Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016 аз 3 январи соли 2014 № 20

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 январи соли 2014 № 20

тасдиқ шудааст

Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016

I. Муқаррароти умумӣ

Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016 (минбаъд-Барнома) мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ таҳия гардида, ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона гардидааст.

Барнома намуд, ҳаҷм, тартиб ва шартҳои расонидани кӯмаки тиббию санитариро дар муассисаҳои давлатии тандурустии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон ва бо шартҳои ҳампардохт, мутобиқи ҳаҷми маблағгузории соҳаи тандурустии шаҳру ноҳияҳо аз Буҷети давлатӣ, инчунин бо захираҳои донории мавҷуда барои татбиқи барномаҳои дахлдор дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ муайян менамояд.

Барнома аз ҳисоби кӯмакҳои башардӯстона ва грантҳо, маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дарёфт менамоянд, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, вусъат меёбад.

Барнома дар асоси шартҳои муайян гурӯҳҳои аҳолӣ ва беморонро, ки дар замимаи 1 ба сифати гурӯҳҳои имтиёзнок оварда шудаанд ва барои гирифтани кӯмаки ройгони тиббию санитарӣ ҳуқуқ доранд, муайян менамояд.

Шарти асосии расонидани кӯмаки ройгон ва ҳампардохти тиббию санитарӣ ба аҳолӣ (минбаъд - имтиёзнок) аз рӯи Барнома ин додани роҳхати табиби оилавӣ, терапевт, педиатр ва акушер-гинекологи минтақавии муассисаи тандурустии маҳалли зист, хулосаи комиссияи муолиҷавию назоратӣ мебошад.

Кӯмаки ройгони тиббию санитарӣ ба гурӯҳи имтиёзноки аҳолӣ (номгӯи I, замимаи 1) ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқӣ онҳо ба имтиёзҳои иҷтимоӣ тибқи замимаи 2 Барномаи мазкур расонида мешавад.

Таъминот бо доруворӣ дар доираи Барномаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ, грантҳо ва кӯмакҳои башардӯстона, маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷудо менамоянд, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, мутобиқи Рӯйхати воситаҳои асосии доруворӣ ва синонимҳои онҳо (минбаъд - РВАД), ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, анҷом дода мешавад.

пар.1. Намудҳои кӯмаки тиббию санитарӣ

Барнома намудҳои зерини кӯмаки тиббию санитариро дар бар мегирад:

- кӯмаки таъҷилӣ ва бетаъхири тиббӣ;

- кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ;

- кӯмаки махсусгардонидашудаи тиббӣ дар шароити дармонгоҳ;

- таъминот бо доруворӣ ва ваксинаҳо дар шароити дармонгоҳ;

- иммунопрофилактика;

- кӯмаки тиббии статсионарӣ;

- кӯмаки стоматологӣ;

- чорабиниҳои санитарию беҳдоштӣ ва зиддиэпидемикӣ.

1) Кӯмаки таъҷилӣ ва бетаъхири тиббӣ

Кӯмаки таъҷилӣ ва бетаъхири тиббӣ, аз ҷумла таъминот бо доруворӣ барои ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ дар ҳолатҳои таҳдидовар ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон ё шахсони атрофи он, ки бо сабаби бемориҳои ногаҳонӣ, ҳолатҳои нохуш, заҳмбардорӣ ё заҳролудшавӣ, ноқисиҳои ҳомиладорӣ ва таваллуд ба вуҷуд омадааст, то баровардани бемор аз ҳолати таҳдидовар ба ҳаёти ӯ, ба таври ройгон расонида мешавад.

2) Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ

Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ намуди асосии хизматрасонии тиббӣ буда, дар чунин намуд ва ҳаҷми зерин ройгон анҷом дода мешавад:

а) Пешгирӣ:

- маслиҳатдиҳӣ (машварат) ва таблиғи таҳкими саломатӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим;

- эмкунии кӯдакон дар доираи Барномаи васеи эмкунӣ мутобиқи тақвими эмкуниҳои пешгирикунанда;

- маслиҳатдиҳии (машварати) пинҳонӣ (анонимӣ) оид ба масъалаҳои вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), бемории пайдошудаи норасогии масуният (БПНМ), сироятҳое, ки тавассути алоқаи ҷинсӣ мегузаранд;

- назорати ҳолати саломатии кӯдакони синни то 5- сола;

- муоинаи профилактикии даврии мактаббачагон;

- назорати доимии беморони дар қайдбуда, ба истиснои усулҳои иловагии озмоишӣ ва шаклҳои ташхиси маҷмӯй (ба истиснои гурӯҳҳои шаҳрвандоне, ки тибқи Барнома ба кӯмаки тиббию санитарии ройгон ҳуқуқ доранд);

- гузаронидани чорабиниҳои пешгирӣ оид ба камхунии вобаста ба норасоии оҳан (анемия), бемории саратони ғадудҳои шир ва гарданаки бачадон;

- дар соҳаи саломатии репродуктивӣ ва танзими оила.

б) Ташхис:

- азназаргузаронии бемор;

- ташхиси заминавии озмоишӣ ва ташхисии гурӯҳҳои аҳолие, ки дар номгӯйҳои 1 ва II замимаи 1 Барнома зикр гардидаанд;

- ташхиси умумии хуни донорӣ вобаста ба сирояти гемотрансмиссионӣ (сирояти тавассути хун гузаранда);

- ташхиси хун вобаста ба вараҷа (малярия);

- ташхиси умумии пешоб ва микроскопияи такшини пешоби гурӯҳҳои аҳолие, ки дар номгӯи 1 ва II замимаи 1 Барнома зикр гардидаанд;

- ташхиси балғам (микроскопия);

- муайян намудани қанд дар хун ва пешоб аз рӯи нишондодҳо;

- сабти барқии дил аз рӯи нишондодҳо.

в) Муолиҷа:

- расонидани кӯмаки бетаъхири тиббӣ;

- шикастабандӣ (иммобилизатсия);

- таъини муолиҷа бо доруворӣ ва дигар намудҳои муолиҷа;

- гузаронидани тазриқи тиббӣ (дохили варидӣ, дохили мушак ва зери пӯст);

- хизматрасониҳои тиббӣ (физиотерапия, маҳс, бо найча баровардани фасоди ковокии пардаи шуш, тоза кардани чирки гӯш, коркарди аввалияи ҷарроҳӣ, нархгузории рагҳо, дӯхтани захм, боз кардани носурҳо (флегмонҳо), варами фасоднок (абсесҳо), панаритсия, даммал (фурункул), бурида гирифтани ҷисми бегонаи бофтаҳои нарм, хизматрасониҳои стоматологӣ дар шароити дармонгоҳ ва ғайра) ба гурӯҳҳои аҳолие, ки дар номгӯи I ва II замимаи 1 Барнома зикр гардидаанд.

г) Кӯмаки тиббию санитарӣ ба даъватшавандагон Муоинагузаронии тиббии шахсони ба хизмати воқеии ҳарбӣ даъватшаванда, чорабиниҳои табобатию ташхисӣ ва солимгардонӣ тибқи роҳхати комиссияи ҳарбию тиббӣ бо маблағгузории иловагӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ройгон анҷом дода мешавад.

3) Кӯмаки махсусгардонидашудаи тиббӣ дар шароити дармонгоҳ

а) кӯмаки махсусгардонидашудаи тиббӣ дар шароити дармонгоҳ, аз ҷумла муоинаи озмоишию ташхисӣ аз ҷониби марказҳои саломатӣ ва дигар муассисаҳои ғайрибистаринамоӣ ба шаҳрвандоне, ки дар номгӯйҳои 1 ва II замимаи 1 Барнома зикр гардидаанд (аз рӯи бемориҳои асосӣ), ҳангоми мавҷудияти роҳхат аз табибони оилавӣ, терапевтҳо, педиатрҳо ва акушер-гинекологҳои минтақавӣ ба таври ройгон расонида мешавад;

б) ба дигар шахсоне, ки ҳуқуқи имтиёз надоранд, ба истиснои азназаргузаронии беморон, таъин намудани муоинаи ташхисию озмоишӣ ва муолиҷа бо доруворӣ, дигар намуд ва ҳаҷми кӯмаки махсусгардонидашудаи тиббӣ дар шароити дармонгоҳ дар асоси ҳампардохт анҷом дода мешавад;

в) ҳангоми дар муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ мавҷуд набудани мутахассисони дахлдор ва шароитҳо барои гузаронидани намудҳои алоҳидаи муоинаи озмоишӣ ва ташхисӣ, машваратҳои зарурӣ ва намудҳои ташхис мумкин аст дар дигар муассисаҳои тандурустӣ гузаронида шавад, зимнан пардохти он бо роҳи ҳисоббаробаркунии байниҳамдигарии муассисаҳои тиббӣ дар асоси шартномаҳои басташуда сурат мегирад;

г) шахсоне, ки аз дигар шаҳру ноҳияҳо барои гирифтани хизматрасонии махсусгардонишудаи тиббӣ дар сатҳи дармонгоҳ ба муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ муроҷиат менамоянд, ба истиснои азназаргузаронии беморон, таъин намудани муоинаи ташхисию озмоишӣ ва муолиҷа бо доруворӣ, дигар намуд ва ҳаҷми-кӯмаки махсусгардонидашудаи тиббӣ ҳаққи хизматрасониро тибқи нархнома пурра пардохт менамоянд;

д) кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва кӯмаки махсусгардонидашуда дар сатҳи дармонгоҳ ба ҳомиладороне, ки ба қайд гирифта шудаанд ва зери назорати доимии муассисаи дахлдори тиббӣ мебошанд, дар ҳаҷм ва намудҳои зерин ба таври ройгон анҷом дода мешавад:

- таҳлили умумии хун 2 маротиба;

- ташхиси хун барои гемоглобин 3 маротиба;

- ташхиси хун барои КЛУ 2 маротиба;

- ташхиси хун барои ВНМО 2 маротиба;

- ташхиси умумии пешоб 2 маротиба;

- ташхиси пешоб барои протеинурия 4 маротиба;

- ташхиси бактериявии пешоб (ҳангоми зарурат);

- микроскопияи андудаи вагиналӣ;

- ташхиси фаросавтӣ 2 маротиба.

4) Таъминот бо доруворӣ ва ваксинаҳо дар шароити дармонгоҳ Таъминоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доруворӣ ва ваксинаҳо дар шароити дармонгоҳ аз рӯи Барнома дар асоси РВАД аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ, грантҳо ва кӯмакҳои башардӯстона, маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷудо менамоянд, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, бо тартиби зайл анҷом дода мешавад:

а) ҳангоми расонидани кӯмаки бетаъхири тиббӣ доруворӣ ва маводи таъиноти тиббӣ ройгон дода мешавад;

б) ҳангоми расонидани кӯмаки тиббию санитарӣ воситаҳои ташхисӣ ва маводи таъиноти тиббие, ки барои гузаронидани тадбирҳои озмоишию ташхисӣ заруранд, ба аҳолӣ мутобиқи ҳуқуқҳои онҳо ба имтиёзҳо аз рӯи Барнома (замимаи 1) дода мешаванд;

в) бемороне, ки дар ҳолати барои ҳаёташон таҳдидкунанда қарор доранд, бо воситаҳои доруворӣ ва маводи таъиноти тиббӣ ба таври ройгон таъмин карда мешаванд. Инчунин гурӯҳҳои аҳолие, ки дар номгӯи 1 замимаи 1 Барнома зикр гардидаанд, дар давоми сол ба таври ройгон дар доираи маблағе, ки аз ду нишондиҳанда барои ҳисоб зиёд намебошад, бо воситаҳои доруворӣ таъмин карда мешаванд.

Беморони гирифтори бемориҳои хусусияти иҷтимоӣ дошта бо воситаҳои доруворӣ ва маводи таъиноти тиббӣ аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ, грантҳо ва кӯмакҳои башардӯстона, маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷудо менамоянд, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ҳангоми гирифтори беморӣ ва дар ҳаҷми дар Ҷадвали 1 зикргардида ба таври ройгон таъмин карда мешаванд:

Таъминот бо доруворӣ аз рӯи Барнома

Ҷадвали 1

+-----------------------+----------------------------+---------------ҷ
|Номгӯи беморӣ          |Номгӯи доруворӣ ва маводи   |Миқдор         |
|                       |    таъиноти тиббӣ          |(барои 1       |
|                       |                            |бемор дар      |
|                       |                            |як сол)        |
+-----------------------+----------------------------+---------------+
|Дарунравӣ ва бемориҳои |Аз рӯи Барномаи             |Аз рӯи протокол|
|шадиди роҳи нафас      |ҳамбастагии бемориҳои       |               |
|                       |кӯдакона барои кӯдакони     |               |
|                       |то 5- сола                  |               |

|Гемофилия              |Хун ва ҷузъҳои он           |Аз рӯи протокол|

|Бемории сил            |Аз рӯи Барномаи ДОТС        |Аз рӯи нақшаи  |
|                       |                            |стандартии     |
|                       |                            |муолиҷа        |

|Диабети қанди аз       |Инсулин, сӯзандору          |Аз рӯи протокол|
|инсулин вобаста        |                            |ё нақшаи       |
|                       |                            |муолиҷа        |
+-----------------------+----------------------------ё+---------------+
|Беморони мубталои      |Дар доираи Хазинаи глобалии |Аз рӯи протокол|
|сирояти ВНМО ва БПНМ   |мубориза алайҳи ВНМО/БПНМ   |               |

Воситаҳои дорувории дар боло зикргардида метавонанд мутобиқи дорухати аз ҷониби табиби оилавӣ, терапевт, педиатр ва акушер-гинекологӣ минтақавӣ додашуда ё дар доираи барномаи дахлдоре, ки аз ҷониби донорҳо дастгирӣ мешавад, ба таври ройгон пешкаш карда шаванд.

5) Иммунопрофилактика

Иммунопрофилактика ба таври ройгон аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ, грантҳо ва кӯмакҳои башардӯстона, маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷудо менамоянд, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, анҷом дода мешавад. Эмкунии кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон дар доираи Барномаи умумии эмкунӣ мутобиқи тақвими эмкуниҳои пешгирикунанда аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ, кӯмакҳои башардӯстона, грантҳо ва маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дарёфт менамоянд, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, гузаронида мешавад.

6) Кӯмаки тиббӣ дар статсионарҳо

а) Кӯмаки фаврии статсионарӣ

Ба ҳамаи шаҳрвандоне, ки ба статсионарҳои шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ бо нишондиҳандаҳои фаврӣ муроҷиат кардаанд, кӯмаки фаврии статсионарӣ то баровардани бемор аз ҳолате, ки ба ҳаёташ таҳдид менамояд, ба таври ройгон расонида мешавад (мувофиқи номгӯи муваққатии ҳолатҳои ба ҳаёти беморон хатарнок, ки бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст).

Пас аз расонидани кӯмаки фаврии статсионарӣ, аз ҷумла ҷарроҳӣ, тасбити нишондиҳандаҳои гардиши хун ва нафаскашӣ беморон ҳамчун шахси дорои роҳхат ба хизматрасонӣ аз рӯи шартҳои расонидани кӯмаки нақшавии статсионарӣ ва ё барои муолиҷа ба шароити дармонгоҳ гузаронида мешаванд.

б) Кӯмаки нақшавии статсионарӣ

Кӯмаки нақшавии статсионарӣ аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ, грантҳо ва кӯмакҳои башардӯстона, маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷудо менамоянд, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ба шаҳрвандоне, ки дар номгӯи 1 замимаи 1 Барнома зикр гардидаанд ва ба бемороне, ки вобаста ба бемориҳои асосӣ дар номгӯи II замимаи 1 Барнома оварда шудаанд, ба таври ройгон расонида мешавад.

Ба дигар гурӯҳҳои аҳолие, ки дар номгӯи 1 замимаи 1 ва бемороне, ки вобаста ба бемориҳои асосӣ дар номгӯи II замимаи 1 Барнома зикр нагардидаанд, вале аз табиби оилавӣ, терапевт, педиатр ва акушер-гинекологи минтақавӣ роҳхат доранд ва ё худ бе роҳхат муроҷиат намудаанд, аз рӯи механизми ҳампардохт хизмат расонида мешавад. Ҳаҷми ҳампардохт дар Қоидаҳои ҳампардохт бо аҳолӣ барои хароҷоти кӯмаки тиббию санитарӣ аз тарафи муассисаҳои давлатии тандурустӣ расонида шаванда, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, муайян гардидааст.

Ҳангоми зарурати бистарикунонӣ беморон қаблан дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ташхис карда мешаванд.

в) Кӯмаки тиббӣ ҳангоми таваллуд

Ба заноне, ки дар қайд мебошанд ва зери назорати мунтазами (ҳангоми ҳомиладорӣ на камтар аз 4 маротиба ҳозир шуданд) муассисаи дахлдори тиббӣ қарор доранд, кӯмаки тиббии статсионарӣ ҳангоми таваллуд ба таври ройгон расонида мешавад. Дар ҳолатҳои дигар кӯмаки тиббии статсионарӣ ҳангоми таваллуд аз рӯи механизми ҳаммаблағгузорӣ (ҳампардохт) сурат мегирад.

г) Таъминот бо доруворӣ ҳангоми табобати статсионарӣ

Таъминоти беморон бо доруворӣ ҳангоми муолиҷаи нақшавии статсионарӣ мутобиқи ҳуқуқи онҳо ба имтиёзҳо аз рӯи Барнома аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ, ҳампардохт, кӯмакҳои башардӯстона ва грантҳо, маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дарёфт менамоянд, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, анҷом дода мешавад.

Статсионарҳо доруворӣ ва маводи хароҷотиро аз ҳисоби маблағҳое, дар боло зикр гардидаанд, бо риояи қонунгузорӣ оид ба харид ба даст меоранд.

Ҳангоми зарурат харидории доруворие, ки ба руйхати РВАД дохил нашудааст, мутобиқи рӯйхати иловагие, ки муассисаи тандурустӣ муайян менамояд, иҷозат дода мешавад.

Дар сурати аз арзиши миёнаи муолиҷа барои ҳар ҳолати табобат ду маротиба зиёд будани хароҷоти воқей барои таъминоти дорувории беморон, комиссияи муолиҷавию назоратии муассисаи тандурустӣ ҳуқуқ дорад дар бораи аз ҳисоби беморон пардохт намудани хароҷоти иловагӣ барои хариди доруворӣ ҷиҳати муолиҷаи минбаъда, сарфи назар аз ҳуқуқи ӯ ба имтиёз, қарор қабул кунад.

Шахсоне, ки аз дигар шаҳру ноҳияҳо барои гирифтани кӯмаки статсионарӣ дар муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои таҷрибавӣ муроҷиат менамоянд, дар асоси Ҷадвали нархи миёнаи бемории муолиҷашуда пурра пардохт менамоянд.

7) Кӯмаки стоматологӣ:

а) намудҳои зайли кӯмаки стоматологӣ ба таври ройгон расонида мешаванд:

- муоинаи профилактикии даҳони кӯдакон ва занони ҳомиладор ду маротиба дар як сол;

- санатсияи даҳони кӯдакони аз 2 то 7- сола ва занони ҳомиладоре, ки ба қайд гирифта шудаанд;

- кӯмаки таъҷилии стоматологӣ;

б) кӯмаки махсусгардонидашудаи стоматологӣ аз рӯи Нархнома барои навъ ва ҳаҷми кӯмаки тиббию санитарӣ дар доираи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмин намудани аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ тибқи тартиби муқарраргардида пулакӣ расонида мешавад.

8) Чорабиниҳои беҳдоштию санитарӣ ва зиддиэпидемикӣ

Навъ ва ҳаҷми чорабиниҳои санитарию бехдоштӣ ва зиддиэпидемикӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ мегардад.

пар. 2. Мониторинг ва арзёбии татбиқи Барнома

9) Мониторинги татбиқи Барнома дар асоси нишондиҳандаҳои таҳиянамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути тадқиқот гузаронида мешавад.

Замимаи 1

Номгӯи 1

Гурӯҳи шаҳрвандоне, ки мутобиқи мақоми иҷтимоӣ барои гирифтани хизматрасониҳои тиббии ройгон ҳуқуқ доранд

- иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;

- Қаҳрамонони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳоди Шӯравӣ ва шахсоне, ки бо се дараҷаи ордени Шараф мукофотонида шудаанд;

- Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ;

- ҷанговарони интернатсионалист, собиқадорони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо;

- шахсоне, ки дар натиҷаи садамаи Нерӯгоҳи атомии барқии Чернобил зарар дидаанд ва аъзои оилаи бесаробонмондаи онҳо;

- маъюбоне, ки ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ захмӣ шудаанд ё осеб бардоштаанд;

- маъюбон аз даврони кӯдакӣ;

- кӯдакони маъюби то синни 18-сола;

- кӯдакони ятим, ки дар хонаҳои давлатии кӯдакон, хонаҳои кӯдакони оилавӣ (оилаҳои қабулнамуда), интернатҳо барои кӯдакони ятим қарор доранд ва кӯдаконе, ки аз парастории волидайн маҳрум мондаанд;

- кӯдакони то 1-сола;

- маъюбони гурӯҳҳои I ва II дар натиҷаи осеббардории меҳнатӣ,

- бемориҳои касбӣ ё бемориҳои умумӣ;

- шаҳрвандони синни 80 ва аз он боло;

- шаҳрвандоне, ки дар хонаҳои пиронсолон ва интернатҳо зиндагӣ мекунанд.

Номгӯи II

Гурӯҳи шаҳрвандоне, ки мутобиқи нишондиҳандаҳои тиббӣ барои гирифтани хизматрасониҳои тиббии ройгон ҳуқуқ доранд (бо бемории асосӣ):

- кӯдакони синни то 5- сола, ки гирифтори дарунравӣ ва бемориҳои шадиди роҳи нафас мебошанд (дар доираи Барномаи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона);

- беморони мубталои гемофилия;

- беморони мубталои махав;

- беморони мубталои бемории ҳорӣ;

- беморони мубталои гулӯзиндонак;

- беморони гирифтори бемории сил (дар доираи Барномаи ДОТС);

- беморони гирифтори ВНМО;

- беморони гирифтори бемории диабети қанд (вобаста будан аз инсулин).

Эзоҳ: дар сурати хуруҷи беморӣ ва эпидемияи бемориҳои сироятӣ, дар минтақаҳо фонди эпидемиологӣ таъсис дода шуда, чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ ва кӯмаки тиббию санитарӣ ба аҳолӣ аз ҳисоби маблағҳои фонди эпидемиологӣ гузаронида мешаванд.

Замимаи 2

Номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи гурӯҳи шаҳрвандонро, ки дар номгӯи 1 замимаи 1 Барномаи мазкур оварда шудааст, барои гирифтани хизматрасониҳои тиббии ройгон тасдиқ менамояд

+---+---------------------------------------+------------------------ҷ
|   |     Гурӯҳи аҳолӣ                      |Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи|
|   |                                       |    ҳуқуқ ба имтиёзҳо   |
|   |                                       |                        |
+---+---------------------------------------+------------------------+
|1. |Иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги  |Шаҳодатномаи иштирокчӣ  |
|   |Ватанӣ ва шахсони ба онҳо              |ё маъюби Ҷанги Бузурги  |
|   |баробаркардашуда                       |Ватанӣ, шаҳодатномаи    |
|   |                                       |нафақавӣ                |

|2. |Қаҳрамонони Ҷумҳурии Тоҷикистон,       |Шаҳодатномаи Қаҳрамони  |
|   |Иттиҳоди Шӯравӣ, Меҳнати Сотсиалистӣ ва|Ҷумҳурии Тоҷикистон,    |
|   |шахсоне, ки бо се дараҷаи Ордени Шараф |Иттиҳоди Шӯравӣ,        |
|   |мукофотонида шудаанд                   |Меҳнати Сотсиалистӣ     |
|   |                                       |ва се дараҷаи           |
|   |                                       |Ордени Шараф            |

|3. |Ҷанговарони интернатсионалист,         |Шаҳодатномаи ҷанговари  |
|   |собиқадорони амалиёти ҷангӣ дар        |интернатсионалист,      |
|   |қаламрави дигар давлатҳо               |собиқадори амалиёти     |
|   |                                       |ҷангӣ дар қаламрави     |
|   |                                       |дигар давлатҳо ва       |
|   |                                       |шаҳодатномаи нафақавӣ   |

|4. |Шахсоне, ки дар натиҷаи садамаи        |Шаҳодатномаи иштирокчӣ  |
|   |Нерӯгоҳи атомии барқии Чернобил зарар  |ё маъюбии барҳам додани |
|   |дидаанд ва аъзои оилаи бесаробонмондаи |садама дар Нерӯгоҳи     |
|   |онҳо                                   |атомии барқии Чернобил  |
|   |                                       |ва шаҳодатномаи         |

|5. |Маъюбоне, ки ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ|Шаҳодатномаи маъюби     |
|   |захмӣ шудаанд ё осеб бардоштаанд       |хизмати ҳарбӣ ва        |

|6. |Маъюбон аз даврони кӯдакӣ              |Маълумотнома дар бораи  |
|   |                                       |муайян намудани гурӯҳи  |
|   |                                       |маъюбӣ ва шаҳодатномаи  |

|7. |Кӯдакони маъюби то синни 18-сола       |Шаҳодатномаҳои          |
|   |                                       |нафақавии яке аз        |
|   |                                       |волидайн ва таваллуди   |
|   |                                       |кӯдак                   |

|8. |Кӯдакони ятим, ки дар хонаи давлатии   |Роҳхати хонаҳои         |
|   |кӯдакон, хонаи кӯдакони оилавӣ (оилаҳои|давлатии кӯдакон,       |
|   |қабулнамуда), интернатҳо барои кӯдакони|кӯдакони оилавӣ         |
|   |ятим қарор доранд, кӯдаконе, ки аз     |(оилаҳои қабулнамуда),  |
|   |парастории волидайн маҳрум мондаанд    |интернатҳо барои        |
|   |                                       |кӯдакони ятим           |

|9. |Кӯдакони то 1- сола                    |Шаҳодатномаи таваллуд   |

|10.|Маъюбони гурӯҳҳои 1 ва II, дар натиҷаи |Маълумотнома дар        |
|   |осеббардории меҳнатӣ, бемориҳои касбӣ ё|бораи муайян намудани   |
|   |бемориҳои умумӣ                        |маъюбии гурӯҳҳои I ва II|
|   |                                       |дар натиҷаҳои           |
|   |                                       |осеббардории меҳнатӣ,   |
|   |                                       |бемориҳои касбӣ         |
|   |                                       |ва ё бемориҳои умумӣ ва |

|11.|Шаҳрвандони синни 80- сола ва аз он    |Шаҳодатномаи            |
|   |боло                                   |нафақавӣ ва шиноснома   |

|12.|Шаҳрвандоне, ки дар хонаҳои пиронсолон |Роҳхати хонаҳои         |
|   |ва интернатҳо зиндагӣ мекунанд         |пиронсолон ва           |
|   |                                       |интернатҳо барои        |
|   |                                       |пиронсолон              |

Таъмини ройгони гурӯҳҳои шаҳрвандон бо доруворӣ (вобаста ба бемориҳои асосӣ), ки дар Номгӯи II Барномаи кафолатҳои давлатӣ зикр гардидаанд, мутобиқи рӯйхати бемороне, ки дар асоси бақайдгирии диспансерӣ ва дорухати муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии маҳалли зист таҳия гардидааст, амалӣ мегардад.