Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №172
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 172 тасдиқ гардидааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
- банди 3 боби 48 низомнома дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Иҷозатномадиҳии литсей ва гимназияҳои назди муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, муассисаҳои таълимии аҳамияти ҷумҳуриявидошта (мактаб-интернатҳо, литсейҳои касбӣ, коллеҷҳо), муассисаҳои таҳсилоти олӣ (бакалавриат, магистратура, аспирантура, ординатура, интернатура, докторантура), таҳсилоти фосилавӣ, донишкадаҳои (марказҳои) такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва азнавтайёркунии кадрҳо, ташкилоту муассисаҳои таълимии илмӣ, ташкилоту муассисаҳои таълимии муштараки байналмилалӣ ва аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ таъсисёфта, намояндагӣ ва филиалҳои муассисаҳои таълимии хориҷӣ, муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ, муассисаҳои таълимие, ки таҳсилоти иловагиро амалӣ менамоянд, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, моликият ва мансубияти соҳавӣ (ба истиснои муассисаҳои таълимии тиббию фармасевтӣ, ки иҷозатномадиҳии онҳо аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад) аз тарафи мақомоти иҷозатномадиҳандаи муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 ноябри соли 2013, № 512
ш. Душанбе