намудани амалҳои муҳими ҳуқуқӣ. Ба талаботи муосир мутобиқ намудани ҳолати бойгониҳои соҳаи САҲШ. Пешбинӣ мегардад, ки тамоми бойгониҳои соҳаи САҲШ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо таҷҳизотҳои муосири ҳифзу нигоҳдорӣ ва коркарди ҳуҷҷатҳо, технологияҳои муосири ҳавотозакунӣ ва таҷҳизоти нигоҳдорандаи ҳарорату рутубати мӯътадили барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо зарурбуда, инчунин низоми пешгирӣ ва огоҳкунандаи зиддисӯхторӣ таҷҳизонида мешаванд;
г) беҳтар намудани таъминоти молиявӣ ва такмили низоми молиявии мақомоти САҲШ. Истифодаи мақсадноку самаранок ва сарфакоронаи воситаҳои молиявӣ, давра ба давра гузаштан ба шакли электронии муҳосибот мутобиқи талаботи байналмилалии муҳосиботӣ дар соҳаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ҷудо намудани маблағҳои зарурӣ барои сохтмони асосӣ ва таҷдид аз ҳисоби маблағҳои худӣ, инвеститсионӣ ва буҷетӣ дар доираи маблағҳои пешбинишуда.
д) такмили сохтор, мукаммал намудани ҳайати кормандон ва беҳтар намудани самаранокии идоракунии фаъолияти соҳаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ.
е) таҳкими заминаи моддию техникии соҳаи САҲШ ва бо биноҳои алоҳида таъмин намудани шӯъба ва бахшҳои САҲШ.
16. Ислоҳоти соҳаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба баланд бардоштани сатҳи масъулияти воҳидҳои мақомоти САҲШ нигаронида шудааст, ки бевосита ба шаҳрвандон хизматрасониҳои дахлдор пешниҳод менамоянд ва барои иҷрои фаъолияти ҷорӣ, инчунин барои рушди минбаъдаи соҳаи САҲШ дорои имкониятҳои ҳуқуқию молиявӣ мебошанд.
Барои фаъолияти пурсамари соҳа, дар назар аст, ки то соли 2019 тибқи Нақшаи чорабиниҳои таҳиягардидаи ҳарсола Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сарраёсат табдил дода шуда, аз ду раёсат ва панҷ шӯъба иборат гардад, аз ҷумла:
+----+---------------------------------------------------------------ҷ
|1) |Раёсати назорати бақайдгирии амалиётҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ|
+----+---------------------------------------------------------------+
|2) |Раёсати кор бо бойгониҳои САҲШ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои |
| |такрорӣ |

|3) |Шӯъбаи умумӣ ва назорати иҷро |

|4) |Шӯъбаи кор бо кадрҳо ва корҳои махсус |

|5) |Шӯъбаи иттилоотӣ-таҳлилӣ |

|6) |Шӯъбаи молия ва иқтисод |

|7) |Шӯъбаи технологияи иттилоотӣ ва коркарди базаи электронии |
| |маълумотҳо |

17. Ташкили фаъолияти мақомоти САҲШ зарурати ба шӯъба табдил дода шудани бахши САҲШ-ро тақозо дорад. Дар назар аст, ки то соли 2019 шӯъбаҳои мазкур аз се бахш бо сохтори зерин таъсис ёбанд:

|1) |Бахши кор бо амалиётҳои асноди ҳолати ҳолати шаҳрвандӣ |

|2) |Бахши бойгонӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои такрорӣ |

|3) |Бахши муҳосибот |

|4) |Ҳайати хизматрасон дар шӯъба ва бахшҳои САҲШ (фаррош ва посбон)|

18. Бо назардошти он, ки чор намуди сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз ҷониби ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот амалӣ карда мешавад ва ҳамзамон ин сохтор тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нотариати давлатӣ" се намуди амалиёти нотариалиро низ анҷом медиҳад, зарурати дар сохтори ҷамоатҳо аз ҳисоби бастҳои кории мавҷуда шахси мутасаддӣ муайян карда шавад. Зеро котибони ҷамоатҳо, ки асосан корҳои САҲШ-ро анҷом медиҳанд, зуд-зуд иваз мешаванд, ки ин ба сифати корҳои соҳа бе таъсир намемонад. Корманди ин сохтор дар асоси озмун ба кор қабул карда шуда, бояд ба Вазорати адлия ҳисоботдиҳанда бошад.
19. Чорабиниҳо оид ба самтҳои асосии рушди соҳаи сабти давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ
+-----+-----------------------------------------------+--------------ҷ
| № | | Мӯҳлати иҷро |
|р/т | Номгӯи чорабиниҳо | (солҳо) |
| | | |
+-----+-----------------------------------------------+--------------+
|1. Иҷрои ваколатҳои ба мақомот вогузоргардида оиди сабти давлатии |
|асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда |

|1.1 |Риояи муқаррароти қонунгузории амалкунанда | |
| |ҳангоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва иҷрои | |
| |амалиётҳои муҳими ҳуқуқӣ | 2014-2019 |

|1.2 |Ҷорӣ намудани раванди кор бо шаҳрвандон | |
| |тавассути технологияҳои муосири | 2014-2019 |
| |коммуникатсионӣ | |

|1.3 |Ба шаҳрвандон расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ оиди | |
| |дархости ҳуҷҷатҳо аз ҳудуди давлатҳои хориҷӣ | 2014-2019 |

|1.4 |Назорати иҷрои ваколатҳои давлатии оид ба сабти| |
| |давлатии асноди ҳолати шаҳрванди, ба мақомоти | |
| |иҷроияи маҳалли додашуда | 2014-2019 |

|2. Ҷорӣ намудани технологияҳои муосири коммуникатсиони ва иттилооти |
| дар соҳаи САҲШ. Беҳтар намудани самаранокии фаъолияти идоракуни |

|2.1 |Азнавтаҷҳизонидани мақомоти САҲШ бо техникаи | |
| |муосири компютерӣ | 2014-2017 |

|2.2 |Ташкил намудани сомонаи электронии Раёсати АҲШ | 2014-2015 |

|2.3 |Гузариш ба шакли сабти электронии ҳуҷҷатҳо. | |
| |Ташкил намудани Низоми ягонаи электронии сабти | |
| |асноди ҳолати шаҳрвандӣ (НЯЭСАҲШ) | 2015-2019 |

|2.4 |Дар асоси таҷрибаи пешқадам, дар заминаи шӯъба | |
| |ва бахшҳои САҲШ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ | |
| |татбиқ намудани механизми "равзанаи ягона" | |
| |- ташкил намудани нуқтаи ягонаи қабул, | |
| |бақайдгирӣ, сабт ва додани саривақтии ҳуҷҷатҳои| |
| |зарурӣ ба шаҳрвандон ва ташкилоту идораҳо | 2015-2019 |

|2.5 |Роҳандозӣ намудани ҷамъоварии | |
| |мутамарказонидашудаи электронии маълумотҳои | |
| |шахсии аҳолӣ ва мунтазам навсозии онҳо | 2019-2020 |

|2.6 |Амалӣ намудани тадбирҳо оиди ҷорӣ намудани | |
| |амалиётҳои мубодилаи электронии байниидоравии | |
| |маълумотҳо | 2017-2019 |

|2.7 |Ҳуҷҷатгузории пурраи шахсии аҳолии ҷумҳурӣ дар | |
| |шакли электронӣ | 2017-2019 |

|2.8 |Ба тартиб даровардан (регламентатсия) ва | |
| |стандартизатсияи хизматрасониҳои соҳаи сабти | |
| |асноди ҳолати шаҳрвандӣ, таҳияи талаботи | |
| |минималӣ оид ба сифати пешниҳоди он (мӯҳлат, | |
| |арзиш ва сатҳи хизматрасонӣ) | 2014-2017 |

|2.9 |Ташкил намудани махзани электронӣ ва шабакаи | |
| |ягонаи электронии сабти асноди ҳолати | |
| |шаҳрвандӣ, инчунин ҷамъоварӣ, коркарду | |
| |таҳлили маълумот, ҷиҳати пешниҳоди саривақтии | |
| |ҳуҷҷатҳо, пешниҳоди ҳисоботҳои ҷорӣ ва | |
| |ҳисоботҳои омории сабти асноди ҳолати | |
| |шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ | 2014-2017 |

|2.10 |Таҳияи дурнамои рушди соҳаи САҲШ барои | |
| |солҳои минбаъда мутобиқи вазъ ва равандҳои | |
| |демографии ҷумҳурӣ | 2018-2019 |

| 3. Ташаккул ва таъмини нигоҳдории фонди бойгонии сабти асноди |
| ҳолати шаҳрвандӣ, дар заминаи он, иҷро намудани амалҳои муҳими |
| ҳуқуқӣ ва ба талаботи муосир мутобиқ намудани ҳолати бойгониҳои |
| соҳаи САҲШ |

|3.1 |Таҳия ва такмили китобҳои сабти давлатии асноди| |
| |ҳолати шаҳрвандӣ давраи ҷорӣ дар сатҳи якум ва | |
| |дуюм (аз нусхаҳои якум ва дуюми сабти аснод) | 2014-2017 |

|3.2 |Коркарди техникии маводҳои бойгонӣ ва | |
| |азнавбарқарорсозии (реставратсияи) китобҳои | |
| |сабти давлатии асноди ҳолати шаҳрвандии | |
| |давраҳои гузашта | 2014-2017 |

|3.3 |Иҷрои чорабиниҳо оид ба ҳифзи маълумотҳои | |
| |шахсии шаҳрвандон | 2014-2019 |

|3.4 |Ба шакли рақамӣ (электронӣ) гузаронидани фонди | |
| |сабтҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ | 2014-2019 |

|3.5 |Ташкил ва такмилу навсозии хазинаи электронии | |
| |маълумоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ | 2014-2019 |

|3.6 |Амалӣ намудани амалиётҳои муҳими ҳуқуқӣ дар | |
| |заминаи ҳуҷҷатҳои дар фонди бойгонӣ маҳфузбуда | 2014-2019 |

| 4. Такмили сохтор, мукаммал намудани ҳайати штатии кормандон ва |
| беҳтар намудани самаранокии идоракунии фаъолияти соҳаи сабти асноди|
| ҳолати шаҳрвандӣ |

|4.1 |Мукаммал намудани ҳайати штатии кормандони | |
| |мақомоти САҲШ мувофиқи ҳаҷми иҷрои корҳо | 2014-2017 |

|4.2 |Ташаккули потенсиали кадрии мақомоти САҲШ, | |
| |таъмин намудани он бо мутахассисони варзида, | |
| |ташкили корҳо оиди бозомӯзии кормандон ва | |
| |такмили ихтисоси онҳо | 2014-2017 |

|4.3 |Ташкил намудани шароити мусоид барои қабули | |
| |шаҳрвандон, мутобиқи талаботи муосир | 2014-2017 |

|5. Татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳуқуқи оила ва баланд намудани |
|сатҳи маданияти ҳуқуқии аҳолӣ дар доираи ваколатҳои ба мақомоти САҲШ|
|вогузоргардида |

|5.1 |Роҳандозӣ намудани шакл ва усулҳои нави кор бо | |
| |аҳолӣ дар самти фаҳмонидани меъёрҳои | |
| |қонунгузорӣ оид ба никоҳ ва оила | 2014-2019 |

|5.2 |Ботантана гузаронидани амалҳои сабти асноди | |
| |ҳолати шаҳрвандӣ | 2014-2019 |

|5.3 |Баргузор намудани чорабиниҳо доир ба мустаҳкам | |
| |намудани институти оила | 2014-2019 |

|5.4 |Доир намудани сафарҳои корӣ ба деҳот, | |
| |коллективҳои меҳнатӣ ва муассисаҳои маориф, бо | |
| |мақсади ба аҳолӣ фаҳмонидани меъёрҳои | |
| |қонунгузории соҳаи сабти асноди ҳолати | 2014-2019 |
| |шаҳрвандӣ | |

|5.5. |Дар сомонаи электронии Раёсати АҲШ ҷойгир | |
| |намудани маълумот оиди фаъолияти мақомоти САҲШ | |
| |ва масъалаҳои рӯзмаррае, ки шаҳрвандон ҳангоми | |
| |мустақиман тариқи Online ба сайт муроҷиат | |
| |намудан вомехӯранд | 2014-2019 |

|6. Таҳкими заминаи моддию техникии соҳаи САҲШ ва бо биноҳои алоҳида |
|таъмин намудани шӯъба ва бахшҳои САҲШ |

|6.1 |Таъмири ҷории биноҳои мавҷудаи мақомоти САҲШ | |
| |дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ | 2014-2019 |

|6.2 |Таҷҳизонидани утоқҳои кории шӯъба ва бахшҳои | |
| |САҲШ бо компютерҳои нав, асбобҳои нусхабардорӣ,| |
| |маводи электронӣ ва адабиёти зарурии илмию | |
| |методӣ | 2014-2019 |

|6.3 |Таъсиси шабакаи ягонаи муосири электронии соҳаи| |
| |САҲШ оид ба ҷамъоварӣ, захира, таҳлили | |
| |маълумотҳо ва ҳисоботдиҳӣ | 2014-2019 |

|6.4 |Муҷаҳҳазгардонии бойгониҳои САҲШ бо таҷҳизотҳои| |
| |муосири ҳифзу нигоҳдорӣ ва коркарди ҳуҷҷатҳо | 2017-2019 |

|6.5 |Таҷҳизонидани биноҳои САҲШ бо дастгоҳҳои | |
| |муосири ҳавотозакунӣ ва таҷҳизоти нигоҳдорандаи| |
| |ҳарорату рутубати мӯътадили барои нигоҳдории | |
| |ҳуҷҷатҳо зарурбуда | 2017-2019 |

|6.6 |Таҷҳизонидани биноҳои САҲШ бо низоми пешгирӣ ва| |
| |огоҳкунандаи зиддисӯхторӣ | 2014-2019 |

|6.7 |Бо воситаҳои нави нақлиётӣ таъмин намудани | |
| |мақомоти САҲШ | 2014-2019 |

|6.8 |Бо назардошти имкониятҳои воқеии буҷети | |
| |давлатӣ, давра ба давра оғоз намудани корҳои | |
| |лоиҳакашию сохтмони биноҳо, бо мақсади таъмин | |
| |намудани шӯъба ва бахшҳои САҲШ-и шаҳру ноҳияҳои| |
| |ҷумҳурӣ бо биноҳои алоҳида, аз ҷумла: | 2014-2019 |
| | | |
| | | |
| |- дар навбати аввал бахши САҲШ дар | 2014-2017 |
| |ноҳияҳои Ванҷ, Мурғоб, Ишкошим, Шуғнон, | |
| |Роштқалъа, Фархор, Носири Хисрав, Бохтар, | |
| |Кӯҳистони Мастчоҳ, Балҷувон, Мӯъминобод ва | |
| |Ҳисор | |
| | | |
| | | |
| |- дар навбати дуюм бахши САҲШ дар ноҳияҳои | 2018-2019 |
| |Ҷиргатол ва Варзоб | |
| | | |
| | | |
| |- дар навбати сеюм шӯъбаи САҲШ-и ВМКБ, инчунин | 2017-2019 |
| |бахши САҲШ дар шаҳру ноҳияҳои Дарвоз, Рӯшон, | |
| |Хоруғ, Темурмалик, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, | |
| |Данғара, Норак, Ёвон, Қубодиён, Панҷ, Қумсангир| |
| |Ҷилликӯл, Ҷалолиддини Румӣ, Вахш, Сарбанд, | |
| |Қӯрғонтеппа, Абдураҳмони Ҷомӣ, Хуросон, | |
| |Ховалинг, Шӯрообод, САҲШ-и вилояти Хатлон, | |
| |САҲШ-и вилояти Суғд, бахши САҲШ дар ноҳияҳои | |
| |Айнӣ, Шаҳристон, Истаравшан, Ғончӣ, Зафаробод, | |
| |Спитамен, Ҷаббор Расулов, Ашт, Мастчоҳ, Исфара,| |
| |Истиқлол (Табошар), Бобоҷон Ғафуров, шаҳрҳои | |
| |Чкалов, Хуҷанд, Қайроққум, Хонаи ақди никоҳи | |
| |шаҳри Хуҷанд, Хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе, | |
| |ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ, | |
| |Сино, Тавилдара, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод, | |
| |Файзобод, Роғун, Ваҳдат, Турсунзода, Шаҳринав | |
| |ва Рӯдакӣ | |

5. Мониторинги татбиқи самтҳои асосии Барнома
20. Мониторинги татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- раванди татбиқи Барномаро ҳамоҳанг месозад;
- ҳар сол ҷиҳати маблағгузории самтҳои афзалиятноки соҳа, бо назардошти вазъи воқеъии соҳа таклифҳо пешниҳод менамояд;
- ҳар нимсола оид ба ҷараёни татбиқи Барнома ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбороти муфассал пешниҳод менамояд.
6. Давраҳои асосии татбиқи Барнома
21. Барои ноил гардидан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар соҳаи САҲШ дар навбати аввал зарур аст, ки дар ояндаи- кӯтоҳмӯҳлат дар таҷдиди низоми мавҷуда чорабиниҳои мушаххас давра ба давра татбиқ карда шаванд.
22. Давраи 1-ум солҳои 2014-2015-ро дар бар гирифта, иҷрои корҳои зеринро пешбинӣ менамояд:
- такмил додани сохтори идоракунӣ ва фаъолияти соҳаи САҲШ;
- ташкил намудани низоми ягонаи электронии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (НЯЭСАҲШ) дар заминаи ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар соҳа, азнавтаҷҳизонидан ва пурра компютеркунонии раванди фаъолияти соҳаи САҲШ;
- ташкил ва ба фаъолият оғоз намудани низоми давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо принсипи "равзанаи ягона", ҷиҳати барҳам додани муроҷиатҳои дубора ва такрории шаҳрвандон оиди масъалаҳои дахлдори соҳа ба мақомоти давлатӣ;
- таҳияи бонизом ва бонавбати ҳуҷҷатҳои лоиҳавию нархномавӣ оиди сохтмони биноҳои шӯъба ва бахшҳои САҲШ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тибқи тартиби муқарраргардида;
- ҷудо намудани маблағҳо аз буҷети давлатӣ барои мустаҳкам сохтани заминаи моддию техникии соҳаи САҲШ;
- таҳким ва такмили низоми маблағгузории соҳа, ҷалби маблағҳои грантӣ барои тайёр намудани мутахассисони соҳа;
- инкишоф додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаи САҲШ;
- таҳкими ҳамкориҳои мақомоти САҲШ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мактабҳои олӣ, дар самти таъмин намудани эҳтиёҷоти мақомоти САҲШ бо кадрҳои соҳа;
- густариши ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи САҲШ.
23. Давраи 2-юм солҳои 2016-2017-ро дар бар гирифта, иҷрои корҳои зеринро пешбинӣ менамояд:
- ҷамъоварии мутамарказонидашудаи электронии маълумотҳои мушаххаси аҳолӣ ва мунтазам навсозии онҳо;
- ҳуҷҷатгузории пурраи шахсии аҳолии ҷумҳурӣ дар шакли электронӣ;
- таҳия ва ҷорӣ намудани тадбирҳо оиди амалиётҳои электронии мубодилаи байниидоравии маълумотҳо;
- бо назардошти имкониятҳои воқеъии молиявӣ, ҷудо намудани маблағҳои зарурӣ, аз ҳисоби тамоми манбаъҳои имконпазир, барои бо тартиби муқарраргардида оғоз намудани корҳо оид ба бунёди биноҳои шӯъба ва бахшҳои САҲШ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;
- такмил додани низоми тайёр намудани мутахассисон дар асоси ҷамъбаст намудани таҷрибаи ҳосилшуда.
24. Давраи 3-юм солҳои 2018-2019-ро дар бар гирифта, иҷрои корҳои зерин пешбинӣ мегарданд:
- таҳияи дурнамои рушди соҳаи САҲШ барои солҳои минбаъда мутобиқи вазъи равандҳои демографии ҷумҳурӣ;
- таъмин намудани раванди идентификатсияи пурраи маълумотҳои шахсии аҳолӣ, дар махзанҳои маълумотҳои электронии мақомот ва идораҳои дахлдор.
7. Буҷети барнома ва манбаъҳои маблағгузорӣ
25. Барои татбиқи барнома манбаъҳои зерини маблағгузорӣ истифода хоҳанд шуд:
- маблағҳое, ки дар Буҷети давлатӣ ҳарсола барои ин мақсад пешбинӣ мегарданд;
- маблағҳои худии аз ҳисоби хизматрасониҳои САҲШ ба даст омада;
- маблағҳои грантӣ;
- маблағҳое, ки аз дигар сарчашмаҳои имконпазир ҷалб карда мешаванд.
26. Маблағгузории корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи САҲШ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, инчунин аз ҳисоби маблағҳои аз дигар манбаъҳо ҷалбшаванда, пешбинӣ ва амалӣ мегарданд.
Бо назардошти он, ки дар Барнома шумораи зиёди иншоотҳои сохташаванда дохил карда шудааст, аксари ҳисобу китобҳо аз рӯи меъёрҳои васеъгашта ба инобат гирифта мешаванд.
Хароҷоти пешбинишудаи Барнома барои солҳои 2014-2019 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои таҳиягардидаи ҳарсола муайян карда мешавад.
Самаранокии татбиқи чорабиниҳои Барнома ҳангоми мониторинги он, дар асоси нишондиҳандаҳои самаранокии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, аз рӯзи амалишавии он сурат мегирад.
Иҷрои он чорабиниҳои Барнома, ки истифодаи захираҳои меҳнатиро талаб менамояд, асосан аз ҳисоби теъдоди мавҷудаи кормандони соҳаи САҲШ, ба инобат гирифта шудааст.
8. Натиҷаҳои татбиқи Барнома
27. Бо назардошти иҷрои бандҳои дахлдори ҳуҷҷатҳои "Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола", "Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015" ва "Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015", татбиқи Барномаи мазкур ноил гардидан ба чунин натиҷаҳоро пешбинӣ менамояд:
- дар ҷумҳурӣ Низоми ягонаи электронии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (НЯЭСАҲШ) ташкил мегардад ва ба фаъолият оғоз менамояд;
- ҷамъоварии мутамарказонидашудаи маълумотҳои мушаххаси аҳолӣ ташкил мегардад;
- ҳуҷҷатгузории электронии пурраи шахсии аҳолии ҷумҳурӣ ба анҷом расонида мешавад;
- мубодилаи электронии байниидоравии маълумот роҳандозӣ мегардад;
- низоми давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо принсипи "равзанаи ягона", ҷиҳати барҳам додани муроҷиатҳои дубора ва такрории шаҳрвандон оиди масъалаҳои дахлдори соҳа ба фаъолият мепардозад;
- бо назардошти имкониятҳои молиявӣ, раванди таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавию нархномавӣ оиди шурӯъ намудан ба сохтмони биноҳои шӯъба ва бахшҳои САҲШ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба воситаи маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишаванда, ба роҳ монда мешавад;
- идентификатсияи пурраи маълумотҳои шахсии аҳолӣ дар маҳзани электронии мақомот ва идораҳои дахлдор таъмин карда мешавад;
- сатҳи дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои сифатноки соҳа баланд бардошта мешавад;
- заминаи моддию техникии соҳа устувор гашта, зиёда аз 95 фоизи шӯъбаҳои сабти асноди шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ бо биноҳои алоҳидаи замонавӣ таъмин карда мешаванд;
- ҳамаи шӯъбаҳои дар ҷумҳурӣ фаъолияткунандаи соҳаи САҲШ бо дастгоҳу таҷҳизотҳои муосир ва маводҳои зарурӣ таъмин мегарданд;
- ҳар сол 35 фоизи мутахассисони соҳа малака, тахассус ва дараҷаи касбии худро баланд менамоянд;
- нишондиҳандаҳои иқтисодии соҳа беҳтар мегарданд;
- масъулияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шӯъбаҳои сабти ҳолати шаҳрвандӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияташон дар самти мазкур беҳтар гардида, ҷиҳати рафъи омилҳои боздорандаи рушди соҳа тадбирҳои судбахш ва саривақтӣ андешида мешавад;
- дар соҳаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ тибқи талаботи муосир васеъ ба роҳ монда мешавад.
Пешбинӣ мегардад, ки татбиқи Барномаи мазкур, самараи мусбати сиёсӣ ва ҷамъиятӣ ба бор меорад. Хизматрасониҳои соҳаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ содда гашта, дастрасии он барои шаҳрвандон беҳтар мегардад. Маблағҳое, ки аз буҷети давлатӣ барои фаъолияти соҳаи мазкур ҷудо мешаванд, ба таври назаррас сарфа мегарданд.