Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2014 № 20 "Дар бораи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастурамал ва Қоидаҳоро оид ба татбиқи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016 таҳия ва тасдиқ намояд.

3. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо ҷалби шарикон оид ба рушд татбиқи Барномаи мазкурро дар шаҳрҳои Сарбанд, Норак, Турсунзода ва ноҳияҳои Данғара, Спитамен, Рашт, Шаҳринав, Варзоб ва аз 1 январи соли 2014 тавсеаи татбиқи ҳамин Барномаро дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияҳои Файзобод, Панҷ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Шуғнон ва Ашт таъмин намоянд.

4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Варзоб, Шаҳринав, Рашт ва Файзобод дар доираи маблағҳои барои соҳаи тандурустӣ пешбинигардида татбиқи Барномаи мазкурро таъмин намоянд.

5. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҳамоҳангсозӣ ва дастгирии техникии татбиқи Барномаро таъмин намояд;

- аз натиҷаи татбиқи Барнома ҳар сол то 20 декабр ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 январи соли 2014 № 20

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Программе государственных гарантий по обеспечению населения медико-санитарной помощью в пилотных районах Республики Таджикистан на 2014-2016 годы

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Программу государственных гарантий по обеспечению населения медико-санитарной помощью в пилотных районах Республики Таджикистан на 2014-2016 годы (прилагается).

2. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан совместно с Министерством экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Министерством финансов Республики Таджикистан разработать и утвердить Инструкцию и Правила по реализации Программы государственных гарантий по обеспечению населения медико-санитарной помощью в пилотных районах Республики Таджикистан на 2014-2016 годы.

3. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан, исполнительным органам государственной власти ГорноБадахшанской автономной области, Хатлонской и Согдийской областей, городов и районов ю республиканского подчинения с привлечением партнеров по развитию обеспечить реализацию данной Программы в городах Сарбанд, Нурек и Турсунзаде, Дангаринском, Раштском, Шахринавском, Варзобском районах и районе Спитамен, расширить реализацию указанной Программы с 1 января 2014 года в городе Истаравшан, Файзабадском, Пянджском, Шугнанском, Аштском районах и районе Мир Сайид Алии Хамадони.

4. Исполнительным органам государственной власти ГорноБадахшанской автономной области, Хатлонской и Согдийской областей, города Турсунзаде и районов республиканского подчинения Варзоб, Шахринав, Рашт и Файзабад обеспечить реализацию настоящей Программы в рамках средств, предусмотренных для сектора здравоохранения.

5. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан:

- обеспечить координацию и техническую поддержку реализации Программы;

- о результатах реализации Программы ежегодно до 20 декабря представлять информацию в Правительство Республики Таджикистан.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                              Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 3 января 2014 года, № 20