Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2013 № 576 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2002, № 390"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2002, № 390

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Тартиби пардохти маблағҳои вобаста ба имтиёзҳо ва иловапулиҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2002, № 390 тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар банди 2 калимаҳои "ҳифзи иҷтимоии аҳолии" ба калимаҳои "ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақаи" иваз карда шавад;

- дар банди 3 калимаҳои "шӯъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъминоти нафақаи" иваз карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 5 декабри соли 2013 № 576

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 октября 2002 года, №390

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Внести в Порядок выплаты средств, связанных со льготами и надбавками, утверждённый постановлением Правительства Республики Таджикистан от 1 октября 2002 года, №390, следующие изменения:

- в пункте 2 слова "органами социальной защиты населения" заменить словами "уполномоченным государственным органом по пенсионному обеспечению";

- в пункте 3 слова "отделы социальной защиты населения" заменить словами "уполномоченный государственный орган по пенсионному обеспечению".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                              Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 5 декабря 2013 года, № 576