Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2013, № 498 "Дар бораи азнавташкилдиҳии Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи азнавташкилдиҳии Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ

Мутобиқи моддаҳои 58 ва 59 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии "Зотпарвар" бо Муассисаи ҷумҳуриявии хушзоткунӣ ва бордоркунии сунъии чорво ва Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявӣ оид ба воридот, захира ва фурӯши чорвои зотӣ, паррандаҳо, моҳӣ, занбӯри асал ва харгӯш "Дафтари зотпарварии Тоҷикистон" муттаҳид гардонида шуда, минбаъд он Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ номида шавад.

2. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи дахлдор таъсис дода, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва супоридани амволро аз Муассисаи давлатии "Зотпарвар", Муассисаи ҷумҳуриявии хушзоткунӣ ва бордоркунии сунъии чорво ва Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявӣ оид ба воридот, захира ва фурӯши чорвои зотӣ, паррандаҳо, моҳӣ, занбӯри асал ва харгӯш "Дафтари зотпарварии Тоҷикистон" ба Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ таъмин намоянд.

3. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотиро ҳал намояд.

4. Ба Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2008, №191 "Дар бораи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаи зерин ворид карда шавад:

- сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ";

- сархатҳои зерин хориҷ карда шавад:

"Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявӣ оид ба воридот, захира ва фурӯши чорвои зотӣ, паррандаҳо, моҳӣ, занбӯри асал ва харгӯш "Дафтари зотпарварии Тоҷикистон"

Муассисаи ҷумҳуриявии хушзоткунӣ ва бордоркунии сунъии чорво

Муассисаи давлатии "Зотпарвар".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 ноябри соли 2013, № 498

ш. Душанбе