Тартиби бақайдгирии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин аз 5 декабри соли 2013 № 567

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 декабри соли 2013, № 567

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 декабри соли 2013, № 567

тасдиқ шудааст

Тартиби бақайдгирии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин

1. Тартиби бақайдгирии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин (минбаъд - Тартиб) мутобиқи моддаи 23 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ" таҳия гардидааст.

2. Бақайдгирии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба амалисозии бақайдгирии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин (минбаъд-мақоми ваколатдори давлатӣ) амалӣ карда мешавад.

3. Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди қабули қарор дар бораи таъсис додани воҳидҳои марзиву маъмурӣ, тағйир додани сарҳади онҳо, ба ҷойи дигар кӯчонидани маркази маъмурии воҳидҳои марзиву маъмурӣ, ба категорияи шаҳр, шаҳрак ва деҳа мансуб донистани маҳалҳои аҳолинишин, ҳамчунин номивазкунии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин нусхаи қарор, дигар ҳуҷҷатҳо ва маводи замимагаштаро ба мақоми ваколатдори давлатӣ барои бақайдгирӣ мефиристад.

4. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои воҳиди марзиву маъмурии навтаъсис ва маҳалли аҳолинишини ба категорияи шаҳр, шаҳрак ё деҳа мансуб донисташударо ба Феҳристи ягонаи бақайдгирии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин (минбаъд - Феҳристи бақайдгирӣ) дохил мекунад.

5. Феҳристи бақайдгирӣ тибқи нишондиҳандаҳои дар замимаи пешбинишудаи Тартиби мазкур пеш бурда мешавад.

6. Дар сурати дар Феҳристи бақайдгирӣ сабт намудани ҳамаи нишондиҳандаҳои дар боло номбурда ва муайян намудани рақами бақайдгирӣ, воҳиди марзиву маъмурӣ ё маҳалли аҳолинишин ба қайд гирифташуда ҳисобида мешавад.

7. Дар мавриди қабул гардидани қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тағйир додани сарҳади воҳидҳои марзиву маъмурӣ, ба ҷои дигар кӯчонидани

маркази маъмурии онҳо, номивазкунии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин, қарор ва дигар ҳуҷҷату маводи замимагашта ба мақоми ваколатдори давлатӣ барои ворид намудани тағйирот ба Феҳристи бақайдгирӣ фиристонида мешаванд. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси маводи воридгардида ба Феҳристи бақайдгирӣ тағйирот ворид менамояд.

8. Баъди бақайдгирӣ ва ворид намудани тағйирот ба Феҳристи бақайдгирӣ мақоми ваколатдори давлатӣ ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо иқтибос аз Феҳристи бақайдгириро барои баҳисобгирӣ ва ворид намудани тағйирот ба феҳристи баҳисобгирии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ҳудудҳои дахлдор мефиристад.

...

Утвержден

постановлением Правительства 

Республики Таджикистан

от 5 декабря 2013 года, № 567

Утвержден

постановлением Правительства 

Республики Таджикистан

от 5 декабря 2013 года, № 567

Порядок регистрации административно- территориальных единиц и населённых пунктов

1. Порядок регистрации административно-территориальных единиц и населённых пунктов (далее - Порядок) разработан в соответствии со статьёй 23 Конституционного закона Республики Таджикистан "О порядке решения вопросов административно-территориального устройства Республики Таджикистан".

2. Регистрация административно-территориальных единиц производится государственным уполномоченным органом по осуществлению регистрации административно- территориальных единиц и населённых пунктов (далее - государственный уполномоченный орган).

3. Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан после принятия решения об образовании административно-территориальных единиц, а также изменения их границ, перенесения их административного центра, отнесения населённых пунктов к категории города, посёлка и села, переименования административно-территориальных единиц и населённых пунктов направляет выписку из постановления и другие прилагаемые документы и материалы в государственный уполномоченный орган для регистрации.

4. Государственный уполномоченный орган на основании постановления Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан вносит показатели вновь образованной административно-территориальной единицы и населённого пункта, отнесённого к категории города, посёлка или села в Единый регистрационный реестр административно-территориальных единиц и населённых пунктов (далееРегистрационный реестр).

5. Регистрационный реестр ведётся в соответствии с показателями, предусмотренными в приложении данного Порядка.

6. При внесении в Регистрационный реестр вышеуказанных показателей и определении регистрационного номера, административно-территориальная единица или населённый пункт считается зарегистрированной.

7. В случае принятия постановления Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан об изменении границ административнотерриториальных единиц, перенесении их административных центров, переименовании административно-территориальных единиц и населённых пунктов, постановление и другие приложенные документы и материалы направляются в государственный уполномоченный орган для внесения изменений в Регистрационных реестр. Государственный уполномоченный орган на основании поступивших документов вносит изменения в Регистрационный реестр.

8. После регистрации и внесения изменений в Регистрационный реестр государственный уполномоченный орган направляет в местные органы государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, городов и районов выписку из Регистрационного реестра для учёта и внесения изменений в учётный реестр административно-территориальных единиц и населённых пунктов соответствующих территорий.

9. Регистрационный реестр ведётся в электронном и бумажном носителе.

...