Қоидаҳои гузаронидани бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфирод, филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ аз 2 ноябри соли 2013, № 493

Санаи амалкуни: 01.04.2017

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳуқумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 ноябри соли 2013, № 493

тасдиқ шудааст

Қоидаҳои гузаронидани бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфирод, филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2017 № 175, аз 30.10.2024 № 572)

1. Муқаррароти умумӣ

1.Қоидаҳои гузаронидани бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ (минбаъд - Қоидаҳо) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" (минбаъд - Қонун), Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572).

2. Қоидаҳои мазкур тартиби аз тарафи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ба танзим даровардани расмиёти бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахсони ҳуқуқӣ, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ ва қатъ намудани фаъолияти соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ (минбаъд - ФЯД), бақайдгирии давлатии таъсисёбӣ ва қатъ гардидани фаъолияти филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, инчунин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маълумоти дар ФЯД мавҷудбуда оид ба филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷиро муайян менамояд.

3. Дар мавриди муроҷиати аризадиҳандагон барои гузаронидани амалҳои бақайдгирии давлатӣ кормандони мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ уҳдадоранд, ки дурустии ҳуҷҷатҳои бо мақсади бақайдгирии давлатӣ пешниҳодшударо санҷида, дар доираи муҳлатҳои муайяннамудаи Қонун маълумотро ба ФЯД ворид намуда, оид ба қабул шудани ҳуҷҷатҳо ба аризадиҳанда забонхат диҳанд ё онро тибқи талаботи моддаи 34 Қонун рад карда, огоҳинома пешниҳод намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572).

4. Ҳангоми бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқии таъсисёбанда, ки муассис ва ё роҳбари он шахси воқеии хориҷӣ мебошад, ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар моддаи 11 Қонун пешбинишуда, раводид, варақаи бақайдгирӣ ва ё гувоҳномаи иқомат пешниҳод карда мешаванд.

2. Бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқие, ки бо роҳи азнавташкилдиҳӣ таъсис ёфтааст

5. Тибқи талаботи моддаҳои 58 ва 59 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 127 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 93 - 98 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ", 57-62 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд" ва моддаҳои 13-18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" шаклҳои бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқие, ки бо роҳи азнавташкилдиҳӣ таъсис ёфтааст, муқаррар шудааст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572).

6. Ҳангоми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли муттаҳидшавӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза барои бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ аз рӯи шакли тасдиқнамудаи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ (шакли 01);

қарор (протокол)-и мақоми ваколатдори шахси ҳуқуқӣ дар бораи азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли муттаҳидшавӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572);

- мактуб ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ оид ба қабули қарор дар бораи муттаҳидшавӣ (дар давоми 10 рӯзи корӣ аз рӯзи қабули қарор) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572);

- шартнома дар бораи муттаҳидшавӣ;

- нусхаи нашри эълон дар бораи муттаҳидшавии шахсони ҳуқуқӣ дар яке аз нашрияҳои ҷумҳуриявӣ (ин муҳлат набояд аз лаҳзаи нашри эълон камтар аз 30 рӯз бошад) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572);

- хулосаи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ, агар арзиши умумии тавозуни активҳои онҳо (гурӯҳи шахсони онҳо) мувофиқи тавозуни охирин аз сад ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар бошад;

- санади супурдан;

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти роҳбари мақоми иҷроияи шахси ҳуқуқӣ, муассис ва ё шахси ваколатдор. Агар роҳбари мақоми иҷроияи шахси ҳуқуқӣ шаҳрванди хориҷӣ бошад, инчунин нусхаи ҳуҷҷате, ки дар асоси он ба шахси воқеии хориҷӣ барои сукунат ва амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст (раводид, варақаи бақайдгирӣ ва гувоҳномаи иқомат бо муҳлати амали на кам аз се моҳ) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572);

- шаҳодатномаҳои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқии муттаҳидшаванда;

- шаҳодатномаҳои рақамҳои мушаххаси андозсупорандаи (РМА) шахсони ҳуқуқии муттаҳидшаванда;

- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (маълумотнома) оид ба супоридани мӯҳрҳо (тамғаҳо);

- маълумотнома оиди баста шудани суратҳисобҳои бонкӣ;

- санади санҷиши сайёри андоз дар ҳолатҳои пешбинигардидаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маълумотномаи мақомоти андоз оид ба надоштани иҷрои уҳдадории андоз (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572).

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572).

7. Ҳангоми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли ҷудо кардан ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза барои бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ аз рӯи шакли тасдиқнамудаи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ (шакли 01);

қарор (протокол)-и мақоми ваколатдори шахси ҳуқуқӣ дар бораи азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли ҷудо кардан (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572);

- мактуб ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ оид ба қабули қарор дар бораи ҷудо кардан (дар давоми 10 рӯзи корӣ аз рӯзи қабули қарор) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572);

- шартномаи таъсисотӣ;

- хулосаи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ, агар арзиши активҳояшон аз бисту панҷ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572);

- тавозуни тақсимотӣ;

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти роҳбари мақоми иҷроияи шахси ҳуқуқӣ, муассис ва ё шахси ваколатдор. Агар роҳбари мақоми иҷроияи шахси ҳуқуқӣ шаҳрванди хориҷӣ бошад, инчунин нусхаи ҳуҷҷате, ки дар асоси он ба шахси воқеии хориҷӣ барои сукунат ва амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст (раводид, варақаи бақайдгирӣ ва гувоҳномаи иқомат бо муҳлати амали на кам аз се моҳ) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572).

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572).

8. Ҳангоми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли ҳамроҳшавӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ФЯД нисбат ба шаҳси ҳуқуқӣ аз рӯи шакли тасдиқнамудаи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ (шакли 04);

қарор (протокол)-и мақоми ваколатдори шахси ҳуқуқӣ дар бораи азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли ҳамроҳшавӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572);

- мактуб ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ оид ба қабули қарор дар бораи ҳамроҳшавӣ (дар давоми 10 рӯзи корӣ аз рӯзи қабули қарор) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572);

- шартнома дар бораи ҳамроҳшавӣ;

- нусхаи эълон дар бораи ҳамроҳшавии шахсони ҳуқуқӣ, ки дар яке аз нашрияҳои ҷумҳуриявӣ чоп гардидааст (ин муҳлат набояд аз 30 рӯз аз лаҳзаи нашри эълон кам бошад) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572);

- хулосаи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ, агар арзиши умумии тавозунии активҳои онҳо (активҳои гурӯҳи шахсони онҳо) мувофиқи тавозуни охирин аз сад ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар бошад;

- санади супурдан;

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти роҳбари мақоми иҷроияи шахси ҳуқуқӣ, муассис ва ё шахси ваколатдор. Агар роҳбари мақоми иҷроияи шахси ҳуқуқӣ шаҳрванди хориҷӣ бошад, инчунин нусхаи ҳуҷҷате, ки дар асоси он ба шахси воқеии хориҷӣ барои сукунат ва амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст (раводид, варақаи бақайдгирӣ ва гувоҳномаи иқомат бо муҳлати амали на кам аз се моҳ) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572);

- шаҳодатномаҳои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқии ҳамроҳшаванда;

- шаҳодатномаҳои рақами мушаххаси андозсупорандаи (РМА) шахсони ҳуқуқии ҳамроҳшаванда;

- санади санҷиши сайёри андоз дар ҳолатҳои пешбинигардидаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маълумотномаи мақомоти андоз оид ба надоштани иҷрои уҳдадории андоз (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572);

- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (маълумотнома) оид ба супоридани мӯҳрҳо (тамғаҳо);

- маълумотнома оиди баста шудани суратҳисобҳои бонкӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572).

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572).

9. Ҳангоми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли тақсимшавӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза барои бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ аз рӯи шакли тасдиқнамудаи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ (шакли 01);

- қарор (протокол)-и мақоми ваколатдори шахси ҳуқуқӣ дар бораи азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли тақсимшавӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572);

- мактуб ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ оид ба қабули қарор дар бораи тақсимшавӣ (дар давоми 10 рӯзи корӣ аз рӯзи қабули қарор) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572);

- шартномаи таъсисотӣ;

- нусхаи эълон дар бораи тақсимшавии ҷамъиятҳои саҳомӣ, ки дар яке аз нашрияҳои ҷумҳуриявӣ чоп гардидааст (ин муҳлат набояд аз ду моҳ аз лаҳзаи нашри эълон кам бошад) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572);

- тавозуни тақсимотӣ.

- хулосаи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ, агар арзиши активҳояшон аз бисту панҷ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572);

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти роҳбари мақоми иҷроияи шахси ҳуқуқӣ, муассис ва ё шахси ваколатдор. Агар роҳбари мақоми иҷроияи шахси ҳуқуқӣ шаҳрванди хориҷӣ бошад, инчунин нусхаи ҳуҷҷате, ки дар асоси он ба шахси воқеии хориҷӣ барои сукунат ва амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст (раводид, варақаи бақайдгирӣ ва гувоҳномаи иқомат бо муҳлати амали на кам аз се моҳ) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572);

- санади санҷиши сайёри андоз дар ҳолатҳои пешбинигардидаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маълумотномаи мақомоти андоз оид ба надоштани иҷрои уҳдадории андоз (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572);

- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (маълумотнома) оид ба супоридани мӯҳрҳо (тамғаҳо);

- маълумотнома оид ба баста шудани суратҳисобҳои бонкӣ;

- шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқии тақсимшаванда;

- шаҳодатномаи рақами мушаххаси андозсупорандаи (РМА) шахси ҳуқуқии тақсимшаванда (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572).

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572).

10. Ҳангоми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли табдилдиҳӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза барои ворид намудни тағйиру иловаҳо ба ФЯД нисбат ба шахси ҳуқуқӣ аз рӯи шакли тасдиқнамудаи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ (шакли 04);

- қарор (протокол)-и мақоми ваколатдори шахси ҳуқуқӣ дар бораи азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли табдилдиҳӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572);

- санади (акти) супурдан;

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти роҳбари мақоми иҷроияи шахси ҳуқуқӣ, муассис ва ё шахси ваколатдор. Агар роҳбари мақоми иҷроияи шахси ҳуқуқӣ шаҳрванди хориҷӣ бошад, инчунин нусхаи ҳуҷҷате, ки дар асоси он ба шахси воқеии хориҷӣ барои сукунат ва амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст (раводид, варақаи бақайдгирӣ ва гувоҳномаи иқомат бо муҳлати амали на кам аз се моҳ) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572);

- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (маълумотнома) оид ба супоридани мӯҳрҳо (тамғаҳо);

- маълумотнома оиди баста шудани суратҳисобҳои бонкӣ;

- шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқии табдилёбанда;

- шаҳодатномаи рақами мушаххаси андозсупорандаи (РМА) шахси ҳуқуқии табдилёбанда (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572).

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572).

11. Ҳуҷҷатҳои ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ пешниҳодшаванда бояд ба муқаррароти Қонун мутобиқат намоянд.

3. Бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ ва қатъ намудани фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда

12. Ҳангоми анҷомдиҳии бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ санад оид ба санҷиши сайёри андоз дар ҳолатҳои пешбинигардидаи қонунгузорӣ бо дарназардошти маълумотнома аз мақомоти андоз оид ба надоштани иҷрои уҳдадории андоз, маълумотнома аз мақомоти давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа оид ба надоштани қарз ва маълумотнома аз мақомоти давлатии омор дар бораи аз феҳристи бақайдгирии оморӣ баровардан пешниҳод карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572).

13. Бо мақсади анҷомдиҳии бақайдгирии давлатии қатъи фаъолияти соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ иловатан ба ҳуҷҷатҳои дар моддаи 25 Қонун пешбинишуда, санади санҷиши сайёри андоз дар ҳолатҳои пешбинигардидаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарор аз натиҷаи санҷиши мазқур пешниҳод карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572).

4. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ нисбати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ

14. Муассисон, мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқӣ ҳангоми қабули қарор дар бораи тағйир ёфтани маълумоти дар моддаи 8 Қонун пешбинишуда, уҳдадоранд дар муддати то даҳ рӯзи корӣ аз рӯзи қабули қарори мазкур ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ФЯД ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572):

- ариза барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ФЯД нисбат ба шахси ҳуқуқӣ аз рӯи шакли тасдиқнамудаи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ (шакли 04);

- қарор (протокол)-и мақоми ваколатдори шахси ҳуқуқӣ дар бораи тағйиру иловаҳои воридшаванда ба ФЯД нисбати шахси ҳуқуқӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572);

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти роҳбари мақоми иҷроияи шахси ҳуқуқӣ, муассис ва ё шахси ваколатдор. Агар роҳбари мақоми иҷроияи шахси ҳуқуқӣ шаҳрванди хориҷӣ бошад, инчунин нусхаи ҳуҷҷате, ки дар асоси он ба шахси воқеии хориҷӣ барои сукунат ва амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст (раводид, варақаи бақайдгирӣ ва гувоҳномаи иқомат бо муҳлати амали на кам аз се моҳ) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572);

- нусхаи ваколатномаи шахси ваколатдор;

- дар ҳолати иваз намудани суроғаи ҳуқуқии шахси ҳуқуқӣ ба ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ маълумотномаи маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ талаб карда мешавад;

- ҳангоми ба ҳайати муассисон ворид шудани шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахсони ҳуқуқии хориҷӣ нусхаи шаҳодатнома ва иқтибос дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ё нусха аз Феҳристи шахсони ҳуқуқии давлати хориҷӣ (ё дигар ҳуҷҷати аз рӯи қувваи ҳуқуқиаш ба он баробар, ки мақоми шахси ҳуқуқии хориҷиро исбот менамояд) талаб карда мешавад;

- нусхаи шартномаи хариду фурӯш ва ё ройгон гузашт намудани ҳисса, саҳмия ва ҳуқуқи муассисӣ дар сармояи оинномавии шахси ҳуқуқӣ;

- ҳангоми пурра хариду фуруш ва ё ройгон гузашт намудани ҳисса, саҳмия ва ҳуқуқи муассисӣ дар сармояи оинномавии шахси ҳуқуқӣ пешниҳод намудани нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи суроғаи нави шахси ҳуқуқӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572);

- маълумотномаи мақомоти андоз оид ба надоштани уҳдадории андоз дар мавриди иваз намудани суроғаи ҳуқуқии шахси ҳуқуқӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572);

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба иваз намудани суроғаи ҳуқуқӣ;

- хулосаи мақомоти дахлдор дар мавриди бақайдгирии воситаҳои ахбори омма;

- нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ;

- нусхаи иқтибос аз ФЯД (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572). 

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572).

15. Барои ворид намудани тағйиру иловаҳо нисбати соҳибкорони инфиродӣ ба ФЯД ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ФЯД нисбат ба соҳибкори инфиродӣ аз рӯи шакли тасдиқнамудаи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ (шакли 05);

- маълумотномаи мақомоти андоз оид ба надоштани уҳдадории андоз дар мавриди иваз намудани маҳалли баамалбарории фаъолияти соҳибкорӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.10.2024 № 572);

5. Муқаррароти хотимавӣ

16. Ҳангоми бақайдгирии давлатии таъсисёбӣ, қатъ гардидани фаъолияти филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, инчунин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ФЯД аз тарафи роҳбари филиал ё намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ раводид, варақаи бақайдгирӣ ва нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маҳалли ҷойгиршавии (суроғаи) филиал ё намояндагӣ пешниҳод карда мешаванд.

17. Ҳангоми ворид намудани тағйиру иловаҳо ва ё қабул гардидани санади меъёрии ҳуқуқии нав дар самти бақайдгирии давлатӣ ва пеш омадани зарурати азнавбақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ қоидаҳо ва ҳуҷҷатҳои ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ пешниҳодшавандаро санади меъёрии ҳуқуқии нав қабулшуда, муқаррар менамоянд.

18. Аз тарафи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ба дигар мақомоти давлатӣ ва шахсони сеюм ба ғайр аз ҳолатҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои бо мақсади бақайдгирии давлатӣ пешниҳодшуда манъ аст.

19. Ҳуҷҷатҳои ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ пешниҳодшуда дар парвандаҳои алоҳида ҷамъоварӣ гардида, бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти андоз ба бойгонӣ супорида мешаванд.

Бо қарори Ҳуқумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 ноябри соли 2013, № 493

тасдиқ шудааст

Қоидаҳои гузаронидани бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфирод, филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2017 № 175)

1. Муқаррароти умумӣ

1.Қоидаҳои гузаронидани бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ (минбаъд - Қоидаҳо) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" (минбаъд - Қонун), Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

2. Қоидаҳои мазкур тартиби аз тарафи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ба танзим даровардани расмиёти бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахсони ҳуқуқӣ, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ ва қатъ намудани фаъолияти соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ (минбаъд - ФЯД), бақайдгирии давлатии таъсисёбӣ ва қатъ гардидани фаъолияти филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, инчунин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маълумоти дар ФЯД мавҷудбуда оид ба филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷиро муайян менамояд.

3. Дар мавриди муроҷиати аризадиҳандагон барои гузаронидани амалҳои бақайдгирии давлатӣ кормандони мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ӯҳдадоранд, ки дурустии ҳуҷҷатҳои бо мақсади бақайдгирии давлатӣ пешниҳодшударо санҷида, дар доираи мӯҳлатҳои муайяннамудаи Қонун маълумотро ба ФЯД ворид намуда, оид ба қабул шудани ҳуҷҷатҳо ба аризадиҳанда забонхат диҳанд ё онро тибқи талаботи моддаи 34 Қонун рад намоянд.

4. Ҳангоми бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқии таъсисёбанда, ки муассис ва ё роҳбари он шахси воқеии хориҷӣ мебошад, ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар моддаи 11 Қонун пешбинишуда, раводид, варақаи бақайдгирӣ ва ё гувоҳномаи иқомат пешниҳод карда мешаванд.

2. Бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқие, ки бо роҳи азнавташкилдиҳӣ таъсис ёфтааст

5. Тибқи талаботи моддаҳои 58 ва 59 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 61 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 93 - 98 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ", 57-62 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд" ва моддаҳои 13-18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" шаклҳои бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқие, ки бо роҳи азнавташкилдиҳӣ таъсис ёфтааст, муқаррар шудааст.

6. Ҳангоми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли муттаҳидшавӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза барои бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ аз рӯи шакли тасдиқнамудаи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ (шакли 01);

- қарори мақоми ваколатдори шахси ҳуқуқӣ дар бораи азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли муттаҳидшавӣ;

- мактуб ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ оид ба қабули қарор дар бораи муттаҳидшавӣ (дар давоми 5 рӯзи корӣ аз рӯзи қабули қарор);

- шартнома дар бораи муттаҳидшавӣ;

- нусхаи нашри эълон дар бораи муттаҳидшавии шахсони ҳуқуқӣ дар яке аз нашрияҳои ҷумҳуриявӣ (ин мӯҳлат набояд аз лаҳзаи нашри эълон камтар аз 30 рӯз бошад);

- хулосаи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ, агар арзиши умумии тавозуни активҳои онҳо (гурӯҳи шахсони онҳо) мувофиқи тавозуни охирин аз сад ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар бошад;

- санади супурдан;

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти роҳбари мақоми иҷроияи шахси ҳуқуқӣ, муассис ва ё шахси ваколатдор;

- шаҳодатномаҳои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқии муттаҳидшаванда;

- шаҳодатномаҳои рақамҳои мушаххаси андозсупорандаи (РМА) шахсони ҳуқуқии муттаҳидшаванда;

- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (маълумотнома) оид ба супоридани мӯҳрҳо (тамғаҳо);

- маълумотнома оиди баста шудани суратҳисобҳои бонкӣ;

- санади санҷиши маҷмӯии андоз ва маълумотномаи мақомоти андоз оид ба надоштани иҷрои ӯҳдадории андоз;

- пардохтномаи (квитансияи) боҷи давлатӣ.

7. Ҳангоми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли ҷудо кардан ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза барои бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ аз рӯи шакли тасдиқнамудаи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ (шакли 01);

- қарори мақоми ваколатдори шахси ҳуқуқӣ дар бораи азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли ҷудо кардан;

- мактуб ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ оид ба қабули қарор дар бораи ҷудо кардан (дар давоми 5 рӯзи корӣ аз рӯзи қабули қарор);

- шартномаи таъсисотӣ;

- хулосаи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ, агар арзиши активҳояшон аз панҷоҳ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад;

- тавозуни тақсимотӣ;

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти роҳбари мақоми иҷроияи шахси ҳуқуқӣ, муассис ва ё шахси ваколатдор;

- пардохтномаи (квитансияи) боҷи давлатӣ.

8. Ҳангоми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли ҳамроҳшавӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ФЯД нисбат ба шаҳси ҳуқуқӣ аз рӯи шакли тасдиқнамудаи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ (шакли 04);

- қарори мақоми ваколатдори шахси ҳуқуқӣ дар бораи азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли ҳамроҳшавӣ;

- мактуб ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ оид ба қабули қарор дар бораи ҳамроҳшавӣ (дар давоми 5 рӯзи корӣ аз рӯзи қабули қарор);

- шартнома дар бораи ҳамроҳшавӣ;

- нусхаи эълон дар бораи ҳамроҳшавии шахсони ҳуқуқӣ, ки дар яке аз нашрияҳои ҷумҳуриявӣ чоп гардидааст (ин мӯҳлат набояд аз 30 рӯз аз лаҳзаи нашри эълон кам бошад);

- хулосаи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ, агар арзиши умумии тавозунии активҳои онҳо (активҳои гурӯҳи шахсони онҳо) мувофиқи тавозуни охирин аз сад ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар бошад;

- санади супурдан;

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти роҳбари мақоми иҷроияи шахси ҳуқуқӣ, муассис ва ё шахси ваколатдор;

- шаҳодатномаҳои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқии ҳамроҳшаванда;

- шаҳодатномаҳои рақами мушаххаси андозсупорандаи (РМА) шахсони ҳуқуқии ҳамроҳшаванда;

- санади санҷиши маҷмӯии андоз ва маълумотномаи мақомоти андоз оид ба надоштани иҷрои ӯҳдадории андоз;

- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (маълумотнома) оид ба супоридани мӯҳрҳо (тамғаҳо);

- маълумотнома оиди баста шудани суратҳисобҳои бонкӣ;

- пардохтнома (квитансия) барои гирифтани иқтибос аз ФЯД.

9. Ҳангоми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли тақсимшавӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза барои бақайдгирии давлатии таъсисёбии шахси ҳуқуқӣ аз рӯи шакли тасдиқнамудаи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ (шакли 01);

- қарори мақоми ваколатдори шахси ҳуқуқӣ дар бораи азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли тақсимшавӣ;

- мактуб ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ оид ба қабули қарор дар бораи тақсимшавӣ (дар давоми 5 рӯзи корӣ аз рӯзи қабули қарор);

- шартномаи таъсисотӣ;

- нусхаи эълон дар бораи тақсимшавии ҷамъиятҳои саҳомӣ, ки дар яке аз нашрияҳои ҷумҳуриявӣ чоп гардидааст (ин мӯҳлат набояд аз ду моҳ аз лаҳзаи нашри эълон кам бошад);

- тавозуни тақсимотӣ.

- хулосаи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ, агар арзиши активҳояшон аз панҷоҳ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад;

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти роҳбари мақоми иҷроияи шахси ҳуқуқӣ, муассис ва ё шахси ваколатдор;

- санади санҷиши маҷмӯии андоз ва маълумотномаи мақомоти андоз оид ба надоштани иҷрои ӯҳдадории андоз;

- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (маълумотнома) оид ба супоридани мӯҳрҳо (тамғаҳо);

- маълумотнома оид ба баста шудани суратҳисобҳои бонкӣ;

- шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқии тақсимшаванда;

- шаҳодатномаи рақами мушаххаси андозсупорандаи (РМА) шахси ҳуқуқии тақсимшаванда;

- пардохтномаи (квитансияи) боҷи давлатӣ.

10. Ҳангоми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли табдилдиҳӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза барои ворид намудни тағйиру иловаҳо ба ФЯД нисбат ба шахси ҳуқуқӣ аз рӯи шакли тасдиқнамудаи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ (шакли 04);

- қарори мақоми ваколатдори шахси ҳуқуқӣ дар бораи азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ дар шакли табдилдиҳӣ;

- санади (акти) супурдан;

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти роҳбари мақоми иҷроияи шахси ҳуқуқӣ, муассис ва ё шахси ваколатдор;

- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (маълумотнома) оид ба супоридани мӯҳрҳо (тамғаҳо);

- маълумотнома оиди баста шудани суратҳисобҳои бонкӣ;

- шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқии табдилёбанда;

- шаҳодатномаи рақами мушаххаси андозсупорандаи (РМА) шахси ҳуқуқии табдилёбанда;

- пардохтнома барои гирифтани иқтибос аз ФЯД.

11. Ҳуҷҷатҳои ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ пешниҳодшаванда бояд ба муқаррароти Қонун мутобиқат намоянд.

3. Бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ ва қатъ намудани фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда

12. Ҳангоми анҷомдиҳии бақайдгирии давлатии барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ санад оид ба санҷиши маҷмӯии андоз бо дарназардошти маълумотнома аз мақомоти андоз оид ба надоштани иҷрои ӯҳдадории андоз, маълумотнома аз мақомоти давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа оид ба надоштани қарз, маълумотнома аз мақомоти давлатии омор дар бораи аз феҳристи бақайдгирии оморӣ баровардан ва маълумотномаи шахси ҳуқуқии барҳамхуранда оид ба муассиси дигар шахси ҳуқуқӣ будан ё набудан, пешниҳод карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.04.2017 № 175).

13. Бо мақсади анҷомдиҳии бақайдгирии давлатии қатъи фаъолияти соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ иловатан ба ҳуҷҷатҳои дар моддаи 25 Қонун пешбинишуда, санади санҷиши маҷмӯии андоз ва қарор аз натиҷаи санҷиши мазқур пешниҳод карда мешавад.

4. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи ягонаи давлатӣ нисбати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ

14. Муассисон, мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқӣ ҳангоми қабули қарор дар бораи тағйир ёфтани маълумоти дар моддаи 8 Қонун пешбинишуда, ӯҳдадоранд дар муддати то панҷ рӯзи корӣ аз рӯзи қабули қарори мазкур ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ФЯД ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

- ариза барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ФЯД нисбат ба шахси ҳуқуқӣ аз рӯи шакли тасдиқнамудаи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ (шакли 04);

- қарори мақоми ваколатдори шахси ҳуқуқӣ дар бораи тағйиру иловаҳои воридшаванда ба ФЯД нисбати шахси ҳуқуқӣ;

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти роҳбари мақоми иҷроияи шахси ҳуқуқӣ, муассис ва ё шахси ваколатдор;

- нусхаи ваколатномаи шахси ваколатдор;

- дар ҳолати иваз намудани суроғаи ҳуқуқии шахси ҳуқуқӣ ба ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ маълумотномаи маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ талаб карда мешавад;

- ҳангоми ба ҳайати муассисон ворид шудани шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахсони ҳуқуқии хориҷӣ нусхаи шаҳодатнома ва иқтибос дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ё нусха аз Феҳристи шахсони ҳуқуқии давлати хориҷӣ (ё дигар ҳуҷҷати аз рӯи қувваи ҳуқуқиаш ба он баробар, ки мақоми шахси ҳуқуқии хориҷиро исбот менамояд) талаб карда мешавад;

- нусхаи шартномаи хариду фурӯш ва ё ройгон гузашт намудани ҳисса, саҳмия ва ҳуқуқи муассисӣ дар сармояи оинномавии шахси ҳуқуқӣ;

- ҳангоми хариду фуруш ва ё ройгон гузашт намудани ҳисса, саҳмия ва ҳуқуқи муассисӣ дар сармояи оинномавии шахси ҳуқуқӣ пешниҳод намудани нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи суроғаи нави шахси ҳуқуқӣ;

- маълумотномаи мақомоти андоз оид ба надоштани ӯҳдадории андоз дар мавриди иваз намудани суроғаи ҳуқуқии шахси ҳуқуқӣ;

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба иваз намудани суроғаи ҳуқуқӣ;

- хулосаи мақомоти дахлдор дар мавриди бақайдгирии воситаҳои ахбори омма;

- нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ;

- нусхаи иқтибос аз ФЯД;

- пардохтнома (квитансия) барои гирифтани иқтибос аз ФЯД.

15. Барои ворид намудани тағйиру иловаҳо нисбати соҳибкорони инфиродӣ ба ФЯД ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ФЯД нисбат ба соҳибкори инфиродӣ аз рӯи шакли тасдиқнамудаи мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ (шакли 05);

- маълумотномаи мақомоти андоз оид ба надоштани ӯҳдадории андоз дар мавриди иваз намудани маҳалли баамалбарории фаъолияти соҳибкорӣ;