Қарори Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2013 № 1247 "Дар хусуси тасдиқи Созишнома оид ба маблағгузорӣ бо мақсади рушд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (Лоиҳаи "Паст намудани талафоти қувваи барқ")"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар хусуси тасдиқи Созишнома оид ба маблағгузорӣ бо мақсади рушд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (Лоиҳаи "Паст намудани талафоти қувваи барқ")

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Созишнома оид ба маблағгузорӣ бо мақсади рушд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (Лоиҳаи "Паст намудани талафоти қувваи барқ"), ки 8 сентябри соли 2005 ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад,

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Ассотсиатсияи байналмилалии рушдро дар хусуси аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур зарур аст, огоҳ намояд.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 26 июни соли 2013, № 1247

РАҚАМИ ҚАРЗ 4093-TJ

РАҚАМИ ГРАНТ Н178-TJ

Созишнома дар бораи маблағгузоӣ бо мақсади рушд байни ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА АССОТСИАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РУШД

(Лоиҳаи паст намудани талафоти қувваи барқ)

аз 8 сентябри соли 2005

РАҚАМИ ҚАРЗ 4093- TJ / РАҚАМИ ГРАНТ Н178- TJ

С03ИШН0МА ДАР БОРАИ МАБЛАҒГУЗОРӢ БО МАҚСАДИ РУШД

Созишнома аз 8 сентябри соли 2005 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд "Қарзгиранда") ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (минбаъд "Ассотсиатсия") ба имзо расид.

Бо дарназардошти он, ки (А) Ассотсиатсия аз Қарзгиранда мактубро аз 18 марта соли 2005 гирифт, ки.дар он барномаи ислоҳоти сиёсӣ, инвеститсионӣ, иҷтимоӣ ва ташкилӣ баён гардида, ба рушди бахши энергетикии Қарзгиранда (минбаъд - "Стратегия") равона шудаанд, дар бораи нияти қатъии Қарзгиранда оид ба татбиқи Стратегияи таҳияшуда изҳор гардидааст;

(Б) Қарзгиранда боварӣ ҳосил намуд, ки татбиқи Лоиҳаи дар Замимаи 2 ба Созишномаи мазкур тавсифшуда имконпазир ва зарур аст, бинобар ин аз Ассотсиатсия ҷиҳати мусоидати молиявӣ барои татбиқи Лоиҳа дархост намуд;

(В) Қисмҳои А ва В.2 Лоиҳаро Барқи Тоҷик (чӣ тавре, ки дар поён муайян карда шудааст) ва қисмҳои Б ва В.З-ро Тоҷикгаз (чӣ тавре, ки дар поён муайян карда шудааст) бо мусоидати Қарзгиранда татбиқ менамоянд; ин гуна мусоидат ба Барқи Тоҷик ва Тоҷикгаз пешниҳод намудани Қарз ва қисман пешниҳод намудани Грантро аз ҷониби Қарзгиранда дар бар мегирад, чи тавре, ки дар Моддаи 3 Созишномаи мазкур зикр шудааст;

(Г) Ба он андозае, ки муносиб бошад, Қарзгиранда ва Ассотсиатсия мақсад мегузоранд хароҷоти хизматрасониҳои мушовиронро оид ба татбиқи Лоиҳа аз ҳисоби Грант маблағгузорӣ намоянд; ин маблағ бояд то истифода гардидани маблағҳои Қарз хароҷот шавад;

(Д) Қарзгиранда ният дорад бо Котибот оид ба ҳамкории иқтисодии Ҳукумати Швейтсария (КҲИ) оид ба грант ба маблағи баробар ба ҳашт миллион доллари ИМА (8,000,000) ҷиҳати мусоидат ба қисми Лоиҳа бо шартҳои дар созишномае, ки байни Қарзгиранда ва КҲИ (Созишнома дар бораи гранти КҲИ) ба имзо мерасад, ба

Азбаски, бо дарназардошти гуфтаҳои боло, Ассотсиатсия розӣ шуд ба Қарзгиранда бо шартҳои дар Созишномаи мазкур, Созишнома дар бораи Лоиҳаи БТ (чи тавре, ки дар поён муайян карда шудааст) ва дар Созишнома дар бораи Лоиҳаи ТГ (чӣ тавре, ки дар поён муайян карда шудааст) Қарз ва Грант пешниҳод намояд;

Бинобар ин, Қарзгиранда ва Ассотсиатсия ба мувофиқаи зайл расиданд:

Моддаи 1 Муқаррароти умумӣ; Мафҳумҳо

Қисми 1.01. Муқаррароти умумӣ, ки дар "Созишнома дар бораи қарзҳо барои рушд" аз 1 январи соли 1985 истифода шудааст (бо ворид намудани тағйирот ба он аз 1 майи соли 2004) бо он ислоҳҳо, ки дар Созишномаи мазкур (Муқаррароти умумӣ) оварда шудаанд, қисми ҷудонашавандаи Созишномаи мазкур маҳсуб меёбад.

Қисми 1.02. Агар дар матни Созишнома маъноҳои дигар оварда нашаванд, маъноҳое, ки тафсири онҳо дар Созишномаи мазкур ва Муқаддима оварда шудаанд, истифода бурда мешаванд; илова бар ин, истилоҳоти поён дар маъноҳои зерин истифода бурда мешаванд:

(а) "Барқи Тоҷик" маънои ширкати саҳомии холдингии кушодаро дорад, ки бо фармони Ҳукумати Қарзгиранда аз 11 ноябри соли 2001, №492 таъсис ёфтааст ва 30 ноябри соли 2001 (рақами бақайдгирӣ Р/Н 18р-150) дар Идораи давлатии нотариалии ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст ё ягон ташкилот(ҳо), ки соҳибҳуқуқи корхонаи мазкур мебошад, мефаҳмонад;

(б) "Созишнома дар бораи лоиҳаи БТ" маънои созишнома байни Ассотсиатсия ва Барқи Тоҷик аз санаи Созишномаи мазкур бо дарназардошти илова ва тағйирот ба онро мефаҳмонад; истилоҳи мазкур инчунин тамоми замима ва иловаҳоро ба Созишнома дар бораи лоиҳаи Барқи Тоҷик дар бар мегирад;

(в) "Созишномаи иловагӣ дар бораи қарзи - БТ" маънон созишнома байни Қарзгиранда ва Барқи Тоҷикро, ки аз рӯи шартҳои Қисми 3.01 (б) Созишномаи мазкур, бо дарназардошти илова ва тағйирот ба он, ба имзо расидаанд, мефаҳмонад;

(г) "Ҳисобот оид ба мониторинги молиявӣ" ё "ҲММ" маънои ҳама гуна ҳисоботро, ки тибқи Қисми 4.02 Созишнома дар бораи Лоиҳа омода гардидааст, мефаҳмонад;

(д) "Нақшаи харидорӣ" маънои нақшаи харидории Қарзгиранда аз 23 майи соли 2005-ро мефаҳмонад, ки давраи татбиқи Лоиҳаро бо ислоҳҳои минбаъда ва иловаҳо ба он, ки тибқи муқаррароти Қисми 3.02 Созишномаи мазкур ва давраи аз лаҳзаи ворид намудани ислоҳҳо то анҷом ёфтани татбиқи Лоиҳаро дар бар мегирад;

(е) "Созишномаи иловагӣ дар бораи қарз" маънои Созишномаи иловагӣ дар бораи қарзи БТ ва Созишномаи иловагӣ дар бораи қарзи ГТ-ро мефаҳмонад;

(ж) "Тоҷикгаз" маънои корхонаи воҳиди давлатиро дорад, ки бо фармони Ҳукумати Қарзгиранда аз 4 марти соли 2002, №91 таъсис ёфта, 30 апрели соли 2002 (Рақами бақайдгирӣ 4х-45) дар Идораи давлатии нотариалии ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст ё ягон ташкилот, ки соҳибҳуқуқи корхонаи мазкур мебошад, мефаҳмонад;

(з) "Созишнома дар бораи лоиҳаи ТГ" маънои созишнома байни Ассотсиатсия ва Тоҷикгаз аз санаи Созишномаи мазкур бо дарназардошти илова ва тағйироти имконпазир ба онро мефаҳмонад; истилоҳи мазкур инчунин тамоми замима ва иловаҳо ба Созишномаи мазкур дар бораи Тоҷикгазро дар бар мегирад;

(и) "Созишномаи иловагӣ дар бораи қарзи ТГ" маънои созишнома байни Қарзгиранда ва Тоҷикгазро, ки аз рӯи шартҳои Қисми 3.01 (б) Созишномаи мазкур, бо дарназардошти илова ва тағйирот ба он, ба имзо расидаанд, мефаҳмонад.

Моддаи 2 Маблағгузорӣ

Қисми 2.01. Ассотсиатсия розӣ аст ба Қарзгиранда дар асоси шартҳо, ки дар Созишномаи мазкур муайян ё зикр шудаанд, пешниҳод намояд:

(а) маблағи баробар ба даҳ миллион ҳуқуқҳои махсуси иқтибоси (10,000,000 ҲМИ) (минбаъд - "Қарз");

(б) маблағи баробар ба ду миллион ҳуқуқҳои махсуси иқтибосӣ (2,000,000 ҲМИ) (минбаъд - "Грант").

Қисми 2.02. Мутобиқи муқаррароти Замимаи 1 ба Созишномаи мазкур ҷиҳати пардохт намудани хароҷоти арзиши қобили қабули молҳо, корҳо ва хизматрасониҳо, ки барои Лоиҳа зарур буда, ҷиҳати пардохт аз воситаҳои Маблағгузорӣ пешбинӣ шудааст (ё ба нақша гирифта шудааст, агар Ассотсиатсия ба ин розигӣ диҳад), маблағи Қарзро метавон аз суратҳисоби қарзӣ ва маблағи грантро аз суратҳисоби грантӣ гирифт.

Қисми 2.03. Санаи пӯшидашавӣ 30 июни соли 2012 ё санаи дигар, ки Ассотсиатсия минбаъд муайян месозад, интихоб мегардад. Дар сурати тағйир ёфтани Санаи пӯшидашавӣ, Ассотсиатсия бояд Қарзгирандаро оид ба чунин тағйирот бетаъхир огоҳ созад.

Қисми 2.04. (а) Қарзгиранда ӯҳдадор мешавад ба Ассотсиатсия пардохт намояд: (i) арзиши воситаҳои захиравиро аз рӯи маблағи асосии Қарз, ки он лаҳза гузаронида нашудааст ва онро ҳар сол 30 июн Ассотсиатсия бо шарти зиёд нагардидани маблағ ба нисфи як фоиз (1/2 ё 1 фоиз) дар як сол муайян менамояд; (ii) арзиши воситаҳои захиравиро аз рӯи маблағи асосии Грант, ки он лаҳза гузаронида нашудааст ва онро ҳар сол 30 июн Ассотсиатсия бо шарти зиёд нагардидани маблағ ба нисфи як фоиз (1/2 ё 1 фоиз) дар як сол муайян менамояд;

(б) Ҳар як пардохт аз рӯи арзиши воситаҳои захиравӣ гузаронида мешаванд, (i) аз санаи гузаштани шаст рӯз аз санаи ба имзо расонидани Созшиномаи мазкур (санаи гузаронидани маблағ) оғоз гардида, то санае, ки воситаҳои Қарз ё Грант (бо навбати дилхоҳ) ба Қарзгиранда гузаронида шудаанд ё бозпас шудаанд, идома меёбад, (ii) аз рӯи маблағе, ки Ассотсиатсия 30 июн қабл аз санаи гузаронидани маблағ ё аз рӯи тартиби дигар, ки тибқи банди (а) Қисми мазкур муқаррар карда шудааст, муайян месозад. Маблағҳои дахлдор, ки ҳар сол 30 июн муайян карда мешаванд, аз он санаи пардохт амалӣ мегардад, ки пас аз рӯзи 30 июни ҳамон сол меояд, чӣ тавре, ки дар Қисми 2.06 Созишномаи мазкур омадааст;

(в) Ҳар як пардохт аз рӯи арзиши воситаҳои захиравӣ бояд амалӣ гардад: (i) дар он ҷое, ки дар доираи имконпазир аз ҷониби Ассотсиатсия нишон дода мешавад; (ii) бе ягон маҳдудият аз ҷониби ё дар қаламрави Қарзгиранда; (iii) бо асъоре, ки дар Созишномаи мазкур бо мақсади Қисми 4.02 Муқаррароти умумӣ ё асъори дигари муносиб, ки баъзан тибқи муқаррароти Қисми мазкур зикр ё интихоб мегарданд, нишон дода мешаванд.

Қисми 2.05. Қарзгиранда ӯҳдадор мешавад ба Ассотсиатсия арзиши хизматрасониро аз рӯи маблағи аз чор се ҳисса (3/4 аз 1 фоиз) дар як сол аз маблағи асосии Қарз, ки аз ҷониби Қарзгиранда гирифта шуда, ба Ассотсиатсия дар лаҳзаи ҳисоб кардани арзиши хизматрасонӣ баргардонида нашудааст, пардохт намояд.

Қисми 2.06. Пардохтҳо аз рӯи арзиши воситаҳои захиравӣ ва арзиши хизматрасонӣ бояд ду маротаба дар як сол 15 март ва 15 сентябр анҷом дода шаванд.

Қисми 2.07. (а) Муқаррароти бандҳои (б), (в) ва (г) поёнро риоя намуда, Қарзгиранда ӯҳдадор мешавад маблағи асосии қарзро тавассути пардохтҳои нимсола баргардонад, ки 15 март ва 15 сентябр амалӣ мегарданд, яъне аз 15 сентябри соли 2015 шурӯъ намуда, 15 марти соли 2045 анҷом диҳад, Ҳар як чунин пардохтҳо дар муддати давраи то 15 марти соли 2025 бо пардохте, ки бояд дар ин рӯз амалӣ гардад як фоиз аз маблағи асосиро ташкил медиҳад ва ҳар як пардохт пас аз ин рӯз ду фоиз аз маблағи асосиро ташкил медиҳад,

(б) Дар сурати, агар (i) маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба ҳар сари аҳолии Қарзгиранда чӣ тавре, ки аз ҷониби Ассотсиатсия муайян мегардад зиёда аз се солро ташкил диҳад, сатҳи ҳамасола муқаррарнамудаи Ассотсиатсия барои он, ки кадом давлатҳо ҳуқуқ доранд захираҳои Ассотсиатсияро истифода намоянд; (ii) Бонк Қарзгирандаро ба сифати мизоҷи қобили адои қарз баррасӣ менамояд. Ассотсиатсия ҳуқуқ дорад пас аз он, ки Директорони иҷроияи Ассотсиатсия чунин қарорро баррасӣ намуда, маъқул донанд, инчунин пас аз шиносоии зарурӣ бо вазъи иқтисодии Қарзгиранда, тартиби пардохтро тағйир диҳад, ки дар банди (а) поён ба таври зерин муайян гардидааст:

(А) талаб намояд, ки Қарзгиранда андозаи ҳар як пардохтро, ки дар лаҳзаи баровардани чунин қарор гузаронида нашудааст, то вақте, ки маблағи асосии Қарз пурра баргардонида нашавад, ду баробар зиёд кунад;

(Б) талаб намояд, ки Қарзгиранда пардохти маблағи асосии Қарзро дар рӯзи нимсолаи аввал оғоз намояд, чӣ тавре, ки он дар банди (а) боло муайян гардидааст, ки мӯҳлати он баъди шаш ё беш аз ин моҳ пас аз он, ки Ассотсиатсия Қарзгирандаро огоҳ созад, ки кадом вазъият ба вуҷуд омадааст, ба шарте, ки нисбат ба чунин усули баргардонидани Қарз давраи имтиёзнок ба мӯҳлати ҳадди ақал панҷ сол иҷозат дода шавад;

(В) Ассотсиатсия ҳуқуқ дорад бо хоҳиши Қарзгиранда тағйирот дар низоми пардохтро дида барояд, чӣ тавре, ки дар банди (Б) боло зикр шудааст, барои он, ки ба маблағи пардохт ба сифати қисман ё пурра иваз намудани андозаи ҳар як пардохт ва пардохт аз рӯи маблағи солонаро дохил намояд, ки бо Ассотсиатсия мувофиқа шуда, фоизҳоро, ки ба маблағи асосии қарз ҳисоб карда шудаанд, аз ҷониби Қарзгиранда гузаронида шудааст ва маблағи то ҳол аз ҷониби Қарзгиранда пардохтнашуда, ба шарти, агар Ассотсиатсия муайян намояд, ки чунин аз нав дида баромадан унсури грантиро дар доираи тағйироти дар боло зикрнамудаи низоми пардохтҳо, тағйир намедиҳад;

(Г) Агар, дар ҳар вақти дилхоҳ он ҳамчун шарти пардохти қарз тағйир дода шавад ва тибқи муқаррароти банди (Б) боло Ассотсиатсия муайян намояд, ки вазъи иқтисодии Қарзгиранда якбора бад шуд, Ассотсиатсия ҳуқуқ дорад бо хоҳиши Қарзгиранда тағйироти минбаъдаро дар низоми пардохтҳо амалӣ намуда, онро бо ҷадвале, ки дар банди (А) боло зикр шудааст, мутобиқ намояд.

Қисми 2.08. Бо мақсади Қисми 4.02 Муқаррароти умумӣ асъори пардохт доллари ИМА мебошад.

Қисми 2.09. Вазири энергетикаи Қарзгиранда ва ё ягон шахсе, ки аз ҷониби Вазир ваколатдор шудааст дар шакли хаттӣ ҳамчун намояндаи Қарзгиранда муқаррар мегардад, ки ҳуқуқ дорад тибқи муқаррароти Қисми

2.02 Созишномаи мазкур ва Моддаи 5 Муқаррароти умумӣ зарур мебошанд ва иҷозат дода шудаанд, тамоми чораҳоро андешад.

Моддаи 3 Татбиқи Лоиҳа

Қисми 3.01. (а) Қарзгиранда оид ба нияти қатъии худ ҷиҳати татбиқи мақсадҳои лоиҳа изҳор менамояд, чӣ тавре, ки дар Замимаи 2 Созишномаи мазкур муайян гардидааст ва бо дарназардошти ин, ягон хел маҳдуд насохта ва иҷрои ӯҳдадориҳои дигарро дар доираи Созишномаи мазкур ба зиммаи худ гирифта, Қарзгиранда ӯҳдадор мешавад Қисми В.1 Лоиҳаро амалӣ намуда, таъмин намояд, ки Барқи Тоҷик ва Тоҷикгаз ӯҳдадориҳои дар доираи Созишнома дар бораи БТ ва Созишнома дар бораи ТГ ба зиммаи худ гирифтаашонро мутаносибан иҷро намоянд; Қарзгиранда ӯҳдадор мешавад тамоми чораҳоро андешад ва таъмин намояд, ки тарафҳои дигар низ тамоми чораҳои заруриро андешанд, аз ҷумла пешниҳоди маблағ, биноҳои истеҳсолӣ, хизматрасониҳо ва дигар захираҳо, ки барои фароҳам овардани шароит ба Барқи Тоҷик ва Тоҷикгаз ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои гирифтаашон имконият диҳад. Қарзгиранда ӯҳдадор мешавад ягон чораро наандешад ва ба тарафҳои дигар иҷозат надиҳад, ки чораҳоро андешад, ки ҷиҳати иҷро гардидани чунин ӯҳдадориҳо монеа шаванд;

(б) Бо мақсадҳои Қисмҳои А ва В.2 Лоиҳа, Қарзгиранда воситаҳои Қарз ва Грантро, ки барои Категорияи (1) чӣ тавре, ки дар ҷадвали банди 1 Замимаи 1 Созишномаи мазкур дар асоси Созишномаи иловагӣ дар бораи Қарз пешбинӣ шудааст, ки байни Қарзгиранда ва Барқи Тоҷик бо шартҳое, ки Ассотсиатсия маъқул медонад ва шартҳои асосиро дар бар мегиранд, ки дар банди (Г) Қисми мазкур омадаанд, аз нав қарз медиҳад:

(в) Бо мақсадҳои Қисмҳои Б ва В.З Лоиҳа, Қарзгиранда воситаҳои Қарз ва Грантро, ки барои Категорияи (2) чӣ тавре, ки дар ҷадвали банди 1 Замимаи 1 Созишномаи мазкур дар асоси Созишномаи иловагӣ дар бораи қарз пешбинӣ шудааст, ки байни Қарзгиранда ва Барқи Тоҷик бо шартҳое, ки Ассотсиатсия маъқул медонад ва шартҳои асосиро дар бар мегиранд, ки дар банди (Г) Қисми мазкур омадаанд, аз нав қарз медиҳад;

(г) Шартҳои асосии Созишномаҳои иловагӣ дар бораи қарз ба таври зерин муайян мегарданд: (i) мӯҳлати ҳар як Қарзи иловагӣ 20 (бист) сол аз ҷумла давраи имтиёзнок панҷ (5) - ро ташкил медиҳад; (ii) андозаи фоиз, ки ба маблағи Қарзи иловагӣ ҳисоб карда шуда, ҳоло гузаронида нашудааст аз воситаҳое, ки барои Категорияи (i) ва ба маблағи Қарзи иловагии БТ пешбинӣ шудааст, ба ТГ гузаронида шуда, ҳоло аз воситаҳое, ки барои Категорияи (2) пешбинӣ шудааст. ба андозаи шаш (6) фоизи солона муқаррар гардидааст; (iii) ҳар як Қарзи иловагӣ бо доллари ИМА муайян карда мешавад; (iv) маблағҳои асосии Қарзҳои иловагӣ, ки бояд ба Қарзгиранда баргардонида шаванд, ҳамчун баробарарзиши долларии он маблағҳо аз Қарзҳои иловагӣ муайян карда шудаанд, ки барои пардохти хароҷот, ки Барқи Тоҷик ва Тоҷикгаз аз рӯи мубодилаи асъор воқеан дар санаи чунин маблағгузаронӣ аз Қарз ва Грант бардоштаанд, иборат мебошанд;

(д) Қарзгиранда ӯҳдадор мешавад ҳуқуқҳои худро, ки дар доираи Созишномаҳои иловагӣ дар бораи қарзҳо гирифтаанд, ҳамон тавр истифода намоянд, ки харидррӣ, манфиатҳои худ ва манфиатҳои Ассотсиатсияро ҷиҳати иҷро намудани мақсадҳои Қарз ва Грант ҳимоя намоянд; Қарзгиранда инчунин ӯҳдадор мешавад ҳуқуқҳои худро, ки дар доираи Созишномаҳои иловагӣ дар бораи қарзҳо гирифтаанд ба тарафи дигар надиҳад ва амали созишномаҳоро умуман ё қисман бе розигии Ассотсиатсия қатъ накунад.

Қисми 3.02. (а) Харидории молҳо, корҳо ва хизматрасониҳо, ки барои татбиқи лоиҳаи аз воситаҳои Қарз ва Грант маблағгузоришаванда зарур мебошанд, чӣ тавре, ки дар Замимаи 3 Созишномаи мазкур оварда шудааст, амалӣ мегардад; муқаррароти Замимаи 3 -ро метавон дар Нақшаи харидорӣ муайян намуд. Ҳама гуна истисно аз муқаррароти мазкур бояд бо Ассотсиатсия мувофиқа карда шавад:

(б) Қарзгиранда ӯҳдадор мешавад тағйироти заруриро дар Нақшаи харидорӣ дар асоси дастурамалҳо, ки барои Ассотсиатсия муносиб аст, амалӣ намуда, чунин Нақшаи харидории аз нав дида баромадаро барои тасдиқ ба Ассотсиатсия на дертар аз дувоздаҳ (12) моҳ пас аз баррасии қаблӣ пешниҳод намояд.

Қисми 3.03, Бо мақсадҳои Қисми 9.06 Муқаррароти умумӣ ва бе маҳдуд намудани муқаррароти мазкур, Қарзгиранда ӯҳдадор мешавад:

(а) нақшаи минбаъдаи корҳоро аз рӯи Лоиҳа дар асоси Дастурамалҳо, ки барои Ассотсиатсия муносиб мебошанд, таҳия намояд ва нақшаи мазкурро ба Ассотсиатсия на дертар аз гузаштани шаш (6) моҳ пас аз Санаи пӯшидашавӣ ё санаи дигар, ки метавонад дертар барои ин мақсад бо розигии мутақобилаи Қарзгиранда ва Ассотсиатсия таъин гардад, пешниҳод намояд;

(б) ба Ассотсиатсия ҷиҳати муҳокима намудани нақшаи зикргардида бо Қарзгиранда имконият диҳад.

Қисми 3.04. (а) Тавассути Созишномаи мазкур Қарзгиранда ва Ассотсиатсия розигии худро ба он, ки ӯҳдадориҳои дар Қисмҳои 9.03,

9.04. 9.05, 9.06, 9.07 ва 9.08 Муқаррароти умумӣ қайдгиранда (вобаста ба суғурта, истифода намудани молҳо ва хизматрасониҳо, нақшаҳо ва ҷадвалҳо, ҳуҷҷатҳо ва ҳисобот, хизматрасонии техникӣ ва мутаносибан ба даст овардани қитъаи замин), нисбат ба кисмҳои Б ва В.2 Лоиҳа аз ҷониби Барқи Тоҷик дар асоси Қисми 2.03 Созишнома дар бораи лоиҳаи БТ иҷро мегарданд, медиҳанд;

(б) Тавассути Созишномаи мазкур Қарзгиранда ва Ассотсиатсия розигии худро ба он, ки ӯҳдадориҳои дар Қисмҳои 9.03, 9.04, 9.05,

9.06, 9.07 ва 9.08 Муқаррароти умумӣ қайдгардида (вобаста ба суғурта, истифода намудани молҳо ва хизматрасониҳо, нақшаҳо ва ҷадвалҳо, ҳуҷҷатҳо ва ҳисобот, хизматрасонии техникӣ ва мутаносибан ба даст овардани қитъаи замин), нисбат ба қисмҳои Б ва В.З Лоиҳа аз ҷониби Тоҷикгаз дар асоси Қисми 2.03 Созишнома дар бораи лоиҳаи ТТ иҷро мегарданд, медиҳанд.

Қисми 3.05. Амали муқаррароти Қисми 3.01 мазкурро маҳдуд насохта, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қарзгиранда ва Ассотсиатсия ба он розигӣ медиҳанд, Қарзгиранда ӯҳдадор мешавад иҷрои саривақтӣ ва самарабахши Стратегияро, аз ҷумла бандҳои зеринро таъмин намояд, вале бо онҳо маҳдуд нашавад:

(а) таъмин намояд, ки ҳамаи муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои буҷетӣ пурра қарзҳои худро барои қувваи барқ ва газ аз рӯи ҳисобиҳое, ки мутаносибан аз ҷониби Барқи Тоҷик ва Тоҷикгаз пешниҳод шудаанд, дар мӯҳлати сӣ (30) рӯз пардохт намоянд;

(б) аз ҷониби худ тамоми чораҳои заруриро андешад, вале бо онҳо махдуд нашавад, аз ҷумла баланд намудани тарифҳо: чораҳо оид ба кам намудани шумораи напардохтани маблағ барои ҳамаи гурӯҳҳои истеъмолкунандагон, барои он, ки ба Барқи Тоҷик ва Тоҷикгаз мутаносибан ҷиҳати маблағгузории ҳадди ақал сӣ (30) фоизи хароҷоти асосии ҳарсолаи худ, чӣ тавре, ки дар Қисми 4.03 Созишнома дар бораи лоиҳаи БТ ва Қисми 4.03 Созишнома дар бораи ТГ оварда шудааст, имконият диҳад.

Қисми 3.06. Қарзгиранда ӯҳдадор мешавад ягон амалро наандешад, ки ба тағйир ёфтани хусусияти ҳуқуқӣ, ҳуқуқҳои моликият, назорат ё сохтори Барқи Тоҷик ва Тоҷикгаз равона шуда бошад, ки метавонад ҷиҳати татбиқи Лоиҳа бе розигии пешакии Ассотсиатсия, таъсири манфӣ расонад.

Қисми 3.07. Қарзгиранда ӯҳдадор мешавад худ иҷро намояд ва таъмин намояд, ки Барқи Тоҷик ва Тоҷикгаз инчунин иҷро намоянд:

(а) риоя намудани қоидаҳо ва расмиёт, ки барои амалӣ намудани мониторинг ва арзёбии ҷорӣ тибқи нишондиҳандаҳои ҷараёни амалисозии Лоиҳа ва иҷрои вазифаҳои он барои Ассотсиатсия қобили қабул мебошанд;

(б) дар асоси вазифаи корӣ, ки барои Ассотсиатсия қобили қабул мебошад дар санаи ё наздикии санаи 31 марти соли 2008 таҳия ва ба Ассотсиатсия пешниҳод намудани ҳисоботи ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолият аз рӯи мониторинг ва арзёбии тибқи банди (а) Қисми мазкур гузаронидашуда вобаста ба пешравие, ки дар амалисозии Лоиҳа дар муддати даврае, ки қабл аз санаи пешниҳоди ҳисобот ба даст омадааст ва чораҳои муайянкунанда, ки барои таъмини амалисозии самарабахши Лоиҳа ва иҷрои вазифаҳои он ба давраи минбаъда тавсия мешавад:

(в) бо Ассотсиатсия то 30 июни соли 2008 ё мӯҳлати аз ин дертар, ки Ассотсиатсия муайян мекунад, баррасӣ намудани ҳисоботи дар банди (б) Қисми мазкур зикршуда ва дар натиҷаи ин, андешидани тамоми чораҳо, ки барои таъмини анҷоми самарабахши Лоиҳа ва иҷрои вазифаҳои он, дар асоси хулосаҳо ва тавсияҳои ҳисоботи мазкур ва ақидаи Ассотсиатия, ки талаб карда мешавад.

Моддаи 4 Муқаррароти молиявӣ

Қисми 4.01. (а) Қарзгиранда ӯҳдадор мешавад низоми молиявии идоракуниро, ки ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳисобиҳо, инчунин омода намудани варақаҳои пардохт тибқи меъёрҳои муҳосибавии мунтазам амалишаванда, ки ба Ассотсиатсия қобили қабул аст ва имконият медиҳад ба таври баробар амалиёти молиявӣ, захираҳо ва хароҷотро аз рӯи Лоиҳа инъикос намояд, дар бар мегирад, дастгирӣ намояд:

(б) Қарзгиранда ӯҳдадор мешавад:

(i) таъмин намояд, ки аз рӯи варақаҳои пардохт, ки дар бораи онҳо дар банди (а) Қисми мазкур сухан меравад, аудит барои ҳар соли молиявӣ (ё давраи дигар, ки бо Ассотсиатсия мувофиқа мешавад) дар асоси принсипҳои аудитории мунтазам амалишаванда, ки барои Ассотсиатсия қобили кабул аст, гузаронида шавад; чунин аудит аз ҷониби аудиторони мустақил, ки барои Ассотсиатсия қобили қабул мебошад, гузаронида мешавад;

ii) ба Ассотсиатсия бетаъхир бо анҷом ёфтани аудит, вале дар ҳар сурат на дертар аз шаш моҳ пас аз хотима ёфтани ҳар соли молиявӣ (ё давраи дигар, ки бо Ассотсиатсия мувофиқа мешавад). (А) нусхаҳои тасдиқшудаи варақаҳои пардохти молиявӣ, ки дар банди (а) Қисми мазкур барои ҳар соли молиявӣ (ё давраи дигар, ки бо Ассотсиатсия мувофиқа мешавад) ишора шудааст; (Б) хулосаи аудиторӣ, ки аз ҷониби аудиторони дар боло зикршуда бо андозаи зарурӣ ва мушаххасот пешниҳод гардида бошад, ки Ассотсиатсия онро ба талаботи худ қонеъкунанда донистааст;

iii) ба Ассотсиатсия пешниҳод намудани иттилооти дигар аз рӯи ҳуҷҷатгузории молиявӣ ва ҳисобот, аз рӯи аудити чунин варақаҳои пардохти молиявӣ ё вобаста ба аудиторони дар боло зикргардида, агар Ассотсиатсия талаб намудани чунин иттилоотро зарур шуморад.

Қисми 4.02. (а) Қарзгиранда ӯҳдадор мешавад таъмин намояд, ки Барқи Тоҷик ва Тоҷикгаз ба Ассотсиатсия ҳисоботро оид ба мониторинги молиявӣ дар он шакл ва мӯҳтаво пешниҳод намоянд, ки талаботи Ассотсиатсияро қонеъ гардонанд. Ин гуна ҳисобот бояд дар бар гирад:

(i) нишон додани сарчашмаҳои воситаҳо аз рӯи Лоиҳа ва истифодабарии онҳо дар маҷмӯъ ва ҳам алоҳида аз рӯи ҳар як давра, ки ҳисобот ба он дахл дорад, бо алоҳида ишора намудани воситаҳо, ки аз Маблағгузорӣ гирифта шудаанд ва бо шарҳи тафриқа байни истифодабарии нақшавӣ ва воқеии воситаҳои мазкур;

(ii) тавсифи пешравии воқеӣ ҷиҳати амалисозии Лоиҳа, дар маҷмӯъ ва ҳам дар алоҳидагӣ нишон додани давра, ки ҳисобот ба он дахл дорад бо шарҳи тафриқа байни истифодабарии нақшавӣ ва воқеии воситахои мазкур;

(iii) нишон додани мақоми харидорӣ аз рӯи Лоиҳа дар охири давра, ки ба он ҳисобот дахл дорад.

(б) ҲММ нахустин бояд ба Ассотсиатсия на дертар аз 45 рӯз пас аз хотима ёфтани семоҳаи аввал пас аз санаи эътибор пайдо кардани Созишнома пешниҳод гардад ва бояд давраеро аз санаи хароҷоти нахустини лоиҳа то охири ин семоҳа фаро гирад; пас аз ин ҳар ҲММ навбатӣ бояд ба Ассотсиатсия на дертар аз гузаштани 45 рӯз аз анҷом ёфтани ҳар семоҳаи навбатӣ пешниҳод гардида, ҳар як чунин семоҳаро фаро гирад.

Моддаи 5 Ҳифзи манфиатҳои Ассотсиатсия

Қисми 5,01. Мутобиқи Қисми 6.02. (1) Муқаррароти умумӣ, ҳолатҳои зерин муайян карда мешаванд:

(а) Барқи Тоҷик ё Тоҷикгаз ягон ӯҳдадориҳои худро дар доираи Созишнома дар бораи БТ ва Созишнома дар бораи ТГ мутаносибан иҷро накунанд;

(б) Дар натиҷаи ҳолатҳое, ки пас аз ба имзо расидани Созишномаи мазкур ба вуҷуд меояд, ҳолати фавқулодда ба амал меояд, ки аз ҷониби Барқи Тоҷик ё Тоҷикгаз иҷро гардидани ӯҳдадориҳои худ дар доираи Созишнома дар бораи БТ ва Созишнома дар бораи ТГ мутаносибан ғайриимкон месозад;

(в) То Ассотсиатсия розигии худро надиҳад, Созишнома дар бораи Грант то 1 июли соли 2006 ё санаи дигар эътибор пайдо намекунад, ба шарти, агар муқаррароти банди (в) Қисми мазкур истифода нагардад, агар Қарзгиранда ба Ассотсиатсия шаҳодатномаи ба талаботи он қонеъкунандаро, пешниҳод намояд, ки Қарзгиранда маблағи барои амалӣ намудани Лоиҳа кофиро аз сарчашмаҳои дигар ба шарт ва мӯҳлатҳои ба ӯҳдадориҳои Қарзгиранда ҷавобгӯйро дар доираи Созишномаи мазкур гирифта метавонад.

Қисми 5.02. Мутобиқи Қисми 7.01 (з) Муқаррароти умумӣ, ҳолатҳои иловагии мазкур муқаррар карда мешаванд, ки дар бандҳои (а) ва (б) Қисми 5.01 Созишномаи мазкур зикр гардида, метавонанд ба вуҷуд оянд.

Моддаи 6 Санаи эътибор пайдо кардан; Қатъи амали Созишнома

Қисми 6.01. Ҳолатҳои зерин ба сифати шартҳои иловагӣ барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур дар доираи Қисми 12.01 (б) Муқаррароти умумӣ муайян гардидаанд, яъне Созишномаҳои иловагӣ дар бораи қарзҳо дар шахсияти Қарзгиранда ва Барқи Тоҷик ва дар шахсияти Қарзгиранда ва Тоҷикгаз мутаносибан тасдиқ карда шудаанд.

Қисми 6.02. Ҳолатҳои зерин ба сифати шартҳои иловагӣ дар доираи Қисми 12.02 (б) Муқаррароти умумӣ муайян гардиданд; онҳо бояд ба хулосаи ҳукуқӣ дохил карда шуда, ба Ассотсиатсия пешниҳод карда шаванд, ки:

(а) Созишнома дар бораи лоиҳаи БТ ба таври зарурӣ аз ҷониби Барқи Тоҷик тасдиқ ва ба тасвиб расонида шуда, барои иҷрои Барқи Тоҷик тибқи шартҳои Созишномаи мазкур аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошад;

(б) Созишнома дар бораи лоиҳаи ТГ ба таври зарурӣ аз ҷониби Тоҷикгаз тасдиқ ва ба тасвиб расонида шуда, барои иҷрои Тоҷикгаз тибқи шартҳои Созишномаи мазкур аз ҷиҳати ҳуқуқи ҳатмӣ мебошад;

(в) Созишномаи иловагӣ дар бораи қарзҳо ба таври зарурӣ аз ҷониби Қарзгиранда, Барқи Тоҷик ва Тоҷикгаз тасдиқ ва ба тасвиб расонида шуда, барои иҷрои Қарзгиранда, Барқи Тоҷик ва Тоҷикгаз тибқи шартҳои Созишномаи мазкур аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошад.

Қисми 6.03. Санае, ки пас аз навад (90) рӯз аз санаи ба имзо расидани Созишномаи мазкур фаро мерасад, ба мақсадҳои Қисми 12.04 Муқаррароти мазкур муайян карда шудааст.

Моддаи 7 Намояндагони Қарзгиранда; Суроғаҳо

Қисми 7.01. Ба истиснои ҳолатҳое, ки дар Қисми 2.09 Созишномаи мазкур зикр шудааст, Вазири молияи Қарзгиранда бо мақсадҳои Қисми

11.03 Муқаррароти умумӣ, ба сифати намояндаи Қарзгиранда муайян карда шудааст.

Қисми 7.02. Суроғаҳои зерин бо мақсадҳои Қисми 11.01 Муқаррароти умумӣ, муайян карда мешаванд:

Барои Қарзгиранда:

Вазорати молия

Душанбе, 734025

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Факс: (992-372) 213329 ё

(992-372)216796

6.03. Барои Ассотсиатсия:

Ассотсиатсияи байналмилалии рушд

1818 H Street, N.W.

Washington, D.С. 20433 United States of America

Телеграф: Телекс: Факс:

Indevas 248423 (МСI) (202) 477-6391

Washington ё 64145 (МСI)

Бинобар ин, Тарафҳо тавассути намояндагони ваколатдори худ амал намуда, Созишномаи мазкурро аз номи_________________ , дар рӯз ва соле, ки пас аз имзоҳо ишора шудааст, ба имзо расониданд.

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Намояндаи ваколатдор

АССОТСИАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РУШД

Намояндаи ваколатдор

ЗАМИМАИ 1 ГУЗАРОНИДАНИ ВОСИТАҲОИ МАБЛАҒГУЗОРӢ

1. Ҷадвали поён, категорияҳоро, ки бояд аз ҳисоби воситаҳои Маблағгузорӣ пардохт карда шаванд, маблағи барои маблағгузорӣ аз рӯи ҳар як категорияҳо ҷудошудаи воситаҳои Қарз ва Грант ва фоизи пардохти хароҷот аз рӯи ҳар як категорияро муайян месозад:

+--------------------+---------------+-----------------+-------------ҷ
| Категория          |  Маблағи      |    Маблағи      |    Фоизи    |
|                    |ҷудошудаи Қарз | ҷудошудаи Грант | хароҷот, ки |
|                    |  (бо ҲМИ)     |    (бо ҲМИ)     |     бояд    |
|                    |               |                 | маблағгузорӣ|
|                    |               |                 | шавад       |
+--------------------+---------------+-----------------+-------------+
| (1) Молҳо, корҳо ва|   5,000,000   |    860,000      |     100%    |
| хизматрасониҳои    |               |                 |             |
| мушовирон барои    |               |                 |             |
| Қисмҳои А ва В.2   |               |                 |             |
|      Лоиҳа         |               |                 |             |
+--------------------+---------------+-----------------+-------------+
| (2) Молҳо, корҳо ва|   5,000,000   |    600,000      |     100%    |
| хизматрасониҳои    |               |                 |             |
| мушовирон барои    |               |                 |             |
| ҚисмҳоиБ ва В.З    |               |                 |             |
|      Лоиҳа         |               |                 |             |
+--------------------+---------------+-----------------+-------------+
| (3) Хизматрасониҳои|               |    540,000      |     100%    |
| мушовирон барои    |               |                 |             |
| Қисми В.1 Лоиҳа    |               |                 |             |
+--------------------+---------------+-----------------+-------------+
|     ҲАМАГӢ         |  10,000,000   |    2.000.000    |             |
+--------------------+---------------+-----------------+-------------+

2. Новобаста ба муқаррароти банди 1 боло, гузаронидани маблағ вобаста ба хароҷоти то санаи ба имзо расонидани Созишномаи мазкур бавуҷудомада, амалӣ намегардад; бо тартиби истисно, гузаронидани маблағ барои пӯшонидани хароҷот вобаста ба Категорияҳои (1) ва (2) то санаи ба имзо расонидани Созишномаи мазкур, вале пас аз 1 январи соли 2005 бавуҷудомада, ба маблағи умумии на бештар аз 200,000 ҲМИ имконпазир аст.

ЗАМИМАИ 2

Тавсифи Лоиҳа

Мақсадҳои татбиқи Лоиҳа аз мусоидат намудан ба Қарзгиранда ҷиҳати кам намудани талафоти тиҷоратӣ дар соҳаҳои қувваи барқ ва газ, инчунин гузоштани замина ҷиҳати баланд бардоштани устувории молиявии хадамоти коммуналии энергетика ва газ ҳангоми риоя намудани принсипҳои сиёсати масъулияти иҷтимоӣ иборат мебошад.

Лоиҳа аз қисмҳои зерин иборат мебошад, ки метавонанд минбаъд тағйир дода шаванд, ки ҷиҳати расидан ба мақсадҳои дар боло зикрёфтаи Лоиҳа равона шудаанд, агар Қарзгиранда ва Ассотсиатсия ба чунин тағйирот розигӣ диҳанд:

Қисми А: Унсури қувваи барқ

1. Харидорӣ ва насб намудани тақрибан 160.000 ҳисобкунакҳои қувваи барқ ва таҷҳизоту маводи дахлдор барои тамоми истеъмолкунандагони Шабакаи қувваи барқи Душанбе.

2. Таҳия, харидорӣ ва насби системаи автоматикунонидашудаи ҳисоббаробаркунии пардохтҳо барои Шабакаи қувваи барқи Душанбе.

Қисми Б: Унсури газ

1. Харидорӣ ва насб намудани тақрибан 160,000 ҳисобкунакҳои газ, таҷҳизот ва асбобу маводи дахлдрр барои ба анҷом расонидани барномаи ченкунии таҳвили газ аз ҷониби Тоҷикгаз.

2. Харидорӣ ва насби озмоишгоҳҳо барои муайян кардани калибри ҳисобкунакҳои газ, санҷиш ва назорати сифати онҳо.

3. Таҳия, харидорӣ ва насби системаи автоматикунонидашудаи ҳисоббаробаркунии пардохтҳо барои Тоҷикгаз.

Қисми В: Мусоидати техникӣ

1. Мусоидат ба Қарзгиранда ҷиҳати: (а) амалӣ намудани сиёсат дар соҳаи тарифҳои қувваи барқ ва газ; (б) амалисозии сиёсати ҳифзи иҷтимоӣ ҳангоми ислоҳоти энергетикӣ; (в) назорат ва арзёбии сифати кори Барқи Тоҷик ва Тоҷикгаз; (г) осон намудани расмиёти ҳамкорӣ байни истеъмолкунандагони қувваи барқ ва агентиҳои Қарзгиранда, ки бо танзими техникӣ ва иқтисодии таъмини энергетикӣ машғул

2. Мусоидат ба "Барқи Тоҷик" ҷиҳати: (а) таъминоти муҳандисӣ, идоракунӣ ва назорати амалисозии Қисми А Лоиҳа; (б) ҷорӣ намудани низоме, ки ба беҳтар намудани назорати молиявӣ равона гардидааст; (в) таҳия ва амалӣ намудани қарордод, ки ба меъёрҳо дар ин соҳа ҷиҳати содироти қувваи барқ ҷавобгӯ мебошад; (г) пешниҳод намудани хизматрасониҳои мушовирони молиявӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати таҳия намудани лоиҳаҳои нави оби барқӣ, ки ба рушди содироти қувваи барқ равона шудаанд.

3. Мусоидат ба Тоҷикгаз ҷиҳати: (а) таъминоти муҳандисӣ, идоракунӣ ва назорати амалисозии Қисми Б Лоиҳа; (б) ҷорӣ намудани низоми беҳтар намудани назорати молиявӣ ва аудитҳои мустақил; (в) таҳия ва татбиқи созишнома, ки ба меъёрҳо дар ин соҳа барои воридоти газ ҷавобгӯ мебошанд.

***

Пешбинӣ мешавад, ки Лоиҳа то 31 декабри соли 2011 анҷом меёбад.

ЗАМИМАИ 3

Харидорӣ

Қисми 1. Муқаррароти умумӣ

А. Тамоми молҳо, корҳо ва хизматрасониҳо (ба ғайр аз хизматрасониҳои мушовирон) бояд тибқи муқаррароти Қисми 1 "Дастур оид ба харидорӣ дар доираи қарзҳои ББТР ва қарзҳои АБР" аз моҳи майи соли 2004 (Дастур оид ба харидорӣ) ва муқаррароти Замимаи мазкур харидорӣ карда шаванд.

Б. Тамоми хизматрасониҳои мушовирон бояд тибқи муқаррароти "Дастур оид ба интихоб ва кирояи мушовирон аз ҷониби қарзгирандагони Бонки Умумиҷаҳонӣ" аз моҳи майи соли 2004 (Дастур оид ба кирояи мушовирон) ва муқаррароти Замимаи мазкур харидорӣ карда шаванд.

В. Истилоҳоте, ки бо ҳарфҳои калон навишта шудаанд ва дар поёни Замимаи мазкур бо мақсади тавсифи усулҳои алоҳидаи харидорӣ ё усулҳои баррасии қарордодҳои мушаххас аз ҷониби Бонк оварда шудаанд, бо он маъно истифода шудаанд, ки дар Дастур оид ба харидорӣ ё Дастур оид ба кирояи мушовирон, вобаста ба он, ки кадом ҳуҷҷат дар кадом як ҳолати мушаххас истифода мегардад, тавсиф шудаанд.

Қисми 2. Усулҳои алоҳидаи харидории молҳо, корҳо ва хизматрасониҳо (ба ғайр аз хизматрасониҳои мушовирон)

А. Савдои байналмилалии озмунӣ. Ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қисми Б Қисми мазкур пешбинӣ шудаанд, қарордодҳо дар асоси Савдои байналмилалии озмунӣ дода мешаванд. Муқаррароти бандҳои 2.55 ва 2.56 Дастур оид ба харидорӣ, ки афзалиятро ба ширкатҳои ватанӣ ҳангоми арзёбии пешниҳодҳо таъмин менамоянд, бояд нисбат ба харидории молҳо, ки дар қаламрави Қарзгиранда истеҳсол шудаанд ва нисбат ба корҳое, ки бояд аз ҷониби пудратчиёни маҳаллӣ иҷро мегарданд, истифода шаванд.

Б. Дигар расмиёти харидорӣ.

1. Савдои байналмилалии маҳдудшуда. Молҳое. ки Ассотсиатсия розӣ метавонанд аз рӯи қарордодҳо, ки дар асоси Савдои байналмилалии маҳдудшуда дода шудаанд, харидорӣ карда шаванд.

2. Савдои дохилии озмунӣ. Молҳое, ки арзиши ҳар кадоми онҳо пешакӣ камтар аз маблағи баробар ба 200,000 $ арзёбӣ мегардад ва корҳо, ки арзиши ҳар кадоми онҳо пешакӣ камтар аз маблағи баробар ба 500,000 $ арзёбӣ мегардад метавонанд аз рӯи қарордоди дар асоси Савдои дохилии озмунӣ додашуда ва муқаррароти иловагӣ, ки дар Иловаҳо ба Замимаи мазкур муайян карда шудаанд, харидорӣ мешаванд.

3. Шопинг. Молҳо ва корҳое, ки арзиши ҳар кадоми онҳо камтар аз маблағи баробар ба 100,000 $ арзёбӣ мегардад, метавонанд аз рӯи қарордоди додашуда дар асоси шоппинг харидорӣ карда шаванд.

4. Шартномабандии мустақим. Молҳое, ки нисбат ба онҳо Ассотсиатсия муайян менамояд, ки онҳо ба талаботи барои харидорӣ бо усули шартномабандии мустақим ҷавобгӯ мебошанд, метавонанд тибқи муқаррароти ин усул харидорӣ карда шаванд.

Қисми 3. Усулҳои алоҳидаи интихоб ва киро намудани мушовирон

1. Интихоб аз рӯи сифат ва арзиш. Ба истиснои тартибе, ки дар қисми Б Қисми мазкур оварда шудааст, қарордодҳо барои хизматрасониҳои мушовирон бояд дар асоси Интихоб аз рӯи сифат ва арзиши пешниҳодҳо дода шаванд. Бо мақсади банди 2.7 Дастур оид ба киро намудани мушовирон, рӯйхати мухтасари мушовирон барои қарордодҳо, ки арзиши ҳар кадоми онҳо аз маблағи 50,000 $ зиёд нест, мустасно аз мушовирони маҳаллӣ тартиб дода мешавад.

2. Мушовирони инфиродӣ. Қарордодҳо барои хизматрасониҳо, ки ба талаботи дар пешниҳоди якуми банди 5.1 Дастур оид ба киро намудани мушовирон ҷабобгӯ мебошанд, метавонанд бо мушовирони инфиродӣ дар асоси муқаррароти 5.2 ва 5.3 Дастур оид ба киро намудани мушовирон баста шаванд. Ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳое, ки дар банди 5.4 Дастур оид ба киро намудани мушовирон тавсиф шудаанд, чунин қарордодҳо метавонанд ба мушовирони инфироди ҳамчун ба таҳвилгарони ягона бо шарти тасдиқи пешакӣ аз ҷониби Ассотсиатсия дода шаванд.

Қисми 4. Аз ҷониби Бонк баррасӣ гардидаанд, қарорҳо оид ба харидорӣ

Нақшаи харидорӣ муайян месозад, ки кадоме аз қарордодҳо бояд пешакӣ аз ҷониби Бонк мавриди баррасӣ қарор гиранд. Ҳамаи қарордодҳои дигар аз ҷониби Бонк бояд пас аз он, ки ба имзо мерасанд мавриди баррасӣ қарор дода шаванд.

ИЛОВА БА ЗАМИМАИ 3

САВДОИ ДОХИЛИИ ОЗМУНӢ

Расмиёти Қарзгиранда аз рӯи Савдои дохилии озмунӣ нисбат ба корҳо дар доираи Лоиҳа истифода шуда метавонанд, агар муқаррароти зерин риоя карда шаванд:

1. Молҳо ва корҳо, ки нисбат ба онҳо Замимаи 1 ба Созишномаи мазкур харвдорӣ намуданро дар доираи бандҳои 3.3. ва 3.4. Дастур оид ба харидорӣ иҷозат додааст, бояд тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи харидории давлатии молҳо, корҳо ва хизматрасониҳо" аз 12 декабри соли 1997 (минбаъд "Қонун") харидорӣ шаванд. Ин муқаррарот ҷиҳати таъмини сарфакорӣ, самарабахшӣ, шаффофият ва мунтазамӣ тибқи муқаррароти дар Қисми 1 Дастур оид ба харидорӣ дохил шуда (чӣ тавре, ки дар банди 3.3. Дастур оид ба харидорӣ талаб карда мешавад), муқаррароти Қонун бояд тағйир дода шаванд, чӣ тавре, ки дар бандҳои поён ишора шудааст:

Ташкилоте, ки барон гузаронидани харидорӣ масъул мебошад

2. Харидорӣ бояд аз ҷониби "харидор" (чӣ тавре, ки дар моддаи 1 Қонун пешбинӣ шудааст), бе иштироки ягон "Агентии ваколатдор оид ба харидорӣ" (чӣ тавре, ки дар моддаи 3 Қонун пешбинӣ шудааст) гузаронида шавад.

3. Муассисаҳои давлатӣ, ки моликияти давлатии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд, метавонанд дар савдоҳои озмунӣ иштирок намоянд, агар танҳо онҳо мухторияти ҳуқуқӣ ва молиявии худ ва фаъолиятро дар асоси қонунгузории тиҷоратӣ исбот намуда, агенти мустақили харидор набошанд (чӣ тавре, ки дар Қонун омадааст).

4. Ширкатҳои хориҷӣ дар савдо метавонанд бо ҳамон шартҳое, ки ширкатҳои маҳаллӣ доранд, иҷозат дода шаванд. Махсусан, ҳангоми арзёбии дархостҳо ба ширкатҳои маҳаллӣ ягон афзалият дар муқоиса бо ширкатҳои хориҷӣ дода намешавад.

Эълон намудани савдо: мӯҳлати омода намудани пешниҳодҳо

5. Даъват ҷиҳати пешниҳоди дархостҳо дар яке аз рӯзномаҳои маъмули миллӣ бо пешниҳоди ҳадди ақал 30 рӯз барои омодагӣ ва пешниҳоди дархостҳо дода мешавад.

Шакли стандартии пешниҳодҳо

6. То он вақте, ки шакли тағйирдодашудаи ҳуҷҷатҳои стандартии Қарзгиранда аз ҷониби Ассотсиатсия маъқул дониста нашавад, бояд ҳуҷҷатҳои намунавии пешниҳоднамудаи Ассотсиатсия барои давлатҳои минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ истифода шавад.

Меъёрҳо барои арзёбии тахассусӣ ва меъёрҳои умумии пешниҳодҳо

7. Меъёрҳо барои арзёбии тахассус бояд ба таври равшан дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ нишон дода шаванд ва танҳо меъёрҳои зикршуда бояд ҷиҳати муайян намудани тахассуси иштирокчиёни савдои озмунӣ истифода гарданд. Пешниҳодҳо аз иштирокчиён, ки ба меъёрҳо ҷавобгӯ нестанд, ҳамчун ҷавобгӯ набудан ба меъёрҳои тахассус рад карда мешаванд. Тахассуси иштирокчиён, ки ба меъёрҳои зикршудаи тахассусӣ ҷавобгӯ мебошанд, набояд ҳангоми арзёбии пешниҳодҳои мушаххаси иштирокчиён ба назар гирифта шавад.

8. Меъёрҳои арзёбии пешниҳодҳо бояд ба таври равшан дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ нишон дода шаванд ва меъёрҳои арзёбие, ки аз ҷиҳати нарх фарқ доранд, бояд бо истилоҳоти пулӣ ҳисоб карда шаванд. Танҳо чунин меъёрҳои зикршудаи арзёбӣ бояд барои арзёбии пешниҳодҳо истифода шаванд. Холҳои иловагӣ барои хизматҳои қаблӣ ҳангоми арзёбии пешниҳодҳо ба инобат гирифта намешаванд.

Таъмини пешниҳодҳои тендерӣ

9. Барои харидорӣ намудани молҳо ва корҳо, иштирокчиёни тендер бояд таъмини кафолати пешниҳодҳои худро дар шакле, ки дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ муайян карда мешавад, пешниҳод намоянд; барои истифода накардани таъминот, розигии пешакии Ассотсиатсияро гирифтан зарур аст. Таъмини пешниҳод дар шакли гузаронидани маблағ тавассути пешпардохт иҷозат дода намешавад.

Додани пешниҳодҳо ва расмиёти кушодани лифофаҳо бо пешниҳодҳо

10.Пешниҳодҳо тавассути почта ё аз ҷониби қосид фиристода мешаванд. Пешниҳодҳо бояд дарҳол дар ҳузури иштирокчиёни тендер пас аз анҷом ёфтани мӯҳлати ниҳоии пешниҳоди онҳо кушода шаванд. Мӯҳлати ниҳоӣ ва ҷои кушодани лифофаҳо бо пешниҳодҳо бояд дар даъватнома ба савдо нишон дода шаванд. Номи ҳар як иштирокчӣ ва маблағи пешниҳодшуда бояд баланд эълон карда шуда, дар протоколи кушодани лифофаҳо бо пешниҳодҳо сабт гардад. Протокол бояд аз ҷониби аъзои комиссия дарҳол пас аз хотима ёфтани расмиёти кушодани лифофаҳо ба имзо расонида шавад.

11. Лифофаҳо бо пешниҳодҳое, ки пас аз гузаштани мӯҳлати ниҳоӣ гирифта шудаанд, бояд онҳоро накушода, ба иштирокчиён баргардонида шаванд.

Арзёбии пешниҳодҳо ва додани қарордодҳо

12. Ба иштирокчиёни тендер иҷозат дода намешавад, ки ҳангоми арзёбии пешниҳодҳо иштирок намоянд ва ягон маълумот вобаста ба арзёбии пешниҳодҳо то он вақте, ки ғолиби озмун эълон нагардад, набояд пешниҳод карда шавад,

13.Пешниҳодҳое, ки дорои ихтилофоти қатъӣ ё ба таври ғайрикофӣ ҷавобгӯ будан ба шартҳо, мӯҳлат ва хусусиятҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ оварда шудаанд, мебошанд, бояд ҳамчун ҷавобгӯ набудан ба шартҳои техники тендер рад карда шаванд. Иштирокчии тендер наметавонад қисмҳои пешниҳодро, ки дорои раддия ё камбудӣ мебошанд, пас аз он, ки пешниҳод кушода шавад, бозпас намояд.

14. Арзёбии пешниҳодҳо бояд тибқи ҳуҷҷатгузории қатъии тендерӣ гузаронида шавад ва қарордод бояд ба иштирокчии соҳибихтисоси савдо супорида шавад, ки нархи аз ҳама пасттарини арзшударо, ки ба талаботи техникии савдо ҷавобгӯ мебошад, пешниҳод намудааст.

15. Аз иштирокчӣ набояд ба сифати шарти супоридани қарордод ба зиммаи худ гирифтани ӯҳдадориҳо, ки дар ҳуҷҷатҳои тендерӣ зикр нашудаанд ё ба таври дигар тағйир додани пешниҳод пас аз манзур намудани он талаб карда шавад.

1б.Пас аз анҷом ёфтани тендер гуфтушунид байни харидор бо иштирокчии ғолиб ё бо дигар иштирокчии тендер иҷозат дода намешавад.

ЗАМИМАИ 4

Тағйирот ба Муқаррароти умумӣ

Бо мақсадҳои Созишномаи мазкур Муқаррароти умумӣ чӣ тавре, ки дар поён оварда шудааст, тағйир меёбад:

1. Қисми 1.01 бояд хонда шавад:

"Қисми 1.01. Истифодабарии Муқаррароти умумӣ

Муқарррароти умумии мазкур мӯҳлат ва шартҳоро, ки дар ҳолатҳои умумӣ вобаста ба Созишнома дар бораи маблағгузорӣ бо мақсадҳои

рушд истифода мешавад, бо он андоза ва тағйироте, ки дар ин гуна созишнома муқаррар шудааст, муайян месозад."

2. Қисми 2.01 бояд хонда шавад:

(а) Банди 3 Қисми 2.01 ба таври зерин тағйир дода шудааст:

"3. "Қарзгиранда" дар Созишнома дар бораи маблағгузорӣ бо мақсадҳои рушд маънои тарафро дорад, ки ба манфиати он

маблағгузорӣ пешниҳод гардидааст."

(б) Банди 8 Қисми 2.01 ба таври зерин тағйир дода шудааст:

"8. "Созишнома дар бораи маблағгузорӣ бо мақсадҳои рушд" маънои Созишномаи мушаххас дар бораи маблағгузорӣ бо мақсадҳои рушдро мефаҳмонад, ки Муқаррароти умумии мазкур ба онҳо бо он шакле, ки метавонад тағйир дода шавад, истифода мегарданд. Созишнома дар бораи маблағгузорӣ бо мақсадҳои рушд Муқаррароти мазкурро чӣ тавре, ки дар он истифода мегарданд, инчунин тамоми замимаҳо ва созишномаҳои иловагиро дар Созишнома дар бораи маблағгузорӣ бо мақсадҳои рушд дар бар мегирад."

(с) Бандҳои нави дар поён овардашуда, пас аз банди 11 Қисми 2.01 ва бандҳои аз 12 то 14 мутаносибан дар бандҳои аз 16 то 18 саҳифабандӣ карда шуда, илова мегарданд:

"12. "Грант" маънои грантро бо мақсадҳои рушд мефаҳмонад, ки дар доираи Созишнома дар бораи маблағгузорӣ бо

"13. "Суратҳисоби грант" маънои суратҳисобро дорад, ки аз ҷониби Ассотсиатсия ба номи Қарзгиранда, ки маблағи Грант

ба он гузаронида мешавад, кушода шудааст."

"14. "Маблағгузорӣ" якҷоя маънои Қарз ва Грантро доранд."

"15. "Суратҳисобҳои маблағгузорӣ" якҷоя маънои Суратҳисоби Қарз ва Суратҳисоби Грантро дорад (агар дар матн талаб карда шавад Суратҳисоби Қарз ё Суратҳисоби Грант истифода бурда мешавад)."

3. Истилоҳи "Қарз" дар кадом моддаҳои мазкур ё қисмҳои Муқаррароти умумӣ, ки истифода нашавад, бо истилоҳи "Маблағгузорӣ" иваз карда мешавад: Қисмҳои 2.01 (3), 2.01

(12). 4.0, Моддаи 5. Моддаи 6 (ба истиснои Қисми 6.05).

Қисми 7.01 (г), Моддаи 8 ва Моддаи 9.

4. Истилоҳи "Суратҳисоби Қарз" дар кадом моддаҳои мазкур ё қисмҳои Муқаррароти умумӣ, ки истифода нашавад, бо истилоҳи "Суратҳисоби маблағгузорӣ" иваз карда мешавад:

Қисми 2.01 (6), сарлавҳаи Моддаи 3. 4.01. Моддаи 5. моддаи 6

ва Қисми 12.03.

5. Истилоҳи "Созишнома дар бораи қарз бо мақсадҳои рушд" дар ҳар ҷои Муқаррароти умумӣ, ки истифода нашавад, бо истилоҳи "Созишнома дар бораи маблағгузорӣ бо мақсадҳои рушд" иваз карда мешавад.

6. Моддаи 3 ба таври зерин иваз карда мешавад:

(а) Қисми 3.01 бояд хонда шавад:

"Қисми 3.01. Суратҳисобҳои молиявӣ Маблағи Қарз ба Суратҳисоби Қарз гузаронида шуда, аз ҷониби Қарзгиранда тавассути Суратҳисоби Қарз гирифта мешавад, чӣ тавре, ки дар Созишнома дар бораи маблағгузорӣ бо мақсадҳои рушд ва дар Муқаррароти умумии

мазкур зикр шудааст. Маблағи Грант ба Суратҳисоби Грант гузаронида шуда, аз ҷониби Қарзгиранда тавассути Суратҳисоби Қарз гирифта мешавад, чӣ тавре, ки дар Созишнома дар бораи маблағгузорӣ бо мақсадҳои рушд ва дар Муқаррароти умумии мазкур зикр шудааст."

(б) Калимаҳои "Маблағи асосии Қарз ва ҳисоб карда илова намудани маблағ аз рӯи он" дар Қисми 3.05 бояд "Тамоми маблағҳое, ки аз рӯи шартҳои Созишнома дар бораи маблағгузорӣ бо мақсадҳои рушд талаб карда мешаванд" хонда шавад.

7. Моддаи 6 чӣ тавре, ки дар поён оварда мешавад, иваз карда мешавад:

(а) Қисми 4.02 (а) ва сарлавҳаи Қисми 4.02 бояд ба таври

зерин хонда шаванд:

"Қисми 4.02. Асъоре, ки бо он пардохт карда мешавад.

(а) Қарзгиранда ӯҳдадор мешавад тамоми маблағро, ки дар доираи Созишнома дар бораи маблағгузорӣ бо мақсадҳои рушд бо асъоре, ки дар чунин созишнома ё дигар асъори иҷозатдодашуда, ки имконпазир аст тибқи бандҳои (в) ва ё (д)

Қисми мазкур интихоб ё таъин гардад, бояд пардохт намояд,"

(б) Ҳар вақте, ки онҳо дар Қисми 4.02 (в) ва (д) Муқаррароти умумӣ истифода нашаванд, калимаҳои "маблағи асосӣ ва

ҳисоб карда илова намудани маблағ барои хизматрасонӣ" бо калимаи "маблағҳо" иваз карда мешавад.

(в) Қисми 4.06 (б) бояд ба таври зерин хонда шавад:

"(б) Тамоми маблағро, ки Қарзгиранда аз рӯи шартҳои

Созишнома дар бораи маблағгузорӣ бо мақсадхои рушд бояд пардохт намояд, бе ягон маҳдудият аз ҷониби Қарзгиранда ё дар қаламрави Қарзгиранда бояд пардохт карда шавад."

8. Қисми 5.08 Муқаррарот оид ба андозҳо

Ба истиснои ҳолатҳое, ки дар Созишнома дар бораи маблағгузорӣ бо мақсадхои рушд зикр шудаанд, воситаҳои маблағгузориро метавон барои пардохти андозҳо, ки аз ҷониби Қарзгиранда ё дар қаламрави Қарзгиранда ба молҳо воситаҳои Маблағгузорӣ ё барои воридот, истеҳсол, харидорӣ ё таҳвили онҳо пардохт карда шаванд. Пардохти чунин андозҳо вобаста аз сиёсати Ассотсиатсия амалӣ мегардад, ки ба сарфакорӣ ва самарабахшии истифодаи воситаҳои қарзҳо ва грантҳои Ассотсиатсия равона шудаанд.

 

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ратификации Соглашения о финансировании с целью развития между Республикой Таджикистан и Международной ассоциацией развития (Проект "Снижение потерь электроэнергии")

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

1. Ратифицировать Соглашение о финансировании с целью развития между Республикой Таджикистан и Международной ассоциацией развития (Проект "Снижение потерь электроэнергии"), подписанное 8 сентября 2005 года.

2. Правительству Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить Международную ассоциацию развития о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур, необходимых для вступления в силу указанного Соглашения.

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                         Ш. Зухуров

г. Душанбе, 26 июня 2013 года, № 1247

* приводится на тадж. языке